​ВАҲДАТУ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ - ОМИЛИ МУҲИММИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ ВА РУШДИ ҶОМЕА

«Мо Ватани соҳибихтиёру озодамонро баробари ҷони худ дӯст медорем ва ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ барои ҳифзи сулҳу оромӣ ваҳдати миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамон аҳлонаву софдилона заҳмат мекашем».

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ, ҳамчун бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ҳамасола барои миллати сулҳпарвари мо ба падидаи нодиру пурарзиши таърихӣ табдил ёфтааст. Ин дастоварди бузург, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҳар сол дар фазои орому осуда, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва вусъати бесобиқаи иқдому амалҳои созанда таҷлил мегардад. Ваҳдати миллӣ дар фазои Тоҷикистони озод, обод ва шукуфон чун хуршед медурахшад ва роҳи халқи созандаю бунёдкор ва тамаддунофарамонро ба сӯи пешрафту тараққиёт ва ояндаи неку дурахшон мунаввар месозад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз давраи комилан нави инкишофро пушти сар менамояд ва зарурияти таъмини суботи иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчун қутбнамои самти ислоҳотҳои дар соҳаҳои гуногун татбиқшаванда маҳсуб меёбанд. Роҳбари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки ваҳдату ҳамбастагӣ ба сифати кафили пешрафти ҷомеа бояд пайгирона, минбаъд низ ҳамчун мафкураи давлатӣ сармашқи фаъолияти кулли ниҳодҳои расмию гайрирасмии ҷомеа эътироф карда шавад ва барои дар зеҳни аъзоёни ҷомеа ҷой додани муҳтавои онҳо иқдомҳои ҷиддию хамешагӣ сурат гирад. Ин ҳидояти роҳбари сиёсии ҷомеа ба хотири таъмини сулҳу суботи иҷтимоӣ дар миёни кулли қишрҳои ҷомеа пайваста якдилона дастгирӣ ёфта, он тавонист ба омили муттаҳидшавии онҳо атрофи мақсади умумии рушди кишварамон табдил ёбад.

Таҳлили ҳаёти сиёсии бисёр ҷомеаҳо нишон медиҳад, ки пайдо кардани чунин рамзу шиори дорои нерӯю имконияти кулли афроди ҷомеаро атрофи мақсади умуми муттаҳидкунанда кори басо сангин ва баъзан ҳатто имконнопазир аст. Аз ин лиҳоз, таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт хеле нодир ва воқеан ҳам шоистаи ба ворисият додан ба наслҳои минбаъда ва омӯхтан ба кишварҳои мубталои даргирию нооромиҳои тулии чандин солҳо идомаёбанда мебошад.

Таъмину таҳкими ваҳдати миллӣ имрӯз яке аз самтҳои меҳварии сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Чуноне Президенти мамлакатамон ҳамеша таъкид мекунанд, ваҳдати миллӣ аз ниёзмандиҳои доимии ҳама гуна давлатдориҳои миллист. Тоҷикон баъд аз ҳазор соли фосилаи таърих нахустин бор соҳиби давлатдории миллии хеш гардиданд.

Имрӯз мо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиямон нақшаву барномаҳои азимро амалӣ карда истодаем, ки онҳо ба боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидатҳои зиёде кардаанд. Мо орзуву ниятҳои азиме барои оянда ҳам дорем: мақсад як кишвари пешрафтаи саноатию аграрӣ гардонидани Тоҷикистон, ташаккули нерӯи инсонии шоистаи ин давру замон ва ин гуна давлат, бо донишу маърифати мукаммал, бо ихтисосҳои ҷавобгӯи талаботи рӯз мебошад. Барои он, ки давлат пеш равад ва мо вазифаҳои бар дӯшамон гирифтаро муваффақона ба ҷо меоварем ва бояд ваҳдати миллӣ дар ҷомеа пойдор бошад. Ваҳдати миллӣ пойгоҳи рушди Тоҷикистон аст.

Дар ҷаҳони муосир, ки таъсири равандҳои беруна ба ҷомеаҳои миллии ҳар як кишвар беш аз пеш афзудааст, ваҳдати миллӣ ба сипари ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, амну субот ва якпорчагии ҷомеаи тоҷик табдил ёфтааст. Ҷаҳонишавӣ ва рушди Интернет барои чунин таъсиррасонӣ имкониятҳои фаровон фароҳам овардаанд ва даставу гурӯҳҳои мухталифи террористию ифротгаро, ки дар минтақаи Шарқи Наздик доираи нуфузашонро густариш медиҳанд, кӯшиш доранд ба дигар гӯшаҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон, дахолат кунанд.

Аз нахустин солҳои Истиқлоли Тоҷикистон ва баъди истиқрори сулҳ дар кишвар, таъмини ваҳдати миллӣ ба яке аз вазифаҳои калидии давлат ва ҷомеаи кишвар табдил ёфта, дар ин замина корҳои бузурге ба анҷом расонда шуданд ва он минбаъд ҳам яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мо боқӣ хоҳад монд.

Дар чунин вазъияти мураккаб, Тоҷикистон ба ҳаракате ниёзманд аст, ки ҳамаи оммаҳои мардумро дар атрофи ғояҳои олии умумимиллӣ муттаҳид намояд, нерӯҳои бунёдкоронаи иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва умуман эҳёи Тоҷикистонро таъмин созад. Аз ин хотир, мо, намояндагони соҳаи маориф, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бунёду созмонҳои гуногун ва сохторҳои давлатӣ, мақсаду маром ва рисолати ҷамъиятии хешро тавассути ин барнома ба ҳамватанони худ ва ҷонибдоронамон дар миқёси олам эълон медорем.

Ваҳдат, ҳамчун падидаи нодири иҷтимоӣ, як ҷузъи муҳим ва ногусастании фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷикро ташкил медиҳад. Раванди дар ҷисми фарҳангию ҳаёти иҷтимоии мардуми ин сарзамин ҷой гирифтани ин падидаи нодир, пайроҳаи пурпечутобро тай карда, баҳри шаклгирии фарҳанги умумӣ ва ташаккули худи тоҷикон ба сифати халқияти ягона дар заминаи умумияти бохтариёну суғдиён саҳми арзанда гузоштааст.

Маҳз дар партави чунин ваҳдати иҷтимоию фарҳангӣ, халқи тоҷик тавонист ба эъмори давлатҳои ҷудогонаи худ иқдом намуда, дар пешрафти фарҳанги умумибашарӣ саҳмгузор гардад. Бо такя ба матлаби фавқуззикр метавон гуфт, ки масоили марбут ба ваҳдат на танҳо дорои паҳлуҳои гуногуни ақидавӣ, назариявӣ, таърихии хос ба вижагиҳои дарки вуҷуди олам, сатҳи робитаи унсурҳои ташкилдиҳандаи онҳо, балки дорои ҷанбаҳои алоқаманд ба таъмини суботу тартиботи ҷамъиятӣ, такомули заминаи робитаҳои иҷтимоӣ низ мебошад.

Бинобар ҳамин, агар ба ташаккули ваҳдати иҷтимоӣ дар масири таърих назар андозем, мебинем ки муҳтавои он бо дигаргун шудани доираи ҷаҳонбинӣ ва сифати низоми иҷтимоӣ ҳамеша дар таҳаввул будааст, яъне Ваҳдат падидаест, ки арзишаш эҳтироми хоссаро қоил аст. Бо вуҷуди ин падида ҷомеаҳо метавонанд дар иртибот бошанд. Атрофи ин падида, олимону мутафаккирону ҷомеашиносон борҳо андешида, барои пойдории он, ки асоси пойдории миллату давлат аст, пешниҳодҳо кардаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё мегардад.

Дарки эҳтимоли минбаъд низ афзоиш ёфтани таҳдидҳои хатарзо дар ҳаёти кишварҳои муосир моро водор месозад, ки неруи ақлониву захираҳои моддии ҷомеаро барои таъмини рушди босуботи ватани маҳбубамон равона созем.

Халқи тоҷик тавонист, ки ба орзуи деринаи мардумамон яъне сулҳу субот дар Ватанамон ноил гардад ва бо азми қавӣ барои эъмори давлате сайу талош намояд, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал қарор дошта бошад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан, таърихии тоҷикон мебошад, ки он маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардидааст.

Ҳар як шаҳрванд ва ҳар инсон бояд муносибати худро ба ташаккули ҷомеаи пешрафта чун мавқеи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ донад. Тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарѓибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштанд.

Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд. Миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт.

Бигузор ваҳдати миллии тоҷикон, сулҳу сафои он, ҳамзистию осоиштагӣ, якдигарфаҳмӣ, якдилӣ, якмаромӣ, якпорчагии Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз поянда бод!


Фотима Шарипова,

устодиМуассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ