СИЁСАТИ ЗАБОНӢ ВА МАРҲИЛАҲОИ РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Ҳодисаи иҷтимоӣ будани забон ҳақиқати бебаҳс аст ва ҳамқадами замону ҳамроҳи ҷамъият ташаккул ва таназзул ёфтани он собит шудааст. Бо ибораи дигар забон мисли оинаи бузургест дар рўбарўи ҷамъият, ки ҳар чи дар ҷамъият падид меояд дар ин оинаи муҷалло инъикос мегардад.

Дуруст аст, ки дар давраи нави таърихи ташаккули забони тоҷикӣ дар сохтори он ягон дигаргунии куллӣ ба вуҷуд наомад ва осори беш аз ҳазорсолашро метавон бидуни мушкилӣ фаҳмид. Агар, аз як тараф сохтори мустаҳками забони тоҷикӣ ба ин мусоидат намуда бошад, аз ҷониби дигар, осори хаттии пурғановат боси гардидааст, ки таҳоҷуми фарҳангиву сиёсии дар тули таърих бар сари забон омада натавонад дигаргуние дар шаклу мазмуни он ворид созанд.

Шоистаи таъкид аст, ки ҳарчанд забон яке аз рукнҳои муҳимми давлат ба шумор рафта, шиносномаи миллат ва сарчашмаи боэътимоди омўзиши таъриху фарҳанг маҳсуб мешавад, дар ҳама давру замон ниёз ба ғамхориву пуштибонӣ доштааст. Далели ин гуфта метавон таназзулу матрук гардидани забонҳо бо сабаби беаҳаммиятии соҳибонашон ва равнақу ташаккули онҳо дар натиҷаи ғамхориву таваҷҷуҳро зикр намуд. Таърих забонҳои зиёдеро дар хотир дорад, ки дар арсаи ҳастӣ ҷойи худро тиҳӣ гузошта, ба дасти фаромўшӣ супурда шудаанд.

Яке аз сабаби асосии ташаккул ва таназзули забонҳо сиёсати забонии давр мебошад. Чунонки вақте хонадони Сомониён ба қудрат расид забони тоҷикӣ хеле нашъунамо ёфт ва бар тахти оҷ нишонда шуд. Ва ё дар давраи ҳокимияти Шуроҳо забони тоҷикиро аз мақоми таърихии худ барканор намуда, онро ба як забони кўчаву бозор табдил доданд ва чунон вонамуд мекарданд, ки имкониятҳои ин забон барои таълифи осори илмӣ басанда нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки забони тоҷикӣ дорои услуби беш аз ҳазорсолаи илмӣ мебошад.

Дуруст аст, ки соли 1989 бо талоши як идда фарзандони фарзонаи миллат ба забони тоҷикӣ расман мақоми давлатӣ дода шуд, вале бо сабабҳои мухталиф на ҳамаи талаботи дар қонун инъикос шуда ба таври дилхоҳ раҳандозӣ шуданд. Боз ҳам то соҳибистиқлол гардидани кишвар амалан забони тоҷикӣ натавонист дар мақоми забони давлатӣ вазифаи худро ба иҷро расонад.

Чунонки бар ҳамагон чун офтоб равшан аст, соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик дигаргунии куллӣ ба вуҷуд омад ва ин мардуми ҷабри таърих дида ба истиқлолияти комили сиёсиву фарҳангӣ ва забонӣ расиданд. Ҳарчанд солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷумҳурӣ ба гирдоби даргириҳои сиёсӣ афтид ва неруи асосӣ ба рафъи оқибатҳои он равона шуд, аммо баъди ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ кишвар ба як марҳилаи комилан нав ворид шуд ва дар тамоми сохтору бахшҳо дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад, ки дар ин миён забони тоҷикиро низ наметавон мустасно шумурд. Агар баъди сулҳи тоҷикон инкишофи забони тоҷикиро як марҳилаи муҳим шуморем, ба тасвиб расидани қодаҳои имло дар соли 1998 ва аз алифбои забони тоҷикӣ берун намудани ҳарфҳое, ки ба онҳо ҳеҷ ниёз набуд ва иҷборан ворид гардида буданд, қадамҳои нахустин дар ин замина мебошанд.

Чунонки тазаккур ёфт забон низ ба ғамхориву пуштибонӣ ниёз дошта, дар ҳамин замина ташаккул намудани он ногузир мебошад. Бо дарназардошти муҳим будани ғамхории забон ва дуруст роҳандозӣ намудани сиёсатии забонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ҳар баромаду вохўрии худ аҳамияти забонро дар ҳаёти мадании мардум таъкид менамуд. Ҳамчунин борҳо зикр кард, ки «забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст». Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ пуштибонии Ҳукуматро аз забони тоҷикӣ метавон дар тамоми сохтору бахшҳои ҷомеа мушоҳида намуд.

Натиҷаи ғамхориҳои махсус буд, ки бо ибтикори Президенти кишвар соли 2008 «Соли бузургдошти забони тоҷикӣ» эълон гардида, бо туфайли он барои тавсеи бештари ин рукни ҳастии миллат заминаҳои мусоид фароҳам омада, корҳои амалии зиёд барои густариши он ба анҷом расонида шуданд. Дар ин соли таърихӣ барои таҳаввули забони тоҷикии адабӣ, чандин китобу асарҳои марбут ба масоили мубрами забони тоҷикӣ таълиф ва иддае бознашр гардиданд, ки ин ҳама, дар маҷмуъ, ба пешрафту ҳамқадами замон гардидани забон такони ҷиддие бахшид.

Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2009-ро метавон як марҳилаи дигар дар тавсеа пайдо кардани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ қаламдод намуд. Зеро Қонуне, ки бист сол қабл аз ин (дар соли 1989) қабул гардида буд, дубора таҷдиди назар шуд ва бо дарназардошти соҳибистиқлолӣ ва манфиати миллӣ таҳрир гардид.

Таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон як марҳилаи муҳим дар рушди забони тоҷикии адабӣ, бавижа дар бахши истилоҳоти илмиву тахассусӣ номид. Зеро ҳамасола ин кумита бо ташкил ва баргузор намдани конфренсия дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳурӣ масъалаҳои мубрами забоншиносиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Мушоҳидаи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳот нишон медиҳанд, ки таваҷҷуҳ ба масъалаи истилоҳот ва тоҷикӣ намудани номвожаҳои ҷуғрофӣ дар меҳвари фаъолияти он қарор дорад. Диққати забоншиносонро ба масоили мухталифи истилоҳот равона намудани ин кумита бесабаб набуда, дар замони муосир тавсеа додани имконоти забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм тақозои давр мебошад.

Андешидани чораи зарурӣ дар марҳилаи дигари ташаккули забони тоҷикӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» мебошад.

Шоистаи таъкид аст, ки дар бораи тасдиқи Барномаи стратегии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 дар вазорату идора ва муассисаҳои кишвар нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалӣ намудани қарори мазкур мураттаб гардида, дар ин замина корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани Барномаи стратегии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 нақшаи муфассалеро тартиб дода, мувофиқи он бо роҳандозӣ намудани чорабиниҳои мутааддид корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Дар ҳамин замина Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки бо китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, адабиёти бадеӣ ва маҷаллаю рўзномаҳо ба забони тоҷикӣ тоҷикони сокини кишварҳои хориҷиро таъмин намояд ва барои тоҷикони хориҷи кишвар дар факултетҳои забон ва адабиёти тоҷики муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ квотаҳоро роҳандозӣ созад.

Ҳамчунин, дар ҳамин замин тасмим гирифта шуд, ки чорабиниҳо, конференсияҳо ва мизҳои мудаввар ба ифтихори Рўзи забони давлатӣ ва ташкилу баргузории конференсияи илмию амалии «Масоили мубрами забоншиносӣ»-ро мунтазам ба роҳ монад. Таҳияи барномаи сатҳи академии забони тоҷикӣ ва забони илм, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ, омода кардани муаллимони фанни забони давлатӣ барои мактабҳои ғайритоҷикӣ аз ҳисоби намояндагони ин забонҳо, таъсиси барномаҳои телевизионии омўзиши забони тоҷикӣ барои кўдакону наврасон, таҳияи маводи аудиоию видеоӣ барои омўзиши забони давлатӣ дар низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилот, таҳия ва нашри фарҳангномаҳои мухтасари дузабона барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, андешидани чораҳои мушаххас барои баланд бардоштани дараҷаи таълими забони тоҷикӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ.

Тавре аз ҳадафҳои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 бармеояд, вазифаи он, пеш аз ҳама, истифодаи забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар буда, вазифаи асосии Барнома ҳифз ва ташаккули забони давлатӣ ҳамчун забони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз забонҳои дорои суннати хаттии чандҳазорсола ва осори бою ғании давраҳои таърихӣ мебошад.

Дар баробари марҳилаҳои зикр гардида, ҳамчунин дар минбарҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид баромад намудани Президенти кишвар бо забони тоҷикӣ яке аз марҳилаҳои муҳими рушди забони тоҷикии адабӣ ва соҳибэътибор гардидани он дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 (28.11.2020) марҳилаи хеле муҳим дар тавсеа ва густариши забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Зикр намудан бамаврид аст, ки Барномаи мазкур ҳадаф, вазифа самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян намуда, муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро татбиқ намуда, ба ташаккули забони илм, рушди истилоҳоти тахассусӣ, таҳияи дастурҳо, эҳёи номҳои миллӣ ва номвожаҳои ҷуғрофӣ мусоидат менамояд.

Хулоса, дар давраи соҳибистиқлолӣ, хоссатан баъди ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ забони тоҷикӣ рў ба як марҳилаи нави густариш ниҳода, таркиби луғавии он аз вожаҳое, ки дар натиҷаи сиёсати забонии нодурусти Шўравӣ иҷборан ворид карда шуда буданд, то андозае тоза шуд. Имрўз фурсати он расидааст, ки барои ҳар чи бештар густариш ёфтани забони тоҷикӣ таҷрибаи форсизабонони дигар кишварҳо омўхта ва ба кор гирифта шавад. Зеро забони форсӣ ин марҳиларо барвақт оғоз намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Ба андешаи мо қабул намудани баъзе истилоҳоти илмӣ аз забони форсӣ ё дарӣ ба нафъи забони тоҷикии адабӣ хоҳад буд.

Абдуманнон Одинаев,

номзади илмҳои филологӣ,

дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии

забони тоҷикӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ