АҲАММИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҚАТЪНОМАИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ТАҲТИ УНВОНИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА»
Дар шароити кунунии ҷаҳон, ки низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои амниятӣ, терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар мушкилоти фаромиллӣ ба сулҳу суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонанд, масъалаи таҳкими сулҳ ба яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Ҳеҷ як давлат, новобаста аз имкониятҳои иқтисодӣ ё ҳарбии худ, наметавонад танҳо бо чунин таҳдидҳо мубориза барад. Аз ин рӯ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва рушди фарҳанги сулҳ ба шарти муҳимми таъмини амнияти ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст.
Дар чунин шароит 25-уми июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд. Ин санади муҳим на танҳо натиҷаи ташаббуси дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки далели эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба сиёсати сулҳпарварона ва созандаи Тоҷикистон мебошад. Бо ин қатънома солҳои 2027-2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон гардида, давлатҳои аъзо вазифадор гардиданд, ки барои густариши фарҳанги сулҳ, муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими ҳамбастагии байни наслҳо чораҳои муштарак андешанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии худро бар пояи эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамкории созанда ва ҳалли мусолиматомези баҳсҳо асос гузоштааст.
Таҷрибаи таърихии халқи тоҷик, ки солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, баъдан бо роҳи гуфтушунид ва ризоияти миллӣ ба сулҳу ваҳдат расид, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти хос дорад.
Маҳз ҳамин таҷрибаи нодир имрӯз ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки ҳамчун яке аз таблиғгарони фаъоли фарҳанги сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ баромад намояд.
Дар давоми солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ вобаста ба масъалаҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим обрӯи баланди байналмилалӣ пайдо намуд.
Қабули қатъномаи навбатӣ дар самти таҳкими сулҳ идомаи мантиқии ҳамин сиёсати фаъол мебошад. Ин нишон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ, балки дар баррасии масъалаҳои муҳимми глобалӣ низ саҳми назаррас мегузорад.
Мазмуни асосии қатънома ба таҳкими сулҳи пойдор, рушди муколамаи байни давлатҳо, пешгирии низоъҳо, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ташаккули фарҳанги сулҳ равона гардидааст. Дар он махсус таъкид мешавад, ки сулҳи воқеӣ танҳо дар сурати эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шуда метавонад. Аз ин рӯ, қатънома ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳидро барои татбиқи чорабиниҳои муштарак ҷиҳати таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ даъват менамояд.
Дар қатънома инчунин ба ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид такя карда шудааст. Аз ҷумла, иродаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» ва уҳдадории ҳалли мусолиматомези баҳсҳо ҳамчун яке аз вазифаҳои асосии давлатҳо таъкид мегардад. Ҳамзамон, аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ ҳамчун асоси рушди муносибатҳои осоишта байни халқҳо эътироф шудааст.
Яке аз ҷанбаҳои муҳимми қатънома таваҷҷуҳи махсус ба наслҳои оянда мебошад. Дар ҷаҳони имрӯза ҷавонон ва кӯдакон ҳамчун нерӯи асосии рушди ҷомеа ва ояндаи инсоният шинохта мешаванд.
Бинобар ин, давлатҳо вазифадор гардидаанд, ки ҳангоми таҳияи сиёсати давлатӣ ва қабули қарорҳои муҳимми иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ манфиатҳои наслҳои ояндаро ба инобат гиранд. Ин масъала барои Тоҷикистон низ аҳаммияти бузург дорад, зеро қисми зиёди аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд. Тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва фарҳанги сулҳ метавонад заминаи устувори рушди давлатро таъмин намояд.
Қатънома ҳамчунин ба рушди муколама ва ҳамкории байни наслҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Таҷрибаи бузургсолон ва нерӯи эҷодии ҷавонон бояд ба ҳам омезиш ёфта, барои ҳалли масъалаҳои ҷомеа истифода гарданд. Дар сурати мавҷуд будани чунин ҳамкорӣ, ҷомеа метавонад ба пешрафти устувор ноил гардида, аз бисёр мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ пешгирӣ намояд.
Дар санади мазкур таҳаввулоти мусбат дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ истиқбол карда шудааст. Аз ҷумла, талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ бо роҳи музокирот ва имзои созишномаҳои дахлдор ҳамчун намунаи дипломатияи муваффақ арзёбӣ гардидааст. Ин нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати ҳамсоягии нек ва ҳамкории минтақавиро ҳамчун яке аз омилҳои муҳимми таҳкими сулҳу субот мешиносад. Барои минтақаи Осиёи Марказӣ чунин ҳамкорӣ метавонад заминаи рушди иқтисодӣ, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва таҳкими эътимоди байни давлатҳоро фароҳам оварад.
Ҷиҳати дигари муҳимми қатънома дар он ифода меёбад, ки аз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои махсусгардонидашуда, комиссияҳои минтақавӣ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ даъват карда мешавад, ки дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсола бо давлатҳои аъзо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шарикон ҳамкорӣ намоянд.
Ин талабот аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи сулҳ танҳо вазифаи як давлат нест, балки масъулияти муштараки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Қабули ин қатънома барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти бузурги сиёсӣ ва дипломатӣ дорад. Он нишон медиҳад, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон эътимод дорад ва онҳоро барои рушди муносибатҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ менамояд. Ин дастовард ҳамчунин обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро боз ҳам тақвият бахшида, мавқеи онро ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ устувор менамояд.
Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» метавонад дар солҳои минбаъда ба ташаккули барномаҳо ва стратегияҳои нави байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ мусоидат намояд. Хулоса, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» яке аз дастовардҳои муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин ташаббус собит намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳкими фарҳанги сулҳ ва пешбурди арзишҳои инсондӯстона нақши фаъол дорад. Дар шароити кунунӣ, ки инсоният бо таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯст, чунин ташаббусҳо барои таҳкими эътимод байни давлатҳо, рушди муколама, ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда ва таъмини сулҳу суботи пойдор аҳаммияти ҳаётӣ доранд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки қатъномаи мазкур на танҳо як санади байналмилалӣ, балки барномаи амал барои таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ дар даҳсолаи оянда мебошад.
Наврӯззода Эҳсон Мамур,
ҷонишини сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»