Дастури таълимии «Таърихи муосири Тоҷикистон» ба нашр расид
Дар Донишгоҳ таҳти унвони «Таърихи муосири Тоҷикистон» дастури таълимии дотсент Дилрухсор Фармонова ба нашр расид. Дастури мазкур давраи навини таърихи халқи тоҷикро фаро гирифта, муҳимтарин рӯйдодҳо ва марҳилаҳои рушди ҷомеаи Тоҷикистонро аз соли 1917 то имрӯз мавриди таҳлил қарор медиҳад. Дар асар масъалаҳои асосии ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии тоҷикон дар замони муосир бо такя ба сарчашмаҳои илмӣ ва таърихӣ баррасӣ шудаанд.
Муаллиф зимни таҳияи дастур ба равандҳои ташаккул ва рушди давлатдории навини тоҷикон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аҳаммияти омӯзиши таърихи муосирро дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва худшиносии миллӣ таъкид кардааст. Азхудкунии маводи китоб ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дониши худро оид ба таърихи давлатдории тоҷикон густариш бахшида, тафаккури мантиқӣ ва таърихии худро такмил диҳанд.
Муҳаррири масъули дастур номзади илмҳои таърих, дотсент Шарипов Шавкат буда, ба он доктори илмҳои таърих, профессор Набизода Ваҳҳоб ва доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон тақриз навиштаанд.
Нашри чунин дастурҳои таълимӣ барои ғанӣ гардонидани захираи адабиёти таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои таърихии донишҷӯён аҳаммияти муҳим дошта, дар омӯзиши амиқи таърихи муосири Тоҷикистон саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Маркази иттилоот