ТОЗАНАШР: КАЛОМИ БАДЕЪ
Дастури таълимии «Каломи бадеъ»-и дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики факултети филологияи тоҷик Шарифҷон Тоҷизода бо қарори Шурои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳ ба табъ расида, ба баррасии масъалаҳои асосии каломи бадеъ бахшида шуда, фасоҳат ва балоғати сухан, таркиби каломи бадеъ ва илмҳои сегонаи адабиётшиносӣ - маонӣ, баён ва бадеъро фаро мегирад. Дастур мутобиқ ба Барномаи таълими ихтисоси 1-02 03 03-02 «Забон ва адабиёти тоҷик. Забони англисӣ» таҳия гардидааст.
Дар дастур санъатҳои лафзӣ ва маънавӣ ва нақши онҳо дар тақвияти таъсиргузорӣ ва ҷозибаи матни бадеӣ таҳлил шудаанд. Муаллиф аввал асосҳои назариявии ин фанро пешниҳод намуда, сипас бо мисолҳои шеърӣ ва машқҳо донишҷӯёнро ба омӯзиш ва таҳлил водор намудааст. Чунин равиш ба донишҷӯ имкон медиҳад, ки фаҳмиши назариявиро дар амал санҷида, қобилияти эҷодиву таҳлилӣ пайдо намояд.
Дастури таълимии «Каломи бадеъ» бо равиши муосири таълим, бо забони сода ва фаҳмо ва ҳамзамон мутобиқ ба стандартҳои нави таҳсилоти олӣ омода гардида, барои донишҷӯён ва толибилмон ҳамчун манбаи муҳим барои омӯзиш ва таҳкими малакаҳои эҷодӣ ва таҳлилӣ пешкаш шудааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил