Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ меҳвари протсесҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон

Муҳимтарин омил дар давраҳои гуногуни таърихи ташаккулёбии этнос (халқ, мардум) таърихи этникии он мебошад, ки масъалаи бисёрҷабҳаи фаъолияти ҷамъиятии инсонро дар ин давраҳо дар бар мегирад ва ифода менамояд. меҳварҳои таърихи этникӣ дар раванди (протсес)-ҳои ҳам иҷтимоӣ ва ҳам этникии этнос дараҷаи рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ҷомеа аст ва ин масоилдоимо дар муҳокима ва мубоҳисаи мутахассисону олимони ин соҳа дар машваратҳои илмӣ аст, чунки таърихи тараққиёти халқҳо бо сабабҳои табиӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ дар раванди таърихи этникӣ гуногун буда, самти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ногузир ҳалли худро барои ҳар як этнос, давлат (чун организми этноиҷтимоӣ) талаб менамояд, вазифа мегузорад.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар тӯли 30 соли истиқлолияти давлатии худ раванди этникӣ ва раванди иҷтимоии комилан навро дар фазои ба дастовардаи соҳибистиқлолиаш ба ҳамаи бурду бохтҳояш аз сар гузаронид ва чор ҳадафҳои муҳими дар назди ҷомеа гузошта се тои онро ҳал намуда, аз бунбасти куммуникатсионии роҳҳо ва энергетика сарбаландона бо солории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳоӣ ёфт.

Яқин донистан ҷоиз аст, ки ҳадафи сеюм-комилҳуқуқии озуқавӣ ва ҳадафи навбатии ногузири чоруми ба назди мо ва давлат гузоштаи Пешвои муаззами мо –саноатигардонидани Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти сарварӣ ва роҳбарии пешвоёнаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан амалӣ ва иҷро гардида истодааст, ки дар Паёми соли 2021 тасдиқи гуфтаҳои мазкурро аз ҷиҳати мазмун, сохтор, мундариҷа ва назариявӣ, илмӣ-амалии Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ исбот менамоянд.

Лозим ба ёд аст, ки “Соли 2018 рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудаи Пешвои миллат низ ҳуҷҷати муҳими дарки аҳамиятдошта дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии мардум буд. Вале он барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар зарфи як сол басанда нест, -қайд намуданд Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон 26.12.2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар айни ҳол пешниҳод намуданд, ки барои рушди инфрасохтори соҳаи рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ баҳри вусъат бахшидани ҳалли масъалаҳои мазкур, зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.

Мувофиқи тасниф ва гурӯҳбандии ҷуғрофӣ, иқтисодӣ ва этнографии мутахассисони ин соҳаҳо Осиёи Миёна/Марказӣ (Вароруд, Мовароуннаҳр, Хуросон) як вилояти таърихӣ-этнографӣ(фарҳангӣ) –и ягонаро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ин вилояти таърихӣ якчанд шаклҳоихоҷагӣ-фарҳангӣ: кишоварзони муқимнишин, чорводорони кӯчии биёбонҳо, доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо, ниҳоят гурӯҳи аҳоле, ки хоҷагии комплексӣ мебурданд, таърихан истиқомат карда омадаанд, ки ташаккули онҳо, вилоятҳои Осиёи Миёна тӯли асрҳо буда хусусиятҳои хоси маҳаллӣ доранд. Бо ин сабаб масъалаи омӯзиши хосиятҳои хоси хоҷагидорӣ, ҳунармандӣ ва дигар фаъолиятҳо, хусусан тоҷикон агар аз як тараф барои фаҳмидани масоили сохтори иҷтимоӣ аҳолӣ зарур бошад, аз тарафи дигар барои ҳалли як қатор ҳолатҳои умумии таърихи иҷтимоӣ-иқтисодии умумиинсонӣ ва умумибашарӣ аҳамияти муҳим доранд.

Бо сабаби пурғановат будан ва серсоҳа будани фарҳанги анъанавӣ, шаклҳои фаъолияти хоҷагӣ, хусусан ҳунарҳои мардумӣ дар замони муосир ин самт дар давраи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле диққатҷалбкунанда аст, ки он ба дарҷаи имкониятҳои он мушаххас ва жарфтар омӯхта шавад. Ҳадафи асосии рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки он эълон ва қабул гардид хусусияти хоси миллию аниқ ва амиқ ба назар гирифта, сиёсати боадолати баробарӣ ва тахассусии алоҳидава ё маҷмӯи маҳаллии деҳотро барои сайёҳон нақшавӣ муайян намоем, бидонем, ки ин ё он деҳот дар кадом соҳаи ҳунари тахассусии хосиятнокаш машҳур ва маъруф аст. Ин гуфтаҳо дар тӯли соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарураташ баръало маълум гардид. Зеро дар тӯли ин солҳобисёр заминҳои зиёди бекорхобида ба гардиши истеҳсолотии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ворид шуданд, шумораи заминҳои обӣ ва технологияҳои нави кишту обёрӣ ҷорӣ гардиданд, истифодаи ратсионалии чарогоҳҳо ба роҳ монда шуданд. Дар баробари ин косибӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳалла аз нав зарурат пайдо намуда, эҳтиёҷ ба рушди онҳо торафт зиёд гардид. Маҳз дар замони имрӯза мақоми муҳимро хусусияти хоси тахассусии рушди фарҳангӣ ва хоҷагидорӣ дорад, чунки хусусияти хос имкон медиҳад, ки ҳар як маҳал, деҳот, шаҳр маҳз саҳми нотакрори худро ба тараққиёти мамлакат расонад, хосияти муҳити зист умуми зист захираи бойи онро муайян намояд ва ба сатҳи тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ омили муайяне бошад.

Бинобар ин омӯзиши ин ё он хусусиятҳои хоси маҳали миллат имконият медиҳад сарчашмаи монандӣ ё доираи фарқияти ҳудудиашро аз дигар халқҳо муайян гардонад, ки онҳо дар тӯли равандҳои алоқаи бисёрасраи иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо аҳолиҳои маҳалҳои ҳамҷавор ба вуҷуд омадаанд.

Аллома академик Бобоҷон Ғафуров дар асари бунёдиашон “Таджики Древнейшая, древняя и средневековая история” дар мавзӯи “Қувваҳои истеҳсолкунанда” нисбат ба гуногунии тараққиёти таърихи тарзу шакли хоҷагидории Осиёи Миёна ва рафти рушди он гуногун буданаш қайд намудаанд. Дар ин ҷода қайд шудааст, ки Осиёи Миёна аз қадим ба ду вилоятҳои шаклҳои хоҷагӣ –фарҳангӣ аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ, иқлим тақсим аст. Якум –қисмати ҷанубӣ –ғарбӣ ва дуюм –қисмати шимолӣ –шарқӣ буда, фарҳанги ҳар ду ин вилоятҳо марказҳои тараққикардатарини кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ доранд. Ин гуфтаҳо инчунин дар асоси мадракҳои боэътимоди гуногуни таърихӣ-археологӣ, нумизматикӣ, этнографӣ, хаттӣ, таърихи хоҷагидорӣ (иқтисодӣ) ва ғайра инчунин асарҳои илмии олимони соҳаҳои гуногун (И.П. Петрушевский, М.Е.Массон, А.Ю. Якубовский, С.П. Толстов, М.С. Андреев, А. Семенов, Б.Ғафуров, Н.Н.Чебоксаров, Н.Н. Неъматов, Н.О. Турсунов, А. К. Мирбобоев ва дигарон) таҳқиқ ва тасдиқ гардидаанд ва Осиёи Миёна (Вароруд, Мовароуннаҳр)-ро аз давраҳои қадим чун вилояти ягонаи ташаккулёфтаитаърихӣ-этнографӣ (фарҳангӣ) ҳисобидаанд. Барои тасдиқи ин далел он аст, ки истеҳсол, коркард, содироту тиҷорати абрешим ва бисёр дигар касбу ҳунарҳои вилояти мазкур ривоҷ ёфта буд, Осиёи Миёна чун калонтарин, тараққикардатарин вилояти косибӣ, ҳунармандӣ, тиҷорат, кишоварзӣ, чорводорӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ин ҷода муҳимтарин соҳаи ҳунар дар Роҳи бузурги абрешим ин абрешим ва маҳсулотҳои абрешимӣ воситаи муомилоти иқтисодӣ буд. Қайд кардан ба маврид аст, ки самти алоқаҳоимуносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии Роҳи бузурги абрешимро давлатҳои гуногун, оилаи забонҳои бисёр, нажодҳо ва динҳои ҷаҳонӣ- зардуштӣ, буддоӣ, насронӣ ва ислом дарбар мегирифт. Дар тӯли асрҳои тӯлонии ин роҳи азим фарҳангҳои рангоранг бо ҳам вомехӯрданд, яъне майдони муколамаи фарҳангҳои этносҳои гуногун буд, ки ҳар яке аз ин этносҳо ба дараҷа ва сатҳи гуногуни тараққиёти иҷтимоӣ –иқтисодиашон нигоҳ накарда дар ин роҳ асосҳои моддӣ-фитрии худро ба ашё, моли зарофатӣ таннозӣ табдил медоданд, манзури якдигар менамуданд.

Ҳамин тавр, таърихан аз давраҳои қадим вилоятҳои Осиёи Миёна – Хатлон (Бохтар), Бадахшон, Бухоро, Самарқанд, Қӯқанд, Суғд, Хоразм, Фарғона дар Роҳи бузурги абрешим мавқеи барҷастаи азимро дар содироту воридоти тиҷорат, иқтисодиёт ва транзити онҳо бозида омадаанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки агар роҳ ибтидо, оғози ногузири мардонагӣ бошад, дар ин роҳ абрешим ҳаяҷон, таппиши зиндаи малоҳат, таннозӣ, нафисии он аст.

Маҳз ҳамин мақоми таърихии ҳавзаҳои вилоятҳои роҳҳои муколамаи тиҷоратии Осиёи Миёна, хусусан мардуми кишоварзи муқимнишин –тоҷикон буд, ки инро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангофар будани миллати бузургашонро нуқтасанҷона таҳлил намуда солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.

Таърих гувоҳ аст, ки барои ҳудуди ҷуғрофӣ –табиии Осиёи Миёна бисёр давлатҳо баҳри забташ мубориза бурдаанд ва аҳолии бумии он дар ҳайати империяҳои Искандари Мақдунӣ, Хоқони турк, Хилофати араб, сулолаҳои гуногуни давлатҳои турк дар Осиёи Миёна, муғулҳо, императории Россия монда буданд, ки бештар ин давлатҳоро боигарии табиӣ, ҳунармандӣ, мавқеи иқлимии мувофиқ барои кишоварзӣ ва чорводорӣ ҷалб намуданд, ки сарчашмаҳои хаттии намояндагонаш-сайёҳон, ҷуғрофидонҳо, тоҷирон боқӣ гузоштанд, гувоҳӣ медиҳад.

Хусусан тадқиқотҳои олимони руси тоинқилобӣ Ф.Ефремов, Ф. Назаров, А.Вамбери, Е.К. Мейендорф, П.И.Пашимо, Н. А. Маев, Г.А. Арандаренко, Н.С. Ликошин, К.К. Пален ва даҳҳо дигар сайёҳон, олимони гуногунихтисос мушоҳидони хешро оиди боигарии табиӣ, ҳунармандӣ, саноат, иқтидори ҳарбӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ, тиҷорат бо фактҳои муҳими таърихӣ нашр кардаанд.

Масалан аввалин сарвари уезди Хуҷанд полковник А.А. Кушакевич (1867-1875) асарҳои худро барои манфиати маъмурияти генерал-губернатории Туркистон мутобиқу ҷавобгӯ маводҳоро ҷамъ намуда, дар асараш “Маълумотҳо дар бораи уезди Хуҷанд (Сведения о Худжентском уезде) [6,173-265]. Оид ба тарзи зисти аҳолӣ, чарогоҳҳои кӯчманчиён, деҳаҳо, шаҳрҳо, миқдори заминҳои коркарди обӣ ва лалмӣ, саноати кулолгарӣ, боғдорӣ, растаниҳои киштшаванда ва хелҳои он, миқдори ҳосил, хосатан оид ба соҳаҳои гуногуни ҳунарҳои шаҳрӣ ва деҳаҳои уезди Хуҷандмаълумотҳои гаронбаҳои боэътимод овардааст, якчанд асарҳо чоп намудааст.

Ин тадқиқотчиён оид ба тарз, технологияи коркарди пила, нахи пахта, маснуотҳои кулолгарӣ, намудҳои ҳунармандӣ, металлҳо, сангҳои қимматбаҳо маълумот додаанд ва намуду услуб, хосиятҳои хоси ҳар як мавзеъро оиди ин тарзҳои хоҷагидорӣ тавсиф кардаанд. Инро олими шинохтаи тоҷик, этнологи маъруф Н.О. Турсунов низ дар асарҳояш тасниф намуда, машғулиятҳои махсусгардидаи тахассусҳои маҳалҳои вилояти Суғдро дар асрҳои XVIII-чоряки аввали асри XX мувофиқ ба мавқеи ҷуғрофӣ, табиӣ ва захираҳои табиии он муайян намудааст.

Гарчанде он сарҳад ва ҳудудҳои ҷуғрофӣ бо сабабҳои гуногуни сиёсӣ тағйир ёфта бошанду ҳатто ба бӯҳронҳои хоҷагӣ гирифтор шуда бошанд ҳам инсони хоҷагибаранда равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳудудиро ба роҳи дурусти хоҷагӣ-фарҳангӣ мондааст, ки инро бори дигар эълон шудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз тарафи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ намуда, моро барои амалӣ гардонидани ин супориш вазифадор менамояд, то инфрасохтори муосирро дар деҳот, рушди сайёҳиро бо талаботҳои волои анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои гулкоронаи нафиси мардумиро хоса ба ҳар як маҳал, деҳот, шаҳр, вилоят барқарор, рушд ва мақбули оламиён созем.

Барқарор, такмил ва рушди касбҳо, ҳунарҳо, расму оинҳо, идҳои миллӣ чун ретроспектива (бунёд)–и муосири новатсионӣ ва инноватсионӣ ба роҳ монда мешавад ва ҳамин тариқ марказҳои махсусгардидаи ҳунарҳо, инфросохтори нотакрори деҳот чун марказҳои рангоранги маҳаллӣ-миллӣ боз аз нав эҳё мегарданд.

Файзуллоев М. - н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ