ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ПОЙДОРӢ ВА ШУКУФОИИ МИЛЛАТ
Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт. Истиқлолу озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмат ва бузургтарину арзишмандтарин сарват барои ҳар як миллат ва халқ мебошад. Бинобар ин, мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошед.
Баъди аз байн рафтани давлати Шуравӣ дар фазои бузург ва паҳновари он давлатҳои нави соҳибистиқлол ба вуҷуд омаданд. Тоҷикистон низ дар қатори онҳо 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон кард. Набояд фаромӯш кард, ки Истиқлолият барои халқу миллати тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари тоҷикон мебошад. Сокинони кишвари озоду азизи мо бо муҳаббату садоқат имрӯз ифтихор доранд, ки сию як сол муқаддам нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем. Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки Ватани мо шукуфон гардад. Зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ, дӯстиву якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, дар он рӯз аз рӯз бунёдкориву созандагӣ танинандоз гардида, аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлат ва наҷоти миллат ба шумор меравад. Бо сарварию ҷонбозиҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтани халқи тоҷик – ғалабаи бузурги ҳикматпарвари миллати мо буд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад”.
Имрӯз, ки мо дар арафаи ҷашни бузурги 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, ҳар як шаҳрванд бояд ифтихор аз соҳибистиқлоливу сулҳу озодӣ ва комёбиҳои бузурге намояд, ки ба шарофати ин тамоми дастовардҳо дар ҳамаи самтҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба даст омад. Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик муҳимтарин дастоварди таърихӣ ба ҳисоб рафта, кишвари мо баъди эълони истиқлолияти давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати озоду соҳибихтиёр муаррифӣ гардид. Аммо бояд қайд кард, ки бо баробари расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон низоъҳои дохилӣ оғоз гардида, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.
Дар натиҷаи талошҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳ ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ин расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад. Маҳз самараи истиқлоли давлатӣ буд, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳхоҳ ва ташаббускор муаррифӣ намуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ кишвари мо дар ҳалли муаммоҳои глобалии замони муосир аз кишварҳои ташаббускор буда, то имрӯз чор ташаббуси Тоҷикистон дар ҳалли масоили оби тоза аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шудааст. Тоҷикистони озоду якпорча доимо ҷонибдори сулҳ ва оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон буда, ин нукта пайваста дар суханрониҳои Пешвои миллат ироа мегардад. Истиқлолу озодӣ дар Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон бигузор ҳазорсолаҳои зиёд побарҷо ва устувор бимонад.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми вазорату идораҳо, муассисаву ташкилотҳо ва корхонаву иншооти шакли моликияту мансубияташон мухталифи шаҳру ноҳияҳои кишварамон корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома доранд. Ҳар як сокини мамлакат саъю кӯшиш менамояд, ки дар ин корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуда, дар шукуфоии Ватани азизамон саҳми босазои хешро гузорад. 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ аст, ки марҳилаи нави рушди устувор, таҳкими давлатдорӣ ва шукуфоии иқтисодиву иҷтимоиро ифода мекунад. Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвар ба дастовардҳои бузург дар соҳаҳои маориф, саноат ва инфрасохтор ноил гардид. Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон муқаддастарин неъмат ва оғози саҳифаи навин дар таърихи муосир мебошад. Соли 2026 мо 35-умин солгарди ин рӯйдоди сарнавиштсозро таҷлил менамоем, ки ин муддат рамзи устувории давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти бомароми кишвар аст.
Дастовардҳои даврони истиқлоли мо беназир аст, ки онҳоро рӯи коғаз меорем:
- Ваҳдати миллӣ ва сулҳ: Таҳкими сулҳу субот ҳамчун заминаи асосии рушд.
- Рушди иқтисодӣ: Эълон шудани “Солҳои рушди саноат” ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ки ба 35-солагӣ бахшида шудаанд.
- Инфрасохтор: Бунёди роҳҳо, нақбҳо, нерӯгоҳҳои барқӣ ва иншооти муҳимми иҷтимоӣ.
- Маориф ва фарҳанг: Таваҷҷуҳи махсус ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли ҷавон.
Ҳадафҳои даврони истиқлоли миллати тоҷик дар оянда ин якчанд омилҳоро дорад, ки мо халқи тоҷик ҳамаи ҳадафҳои шаҳрвандии хешро ба анҷом расонем. Ҷашни 35-солагӣ бо ҳадафҳои баланд, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари саноатӣ, таҷлил мешавад. Ин давра барои ҳар як шаҳрванд фурсати ифтихор аз ватан ва талош барои ояндаи дурахшони он аст. Истиқлолият барои тоҷикон нишонаи ҳастии миллат ва кафили зиндагии озоду обод мебошад. Дар ин муддат роҳҳои аҳаммияти байналмилаливу маҳаллидошта мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, баҳри ободонии шаҳру ноҳияҳо корҳои муайян ба сомон расид.
Феълан агар дар худи маркази вилоят гирем, замони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо иншооти таъйиноти гуногун бунёду навсозӣ гардида, қисмати зиёдашон бо иштироки бевоситаи Роҳбари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Яъне давоми 35 сол Пешвои миллат беш аз 50 маротиба ба шаҳрҳои гуногун ташриф оварда, ҳар сафарашон барои сокинони вилоят файзу баракати тоза ва ободиҳои бешумореро ба бор меоранд. Воқеан, ба забон овардани ҳамаи корҳое, ки дар ин замон дар ҳудуди вилоят карда шуданд, муддатҳои зиёде тақозо дорад. Зеро танҳо дар се соли охир дар доираи иқдоми Роҳбари давлат дар робита ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба хотири истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар маркази вилоят зиёда аз 300 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд.
Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят омодагӣ ба таҷлили сазовори 35 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон идома ёфта, нақшаи чорабиниҳо оид ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ боҳадаф татбиқ шуда истодаанд. Шубҳае нест, ки ҳамаи ин корҳо ба пешрафти минбаъдаи кишвар, иттиҳоду ҳамдилии мардум мусоидат карда, истиқлолу соҳибихтиёрии онро бештар аз ҳарвақта таҳким мебахшанд. 9 сентябри соли 1991 барои мардуми Тоҷикистон рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда мебошад. Дар ин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва роҳи озодӣ ва соҳибихтиёриро интихоб намуд. Имрӯз, мо бо камоли ифтихор ва эҳтиром аз ин рӯзи муҳим ёд мекунем ва дастовардҳои миллатамонро қадр менамоем.
Истиқлоли Тоҷикистон рамзи озодӣ, сулҳ ва фароҳамсозии зиндагии арзанда барои ҳар шаҳрванди кишвар мебошад. Бо ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон тавонист худшиносӣ ва фарҳанги миллиро эҳё намуда, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо намояд. Ин рӯйдод ба кишвар имконият дод, ки низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худро бар асоси арзишҳои миллӣ ва ҳуқуқҳои башар ташкил намояд.
Пас аз истиқлолият Тоҷикистон бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъи ноустувори сиёсӣ дар солҳои аввали истиқлолият сабаби ниҳоят душвор гаштани рушди кишвар гардид. Бо вуҷуди ин, бо иродаи қавии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми заҳматкаши Тоҷикистон сулҳ барқарор шуд ва давлат дар роҳи рушди бемайлон қадамҳои устувор гузошт.
Имрӯз Тоҷикистон дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва саноат ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, нақши худро дар минтақа ва ҷаҳон мустаҳкам мекунад.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон таҷлили ваҳдати миллӣ, талошҳои созанда ва ҳусни иродаи миллати тоҷик мебошад. Ин рӯз намунаи эҳтиром ба гузаштаи пуршарафи миллат ва эътимод ба фардои ободу шукуфон мебошад. Мо бояд пайваста бо ҳамкории ҳамдигар ва ҳифзи сулҳу субот, барои ободии Ватан, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум кору фаъолият намоем. Истиқлолият барои ҳар як фарди Тоҷикистон дастовард ва масъулияти бузург аст.
Бо гузашти солҳо аз рӯзи Истиқлолият, мардуми Тоҷикистон вазифадоранд, ки мероси фарзандони гузашта ва дастовардҳои имрӯзаро ҳифз намуда, барои ояндаи обод ва шукуфон кишвар мубориза баранд. Истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ, балки кафили зиндагии арзанда ва шукуфоӣ барои наслҳои оянда мебошад. Ҳамаи мо бояд бо ифтихор ва эҳтиром аз ин рӯз гиромӣ дошта, ба хотири ободии Ватан ва рушди босуботи он саҳми худро гузорем. Маҳз истиқлолият имконияти таърихие фароҳам овард, ки тоҷикон Ватани худро соҳибӣ кунанд, давлатдории миллиии худро барпо намоянд, суннату арзишҳои хешро эҳё созанд ва зиндагии озодонаро ба роҳ монанд.
Дар давоми 35 соли Истиқлолият бо сарварии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ намудем.
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Бори дигар, фарорасии ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо муборак мегӯем.
Ӯктамзода Дилфуза,
омӯзгори кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии
факултети забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»