​ИНЪИКОСИ ҶАШНИ САДА ДАР САРЧАШМАҲОИ ТАЪРИХӢ

Аҷдодони халқи тоҷик аз замонҳои бостон то имрӯз соҳиби суннату ойинҳои куҳан ва арзишманди фарҳангӣ мебошанд. Яке аз қадимтарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои мардумии тоҷик ва умуман мардумони эронитабор ҷашни Сада ба шумор меравад. Сада на танҳо як ҷашни мавсимӣ, балки таҷассумгари ҷаҳонбинӣ, фалсафаи зиндагӣ, эҳтиром ба табиат ва нақши инсон дар мубориза бо неруҳои сармо ва торикӣ мебошад.

Ин ҷашн дар сарчашмаҳои таърихӣ, адабӣ ва динӣ ҳамчун ойини куҳан бо маънои амиқи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зикр гардидааст.

Ҷашни Сада дар миёни фасли зимистон вақте, ки сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт, баргузор мегардид. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигаҳдорӣ гардад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд. Ба гуфти бархе аз донишмандон ҳамин ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки неруи аҳриманӣ ҳисобида мешуд, хушҳолӣ карда аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рӯзгорони қадим ниёгони мо бар он бовар доштанд, ки ин гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад.

Ин ҷашн дар сарчашмаҳои таърихӣ, адабӣ ва динӣ ҳамчун ойини куҳан бо маънои амиқи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зикр гардидааст.

Дар осори адабии форсу тоҷик, махсусан дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, мақоми хос дорад. Фирдавсӣ ҳаким ва муаррихи бузурги фарҳанги ориёӣ, Садаро на танҳо ҳамчун як маросим, балки ҳамчун рамзи хирад, пешрафти тамаддун ва робитаи инсон бо табиат тасвир намудааст.

Дар «Шоҳнома» ҷашни Сада ба номи шоҳи пешдодӣ Ҳушанг вобаста аст. Ҳушанг яке аз подшоҳони хирадманд ва тамаддунофари силсилаи Пешдодиён ба шумор меравад. Фирдавсӣ кашфи оташро ба таври бадеӣ ва рамзӣ баён намуда, онро натиҷаи хирад ва кӯшиши инсон медонад.

Ривоят чунин аст, ки Ҳушанг ҳангоми шикор бо море рӯ ба рӯ мешавад ва барои куштани он санг меандозад. Санг ба санги дигар бархӯрда, шарора ҳосил мешавад ва оташ падид меояд:

Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,

Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.

Нашуд мор кушта, валекин зи роз,

Аз ин табъи санг оташ омад фароз.

Дар осори донишманди бузурги Шарқ Абурайҳони Берунӣ низ дар хусуси ҷашни Сада ҳамчун ҷузъи муҳимми фарҳанги куҳани халқҳои эронитабон бо дақиқназарӣ ва усули илмӣ қайд шудааст. Берунӣ яке аз аввалин донишмандоне аст, ки ҷашнҳои мардумро на танҳо ҳамчун маросими динӣ, балки ҳамчун падидаи таърихӣ ва иҷтимоӣ меомӯзад. Ӯ дар «Осор-ул-боқия» ҷашнҳои халқҳои эронитабор, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада ва дигар ойинҳоро бо сана, сабаб ва маънои онҳо шарҳ медиҳад. Берунӣ ҷашни Садаро ҷашни марбут ба фасли зимистон дониста, онро ба ҳисобу китоби дақиқи рӯзҳо вобаста кардааст.

Тибқи гуфтаи Берунӣ, ҷашни Сада дар рӯзи даҳуми моҳи Баҳман баргузор мешуд. Ӯ сабаби номгузории онро чунин шарҳ медиҳад, ки аз ин рӯз то Наврӯз панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб боқӣ мемонад, ки ҷамъан «сад» мешавад.

Абурайҳони Берунӣ ба рамзи оташ диққати махсус медиҳад. Ӯ таъкид мекунад, ки оташ дар фарҳанги эрониёни бостон рамзи рӯшноӣ, покӣ ва нерӯи ҳаёт мебошад. Аммо Берунӣ, бар хилофи бархе тасаввуроти нодуруст, равшан месозад, ки халқҳои эронитабор парастишкунандаи оташ набудаанд, балки онро эҳтиром мекарданд.

Ба гуфтаи ӯ, афрӯхтани оташ дар ҷашни Сада рамзи шукргузорӣ барои неъмати нур ва гармӣ дар сахтии зимистон аст. Берунӣ ҷашни Садаро ҷашне мешуморад, ки хусусияти умумимардумӣ дорад. Дар ин рӯз мардум ҷамъ шуда, оташ меафрӯзанд, суруд мехонанд ва бо ҳамдигар шодӣ мекунанд. Ӯ ишора мекунад, ки ин ҷашн на танҳо ҷанбаи динӣ, балки ҷанбаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ доштааст.

Агар дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Сада бештар дар қолаби ривояти мифологӣ ва бадеӣ тасвир шуда бошад, Берунӣ ба масъала бо диди илмӣ ва таърихӣ менигарад. Ӯ ба ҷои ривоят, ба сана, ҳисоб, расм ва маъно таваҷҷуҳ мекунад.

Муаррихони асрҳои миёна аз ҷумла Абӯсаид Гардезӣ низ дар асари машҳури худ «Зайн-ул-ахбор», ки яке аз сарчашмаҳои муҳимми таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб меравад, маълумоти арзишманд дар бораи подшоҳон, ҷашнҳо ва суннатҳои бостони халқҳои эронитабор овардааст.

Гардезӣ аз ҷумлаи муаррихоне аст, ки таърихро бо фарҳанг ва ойинҳои мардум пайванд медиҳад. Ӯ дар «Зайн-ул-ахбор» на танҳо рӯйдодҳои сиёсиро баён мекунад, балки ба ҷашнҳо, маросимҳо ва одатҳои мардум таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ин равиш ба мо имкон медиҳад, ки ҷашни Садаро на танҳо ҳамчун воқеаи маросимӣ, балки ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дарк намоем. Гардезӣ низ мисли Берунӣ ба масъалаи номгузории Сада ишора мекунад. Ӯ сабаби онро ба рақами «сад» вобаста дониста, мегӯяд, ки аз рӯзи Сада то фаро расидани Наврӯз шумораи муайяни рӯзҳо боқӣ мемонад. Тибқи ақидаи Гардезӣ ҷашни Садаро ҷашне мешуморад, ки мардумро ба ҳам меорад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин рӯз шоҳон ва мардум якҷо ҷашн мегирифтанд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки Сада на танҳо ҷашни дарборӣ, балки ҷашни умумихалқӣ будааст.

Аз ҷумла, Абулфазли Байҳақӣ муаррихи бузурги асри XI, дар асари машҳури худ «Таърихи Байҳақӣ» ба ҷашни Сада ишораҳои муҳим кардааст. Байҳақӣ ҷашни Садаро бештар дар заминаи зиндагии дарборӣ ва расму ойинҳои султонҳои Ғазнавиён, бахусус дар аҳди Султон Маҳмуди Ғазнавӣ зикр мекунад. Ӯ ҷашни Садаро ҳамчун як ҷашни бошукӯҳ ва расмии давлатӣ тасвир менамояд, ки бо иштироки худи султон, дарбориён ва оммаи халқ баргузор мегардид. Байҳақӣ менависад: «Чун вақти Сада расид, фармон омад, то оташҳо афрӯхтанд ва он шаб ба шодмонӣ гузашт». Ин иқтибос, фикри болоиро ки ҷашни Сада дар дарбор аҳаммияти махсус дошта, ҳамчун ҷашни умумимардумӣ ҷашн гирифта мешуд, боз ҳам тақвият мебахшад.

Аз навиштаҳои Байҳақӣ бармеояд, ки ҷашни Сада дар замони Ғазнавиён танҳо ҷашни суннатӣ набуда, балки ҷузъи сиёсати фарҳангии давлат низ маҳсуб меёфт. Султон бо баргузории ҷашн мехост робитаи худро бо суннатҳои куҳани мардум нишон диҳад ва пуштибонии оммаро ба даст оварад.

Агар муаррихони бузурги асрҳои миёна чун Гардезиву Байҳақӣ ба хусусиятҳои иҷтимоӣ, дарбории ҷашни Сада таваҷҷуҳ намуда бошанд, адиб ва мутафаккири ҳамин давра Носири Хусрав ба ҷиҳати фалсавии ин ҷашн назар кардааст.

Дар асараш «Наврӯзнома» Носири Хусрав Садаро ҳамчун ҷашни зимистонӣ муаррифӣ карда, онро ба гардиши табиат ва низоми сол иртибот медиҳад. Ӯ таъкид мекунад, ки мардум дар ин рӯз ҷамъ омада, оташ меафрӯзанд ва шодӣ мекунанд. Дар фалсафаи асрҳои миёна мафҳуми нур бо ҳақиқат ва дониш баробар дониста мешуд. Ҷашни Сада, ки бар афрӯхтани оташ асос ёфтааст, бо ин мафҳум робитаи зич дорад. Агар Наврӯз рамзи эҳё ва гардиши ҳаёт бошад, Сада рамзи бедории ақл ва оғози равшанӣ дар миёни торикии зимистон ҳисобида мешуд.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки ҷашни Сада на танҳо як маросими суннатӣ, балки падидаи фарогири таърихӣ, иҷтимоӣ ва фалсафӣ мебошад. Ин ҷашн дар тули асрҳо ҳамчун воситаи ҳифзи худшиносии фарҳангӣ, интиқоли арзишҳои маънавӣ ва пайванди наслҳо бо гузашта хизмат кардааст.

Дар маҷмуъ, омӯзиши инъикоси ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихӣ исбот мекунад, ки он яке аз пояҳои муҳимми фарҳанги тоҷикон буда, паёми ҷовидонаи нур, хирад ва умедро аз гузашта ба имрӯз расонидааст.

Турсунова Шаҳноза,

маллимаи кафедраи археология, этнография ва диншиносии

факултети таърих ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ