ТАЪСИРИ УСТОД РӮДАКӢ БА ШЕЪР ВА АНДЕШАИ МИРЗО АБДУЛҚОДИРИ БЕДИЛ
Вақте сухан дар мавриди табаҳҳури Бедили Деҳлавӣ аз устод Рӯдакӣ меравад, шояд дар назари аввал ин нукта дар зеҳнҳо бичархад, ки оё воқеан вуҷуди чунин иртиботе миёни ин ду суханвар метавонад буда бошад, чун аз лиҳози сабки суханварӣ яке дар маҳватаи шеваи хуросонӣ қарор дораду дигари сабки маъруф ба Ҳиндӣ ва ҳатто бедилӣ. Аз сӯи дигар, муҳимтарин вежагии каломи устод Рӯдакӣ саҳли мумтанеъ асту Бедил баёни ибҳом ва печида.
Вақте ҳар нафар хонандаи ҳушманд дар назари аввал девони рубоиёти Мирзо Абдулқодири Бедилро ба меҳвари мутолеаи хеш мекашад ва онро ба сурати амиқ бознигарӣ мекунад, вуҷуди як санади муҳим дар он, ҳамзамон нақли тазкираҳо роҷеъ ба истиқболи Бедил аз як рубоии беназири Рӯдакӣ аллакай худ шаҳодат бар он аст, ки Абулмаонӣ ба сурудаҳои Одамушшуаро таваҷҷуҳи махсус дорад. Таъкиди ин дилбастагии хоса пайванд бар он мегирад, ки Бедил ба як рубоие аз устод Рӯдакӣ мурур кардаву аз он истиқбол намудааст, ки аз лиҳози сабки иншо воқеан назир надорад ва бештар Мирзо Бедил аз равзанаи ҳунари шоирӣ бар он назар андохтааст. Ин рубоии устод Рӯдакӣ тавассути корбандии санъати саволу ҷавоб иншо гардидааст, ки шояд мислаш то замони Бедил бо чунин сабку усули нигориш мавҷуд набошад:
Омад бари ман? Кӣ? Ёр. Кай? Вақти саҳар,
Тарсанда зи кӣ? Зи хасм. Хасмаш кӣ? Падар.
Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар лаби тар,
Лаб буд? На? Чӣ буд? Ақиқ.Чун буд? Чу шакар.
Рубоии сурудаи Бедил низ бар ҳамин шакл ва аммо бар дигар қофияву радиф аст, ки истиқболи онро аз каломи султони шоирон ба субут мерасонад:
Дӣ хуфт. Кӣ? Ноқа. Дар куҷо хуфт? Ба гил.
Кардам. Чӣ? Фиғон. Аз чӣ? Зи ёди манзил.
Дод! Аз кӣ? Зи худ. Чаро? Зи саъйи ботил,
К-афтод. Чӣ? Бор. Аз кӣ? Сар. Бар кӣ? Ба дил.
Ҳарчанд дар нусхаҳои девони Бедил низ ин рубоӣ мавҷуд аст, аммо ба он ҳамчун сурудае дар истиқболи устод Рӯдакӣ яке аз шогирдони Абулмаонӣ – Хушгӯ дақиқан дар тазкираи худ ишорат намуда ва ҳатто то кунун касе ба он ҷавоб нагуфтанро низ ба таври махсус таъкид доштааст. Дар «Сафинаи Хушгӯ» бо таъкид бар ин матлаб чунин омада: «Бедил «рубоӣ гуфт дар ҷавоби Одамушшуаро Ҳаким Рӯдакӣ, ки то ҳол мумтанеъулҷавоб буд. Эшон баъди сесад сол аз уҳдаи ҷавоби он баромадаанд… Фақир Хушгӯ низ ланг-лангон ба сари манзили ҷавоби он расида. Ҳар се нигориш меёбад». Аз ин баёноти Хушгӯ ҳувайдост, ки худи ӯ низ дар ҷавоби Рӯдакӣ ва Бедил рубоие бад-ин шева сурудааст:
Хушгӯ:
Рафтам. Ба куҷо? Ба боғ. Кай? Фасли баҳор.
Дил танг. Чӣ сон? Чу ғунча. Чун? Бе дилдор.
Дидам. Чӣ? Шикастагуле. Аз чӣ? Зи бӯе,
Гул буд? На. Чӣ буд? Нома. Аз кӣ? Аз ёр.
Ин ҷо маълум мешавад, ки сурудаи Хушгӯ дар пайравии рубоии Бедил анҷом ёфтааст ва ин амр аз мутобиқати радиву қофияи он равшан мегардад. Аммо ба ҷуз рубоии боло дар девони Бедил дигар рубоие низ мавҷуд мебошад, ки бо ҳамин шева суруда шудааст:
Нолид. Кӣ? Булбул. Ба куҷо? Дар гулшан.
Кай? Вақти саҳар.
Аз дасти кӣ? Аз шурӯ шари зоғу заған.
Хун кард ҷигар.
То во шавад роҳи чӣ? Амн. Аз кӣ? Зи ман.
Гуфтам: Чӣ? Сафар.
Гуфт: Оҳ, куҷо? Масӯз дурам зи ватан.
Гуфтан: Таҳи пар.
Муҳтаво ва сохторшиносии ин рубоӣ ишорат бар он мекунад, ки дар фарқият аз рубоии устод Рӯдакӣ он бар сурати рубоии мустазод, аммо бо пайравӣ аз қофияву радифи ҳамон сурудаи устоди шоирон ба қалам омадааст ва ваҷҳи дигари субути истиқболияии хосаи он рубоии устоди шоирон будани сурудаи Бедил ҳам ҳамин амр маҳсуб меёбад. Ҳатто шояд ҳамин усули вежаи нигориши рубоии мазкур омил гардид, ки ин як рубоӣ дар нашрҳои анҷомдодаи девони рубоиёти шоир аз ҷониби устодон Халилулоҳи Халилӣ ва Аббоси Доконӣ ба сурати ду рубоӣ зикр гардидааст, яъне ҳар як сатри он, ки аз мисраъҳои шикаста низ таркиб ёфтааст, ба сурати як байт ва дар умум ҳар байти он як рубоӣ хонда шудааст. Ин нукта аз он маълум мешавад, ки дар ҳарду нашр тамоми рубоиёти мустазоди Бедил ба ин шакл зикр шуданд:
Нолид. Кӣ? Булбул. Ба куҷо? Дар гулшан.
Кай? Вақти саҳар.
Аз дасти кӣ? Аз шурӯ шари зоғу заған.
Хун кард ҷигар.
*
То во шавад роҳи чӣ? Амн. Аз кӣ? Зи ман.
Гуфтам: Чӣ? Сафар.
Гуфт: Оҳ, куҷо? Масӯз дурам зи ватан.
Гуфтан: Таҳи пар.
Бо сабаби он ки тартиби ҷобаҷогузории рубоиёт дар ин китоб ба ҳамин сурат, ҷудо кардани ҳар яке аз онҳо тавассути аломати “*” ҷараён гирифтааст, дар миёни ҳар як байт гузоштани аломати мазкур ҳар яке аз онҳоро ба сурати рубоии ҷудогона нишон медиҳад, ки ба назари тартиби мақбул наметавонад бошад.
Аз нукоти дигари муҳим, ки дар робита ба пайванди ҳунарии шеъри Бедил ва устод Рӯдакӣ қобили таъкид аст, нусрат ва нуфуз ёфтани он вижагиҳои бадеии каломи Одамушшуарост, ки минбаъд дар сурудаҳои Абулмаонӣ ва дигар шоирони сабки ҳиндӣ баробари муравваҷ гардидан, ҳукми махусияти аслӣ ё мумтозро касб кардаанд. Дар назари аввал бояд ин нуктаро бар ин мабҳаси муҳим афзуд, ки шояд таваҷҷуҳи хосаи Мирзо Абдулқодири Бедил ба рубоии маврид баҳси устод Рӯдакӣ, ки аз нигоҳи сохтор ва шеваи баён ҳам нодиру ба қавли Хушгӯ “то ҳол мумтанеъулҷавоб” аст, бар ҳамин вежагиҳои махсуси он марбут бошад ва Абулмаъонӣ ҳам талош карда, дар канори истиқбол аз он чунин шеваи мунҳасир ба фарди устод шоиронро то ҷое дар таркиби сурудаҳояш муравваҷ гардонад.
Дар канори ин, Саид Нафисӣ ҳарчанд бо такя бар ҷойгоҳи тамсил ва ирсоли масал дар шеъри шоирони сабки ироқӣ аносири аввалияи сабки ҳиндиро дар ин марҳила муқаррар мекунад, аммо мурур ба шеъри Одамушшуаро собит месозад, ки намунаи аввалини тамсил дар сурудаҳои устоди шоирон таҷассуми равшан дорад. Ин хулосаро метавон аз ғазали маъруфи устод Рӯдакӣ, ки ба унвони яке аз аввалин нусхаҳои ғазали форсӣ ҳам эътироф гардидааст, собит намуд:
Дило, то кай ҳамеҷӯӣ манеро,
Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро.
Чаро ҷӯї вафо аз бевафое,
Чӣ кубӣ беҳуда сард оҳанеро.
Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе,
Чӣ сойӣ зери кӯҳе арзанеро.
Аслан, дар ҳар се ин абёти Рӯдакӣ вуҷуди тамсилро метавонем ба мушоҳида бигирем, ки аввалӣ «ба ҳарза дӯст доштани душман», ки тамсили «дилбастагии беҳудаи инсон ба худ», дигар «беҳуда оҳани сардро куфтан», ки мисоли ҷустуҷӯи амали беҳудаи дар заминаи аз бевафо ҷустани вафо ва «ба зери кӯҳ соидани арзан», ки тамсили азияти дили шоир аз ишқи маъшуқ мебошанд, маҳсуб меёбад. Шеваи хосе аз корбурди тамсил дар қитъаи дигари устод Рӯдакӣ ҳам ҳувайдост:
Ай хоҷа, ин ҳама, ки ту медиҳӣ шумор,
Бодоми тарру секию баҳмону бостор.
Мор аст ин ҷаҳону ҷаҳонҷӯй -моргир,
Аз моргир мор барорад ҳаме димор.
Мусаллам аст, ки ин ҷо устод Рӯдакӣ дунёро ба мор масал мезанад ва шахси дунёдӯстор ё, ба таъбири худи ӯ, «ҷаҳонҷӯй»-ро, ки хеле таъбири зебои шоирона аст, ба моргир ва ҳамин ҷост, ки гунае аз шеваи корбурди тамсил ошкор мегардад. Аз ин ҷо равшан ҳувайдост, ки ба шакли ибтидоӣ ин навъи бадеӣ дар шеъри устоди шоирон ҷойгоҳи худро равшан мекунад ва минбаъд дар сурудаҳои Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ ва дигар аз шоирони сабки ироқӣ кам-кам нуфуз дарёфта, дар шеъри шуарои сабки ҳиндӣ, бавижа каломи Бедил ба ҷанбаи хосаи ҳунарии шеър бадал мешавад.
Бо овардани як намуна аз ашъори Камоли Хуҷандӣ ва Бедили Деҳлавӣ фосилаи тадовуми ин санъати шеъриро метавон аз Рӯдакӣ то Абулмаонӣ муқаррар намуд:
Камоли Хуҷандӣ:
Пеши ноаҳлон чӣ ҳосил зикри пурдонӣ, Камол,
Донаи гавҳар чӣ резӣ мурғи арзанхораро?.
Бедили Деҳлавӣ:
Муддаӣ даргузар аз даъвии тарзи Бедил,
Сеҳр мушкил, ки ба кайфияти эъҷоз расад.
Аз дигар вижагиҳои ҳунарие, ки дар шеъри Бедил ва суханварони дигари сабки ҳиндӣ ҳузури касир дорад, корбурди вожагони мураккаб ва таркибҳое бо истифодаи «вобастаҳои ададӣ» (таъбири Шафеии Кадканӣ) маҳсуб меёбад, ки бештар маҳсули андешаву тафаккури халлоқи худи шоир ҳастанд. Ҳарчанд аксари пажӯҳишгарон вожасозии мураккаб ва ин навъи таъбирофариниро ба унвони вижагии сабки ҳиндӣ муаррифӣ намудаанд ва, албатта, шеваи кори ин суханварон махсус аст, вале мурур ба зуҳури чунин вожагон дар шеъри устод Рӯдакӣ аввалқадам будани ӯро дар ин раҳгузор низ ба субут мерасонад:
Ману он ҷаъдмӯи ғолиябӯй
Ману он моҳрӯи ҳурнажод.
Некбахт он касе, ки доду бихӯрд,
Шӯрбахт он ки ӯ нахӯрду надод.
Шояд шеваи кори устод Рӯдакӣ дар сохтмони чунин калимот нисбат ба Бедил соддатар ба назар бирасад, аммо тозагиву вижагии хоси ҷилваи онҳо ба сарчашмаи аслии зуҳури ин равиш дар адабиёти форсӣ таъкид дорад. Дар ин порчаи шеърӣ дар ҳар мисраъ як ё ду калимаи мураккаби муттакӣ бар ҳунари шоирӣ ҷой дорад: «ҷаъдмӯй», «ғолиябӯй», «моҳрӯй», «ҳурнажод», «некбахт», «шӯрбахт». Агарчи бахше аз ин вожагон ба назар мустаъмал мерасанд, аммо калимоте чун «ҷаъдмӯй», «ғолиябӯй», «ҳурнажод» таҷассуми махсусияти ҳунарии офариниши ин навъи калимоти шоиронаро дар ҳадиси устоди шоирон собит менамояд. Бад-ин шакл вожагони фаровонеро аз девони Рӯдакӣ метавон бурун овард, ки ҳамагӣ саргаҳи ин ҷанбаи ҳунарии шеъри форсӣ будани ашъори султони шоиронро собит мекунанд ва ҳатто қисмате аз онон аносири вижагии лафзтарошӣ ё вожасозии сабки ҳиндиро ба хотир меоваранд. Чунончи, «озоданажод», «сарвбун», «гулшакар», «шакарханд», «хубрафтор», «зишткирдор», «хобкирдор», (баъдан ин таъбир дар шеъри форсӣ хеле маъруф гардид.- Н.Н.), «тофтароҳ», «сахойнома», «латифдаст», «навзин», «гурбарӯй» ва монанди ин.
Бо зикри намунае аз Мирзо Бедил ба шеваи сохтмони калимоти мураккаби муттакӣ бар ҳунари шоирӣ ишорат хоҳад шуд, ки сарчашмаи усулии худро аз каломи устод Рӯдакӣ гирифтаанд:
Хатти ӯ бар субҳ, пиндорӣ шабехуннома аст,
Рӯи ӯ фардест, гӯӣ дар шикасти шони шаб.
Ин ҷо вожаи мураккати «шабехуннома» аст, ки файзе аз тафаккури шоиронаи Бедилро дар худ таҷассум намудааст, ки ҳам аз диди сохторӣ ва ҳам аз назари маъноиву ҳунарӣ ба тозагии шеваи кори Абдулмаонӣ дар ин равиши калимасозӣ ишорат дорад.
Аз шохисаҳои дигари сабки ҳиндӣ, бавижа шеъри Бедил истифодаи парадокс ё тасвирҳои мутаноқизнамо, ки дар заминаи пайванди ду мафҳуми мутазоди ғайриқобили маъно маънии тоза офарида мешавад, маҳсуб мешавад. Роҷеъ ба ҷойгоҳи ин навъ тасвир дар сурудаҳои Бедил бо такя бар пешинаи он дар адабиёти форсӣ, истиҳоти хоси шореҳи маънии истилоҳӣ ва мавҷудият санъати бадеии махсус дар осори назарии адабиётшиносии гузашта навиштаи ҷудогонае аз ин ҷониб ҳам ба сурати мақолаи мустақил ва ҳам дар бахше аз китобии “Бутиқои ғазалиёти Мирзо Абдулқодири Бедил” нашр шудааст.
Ҳарчанд ин навъ тасвирсозӣ ё шеваи баёни шоирона дар шеъри форсии то замони Бедил камтар ҷилвагар аст ва танҳо дар вусъати ашъори Абулмаонӣ ҳамчун падидаи бадеии каломи манзум эътироф мегардад, аммо мавҷудияти як намуна дар ашъори устод Рӯдакӣ дар сувари таркиби «ҳаловати захм» таваҷҷуҳи султони шоиронро ба он собит сохта, авлавияти ӯро дар ин замина ҳам бозтоб мебахшад:
Бахокхуфтаи теғи ту аз ҳаловати захм,
Забон баровараду захмро даҳон лесад.
Таркиби «ҳаловати захм» ҷанбаи пародоксӣ дорад, ба он хотир ки «ҳаловат» ва «захм» вожагоне муқобилмаъно ҳастанд, ки нисбате мутазод ба ҳамдигар доранд. Аз захм аслан ранҷу разият берун меояд, на ҳаловат, аммо Рӯдакӣ ин ҳосили ин захмро, ки аз боиси маъшуқ барояш расида, ба худ лаззати рӯҳӣ ва ҳаловат қабул мекунад ва бад-ин васила ба ҳузури ин наҳваи ҳунарии шеър асос мегузорад.
Намунае барои парадокс аз шеъри Бедили Деҳлавӣ:
Баланд аст он қадарҳо ошёни аҷзи мо Бедил,
Ки бе сайъи шикасти болу пар натвон расид ин ҷо.
Таносуби миёни вожагони аҷз ва баландии он навъе парадоксист, ки аслан мазмуни мутазод доранд, вале бо таваҷҷӯҳ ба маънии ирфонии таҷассум дар байт фаҳмиши наве ба сурати тасвири ғайриинтизоӣ ҳосил шудааст.
Партави андешаҳои ахлоқии устод Рӯдакӣ дар саросари адабиёти форсӣ ошкор аст ва ҳар ҳикмату андарзи вай муҷиби зуҳур муҷалладоти фаровоне дар тафсири отифаҳои равонӣ ва падидаҳои ахлоқӣ гардидааст. Дар робита ба ин матлаб ҳам нигоштаҳои фаровонеро дар даст дорем ва албатта бо тазаккури ин нукта пеш аз ҳама ҳадафи аслии мо бозгӯии он аст, ки шеър ва ҷаҳони андешаи Бедил ҳам аз ин партав бебаҳра нест. Он ҷо ки устод Рӯдакӣ мефармояд:
Бо дода қаноат куну бо бод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав озод бизӣ.
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махӯр,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ.
Мирзо Бедил аз ин омӯзаи ахлоқии устод Рӯдакӣ панд мегирад ва аллакай ҳамчун инсони қонеъ ба ҳасту нести ҷаҳон сухан мекунад:
Дунё агар диҳанд, нахезам зи ҷои хеш,
Ман бастаам ҳинои қаноат ба пои хеш.
Ҳикмати Бедил моро ҳам гӯшзад мекунад, ки бояд аз андарзномаи устод Рӯдакӣ сабақ бигирем, то дар қаноат бикӯшем, ончунонки Абӯлмаонӣ аз ин дарси устоди шоирон панд гирифтаву ба пои худ ҳинои қаноат бастааст.
Устод Рӯдакӣ ҷое андешаи танҳоии инсонро дар миёни ҳазорон нафар, ки ба таъбири «бо сад ҳазор кас танҳоӣ» ифода намудааст. Ин фалсафа баъдан ба сурати «хилват дар анҷуман» дар тасаввуфи нақшбандии суфиёни Фарорудон роиҷ шуд:
Бо сад ҳазор мардум танҳоӣ,
Бе сад ҳазор мардум танҳоӣ.
Мирзо Бедил ҳамин маъниро бо таҷаддуди баён дар сабки нигориш дар вусъати ибораи «дар миёни анҷуман мебоядам танҳо нишаст» ғунҷоиш дода, ки, бешак, сарчашма дар ҳамин афкори устод Рӯдакӣ дорад:
Кас намефаҳмад забони сухтантақрири шамъ,
Дар миёни анҷуман мебоядам танҳо нишаст.
Дар мавриди заминаҳои таҳаввули афкори орифонаи Мирзо Бедил ва таҳаққуқи пайванди фикриву маъноии андешаҳои ӯ бо устод Рӯдакӣ низ метавон асноди шеърие аз девони ҳарду шоир пайдо намуд, ки иртиботи ҳасанаи маънавии Абулмаониро бо Одамушшуаро собит месозанд. Аз ҷумла, ин рубоии маъруфи устоди Рӯдакиро ағлаб пажӯҳишгарон ҳамчун намунаи сароғози шеъри орифонаи форсӣ номзад кардаанд, ки аз ҷиҳоди солик бо нафс ҳамчун рукни меҳварии ирфони амалӣ ҳикоят мекунад:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Бедил ҳам дар девони худ дар байте маънии айни ин матлабро бо шеваи хоси сабки ҳиндӣ тафсир кардааст, ки тааммул дар муҳтавои он пайванди фикрии ин ду шоири бузургро бозгӯӣ мекунад:
Эй ғурурандеша, бар ваҳми ҷаҳонгирӣ маноз,
Қудрате гар ҳаст, дасти Бедили вомонда гир.
Маҷмӯан, ин ҷо метавон нукоти фаровоне дар заминаи пайвандҳои фикриву ҳунарии шеъри Бедил ва устод Рӯдакӣ ва дар ин замина таҳаввулоти арзишҳои ҳунарии шеъри форсӣ аз «падари шеъри форсӣ» то «падари маъниҳо» ҳадисе фаровон афзуд, ҳарчанд аз назари сабку тафаккур ду шоир дар сатҳи олӣ аз ҳамдигар мутафовит ҳастанд. Аммо бо такя ба он чи дар ин нигошта тазаккур ёфт, метавон натиҷае ҳосил кард, ки бештари вижагиҳои ҳунарии шеъри форсӣ, аз ҷумла каломи Бедили Деҳлавӣ сарчашма дар сурудаҳои устод Рӯдакӣ доранд ва танҳо дар заминаи таҳаввулот онҳо дар мароҳили баъдӣ ба махсусияти шеъри як давраи адабӣ ё мактаби як шоир табдил ёфтаанд. Мактаби шоирии Абулмаонӣ ва ё, ба истилоҳи худи ӯ, «забони бедилӣ» низ аз ин таъсир ва фаязони ҳунарии шеъри устод Рӯдакӣ мустасно нест. Аз нигоҳи дигар, партави афкор ва андешаҳои ахлоқии устод Рӯдакӣ ҳам дар шеъру ҷаҳоншиносии Мирзо Абдулқодири Бедил низ таҷаллое хоса дорад, ки, албатта, тафсилоти ин баҳс фурсати дигареро тақозо мекунад.
Нуралӣ Нурзод
доктори илмҳои филологӣ, профессори
кафедраи адабиёти классики тоҷики МДТ
“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров"