САҲМИ ПРОФЕСССОР АБДУЛМАННОНИ НАСРИДДИН ДАР РӮДАКИШИНОСӢ
(Андешаҳо перомуни китоби «Рӯдакӣ (нусхашиносӣ ва нақду барррасии ашъори бозмонда). - Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил, 1999. – 392 с.)
Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ин китоб аз пешгуфтор, ду бахш бо замимаҳо ва Феҳрасти сарчашмаҳо ва кутубу мақолоти мавзуъӣ иборат аст. Дар «Пешгуфтор» устод дар хусуси масъалаҳои матншиносии осори адабӣ ибрози назар карда, муҳиммияти онро барои илми адабиётшиносӣ бо далелҳои қотеъ нишон додаанд. Устод зарурату аҳаммияти хоссаи таҳқиқи матншиносии адабиёти аҳди Сомонӣ, хосатан ашъори Рӯдакиро таъкид намуда, аз ҷумла оид ба омилҳои таҳқиқи матншиносии осори боқимондаи Рӯдакӣ чунин навиштаанд: «Осори Рӯдакӣҳамчун одамушшуарои шеъри форсӣ аз аҳди зиндагиаш то рӯзгори мо пайваста мавриди ниёзу дӯстдорӣ ва ҷамъоварию нашр қарор дошт. Дарқаламрави адаби форсӣ ва кишварҳои дигар борҳо осори Рӯдакӣ табъу нашр шуд, ки дар натиҷа асноди ҷолибе ҳам фароҳам омад. Дигар, дар ҳама анвоисарчашмаҳои хаттӣ осори Рӯдакиро истифода кардаанд, ки ин амр низ баихтиёри муҳаққиқ асноди ҷолиберо вогузор хоҳад кард. Чунончи, ашъори дар тазкираҳо, луғатҳо, осори адабиётшиносӣ, кутуби таърихӣ, рисолаҳои соҳавӣ, баёзҳо фароҳамшуда сифатан аз якдигар фарқ мекунанд. Ҳамчунин, эҷодиёти Рӯдакӣ бештар аз осори ҳамаи суханварони дигари аҳди ӯ табиати табдилу тағйир ва маърифату тафсири каломи бадеӣ ва мутуни адабиро ифода кардааст.
Устод Абдулманнони Насриддин дар фасли «Нусхашиносӣ ва нашри ашъори Рӯдакӣ» таъкид менамоянд, ки нусхаҳои қадима ва муътабари осори Рӯдакӣ то замони мо нарасидаанд. Зоҳиран, бар асари ҳодисоти рӯзгор, алалхусус, фитнаи муғул қисми зиёди осори шоир аз байн рафтааст. Дарфеҳристи нусхаҳои хаттии китобхонаҳои маъруфи ҷаҳон аз нусхаҳои қадимаи осори Рӯдакӣ ёддоште ба чашм намерасад. Дар чунин ҳолат чӣ тавр бояд амал кард? Матншиносро лозим аст, ки дар ибтидои ҳол нусхаҳои нисбатан нав китобшударо бар асос гирифта, аз рӯи меъёру санҷаҳои дақиқи текстологӣ асолати онро бисанҷад. Дар ин маврид сарчашмаҳои қадима, ки ашъориРӯдакӣ ва муосирони ӯро фаро гирифтаанд, маҳаки асосии санҷиш ҳастанд... Сипас, устод сарчашмаҳои зиёдеро, ки дар асрҳои Х1-ХШ таълиф гардидаанд, номбар карда, ба сарчашмаҳои садаҳои Х1У-ХУ, хоссатан фарҳангномаҳои шеърӣ, ки низ дар онҳо абёти Рӯдакӣ зикр ёфтаанд, ишораҳо менамоянд.
Устод зарурати таҳияи девони Рӯдакиро зикр намуда, менависанд, ки аввалин девони Рӯдакӣ дар асрҳои ХУ-ХУ1 мураттаб гардидааст, ки бар мабнои сарчашмаҳои мавҷуда сурат пазируфтааст ва он дорои иштибоҳотизиёди матншиносист. Дар соли 1898 милодӣ «Девони Рӯдакӣ» дар Теҳрон ба нашр расид, ки таҷассумгари ҳамаи иштибоҳоти воридшуда бар ашъори Рӯдакӣ ва намунаи боризи осори илҳоқӣ бар «Девони Рӯдакӣ» маҳсуб мешавад, таъкид намудаанд устод.
Инчунин, устод дар ин фасл тамоми нашрҳои осори Рӯдакиро, ки дар Тоҷикистону кишварҳои дигар таҳия ва нашр гардидаанд, муаррифӣ карда, ҳусну қубҳи онҳоро муайян сохтаанд.
Дар фасли «Мансубияти осор – атрибутсия» устод Абдулманнони Насриддин ҷузви муҳим ва асосии таҳқиқоти матншиносӣ будани муайян кардани мансубияти осори адабӣ ва шинохти муаллифи аслиро қайд намуда, доир ба роҳҳои муайян кардани муаллифи аслӣ ибрози назар менамоянд ва мисолҳои фаровон меоранд.
Устод ашъори боқимондаи Рӯдакиро аз ҷиҳати мансубияти воқеии онҳо ба қалами шоир ба чаҳор гурӯҳ тақсим намудаанд:
- Ашъоре, ки дар нисбати онҳо ба Рӯдакӣ ҳеч ҷойи шакку тардид нест.
- Шеърҳое, ки дар сарчашмаҳои муътабар ва ба замони Рӯдакӣ ххеле наздик бидуни зикри номи шоирсабт шудаанд.
- Ашъоре, ки дар нисбати он ба Рӯдакӣ ҷои шубҳа ва ихтилоф ҳаст.
- Ашъоре, ки аслан аз Рӯдакӣ нестанд ва иштибоҳан ба номи ин суханвари бузург овардаанд. Мисли:
Надорад майл фарзона ба фарзанду ба зан ҳаргиз,
Бибуррад насли ин ҳарду набуррад насли фарзона.
Аз рӯи таҳқиқоти Саид Нафисӣ ин байт аз Кисоии Марвазӣ будааст.
Зиҳи фузуда ҷамоли ту зебу ороро,
Шикаста сунбули зулфи ту мушки сороро.
Бино ба маълумоти Саид Нафисӣ ин ғазал ба қалами Рашид ном шоири ибтидои асри ХУ тааллуқ дорад, ба қайд овардаанд, устод.
Инчунин дар хусуси мансубияти маснавиҳои «Калила ва Димна», «Синдбоднома» ва «Даврони офтоб» ба Рӯдакӣ низ андешаҳои ҷолиб баён карда, мулоҳизоти муҳаққиқони адабпажӯҳро амиқ таҳлил намудаанд.
Фасли «Тағйироти матн» дар бораи се ҳолате, ки одатан дар матни осори адабӣ, аз ҷумла, ашъори Рӯдакӣ мушоҳида мешаванд, баҳс менамояд. Устод онҳоро чунин дастабандӣ кардаанд:
1. Таҳриру тағйирот аз ҷониби худи муаллифон
2. Тағйир додани матн аз ҷиҳати надонистани маъно ва ё ба таври худ тавзеҳ додани матлаби суханвар
3. Тағйироти ғаразмандона ва таҳрифгарона ба мутуни адабӣ.
Устод барои мисол як қитъаи шеъри Шаҳиди Балхиро, ки дар тавсифишеъри Рӯдакӣ гуфтааст, мисол меоранд. Чунончи:
Ба сухан монад шеъри шуаро
Рӯдакиро сухан-ш тилви нубост.
Шоиронро хаҳу аҳсант мадеҳ
Рӯдакиро хаҳу аҳсант ҳиҷост.
Аксари донишмандон аз сабаби нафаҳмидани маънои ибораи «тилви нубо» онро ба шакли «талвино» ва ба маънии хурмои пухтарасида зикр намудаанд.
Дар нахустзамимаи бахши аввал устод дар хусуси «Маънигузорӣ дар назми Рӯдакӣ ва муосирони ӯ» баҳси ҷолиби илмӣ намуда, оид ба ҷойгоҳи мусталеҳоти кайҳонӣ дар мазмунсозиҳои Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ ибрози назар намудаанд.
Дар замимаи дуюм, ки «Асолати сухан ва сиҳҳати матн» унвон дорад, перомуни саҳву хатоҳои котибон ва анвои он маълумот дода, мисолҳои фаровон аз шуруҳи осори адабӣ овардаанд, ки ба назар гирифтани онҳо дар мураттаб сохтани девони Рӯдакӣ низ аз аҳаммияти хосса бархурдоранд.
Бахши дуюми асар фарогири «Девони устод Рӯдакӣ» мебошад. УстодАбдулманнони Насриддин бо муқоисаву муқобалаи абёту порчаҳои дар сарчашмаҳо, аз ҷумла тазкираҳо, фарҳангҳои тафсириву шеърӣ, таърихномаҳо, рисолаҳои мухталифи сухансанҷон ва ғайра мавҷудбуда, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки девони нисбатан комилу саҳеҳи устод Рӯдакиро таҳия ва нашр созанд ва воқеан ба ин мақсади худ ноил гардидаанд. Дар таҳияи девон аз 93 сарчашма истифода шудааст ва дар поёни ҳар як порчаи шеъри Рӯдакӣ аз кадом сарчашмаҳо баргирифта шудани онҳо ишора шудааст. Ҳамаи ин аз мураттиби девон заҳмати зиёдро талаб мекунад ва устоди гаронқадри мо аз ӯҳдаи он сабуронаву сарбаландона баромада тавонистаанд ва барои илми адабиётшиносии тоҷик хизмати мондагоре ба ҷо оварданд. Устод бо ин кори анҷомдодаи худ дар матншиносии осори Рӯдакӣ қадаме фаротар гузошта, бисёр иштибоҳоте, ки дар нашрҳои осори Рӯдакӣ сар зада буданд, ба ислоҳ оварданд. Барои мисол таваҷҷуҳ менамоем ба ин байти устод Рӯдакӣ, ки дар баъзе нашрҳои тоҷикистонӣ барғалат зикр гардидааст:
Ҳазор бӯса диҳам бар сихойномаи ту,
Агар бубинам бар муҳри ӯ нигини туро.
Дар нусхаи устод омадааст:
Ҳазор бӯса диҳам бар сиҳои номаи ту,
Агар бубинам бар муҳри ӯ нигини туро.
Ё ки:
Дар манзили ғам фиганда мафраш моем
В-аз оби ду чашм дил пуроташ моем.
Олам чу ситам кунад, ситамкаш моем,
Дастхуши рӯзгори нох(в)аш моем.
Вожаи «дастхуш» дар мисраи чаҳорум ба маънии бозича омадааст, вале дар аксари нусхаҳо онро дар шакли «дасти хушу» овардаанд, ки саҳеҳ нест.
Хулоса, устод Абдулманнони Насриддин дар рӯдакишиносӣ саҳми арзанда гузошта, бо асару мақолоти худ дар андарёфти ашъори Рӯдакӣ, тасҳеҳи ташреҳи он, мазмунсозиву маъниофаринӣ ва маърифати осори баландпояи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ хизмати босазо ба ҷо овардаанд.
Мавҷуда Ӯрунова,
номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти
классикии тоҷики факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»