​КОНСТИТУТСИЯ – ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ ДЕМОКРАТӢ ВА ҲУҚУҚӢ

Конститутсия – санади асосии ҳуқуқӣ мебошад, ки нақшаи сохтори сиёсӣ, усулҳои ташкилии ҳокимияти давлатӣ, мақоми инсон ва шаҳрвандро муқаррар менамояд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 1991 соҳибистиқлолӣ ба даст овард, таҳия ва қабули Конститутсияи нав яке аз муҳимтарин марҳилаҳо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқӣ буд. Сарқонуни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи раъйпурсӣ 6 ноябри соли 1994 қабул шуда, роҳи таҳаввули демократиро муайян кард.

Пас аз ба даст овардани истиқлолият, Тоҷикистон ба роҳи бунёди давлати нав, ки асосҳои демокративу плюралистии сиёсиро ташкил медод, қадам гузошт. Конститутсияи давраи шуравӣ дигар ба талаботи замона ва вазъияти нав ҷавобгӯ набуд. Раванди таҳия ва муҳокимаи лоиҳа дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар кишвар ба амал омад, сурат гирифт. Ин давра барои кишвар хеле душвор буд, вале ҳамзамон нишондиҳандаи эҳтиёҷи ҳатмии ба таври созанда ба сар кардани ин низоъ ва таъсиси асоси ҳуқуқӣ барои оянда буд. Лоиҳаи Конститутсия дар матни аслӣ ба таври васеъ дар ҷамъомадҳо, васоити ахбори омма ва дар байни аҳолӣ муҳокима шуд, ки ин принсипи шаффофият ва иштироки мардумро дар раванди давлатсозӣ таҷассум мекард. 6 ноябри соли 1994 раъйпурсӣ оид ба қабули Конститутсияи нав баргузор гардид. Аксарияти овоздиҳандагон ба қабули Конститутсия овоз доданд. Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ эътибор пайдо кард ва кишварро ҳамчун як ҷумҳурии демократӣ, дунявӣ, ягона ва ҳуқуқӣ эълон намуд.

Конститутсияи Тоҷикистон бар принсипҳое асос ёфтааст, ки сохтори сиёсӣ ва ҳуқуқии онро муайян мекунанд. Онҳо ба таври зерин мебошанд:

1. Принсипи ҳокимияти давлатӣ. Моддаи 6-и Конститутсия ҳокимияти давлатиро ба се шоха – қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ тақсим мекунад. Ҳар як шоха дар ҳудуди ваколатҳои худ мустақил амал мекунад. Ин принсипи асосии ҳокимияти давлатии демократӣ мебошад.

2. Принсипи давлати ҳуқуқӣ. Тоҷикистон худро ҳамчун давлати ҳуқуқӣ эълон менамояд (Моддаи 1). Ин маънои онро дорад, ки давлат худаш ба қонун вобаста аст ва фаъолияти он бояд дар асоси Конститутсия ва қонунҳои дигар сурат гирад. Ҳамаи шаҳрвандон, мақомот ва ташкилотҳо дар назди қонун баробар ҳастанд.

3. Принсипи демократия. Ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз номи халқ амал мекунад. Мардум бо воситаи раъйпурсӣ ва интихобот ҳокимияти худро амалӣ мегардонанд. Ин принсип иштироки фаъоли мардумро дар идоракунии давлат таъмин менамояд.

4.Принсипи давлати дунявӣ. Дар Тоҷикистон ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. (Моддаи 8). Ин маънои онро дорад, ки давлат дар корҳои диниӣ дахолат намекунад ва ҳар як шаҳрванд эҳтиёри озодии ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва диниро дорад.

5.Принсипи ягона. Тоҷикистон давлати ягона ва мебошад (Моддаи 1). Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудии он мебошанд.

6.Принсипи кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон. Боби 2-юми Конститутсия ба ҳуқуқ, озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Дар ин ҷо ҳуқуқҳои табии ҳар як инсон – ҳаёт, озодӣ, моликият ва ғайра кафолат дода шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии ҳуқуқӣ мебошад, ки асоси сохтори давлатдории соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқиро ташкил медиҳад. Он дар як заминаи таърихӣ ва сиёсии душвор қабул шуд, аммо ба кишвар имконият дод, ки ба роҳи тараққӣ ва ислоҳот қадам гузорад. Принсипҳои асосии он – ҳокимияти давлатӣ, демократия, давлати ҳуқуқӣ ва дунявӣ асоси мустаҳками барои ташкили ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд. Дигаргуниҳои конститутсионӣ, ки дар давоми солҳои истиқлол ба амал омадаанд, нишондиҳандаи таҳаввули Конститутсия барои ҷавобгӯӣ ба талаботи замон ва вазъияти сиёсӣ мебошанд. Сохтори ҳокимияти давлатӣ, ки дар асоси принсипи ҳокимияти давлатӣ ташкил ёфтааст, ба таври назаррас кор мекунад ва ба таври мураттаб фаъолият менамояд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия ба таври васеъ кафолат дода шудаанд, ки ин нишондиҳандаи аҳаммияти марказӣ додан ба шахсияти инсон дар давлати ҳуқуқӣ мебошад.

Бояд таъкид кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ, балки рамзи ваҳдати миллӣ ва дастоварди бузурги халқи тоҷик дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва пешрафта мебошад. Роҳи ояндаи кишвар ба таври мустаҳкам ба амалисозии пурраи аҳкоми Конститутсия ва таҳкими он вобаста аст.

М.Саркорбобоева, муаллими кафедраи

умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ