​ҲАР ОН КАС КИ “ШОҲНОМАХОНӢ” КУНАД....

Дар ҳошияи ба имзо расидани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 29 августи сол 2025, №АП-862 дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” дар соли 2026


Дар остонаи таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми мубораки баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ”-ро ба мардуми кишвар манзур намуданд. Ин паём нахуст дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш садо дод ва баъдан дар номаи муборакбодӣ бахшида ба рӯзи таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли миллӣ низ ба сурати зайл таъкид шуд: Мо бояд дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, нангу номус ва муҳаббату садоқат ба Ватанро тарбия кунем. Маҳз бо ҳамин мақсади наҷиб мо тасмим гирифтем, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсиро чун китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» нашр намуда, ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа намоем.Зеро «Шоҳнома» маҳзари дурахшони истиқлолу озодӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси ориёии мо мебошад. Чанд рӯз пештар ба хотири боз ҳам баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон боз як озмуни ҷумҳуриявӣ – «Шоҳномахонӣ»-ро эълон намудем”.
Ҳамакнун дар таърихи 29 августи сол 2025 №АП-862 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” дар соли 2026 ба тасвиб расид, ки аз оғози марҳилаи мавриди амал қарор гирифтани ташаббуси мазкури Пешвои муаззами миллат паём мерасонад. Ин амри муборак ҳам дар айёме ба имзо расид, ки дар бештари манотиқи кишвар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдаввсӣ ба хонадони мардум расид ва тақсимоти ин ҳамосаи бузурги миллии мо ҳамчун ҳадяи сарвари маҳбуби кишварамон идома дорад.
Дар сиёсати маънавибунёд ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғиби ғояҳои ватандӯстона, паёми ахлоқии Ҳаким Фирдавсӣ бо тамоми вусъату фарохнои хеш ҷойгоҳи хосаеро соҳиб аст ва мо ҳамагон дар хотир дорем, ки яке аз ин тадбирҳои муҳиме, ки дар аввалин рӯзҳои раҳнамоӣ ба кишвари азизамон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон аз сар гирифтанд, таҷлили ҷашни 1000- солагии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ буд, ки воқеан дар он айёми душвори сиёсӣ баҳри таҳкими оини ватандўстии ҷавонони Тоҷикистон, болоравии худшиносии миллӣ ва ҳуввияти фарҳангӣ нақши носутурданӣ ва файзбахше гузошт. Нуктаи қобили таъкид аст, ки ҳарчанд эълони ҷашни 1000 -солагии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба шумули яке аз аввалин иқдомоти фарҳангсолоронаи Пешвои миллат аз нахустин рӯзҳои фаъолияти сиёсӣ эълон гардид, вале ин ҷашнвораи бузурги миллӣ дар арафаи таҷлили се солагии Истиқлолияти давлатӣ, санаи 4 сентябри соли 1994 дар сатҳи баланд ва бо руҳияи олии хештаншиносӣ дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон доир шуд. Агарчӣ он айёми мушкил нафароне ҳам буданд, ки дар чунин фазои душвори сиёсиву иқтисодӣ баргузор намудани чунин ҷашнвораҳо зарур намешумориданд ва ҳатто алайҳи чунин ташаббусҳо, ки гӯё ба нафъи иқтисодиёти миллии мо нестанд, баромад ҳам мекарданд, аммо сабақбардорӣ аз дарсҳои пурбаракоти таърихи миллат ва давлатдории куҳанро Пешвои миллат яке аз шеваҳои матлуби давлатдории миллӣ ва бунёди Тоҷикистони навин унвон намуда, дар суханронии хеш дар симпозиуми байналхалқӣ бахшида ба ҳазораи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ баробари таъкид бар аҳамияти ин ҷашни бузург ба он гурўҳҳои мунтақид ва мухолиф бар ин ташаббусҳои созанда посухи ватанпарварона доданд, ки “Озурдани ҷон ва ҳамроҳ бо он озурдани хираду андеша бадтарин гуноҳ ва шар аст. Мутаассифона ин ҳикмати ҳакими бузургро онҳое, ки имрўз худро мухолифи оштиноразири ҳукумати феълии Тоҷикистн меноманд, дарк карда натавонистанд ва кўшиш доранд, ки озодандеширо дар мағзи халқи худ нобуд сохта, мардумро кўр-кўрона дар кўчаи сарбастаи хурофот ба сўи роҳгумӣ бикашанд.
Барои Фирдавсӣ рехтани хуни бародарони ҳамхуну ҳамажоду ҳамзамбон гуноҳест азим ва ҷавонмардӣ ин нест, ки хуни бародари хеш бирезӣ ва миёни пайвандон тухми нифоқу қасос бикорӣ:
Ба пеши бародар бародар ба ҷанг,
Наёяд, агар бошадат ному нанг.
Боз мегўям, ҳазор афсўс, ки мардуми тоҷик ба дасисаҳои аҳриманӣ гирифтор шуд ва дар ин ҷанги фоҷиабор панду андарз ва даъватҳои шўълавари шоири бузурги хешро аз ёд бурда, ба харобкориву хунрезӣ даст зад.
Акнун бояд ба худ оем ва гуноҳи ҳамдигарро бубахешем. Бояд дар ин сарзамини абгору дардхўрда аз ин пас танҳо сулҳу оштии миллӣ ва ягонагию ваҳдат пойдор бошаду тантана кунад.
Фардои дурахшон ва хушбахтиву некномии миллати мо танҳо аз ваҳдат, ягонагиву якзабонӣ ва мусолиҳаи миллӣ вобаста аст ва агар мо ин корро накунем, руҳу арвоҳи бузургонамон, бахусус руҳи Фирдавсӣ ҷовидон аз мо домангир хоҳад буд...
...Мо самимона тарафдори гуфтушуниди самарабахш, оташбаси доимӣ ва таъмини амнияти ҳамешагӣ бо ҳамватанони худ мебошем.
Ҳамон тавре ки Фирдавсии бузург фармудааст:
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Аз ин пас ба хира марезед хун,
Ки бахти ҷафопешагон шуд нагун”.
Чунин суханҳои нерӯбахш ва илҳомовари Пешвои миллат воқеан мардуми тоҷик, хоса ҷавононро дар атрофи ин ғояҳои созанда муттаҳид намуд. Сарвари тоҷикони ҷаҳон аз ин минбари бузурги шоҳномашиносӣ бар пояи ҳикмати ҷовидовани Ҳаким Фирдавсӣ ба тамоми ҳамватанони ва ҳамзабонон изҳор доштанд, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ асоси пешрафт ва тавфиқ дар роҳи расидан ба қуллаи мурод аст. Мутолеаи “Шоҳнома” ва маърифати андешаҳои Фирдавсӣ дар ҷодаи шараф бар ин неъматҳои бузург ёру ёвари миллат ва мардуми тоҷик дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ хоҳад буд.
Ҳамин тавр, ин рукни барҷастаи сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шеваву равишҳои мухталифи оянданигоронаву фардосозона ҳукми анъана пайдо намуду дар таҳаввули шуури маънавӣ, руҳияи ватандўстӣ, пешгирӣ аз бархурди ғояиву мафкуравӣ ва ақидавии ҷомеа, боло бурдани худшиносии миллӣ, ташаккули оини ватандўстии ҷавонон, тарғиби некиву некукорӣ, ҷасорату матонат, ҷавонмардиву ҷаҳоншиносӣ нақши пурфайз гузошт.
Басо рамзист, ки бо гузашти сӣ сол ва дар остонаи таҷлили ҷашни 33-юмин солгарди ҷашни истиқлоли миллӣ ташаббуси шоён ва иқдоми наҷиби навбатии Пешвои миллат дар иртибот ба ин ҳамосаи бузурги миллӣ- баргузории озмуни ҷумҳурии “Шоҳномахонӣ” дар партави тақдими китоби ҷовидонаи “Шоҳнома”-и безавол ба ҳар хонадони тоҷик эълом гардид, ки хушбахтона дар давоми як сол ин ташаббуси наҷиб ба амал пайваст. Ҳам “Шоҳнома” ба дасти мардум расид ва ҳам амри баргузории озмун имзо шуд. Баъд аз тақдими “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров чун сарчашмаи худшиносии миллӣ иқдоми ҳадяи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, барҳақ паёми зиндагиафрӯз, ҷаҳонофарин, ҳуввиятсози Пешвои миллат бар мардуми тоҷик ва миллати соҳибтамаддуни мо гардид, ки барои фатҳи роҳе дигар дар мактаби худафрузиву хештаншиносии ҷомеа, сууди тафаккури миллӣ, роҳи пуршарафи ваҳдатофариву ҳамдилӣ ва иттиҳоди тамоми тоҷикони ҷаҳон нақши пурфайз хоҳад гузошт. Ин ташаббус воқеан миёни ҳамзабонони мо дар кишварҳои мухталифи олам низ истиқболи самимона пайдо намуд ва ҳамфарҳангону ҳамзабонони мо низ ба Пешвои муаззами миллат ва тамоми тоҷикон сано хонданд, ки мардуми хешро дигарбора ба “шоҳномахонӣ” ҳидоят намуда, руҳу тавони маънавии онҳоро дар роҳи худшиносии миллӣ, ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдоди худ, ки дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ аз бештари маконҳои ҷуғрофии он ёд шудааст, таҳким мебахшанд.
Мусаллам аст, ки “Шоҳнома”-и ҳакими донову тавоно Фирдавсии бузург ҳанӯз аз рӯзгори хеш то имрӯз мавриди таваҷҷуҳи доираи васеи мардум ва мутолеаи қишрҳои ҷомеа қарор гирифт. Нақлу ривоёти фаровоне дар хотираи кутуби мухталиф ҳифз шудаанд, ки аз корномаҳои диловаронаи паҳлавонони ҳаммиҳану ҳаммилати мо дар масири таърих дар партави қироати абёти “Шоҳнома” ҳикоят мекунанд. Ҳатто боре Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ҳам бо он ки дар таърих бо ношинохтагии қадри заҳматҳои Фирдавсӣ ва ҳамосаи безаволи ӯ шуҳрат дорад, шоҳиди ҳол буда, ки мардуми фаровоне аз ҳамлашкаронаш бо қироати ашъоре ба набард мераванду пирӯз мешаванд. Вақте аз эшон мепурсад, ки ин чӣ шеърест, ки мехонед, ҳама баробар гуфтаанд, ки ин “Шоҳнома” аст, ки қиароати пораҳое аз он моро диловариву матонат, ҷасорат, ватандӯстӣ меомӯзад. Ва гӯё заминаи зуҳури ин байти машҳур ҳам ҳамин воқеа будааст:
Ҳар он кас ки шоҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
Ҳамин гуна, шоҳномахонӣ дар идомаи роҳи қиссапардозону ровиёни ахбори куҳан, гусони достонхон аз нахустин маҷолису мафоҳиле будааст, ки дар тарбияи тафаккури миллӣ, эҳсоси хештаншиносии мардум, рифъати руҳияи ватандӯстиву диловарӣ, ҷасорату малонат, оини некукорӣ, шинохти манзалати ҷону ҷаҳони инсонӣ ва дурӣ аз озурдани он тарбият нақш гузошта омадааст. Ба таъбири дигар, шоҳномахонӣ аз аввалин маҳфилҳои миллии ниёкони шарафманди мо буда, ки баъд аз он бо ҳузури мунаввари бузургони дигари адабиёти мо маҷолисе чун “Маснавихонӣ”, “Бӯстон”-у “Гулистонхонӣ”, “Ҳофизхонӣ”, “Бедилхонӣ” ва монанди ин зуҳур кардаанд. Яъне, “Шоҳномахонӣ” дар сароғози маҷмуаи ин мафоҳил қарор доштаанд, ки дар такмили тафаккури маънавӣ, ҷаҳоншиносӣ, андешапарварии дирузу имрӯзи мардуми тоҷик ва тамоми тоҷикони олам асаре матлубу гузоштаву бо шарофати ташаббусҳои фардоафрӯзи Пешвои миллат имрӯзу фардову фардоҳои дигар низ хоҳад гузошт.
Шеваи дигари муассири шоҳномахонӣ дар адабу фарҳанги гузаштаи мо нигориши достонҳое фаровон дар истиқбол аз ин шоҳасари беназир ба хотири боло бурдани руҳияи ватандӯстӣ дар ҳар давру замони дигар ба шумор меравад. Шояд дар адабиёти гузаштаи мо бештар аз 100 достон дар ҷавоби “Шоҳнома” ба сурати “Гаршоспнома”, “Фаромарзнома”, “Ҷаҳонгирнома”, “Ҳумоюннома”, “Ғозоннома”, “Зафарнома”, “Бежаннома”, “Фирдавсинома”, “Рустамнома”, “Сомнома”, “Исфандиёрнома”, “Ховароннома” ва амсоли ин навишта шудаанд. Аксари ин роҳравони силки маснависароӣ, ки дар партави мутолеаҳои худ аз “Шоҳнома” ба истиқболи он достонҳое сурудаанд, худро ғуломи дили поки Фиравсии покмағзу нағзгӯй шуморидаанд, ки дар ин арса доди суханро додааст. Аз ҷумла, Ҳисомии Фирӯзободӣ фармуда:
Ба “Шаҳнома” Фирдавсии нағзгӯй,
Якояк бигуфтаст аз разми ӯй.
Ҳатто чандин достонҳои мазҳабии динӣ бар вазни “Шоҳнома” суруда шуда, муаллифони онҳо дар баёни сифоти қаҳрамонони хеш аз сутудаҳои Фирдавсӣ аз Рустами паҳлавон-қаҳрамони марказии ин ҳамосаи миллӣ истифода кардаанд. Тарҷумаҳои форсии достони қадимаи ҳиндувон- Рамаяна аз забони санскрит низ бо вазни “Шоҳнома” сурат гирифтаанд, ки яке аз онҳо ба қалами Шайх Саъдуллоҳ Масеҳи Понипотӣ тааллуқ доранд. Маснавии “Футуҳ-ус-салотин”-и Бадри Чочӣ, ки дар ситоиши корномаҳои ҳокими замони хеш – Ғиёсиддин Туғлуқ суруда шудааст, бо номи “Шоҳномаи Ҳинд” шуҳрат ёфта. Фузун бар ин, “Шоҳнома” ба ағлаби забонҳои олам чун ҳиндиву синдиву гуҷротӣ, урдуву банголӣ, арабиву инглисӣ, фаронсавиву русиву олмонӣ ва ғайра тарҷума шуд, ки ин ҳам далели маҳбубияту маъруфияти ин ҳамосаи безавол дар саросари олам аст. Бегумон ҳар ибтикоре аз ин қабил, яъне иқтиқбол аз “Шоҳнома” ва сурудани ҷавобияҳое то сиву анд ҳазор, тарҷумаву ташреҳ ҳама бар як омили муҳим такя мекунанд: Шоҳномахонӣ. Танҳо мутолеаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ имкон медиҳад, ки бо муҳаббату ихлосу иродат, ҳарорати баланди илҳом аз ҳар сатру байту достонҳои безаволи паҳлавонони он ҷавобияҳое суруда шавад. Танҳо мутолеаи “Шоҳнома” дар забони асл асаре бар вуҷуди он шоирони дигар ангехт, ки китобҳои куҳани ҷадди хешро аз забонҳои санскриту синдиву ҳиндиву арабӣ бо вазни ҳамосаи миллии мо дар забони форсӣ тарҷума кунанд. Ҳамзамон, шоҳномапажуҳони инглису фаронсавиву итолиёиву рус бо мутолеаи “Шоҳнома” дар забони форсӣ иқдом ба тарҷумаи он дар забонҳои хеш намуданд . Ҳатто Уилям Ҷонси англис, ки аз ҷумлаи аввалин мутарҷимони “Шоҳнома” ба ин забон дониста мешавад, дар баробари кори тарҷумонӣ мақолоте дар забонҳои лотиниву фаронсавӣ ва англисӣ роҷеъ ба ин шоҳасари бузург навишта, ҳатто худ эътироф кардааст, ки маҳз тавассути мутолеаи “Шоҳнома” андешаи пажуҳиш ва шинохти забонҳои ҳиндуаврупоӣ дар ӯ пайдо шуда. Баробари ин, маҳз ангезаҳои шоҳномахонӣ буда, ки вай дар баробари маҷмуи ин корномаҳо бар мабнои достони “Рустам ва Суҳроб”-и Фирдавсӣ намоишномае дар қолиби суруд эҷод намуд, ки ҳарчанд 19 байт аз он боқӣ монда, вале аз шоҳкориҳои ҷовидонаи адабиёти инглис эътироф шудааст. Ҳамин Уилям Ҷонс буд, ки тарҷумаҳои нахустини ҳамосаи миллии мо-“Шоҳнома”-ро бо ҳамосаҳои “Илиада” ва “Одисея” ва худи Фирдавсиро бо Ҳомер баробар ва ҳатто бартар аз ӯ донистааст. Ин авлавияти мақоми маънавии Ҳакими Тусро Анри Моссе ҳам дар ташаккул ва таҳаввули ҳамосасароии ҷаҳонӣ ба таври хоса таъкид кардааст.
Ҳузури ин асари беназир ва мутолеаи он аз ҳар роҳу равиш дар масири таърих на танҳо ҳамосаи миллии моро шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид, балки ин китоби ҷовидон сабаби он ҳам гардид, ки аз файзи Фирдавсӣ ва каломи нотакрор ва мағзи андешаи ӯ ҳазорон нафари мақоми бонуфузе дар фарҳангу адабиёти олам ҳосил намуданд. Ба ибораи дигар, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва падидаи мубораки “шоҳномахонӣ” сабаб шуд, ки чеҳраҳои оламгире дар адабиёти ҷаҳон қадам гузоранд, ки Уилям Ҷеймс ва Ҷозеф Чемпиони англис, Жул Мули фаронсавӣ, Лозинский ва Дякови рус, Алӣ Афандии турк ва дигарон аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Шоирони фаровоне дар адабиёти мо танҳо бо шарофати ба хоб дидани Ҳаким Фирдавсӣ ва иншои достонҳое ба номи қаҳрамонони “Шоҳнома”, эҷоди ташбеҳу истиорот, киноёту тамсил, тасвифу ва талмеҳоти шоирона дар партави мутолеаи ин ҳамосаи бузург исми хешро дар сафҳаҳои абадият рақам зананд.
Хониш ва донистани “Шоҳнома” воқеан саодати бузург аст ва чунин фаррухрӯзиҳои фаровонеро барои қишрҳои мухталифи ҷомеа дар масири таърих бахшидааст. Он чӣ гуфта омад, шарҳи бахши кӯчаке аз натиҷаи шоҳномахониҳост дар гузаштаҳои дур ва ин матолиб метавон садҳо асноду арқому далоили дигар афзуд, ки воқеан сабақомӯзу маърифатангез ҳастанд.
Ба имзо расидани амри Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” дар соли 2026 марҳилаи наверо дар мутолеаи ин ҳамосаи бузург оғоз мебахшад. Ин амри муҳим ва ҳидояти самаровар аз ҳамаи мо тақозои онро дорад, ки дар раванди баргузории озмун масъулияти бештар эҳсос кунем, то дар ҳамаи зинаҳо озмун дар сатҳи баланд ва муассир ҷараён бигирад. Ба дигар таъбир, марҳила ба марҳила таъсири матлуби онро дар руҳу равони наслҳо ва хонандаҳои “Шоҳнома” бояд эҳсос кунем. Афзун бар ин, маҳфилҳои шоҳномахониро ба сурати доимӣ шуруъ аз кудакистонҳо то мактабу донишгоҳҳои олӣ, ҳатто коргоҳҳо вусъат бахшида, маҷолису нишастҳои илмиву адабиро дар маърифати ҳамосаи бузург, мағзи андешаву афкори Ҳаким Фирдавсӣ аз тариқи расонаҳо, шабакаву барномаҳои дигар равнақ диҳем. Ҳоло ин иқдом тариқи шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Синамо”, “ТВ Суғд” ба ҳар шаклу шева ҷараён дорад, афзудани чунин барномаҳо бо равишҳои мухталиф метавонад дар оммавигардонии шоҳномахонӣ муассир афтад. Мо, чун муридони Фирдавсии бузург ба қавли мухлисе аз ин “Шоҳнома”-и безавол, ки аз рӯи иродат ин суханро аз номи сарояндаи шоҳасари безаволи нақл кардааст ва аммо он моли Ҳакими доно намебошад, бояд нимае аз умри худро сарфи он бикунем, ки ҷаҳоне пур аз номи Рустам шавад:
Ки як нима аз умри худ кам кунам,
Ҷаҳоне пур аз номи Рустам кунад.
Рисолати “Шоҳномахонӣ” ҳам дар навбати аввал ҳамин аст, пур кардани ному пайкору ҷасорату ватандории Рустам дар кишвари азизи мо. Бовар дорем, ки чунин будасту хоҳад буд...
Дар умум, мо муваззаф ҳастем,ки дар ҳошияи баргузории озмун дар амри оммавигардонии маҳофили шоҳномахонӣ саҳмгузор бошем, зеро ҳамакнун озмуни “Шоҳномахонӣ” дигар танҳо сабқат барои ба даст овардани ҷоизаҳо нест, балки ҳадафи он дар арсаи зиндагонии воқеӣ ба зуҳур расонидани корномаҳои бузурги ватандӯстона, худшиносона, башоратоварӣ аз милоди рустаму исфандиёрҳо, суҳробу сиёвушҳо дар тамоми арсаҳост, то кишвари азизи мо боз ҳам то осмонҳои манзалати маънавӣ дар сууд бошаду ва рутбаи олии “Тоҷикистон ба пеш”-ро дар маҷмуи ҷодаҳо ба амал пайванд бахшад.

Нуралӣ НУРЗОД,

директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносиии

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,

доктори илмҳои филологӣ, профессор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ