РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ПАРТАВИ ҚОНУНИ ЗАБОН
Аз замоне ки сухан ҳамчун василаи мубодилаи афкор дар ҷомеа ба миён омад, аз ҷониби суханварону суханшиносон чун беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ, барафрӯзандаи ҷаҳон, сардафтари девон, ганҷинаи султони ишқ ва амсоли онҳо мавриди ситоиш қарор гирифтааст.
Тибқи иттилои муҳаққиқон, султони шоирони Шарқ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ин забон як миллиону сесад ҳазор байт шеъри обдоре офарид, ки то имрӯз ҳам барои мо ва ҳам барои ҳамсояҳои ҳамзабонамон комилан дастрас ва мафҳуманд. Бузургтарин достонсарои ҷаҳон ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ асари безаволи худ - «Шоҳнома»-ро, ки шаст ҳазор байтро фаро мегирад, бо ҳамин забони фасеҳу шево ва тавоно ба риштаи таҳрир кашид. Бархе аз таълифоти илмиву адабии пири ҳакимони Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино бо каломи гуҳарбори ин забон офарида шудаанд.
Дар забони модарӣ, бешак, бозёфтҳо ва дастовардҳои беназири наслҳои бешумор, самараи заҳмати тулонии халқ ва фарзандони заковатманди он дар офариниши сухан ва баёни дақиқи фикр гирд омадаанд. Ҳанӯз ёздаҳ қарн муқаддам устод Рӯдакӣ ба таъкид оварда буд, ки «ӯ маро ширин зи ҷон асту гиромӣ чун ҷаҳон» ва имрӯз мо метавонем гуфтаҳои шахсеро, ки аввалин шуда, ба забони модарии мо шоҳасарҳо эҷод кард, ба ин забон нисбат диҳем, ба забоне, ки дар тули бештар аз ёздаҳ аср на танҳо маҳфуз монд, балки ҳамвора ғанитар гардида, назокату таровати худро торафт фузунтар намуд.
Ҳамон навъе ки маълум аст, расидан ба истиқлол омолест, ки тамоми миллату халқиятҳо дар дил мепарваранд. Таҷрибаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки яке аз падидаҳои Истиқлолияти воқеӣ боло рафтани мақому манзалати забони миллӣ мебошад. Маҳз Истиқлолият метавонад ба рушду таҳаввули забони адабии миллат роҳи фарох боз намояд. Истиқлолият ба забон асолат бахшида, имкон фароҳам меорад, ки он дар заминаи қонуниятҳои дохилии худ инкишоф ёбад.
Дар ин маврид забоншиноси номвар, профессор Ғаффор Ҷӯраев комилан саҳеҳ навишта буд: «Ҳар як давлати миллӣ, хоҳ вай бузург бошаду хоҳ кӯчак, бо забон зинда аст, яъне забон мисли Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти давлат ба шумор меравад. Ба ин маънӣ, муайян кардани муносибати давлат нисбат ба забон яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Давлат, миллат ва забон мафҳумҳои тавъаманд. Вале чун давлат ва миллат соҳибони забонанд, пас ғамхорӣ нисбат ба забон ҳам бар дӯши онҳост» (3, 20). Ин нукта дар суханронии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 22-юми июли соли 1996-ум хеле бамаврид таъкид шуда буд: «Забон рукни асосии миллат ва давлат асг. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».
Ҳамон навъе ки профессор Ғаффор Ҷӯраев меафзояд, дар ин ифодаи ҳикматангез маъниҳои амиқи фалсафию ҳаётӣ ишора ёфтаанд. Дарвоқеъ, ғамхории давлат нисбати забон яке аз омилҳои асосии устуворию пойдории забон ба шумор меравад. Хусусан, агар ин масъала таҳти назорати Сардори давлат қарор дошта бошад, ба забон хатаре таҳдид намекунад.
Агар ба ҷараёни рушди забонамон дар ду даҳсолаи охир назар афканем, чораву тадбирҳои андешидаи ҳукуматро нисбати забон ба андозае зиёд мебинем, ки мислаш дар тӯли бештар аз ҳазор сол ба назар намерасад.
Ин ҷо бо камоли қаноатмандӣ метавон хотирнишон сохт, ки бузургтарин чораи маъмурӣ дар роҳи ҳифзи забон ва ба маҷрои солим равона сохтани он қабули Қонуни забон дар ҷумҳуриямон маҳсуб меёбад, ки он ҳанӯз дар даврони шуравӣ 22-юми июли соли 1989-ум дар Иҷлосияи даҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости зиёиён ва равшанфикрони тоҷик ба вуқуъ пайваста буд. Қонуни мазкур ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода, мартаба ва ҳуқуқи инкишофи озодонаи забонҳои дигари қаламрави мамлакатро низ кафолат дод.
Мақсади асосии ин Қонун, бешак, таъмини истифодаи васеи забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ дар кулли соҳаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ, ҳамчунин фароҳам сохтани шароитҳои мусоид барои ривоҷу равнақи забонҳои дигари ҷумҳуриямон ба шумор меомад.
Пӯшида несг, ки барои татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон танҳо баъди фаро расидани замони истиқлол имкониятҳо фароҳам омаданд, аммо солҳои аввали Истиқлолият барои давлати тозаистиқлоли тоҷик ва забони давлатии он мушкилот пеш омаданд.
Ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо иқтисодиёти кишварро хароб сохт, балки ҷараёни татбиқи Қонуни забонро ҳам халалдор намуд.
Вале баробари андак хомӯш гардидани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ба масъалаи забон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Қадами ҷиддӣ ва ибтикори наҷиб дар ин бобат таъсиси комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 1996-ум сурат гирифта, сарварии он ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд. Таъсиси комиссияи мазкур ба ҷараёни иҷрои Қонуни забон такони ҷиддие бахшид. Дар як муддати кӯтоҳ дар назди ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату кумитаҳо ва ҳатто муассисаву корхонаҳои бузург низ чунин комиссияҳо ва ё гурӯҳҳои назоратӣ таъсис ёфтанд. Татбиқи Қонуни забон ранги оммавӣ гирифта, дар шаҳру ноҳияҳо корхонаву муассисаҳои аввалине пайдо шуданд, ки коргузории худро пурра ба забони давлатӣ ба роҳ монданд.
Дигар аз падидаҳои муҳим дар шароити истиқлолияти забон дар риштаи савтиёт комилан ба фонемаҳои тоҷикӣ асос ёфтани алифбо, фурӯгузор намудани ҳарфҳои иқтибосӣ, ки овозҳои хоси тоҷикиро ифода намекунанд, паҳлуи ҳам оварда шудани фонема ва ҳуруфи ҳамгун дар алифбои тоҷикӣ мебошад.
Дар тули солҳои Истиқлолият ду маротиба ба тасдиқ расидани таҳриру такмили нави «Имлои забони тоҷикӣ», ки он бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3-юми сентябри соли 1998-ум таҳти №355 ва аз 4-уми октябри соли 2011-ум сурат гирифтааст, низ аз кӯшишҳо ва икдомоти бамаврид маҳсуб меёбад. Дар сарсухани таҳрири пешинаи имло омадааст: «Аз замони таҳрири охирини қоидаҳои имло (соли 1972-юм) чоряк аср сипарӣ гашт. Дар ин муддат илму фарҳанг ривоҷ ёфт, сатҳи маданияти сухан боло рафт. Аз ҷониби дигар, тадриҷан суръат гирифгани равандҳои демократӣ дар ҷомеа боиси он гардид, ки ходимони матбуоту нашриёт ба имлои ҷорӣ тағйироти зиёд ворид сохтанд. Дар натиҷа дар имло бенизомӣ ба амал омад. Вазифа аз он иборат буд, ки лоиҳаи таҳрири нави имлои забони тоҷикӣ дар асоси талаботи санадҳои ҳуқуқии давлат, махсусан Қонуни забон ва дастовардҳои илми забоншиносӣ таҳия ва ба муҳокима пешниҳод карда шавад.
Дар қоидаҳои асосӣ (соли 1972-юм) мувофиқати овозу ҳарф дар чанд маврид сарфи назар шуда буд, дар алифбо ҳарфҳое мавҷуд буданд, ки ягон овози забони тоҷикиро ифода намекарданд, коидаҳои навишти баъзе воҳидҳои забони адабии тоҷикӣ дарҷ наёфта буданд ва ғайра. Ин нуқсону камбудиҳо дар таълими забони тоҷикӣ ва талаффузи адабӣ боиси нофаҳмиҳо мешуданд ва ҷараёни тадриси саводро дар мактабҳо душвор мекарданд. Дар таҳрири нави имло тамоми ин камбудиҳо то ҳадди имкон ислоҳ шуданд».
Аз тарафи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани имло маънои аҳаммияти умумидавлатӣ доштанро дорад. Вале ҷойи таассуф аст, ки қисме аз қоидаҳои ин ҳуҷҷати давлатӣ дар саҳифаҳои матбуоти мо гоҳо риоя намешаванд. Хушбахтона, чанде пеш дастури дорои аҳаммияти басо муҳим -»Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ба тозагӣ интишор ёфт, ки вақтҳои наздик дастраси ниёзмандон мегардад.
Чанд сол муқаддам ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АУ Тоҷикисгон супориш дода шуда буд, ки масъалаҳои зеринро вобаста ба рушди забони давлатӣ мавриди омӯзиш ва ҳаллу фасл қарор диҳад:
- танзими истилоҳот ва меъёрҳои забони давлатӣ бо истифода аз осори хаттии давраҳои таърихии он;
- таҳлилу танзим ва истифодаи дақиқи истилоҳоти забони муосир ва таълими рушди забони адабӣ;
- таҳия ва нашри грамматикаи таърихии забони тоҷикӣ;
- нашри маводи таълимӣ оид ба забони адабӣ;
- таҳия ва нашри фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, меъёрӣ ва фарҳанги имлои забони адабӣ.
-таҳқиқ ва нашри грамматикаи илмии забони адабӣ дар асоси меъёрҳои нави забон;
Дар суханронии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни забон 21-уми июли соли 2007-ум, ки дар он бо мақсади рушди забони давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихору эҳтироми шаҳрвандон нисбат ба забони тоҷикӣ ва таҳкими минбаъдаи он соли 2008-ум «Соли бузургдошти забони тоҷикӣ» эълон карда шуд ва мулоҳот бо намояндагони зиёиёни кишвар камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, аз қабили бештар ба забонҳои дигар интишор ёфтани матбуоти даврӣ, радиову телевизион ва шабакаи интернет, дар баъзе вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳанӯз ҳам мақому манзалати ба забони давлатӣ хосро касб накардани забони тоҷикӣ, бо лаҳҷаи маҳаллӣ ҳарф задани роҳбарони идораҳои алоҳида, роҳ ёфтани хатоҳо дар воситаҳои ахбори умум ва мисли инҳо комилан дуруст ва бамаврид таъкид ёфта, олимону омӯзгорон, ходимони ВАО ва тамоми зиёиёни тоҷик вазифадор карда шуда буданд, ки онҳо бояд дар роҳи ҳифзи асолати забон, ҳамчунин рушду тавсеаи истифодаи забони адабӣ рисолати таърихии худро дар назди Ватан ва миллати хеш адо кунанд.
Дарвоқеъ, замоне буд, ки доираи амали забони тоҷикӣ дуюм табдил ёфта буд.
Аммо ба шарофати истиклолияти давлатӣ ин ҷабри таърих оҳиста-оҳиста ислоҳ шуд ва имрӯз забони адабии тоҷикӣ дар тамоми қаламрави кишвар, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа озодона истифода гардида, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои муносиб фароҳам оварда мешаванд.
Дар фарҷоми сухан бо андешаи адабиётшиноси маъруф Юсуф Акбаров ҳамфикрӣ изҳор намуда гуфтанием, ки мо яке аз хушбахттарину хушномтарин ва сарбаландтарин халкҳои олам ҳастем, ки вориси ҳамин забони гӯшнавозу ҳамин мероси бисёр ғанию пурсарватем ва ин шарафи бузург аз ҳар кадоми мо масъулияти бештару азим металабад ва бузургтарин вазифаю рисолати таърихии мо дар назди рӯҳи поку муаззами гузаштагони хеш ин аст, ки ҳамин сарвати бебаҳо ва ганҷи оростаро на танҳо покиза ва беосеб нигоҳ дорем, балки онро боз ҳам сарватманд гардонем.
Неъматулло Ҳикматуллоев,
дотсенти кафедраи забони тоҷикии факулетти филологияи тоҷики
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»