ТАЗМИНУ ҶАВОБИЯҲОИ ҚАСИДАИ «БОДИ ҶӮЙИ МӮЛИЁН»
Хоки Мовароуннаҳр ва хонадони Сомониён бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳониро дар домани фарҳангии худ парваридааст, ки ҷаҳони пешрафта ва маънавиёти инсониро бо суханони пурмағзу пурбаракат ва ҳикмату тафаккур нуру сафо бахшидаанд, ба монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ Ибни Сино, ки якоякашон дар мақом ва ҳадди сухангӯйӣ саромади даврон буданд, ба вижа Одамушшуаро Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ.
Муҳаммад Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» дар мавриди шарҳи ҳоли Муиззӣ чунин менависад: «Се кас аз шуаро дар се давлат иқболҳо диданд ва қабулҳо ёфтанд, чунончи касро он мартаба муяссар набуд. Яке Рӯдакӣ дар аҳди Сомониён ва Унсурӣ дар давлати Маҳмудиён ва Муиззӣ дар давлати султон Маликшоҳ».
Дарвоқеъ, Рӯдакӣ аз зумраи суханварони маъруфи забону адаби тоҷикӣ-форсӣ аст, ки ҳамзамонону муосиронаш Шаҳиди Балхӣ, Дақиқӣ ва то муҳаққиқони имрӯза дар сифати мазомин ва маънавияти шеъри ӯ мулоҳизаҳо иброз дошта, сухани ӯро «тилви нубо», «байти нағз» ва «шеъри шукр» хондаанд.
Бузургтарин шуарои форсигӯй аз Муиззии Нишопурӣ то Лоиқ Шералӣ дар пайравии забон ва тарзи баёни Рӯдакӣ, ба вижа қасидаи «Боди ҷӯйи Мӯлиён» шеър гуфта ё дар аксар маворид мисраъ ва абёти ин шеърро зинати маънавии камолашон гардонидаанд.
Адабиётшинос Абдулғанӣ Мирзоев ва устод Амрияздон Алимардонов перомуни назирасароёни форсизабонони Ҳиндустон ба ин шеъри Рӯдакӣ андешаронӣ кардаанд.
Бад ин лиҳоз аз мулоҳиза дар сари он канора мегирем ва ба таҳлилу муқоисаи назирагӯёни шуарои Мовароуннаҳру Хуросон ба таври иҷмолӣ сухан хоҳем гуфт.
Дар кутуби адабӣ манқул аст, ки Зайнулмалики Исфаҳонӣ аз Амирушшуаро Муиззӣ дархост кард, ки чизе дар оҳанг ва мазияти қасидаи «ҷӯйи Мӯлиён» бигӯяд, вале Муиззӣ ҷуръат накард. Бори дигар хоҳиш кард чанд байте бигуфт, ки як байти он ба қарори зер аст:
Рустам аз Мозандарон ояд ҳаме,
Зайнулмалик аз Исфаҳон ояд ҳаме.
Андешамандон ин байти Муиззиро дар муқоисаи шеъри Рӯдакӣ сухани муқаррарӣ донистаанд. Ба қавли Низомии Арӯзӣ «…Хирад мандон донанд, ки миёни ин сухан ва он сухан чӣ тафовут аст?».
Яке аз нахустин шуарои сӯфимашраб Саноии Ғазнавӣ дар пайравии қасидаи устод Рӯдакӣ чунин гуфтааст:
Хусрави Мозандарон ояд ҳаме,
Ё Масеҳ аз осмон ояд хаме.
Ё зи баҳри маслиҳат руҳуламин,
Сӯйи дунё з-он ҷаҳон ояд ҳаме.
Ё Сикандар бо бузургони Ироқ,
Сӯйи Шарқ аз Қирвон ояд ҳаме.
Реги Омую дарози роҳи ӯ,
Зери помон парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст,
Аспи моро то миён ояд ҳаме.
Ранҷу ғурбат рафту тимори сухан,
«Бӯйи ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Ин аз он вазн аст гуфта Рӯдакӣ,
«Ёди ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме».
Ҳунари бадеии сухани Рӯдакӣ ва оҳанги шеъри ӯ ба тарзи баёни Саноӣ ба таври амиқ асар кардааст, ки шоир се байти шеъри Рӯдакиро айнан зеби суханаш гардонидааст. Танҳо дар абёти чаҳоруму панҷум ба ҷойи вожаи «дуруштӣ» муродифи он «дарозӣ» ва ба ивази калимаи «хинг» «асп»-ро ба кор гирифтааст. Агар ҷавобияи Саноӣ дар вазну қофия ва радиф ба қасидаи Рӯдакӣ ҳамоҳанг аст, яъне аз назари шаклию ҳунарии шеър, аммо аз самти матбуъ, яъне аз лиҳози мавзуъ ва мазмун тафовут дорад. Шеъри Саноӣ ҳовии матолиби мазҳабӣ аст ва таркиби сухани ӯ низ аз вожаю луғоти динӣ фароҳам омадааст ба монанди «руҳуламин» «омадани Масеҳ аз осмон» «з-он ҷаҳон» ва мисоли инҳо.
Баъзе ақсоми сухан ва мисраъҳои шеърӣ ба аносири дигари он начандон муносибанд, ба мисли омадани Хусрав аз Мозандарон ё Искандар ба мамолики Шарқ омаданаш аз Қирвон, яъне аз ғарби Африқо.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ низ дар татаббуи шеъри Рӯдакӣ ғазале дар ҳаҷми 18 байт суруда, ки ба монанди шеъри Одамушшуаро дилпазиру дилчасп аст:
Бӯйи боғу гулситон ояд ҳаме,
«Бӯйи ёри меҳрубон ояд ҳаме».
Аз нисори ҷавҳари ёрам маро,
Оби дарё то миён ояд ҳаме.
Бо хаёли гулситонаш хорзор,
Нармтар аз парниён ояд ҳаме…
З-он дару деворҳои кӯйи Дӯст,
Ошиқонро бӯйи ҷон ояд ҳаме.
Ҳар ки мирад пеши ҳусни рӯйи Дӯст,
Нобимурда дар ҷинон ояд ҳаме…
Мавлоно Ҷалолуддин ҳам монанди Саноӣ услуб ва унсурҳои шаклии қасидаи устод Рӯдакиро риоя кардааст. Аммо ҷавобияи Мавлоно Балхӣ аз аҳаммияти хоссае бархурдор аст. Суханвар дар се байти аввал мисраъ ва вожаҳои шеъри Рӯдакиро бо маврид ва мантиқӣ тазмин кардааст, ба монанди «Бӯйи ёри меҳрубон», «то миён ояд ҳаме» ва «парниён».
Аз абёти чоруму панҷум шеъри Мавлоно Балхӣ як навъ тобиши ирфонӣ-фалсафӣ гирифта, мутобиқи завқ ва ҷаҳоншиносии худи ӯ суруда шудааст. Луғот ва таъбироти ширини тоҷикӣ-форсиро ба кор гирифта: «дару деворҳои дӯст», «корвони ғайб», «доманкашон» ва «бӯйи ҷон». Тарокиби сухан ва мантиқи мисраъҳо бо ҳам муносибу мувофиқ афтодаанд. Андешаву афкори шоир дар қолаби мантиқии шеър рехта шудааст. Забони баёнаш низ соддаву фасеҳ ва файласуфон аст, чунонки мефармояд:
Нағзрӯён сӯйи зиштон кай раванд?
Булбул андар гулбунон ояд ҳаме.
Мавриди дигар гӯяд:
З-он дару деворҳои кӯйи дӯст,
Ошиқонро бӯйи ҷон ояд ҳаме.
Аз махсусияти дигари ҷавобияи Мавлоно Балхӣ ба рамз сухан гуфтани ӯст, ки мутобиқи шароити замон ва кайфияти шоир ҷараён гирифтааст.
Мулоҳиза мешавад, ки Мавлоно Ҷалолуддин аз тарзи баёни Рӯдакӣ дар «Маснавӣ» низ истифода ва бардошт кардааст. Дар баъзе ҳикоёт ва қисаси «Маснавӣ» луғот ва таркиботи қасидаи «ҷӯйи Мӯлиён»-ро тазмин кардааст. Чунонки дар ҳикояти «Рӯ ниҳодани он бандаи ошиқ сӯйи Бухоро» фармояд:
Рӯ ниҳод он ошиқи хунобарез,
Дил тапон сӯйи Бухоро гарму тез.
Реги Омун пеши ӯ ҳамчун ҳарир,
Оби Ҷайҳун пеши ӯ чун обгир…
Шуарои номовари асри Х111 Мавлоно Балхӣ, Васфии Шерозӣ, Сайфи Фарғонӣ низ ин қасидаро тазмину татабӯъ гуфтаанд.
Яке аз шуарои ширинсухани ин давра Сайфи Фарғонӣ аст, ки дар вазну радифи «Боди ҷӯйи Мӯлиён» қасидае дар ҳаҷми 50 байт навишта ва шояд дар адаби тоҷикӣ- форсӣ дарозотарин назира ба ин шеъри устод Рӯдакӣ бошад.
Бино ба навиштаҳои адабиётшинос Ансор Афсаҳов қасидаи Сайфи Фарғонӣ аз ду қисм фароҳам омадааст. Қисми аввали он шомили 17 байт буда, дар он ҳолати рӯҳияи ошиқу маъшуқ ифода ёфтааст:
Номи ту чун бар забон ояд ҳаме,
Оби ҳайвон дар даҳон ояд ҳаме.
Дар тани мурда чикор ояд зи ҷон,
Дар дил аз ёди ту он ояд ҳаме.
Қисми дуюми шеър аз байти 18-ум оғоз мегардад, ки шоир сухан аз табу тоб ва дарду ҳасрат ёр гуфтааст:
Дил чу гул хандазанон ояд ҳаме,
К-он баҳори бехазон ояд ҳаме.
Гар зи давлатхонаи қисмат маро
Қуръа бар мулки ҷаҳон ояд ҳаме.
Бояд гуфт, ки яке аз махсусиятҳои шоирии Сайфи Фарғонӣ назирагуйи аст. Ин суханвари маъруф, вале камшинохтаи шеъри тоҷикӣ- форсӣ ба осори шоирони соҳибмактаби мо Рӯдакӣ, Саноӣ, Анварӣ, Саъдӣ ва Ҳумом ҷавобияҳо суруда, ба вижа ба 90 ғазали Шайх Саъдӣ назира гуфтааст. Дар ҷавобияи хеш ба шеъри устод Рӯдакӣ низ саъй кардааст, ки сабку услуби баёни Одамушшуароро риоя кунад ва то андозае муваффақ ҳам шудааст, хусусан, дар корбасти ташбеҳу истиора:
Рисқ суйи марди мискин кай равад?
E ба назди мо чунон ояд ҳаме.
Ё мавриди дигар:
Гар даҳонамро ба лаб гирӣ, чӣ чуд,
Чун зи ҳар чашмам фиғон ояд ҳаме.
Аз хусусиятҳои муҳимми қасидаи Сайф аст, ки вай дар ду маврид байти аввали шеъри Рӯдакиро ба гунаи зайл тазмин кардааст:
Хоки кӯйи ӯ хаҳам, к -аз ҳар сӯят,
«Боди ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме».
Сӯйи гул з -он меравам, к-аз вай маро,
«Бӯйи ёри меҳрубон ояд ҳаме».
Чунонки ба мушоҳида расид Сайфи Фарғонӣ нусхаи «Боди ҷӯйи Мӯлиён»-ро бар «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» саҳеҳтар донистааст ва қасидаи ӯ ба ҳайси яке аз сарчашмаҳои муътамад дар шинохти шеъри Рӯдакӣ хоҳад буд.
Бо вуҷуди ин, ҷавобияи Сайфи Фарғонӣ фасоҳату балоғати шеъри устод Рӯдакиро надорад. Тасвирҳо оддӣ ва аксари маврид калимоти гушхарошро ба кор гирифтааст: «хаҳам», «қуръа», «ҷинон» ва монанди инҳо:
Дар баҳорон, к-аз гули ороста,
Боғҳо ҳамчун ҷинон ояд ҳаме.
Дар адабиёти муосири тоҷик ҳам шоирони зиёде ба радифи «ояд ҳаме» шеър гуфта ё табъозмоӣ намудаанд. Бузургтарин суханварони замони муосир ба монанди устод Садруддин Айнӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Маликушшуаро Баҳор, Лоиқ Шералӣ, Усмон Олим, Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва дигарон ба шеъри устод Рӯдакӣ тазмину ҷавоб гуфтаанд.
Дар адабиёти муосири тоҷикӣ нахустин шоире, ки ба ин қасида назира навишта, Ота ҷон Пайрави Сулаймонӣ аст:
Инак он номеҳрубон ояд ҳаме,
Боз он сарви равон ояд ҳаме.
Таърихи эҷоди шеър ба соли 1925 рост меояд, ки дар он замон масъалаи таҳлили ҷашни 1000 -солагии Одамушшуаро ба миён омада буд. Шеъри Пайрав ҳаммонанди қасидаи устод Рӯдакӣ аз ҳафт байт фароҳам омада, дар баъзе маврид луғот ва таркиботи устод Рӯдакиро зинати маънавии суханаш сохтааст. Дар хотимаи шеъраш ба Одамушшуаро тазмину пайравӣ карданашро низ ишора намудааст:
Пайрав аз тазмини он устоди назм,
«Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме».
Пешвои қофилаи адабиёти муосири тоҷикӣ устод Садриддин Айнӣ ҳам дар пайравии қасидаи Одамушшуаро ғазали обдоре нигошта, ки бо ин абёт оғоз мегардад:
Бод имшаб мушкбор ояд ҳаме,
Гӯйи, аз кӯйи нигор ояд ҳаме.
Вақти он омад, кушояд дил зи ғам,
К-аз чаман бӯйи баҳор ҳаме…
Аз хусусиятҳои шеъри устод Айнӣ аст, ки вожаву иборот ва ё абёти қасидаи Рӯдакиро танзим накардааст. Балки бо истифодаи луғоту таркиботи хоси худ «канори обшор», «сояи боду шамоли Шоҳруд» «оташину обдор» дар вазну радиф ва сабку услуби Рӯдакӣ шеър гуфтааст.Мавзуи асосии шеъри Айнӣ тасвири табиат ва назокатҳои он аст. Забон ва тарзи баёнаш соддаву фасеҳ буда, бӯйи сухани Рӯдакиро ба ёд меорад.Истифодаи ташбеҳу киноя аз махсусиятҳои шеъри устод Айнӣ аст. Шоир дар абёти зер лоларо ба сурхии лаби маъшуқ шабеҳ кардааст, ки шеъъро ҷилои дигаре додаст:
Лола чун лаъли лаби ҷонон ба чашм,
Оташину обдор ояд ҳаме.
Ва ё об задании абр реги Ҷугихонаро, ки ҳар калимаву таъбир бори маънои кашидаанд:
Реги Ҷугихонаро абр об зад,
Бар дил аз вай кай ғубор ояд ҳаме.
Аз муосирони устод Айнӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода низ дар пайравии қасидаи Рӯдакӣ ҳудуди 16 байт зери унвони «ояд ҳаме» шеър навишта, ки матлааш ин гуна аст:
Ёди фахри шоирон ояд ҳаме,
Ҳамчу шахси ҷовидон ояд ҳаме.
Иди устоди муаззам Рӯдакӣ.
Сарвари донишварон ояд ҳаме.
Хотири сардафтари арбоби фазл,
Ифтихори фозилон ояд ҳаме...
Мавзуъ ва муҳтавои шеъри Ҷавҳаризода ёдкарди мақом ва рутбаи шоирии устод Рӯдакӣ буда,шоир аз фасоҳати шеъри ӯ ба ифтихори сухан мегeяд.Дар хотима ба муносибати таҳлили ҷашни 1100-солагии устод Рӯдакӣ эҷод гардидани шеър ишора мекунад:
Ҳурмату табрик андар ҷашни ӯ.
Корвон дар корвон ояд ҳаме.
Шеъри зерин туҳфаи ночизи ман,
Чун зи шогирд армуғон ояд ҳаме.
Шоир ва адабиётшинос Маликушшуаро Баҳор низ дар татаббуи қасидаи мазкур шеъре навишта, бо номи «Доманаи Албурз», ки аз 31 байт иборат аст.
Ёди субҳ аз куҳсор ояд ҳаме.
Ёди ёри ғамгусор ояд ҳаме.
Ёр, гӯйи, сӯйи шаҳр ояд зи куҳ,
Дӯст, гӯйи, аз шикор ояд ҳаме…
Баҳор ҳаммонанди устод Айнӣ вожа ва абёти шеъри «Боди ҷӯйи Мӯлиён» - ро тазмин накарда, танҳо дар вазну радифи он бо гунаи баёни худ ва истифодаи таъбироти шоирона ба монанди «лутфи навбаҳор», «луъбате симинузор», «дурахше заргинор», «шодигувор» ва «лашкаре найзагувор» шеър гуфтааст.
Чунонки аз номаш пайдост, шоир манзараҳои табиат ва нафосати қуллаи Албурзо бо тамоми нозукиҳояш тавсиф кардааст:
Қуллаи Албурз дар чашмони ман,
Чун яке зебонигор ояд ҳаме.
Бар фарози фарқи симин чодираш,
Луъбате симинузор ояд ҳаме.
Боз чун тобад бар ӯ зарин фуруғ,
Чун дурахше зарнигор ояд ҳаме.
Ҳарчанд шеъри Баҳор фасеҳу равон аст, аммо таъбиротеро ба кор гирифтааст, ки бе мадади кутуби луғат дарки он барои хонанда норавшан аст, монанди «хайл», «маҳсур», «ҷайш», «хозеъ» ва «пузишгузор»:
Шохи амрудӣ хамида пеши бод,
Хозеу пузишгузор ояд ҳаме.
Лоиқ Шералӣ ҳам дар пайравии вазну қофия ва радифи қасидаи Одамушшуаро шеъри мондагоре дар ҳаҷми 35 байт суруда, ки оҳангу мазияти « ҷӯйи Мӯлиён» - ро ба хотир меорад.
Таърихи эҷоди шеър ба муносибати 1100-умин солгарди ҷашни давлати Сомониён, ки ба эҳтимоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 ҷараён гирифта буд, иттифоқ афтодааст.
Қисмити аввали қасида ба ифтихори таҷлили ҷашни давлати тоҷикон, Сомониён бахшида шуда:
Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме,
Ғулғули Сомониён ояд ҳаме.
Аз Бухоро бар Душанбеи шариф,
«Бӯйи ҷӯйӣ Мӯлиён ояд ҳаме».
Дар қисмати дуюм аз кору пайкори Исмоили Сомонӣ ва ватандории ӯ сухан меравад, ки:
Ҳон, магу Исмоили Сомонӣ мурд,
Зинда бо сад корвон ояд ҳаме.
Корвонаш нимроҳа монда нест,
Вориси тоҷи Каён ояд ҳаме.
Кушта будандаш адувон, баҳри мо,
Зинданому зиндаҷон ояд ҳаме...
Шоир дар қисмати сеюм баҳри тоҷикону тоҷикистониён мужда медиҳад, ки Шоҳи Сомон меҳмону мизбони пойтахти навини то ҷикон – Душанбе аст. Ба омадани Мири Сомон ва ормонҳои ҷовидонаи ӯ «насими ҷӯйи Мӯлиён» ва «Рӯдакии ҳамдостон», «Руди Варзобу» «кухи Анзоб» пеши пояш армуғонанд:
Эй Душанбе, бозкун оғуши худ.
Шоҳи Сомон меҳмоно яд ҳаме.
Ҳамраҳи ӯ бо ҳазорон кавкаба,
Рӯдакӣ ҳамдостон ояд ҳаме…
Қисмати чоруми шеър аз сеҳри сухани Рӯдакӣ ва «Модари май» оғоз гардида, ҳамзамон тавсифи Фирдавсии Тӯси ва «Шоҳнома», ёдкарди Анушервон ва корномаи вай ба назм омадааст.
Шоир дар қисмати дуо ба Исмоили Сомонӣ муҳаббат ва иродати хешро изҳор намуда, баъди 1000-соли устод Рӯдакӣ ба майдони шеъру суханварӣ савора омаданашро, ишора кардааст.
Мир Исмоил, суҷудат мебарам,
К-аз замирам армуғон ояд ҳаме.
Кош донистӣ, ки баъди Рӯдакӣ,
Лоиқи сарводахон ояд ҳаме.
Бояд гуфт, ки қисмати сеюми қасидаи Лоиқ ба муҳтавои шеъри устод Рӯдакӣ бештар шабоҳат дорад. Зеро шоир дар ин қисмат ба монанди Рӯдакӣ аз омадани Исмоили Сомонӣ ба Душанбе ва ба истиқболи он баромадани руди Варзобу куҳи Анзоб ва Ҳисори Шодмон самимона сухан гуфтааст.
Аз он чи руфта шуд, пайдост, ки якояки шоирон тибқи завқ ва ҷаҳоншиносии хеш дар пайравии вазну қофия ва радифи қасидаи Одамушшуаро шеър гуфтаанд: Бо вуҷуди риояи вазну радиф ва оҳанги қасидаи Рӯдакӣ ҳар як шеър вижагиҳои ба худ хосе дорад, ки метавон онҳоро чунин дастбандӣ кард:
1.Тавсифи табиат ва кайфияти ҳолати шоир дар мисоли назираҳои Садриддин Айнӣ ва Маликушшуаро Баҳор.
2.Қисми дигари ашъори ҷавобия мазомини ирфонӣ касб кардаанд, ба монанди назираҳои Саноӣ ва Мавлоно.
3.Баъзе шоирон сухан ва розу ниёз ва сӯзу гудози ошиқ ба миён овардаанд, ки метавон дар ин радиф Сайфи Фарғониро ном бурд.
4.Як зумра пайравони устод ба ифтихори таҷлили ҷашнномаҳо ҷавобия навиштаанд, яъне шеърҳои ҷашнӣ гуфтаанд, чун Пайрав Сулаймонӣ ва Суҳайлӣ Ҷавҳаризода.
5.Дар баъзе ҷавобияҳо перомуни марзу бум ва дӯст доштани хоку оби Ватан сухан рафтааст, ки ин руҳия дар шеъри Лоиқ ҳартарафа тасвир шудааст.
Яке аз масъалаҳое, ки дар назираҳои шоирон ба назар мерасад, кайфияти тазмини қасидаи устод Рӯдакӣ аст, ки дар ин замина низ суханварони назирагӯй тибқи диди шоирӣ ва маърифатшиносии хеш истифода ва бардошт кардаанд:
1.Як зумра шоирони назирагӯй ба монанди Сайфи Фарғонӣ, Саноӣ ва Мавлоно (бо андаке тағирот дар мисраи аввал) байти аввали қасидаи Рӯдакиро ба гунаи зер тазмин кардаанд:
Боди ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Бӯйи ёри меҳрубон ояд ҳаме.
2.Баъзе пайравони устод Рӯдакӣ ҳамчун Пайрав Сулаймонӣ ва Лоиқ Шералӣ байти мазкурро дар шакли «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме…» истифода кардаанд.
3.Қисми дигари шоирон чун устод Айнӣ ва Баҳор тазмин накардаанд.
Қасидаи «Боди ҷӯйи Мӯлиён» аз обдортарин шеъри Рӯдакӣ аст ва меъёри бузурги шоирии ӯ ҳам дар он аст, ки аз асри 1Х сар карда, то рӯзгори мо зиёда аз саду пан ҷоҳ шоирони форсигӯй танҳо ба ҳамин шеър тазмину ҷавоб гуфтаанд, аммо кулли суханварони назирагӯй дар сабку мазият ва қолаби он сухан рехта натавонистаанд ё ба таъбири дигар шеърашон ба монанди шеъри Рӯдакӣ дилчаспу дилпазир набаромадааст.
Аммо Давлатшоҳи Самарқандӣ ин шеърро сода ва аз ҳунари суханварӣ орӣ донистааст: «Ин қасидаест тавил ва эроди маҷмуи онро ин тазкира таҳаммул наёварад. Гӯянд, ки амирро чунон ин қасида ба хотир мулоим афтод, ки муза дар пой накард, савор шуд ва азимати Бухоро кард, уқалоро ин ҳикоят ба хотир аҷиб менамояд, ки ин назмест сода ва аз саноу бадоеъ ва матонат орӣ…».
Шояд гуфтаҳои Давлатшоҳ бад-ин ваҷҳ бошад, ки дар асри вақ авотифи шаклию ҳунарии анвои адабӣ такомул ёфта буд, чунонки менависад: «…чи агар дар ин рӯзгор суханваре ин навъ сухан дар маҷлиси салотии ва умаро арз кунад, муставҷиби инкори ҳамгинон шавад».
Бояд гуфт, ки аз миёни тазкиранигорон танҳо Давлатшоҳи Самарқандӣ ҷуръати эроди шеъри Рӯдакиро кардааст, вале баробари ин аз андешаҳои ӯ нақди шеъри Рӯдакӣ ҳам бармеояд «…амирро чунон ин қасида (ҷӯйи Мӯлиён.-С.М) ба хотир мулоим афтод, ки муза дар пой накард...».
Шеъри Рӯдакӣ руҳи инсониро месозад ё ба таъбири дигар шеъри Рӯдакӣ дорои руҳонияти офаринанда аст. Дар ин маънӣ Давлатшоҳи Самарқандӣ поёнтар сухан гуфта аз донандаи улуми адабӣ будани Рӯдакӣ ёд кардааст: «…Алқисса, устодро инкор нашояд кард ба муҷарради ин сухан, балки ӯро дар фунуни илм ва фазоил вуқуф аст ва аз ақсоми шеър қасоиду маснавиро некӯ мегӯяд».
Дар воқеъ устод Рӯдакӣ пешвои қофилаи шеъри форси тоҷикӣ аст ва шеъру сухани вай, ба вижа қасидаи «Боди ҷӯйи Мӯлиён» фазоили ба худ хос дорад, ки метавон чунин баён кард.
1.Тарзи баёнаш фасеҳу илмӣ ва устодона буда, қиссаи аҷибу ғарибро бо забони ширини тоҷикӣ- форсӣ дар вазни муносибу хушоянд ва вақти муайян ба силки шеър кашидааст.
2.Суханаш парваридаи фикру андеша буда, ҳар як вожа ва таъбир бори худро мекашад, яъне банду баст ё ба сухани дигар робитаи мантиқии шеър қавӣ аст.
3.Шеъри «Боди ҷӯйи Мӯлиён» ҳам аз назари шаклию ҳунарӣ ва ҳам аз лиҳози тафаккуру тааммул муносибу мувофиқ аст. Яъне ҳар ду самти услубӣ дар ин шеър тавъам ба кор рафтааст.
Ҳамин тариқ, аз баҳси муҷмале, ки доир ба нафосату балоғати шеъри «ҷӯйи Мӯлиён» баён гардид, месазад мабоҳиси ҳар кадом вижагиҳои ашъори Одамушшуаро ба таври густарда мавриди тааммул қарор гирад.
Муносиб аст, ки дар ин маънӣ шеъри бузургтарин муҳаққиқи аҳволу осори Рӯдакӣ-Саид Нафисиро ёдовар шавем ва ин баҳсҳоро ба поён барем:
Бар хоки Рӯдакии суханофарин кунун,
Сарро кунам фуруду сиришкам кунам равон.
Баъд аз ҳазору як саду се солу рӯзгор,
Аз роҳи дур омадаам зору нотавон.
То ҷон ҳамефишонам бар хоки он касе,
К- аз гуфти ӯст бар тани ҳар донише равон.
Садриддин Мирзоев,
дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»