​ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ – ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Мавқеи таърихии ҳар як миллат ба он вобаста аст, ки маънавияти ў ба чӣ поя расидааст ва забонаш чи иқтидоре дорад. Аз ин рӯ, пеш аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ мо бояд забони модарии хешро ба хубӣ донем. Зеро, ки ҳар як миллатро пеш аз ҳама забони модариаш ҳифз ва зинда медорад.

Дар шароити имрӯза барои муаррифӣ кардани Тоҷикистони азиз дар баробари донистани забони тоҷикӣ, мебояд ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ аҳаммияти хоса дода шавад. Зеро, ки забономӯзӣ ин гирифтани калиди ганҷинаи маърифат буда, дар мавриди донистани забони ғайр кас метавонад озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофароғат эҳсос намояд. Имрӯзҳо хушбахтона бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мактабҳои миёнаву муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Муҳимтарин бахше, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣзикр гардид, самти рушди соҳаи маориф ва илми кишвар буд. Албатта, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, алалхусус, соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” заминаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки муносибати сиёсӣ ба забон, дар баробари забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо низ ҳуқуқи фаъолияти баробарӣ фароҳам меорад ва имкон медиҳад, ки онҳо низ омӯхта шаванд.

Бо мақсади ба роҳ мондани назорати ҳамаҷониба дар самти амалӣ намудани таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат оид ба рушди ҳамаҷонибаи забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русӣ ва англисӣ, дар самти рушд ва инкишофи бисёрзабонӣ, беҳтар намудани таълиму омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмини шароити мусоид ба раванди таълим, ташаккули шахсиятҳои донандагони забонҳо дар муассисаҳои мамлакат синфхонаи омӯзиши забони англисӣ ва синфхона барои омӯзиши забони русӣ ташкил карда шудаанд.

Вобаста ба ин бояд тазаккур дод, ки донистани забонҳои хориҷӣ муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Нафиса Хуршедзода,

донишҷӯи курси дуюми факултети забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ