ЗАБОН ВА АҲАММИЯТИ ИҶТИМОИИ ОН

Забон муҳимтарин воситаи муомилоти инсоният буда, пайдоиш ва инкишофи он ба ҷамъият зич алоқаманд аст. Аз ин ҷост, ки забон дар ҷамъият мақоми махсус дорад ва он дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёту фаъолияти инсонӣ хизмат мекунад. Ташаккули забони адабӣ дар таърихи инкишофи забон марҳилаи муҳим ба шумор меравад. Забони адабӣ категорияи таърихист, ки одатан дар шакли хат ба амал омада, ба қолабу меъёр медарояд. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои куҳанбунёдест, ки таърихи дуру дароз дорад. Забони адабии тоҷикӣ бо сохти грамматикӣ ва таркиби луғавии худ дар байни забонҳои шохаи эронӣ яке аз забонҳои бой ва қадима ба шумор меравад ва он ҳанӯз дар асрҳои IХ-Х ташаккул ёфта, бо ҳусну фасоҳати худ шуҳрат пайдо карда буд. Забони адабии тоҷикӣ дар давраи Сомониён ташаккул ёфтааст ва устодони сухан чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Синою Хайём онро суфтаву сайқал додаанд ва бо ин забон асарҳои безаволи худро рӯи коғаз овардаанд.

Бино ба маълумоти аксари олимони забоншинос алҳол дар рӯи замин тақрибан 5000 забон мавҷуд аст, ки аз лиҳози хусусиятҳои забонӣ ба шохаҳои гуногун дохил шуда, оилаи забонҳоро ташкил мекунанд.

Забонҳо аз рӯи таърихи инкишофи худ ба 24 оилаи забонҳо тасниф гардидаанд. Забони тоҷикӣ ба гурӯҳи эронии хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ (забонҳои тоҷикӣ, русӣ, лаҳистонӣ (полякӣ), чехӣ, литвагӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, арманӣ, лотинӣ, ирландӣ, немисӣ (олмонӣ), англисӣ ва ғайра) мансуб аст. Таърихи забони мо, тавре ба ҳамагон маълум аст, се давраи инкишофро дар бар мегирад: давраи бостон бо намояндагӣ аз забонҳои авестоӣ ва форсии бостон; давраи миёна бо намояндагӣ аз забонҳои портӣ, форсии миёна, бохтарӣ, суғдӣ ва хоразмӣ ва давраи нав бо намояндагӣ аз забони классикии тоҷикӣ ва се гунаи меъёрии он – форсии Эрон, дарии Афғонистон ва тоҷикии Тоҷикистон.

1. Давраи бостон тақрибан аз ҳазораи II п.м. то IV-III пеш аз мелодро дар бар мегирад, ки ба замони давлатдории Ҳахоманишиён (асрҳои IV-III) рост меояд. Осори хаттии ин давра дар шакли катибаҳо интишор гардидаанд, ки маъмултарини он "Катибаи Бесутун" ном гирифтааст. Матни катибаҳо тавассути хати мехӣ сабт гардидааст.

2. Давраи миёна аз IV-III п.м. то асрҳои VII- VIII мелодро дар бар мегирад. Подшоҳии Ашкониён ва Сосониён ба давраи миёна мувофиқ аст. Дар таърих забони ин давраро паҳлавӣ низ меноманд. «Ёдгори Зарирон», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Дарахти Ассурик», «Модигони чатранг», «Минуи хирад», «Бундаҳишн» ва монанди инҳо намунаи осори хатии ин замон ба шумор мераванд.

3. Давраи нав ё порсии дарӣ аз асрҳои VIII-IХ мелодӣ то замони мо ба ҳисоб меравад. Давраи нави таърихи забон инкишоф ва равнақи забон ва адабиёти классикист. Осори безаволи классикони тоҷику форс бо хати арабӣ таълиф ёфтааст.

Забон рукни асосии миллат аст. Забони миллӣ боигарӣ, маданият ва ифодагари руҳи халқ мебошад. Бе ягонагии забон миллат вуҷуд дошта наметавонад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки забони тоҷикӣ забони давлатии Тоҷикистон (7 боб ва 28 модда) аст, омадааст:

Моддаи 3. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.

2. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, забони давлатиро донад.

3. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд.

4. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд.

5. Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.

6. Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.

Моддаи 4. Забонҳои дигар

1. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд.

2. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад.

Чун сухан аз Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» меравад, боз як-ду маъниро таъкид доштан бамаврид аст. Пеш аз ҳама, муносибати Қонун ба амали озодонаи ҳамаи забонҳо дар қаламрави Тоҷикистон кафолат медиҳад. Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ш.Душанбе, 5 октябри соли 2009, №553), пеш аз ҳама, талаб менамояд, ки соҳибони забон дар гуфтор ва навиштор меъёри забонро риоя намоянд ва унсури аввалини меъёри забон - риояи қоидаҳои имло мебошад.


Умурова Уғулой, сармуаллимаи кафедраи

умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ