ТОЗАНАШР: ТАЪЛИМИ ДОНИШҶӮ
Бо ибтикори профессори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқ Насриддинов Фахриддин китоби маъруфи Бурҳониддини Зарнуҷӣ «Таълими донишҷӯ» ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ба табъ расид.
Асар яке аз пурбортарин ва мондагортарин дастурномаҳои таълимии ниёгон ба шумор рафта, тули нуҳ аср инҷониб ҳамчун раҳнамои боэътимод барои донишомӯзон хизмат кардааст. Аҳаммияти баланди китоб дар шинохти усулҳои таълиму тарбия боис гардидааст, ки он дар тули асрҳо борҳо нусхабардорӣ, ба забонҳои гуногун тарҷума, шарҳу тавзеҳ ёфта ва такроран нашр гардад.
Бо вуҷуди арзиши волои таълимиву тарбиявӣ ва мавқеи ҷаҳонӣ доштан, ин дастурномаи гаронбаҳо то имрӯз барои меросбарони аслиаш ба забони тоҷикӣ ба таври комил дастрас набуд. Тарҷумаи мазкур нахустин талош дар самти пешниҳоди ин асари классикӣ ба забони тоҷикӣ буда, бо ҳадафи арҷгузорӣ ба мероси маънавии миллат ва саҳмгузорӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ анҷом ёфтааст.
Китоби «Таълими донишҷӯ» дар ҳаҷми 74 саҳифа дар нашриёти «Хуросон» ба табъ расида, ба доираи васеи хонандагон – аз донишҷӯёну толибилмони донишгоҳӣ то хонандагони мактабӣ пешбинӣ гардидааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил