​ФАЛСАФАИ ВАҲДАТ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

(Ба истиқболи рӯзи Ваҳдати миллӣ)

Баргу сози коинот аз ваҳдат аст,

Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст.

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

Амри собитшуда ва сабақи таърихист, ки инсоният аз нахустин айёми маърифати ҳастии худ ҳамеша ниёзмандиашро ба пайванди рӯҳонӣ, ҳамдиливу иттиҳод дар рафъи мушкилот эҳсос намуда, бад-ин васила иттифоқу ягонагӣ ё таъбири баёнгари маҷмӯи ин отифаҳо - ваҳдатро аслу мояи зиндагонии шоиста ва паёми наҷоти хеш аз куллияи ҳаводису воқеот ва бархӯрдҳои ташаннуҷангези рӯзгор шинохтааст. Бавижа, дар зеҳну хотираи миллати мо чунин бархӯрдҳоро ба фаровонӣ метавон маърифат намуд, ки ҳамагӣ ҳосили санҷиши таърихӣ ва муфассири қудрати ваҳдатсози ин халқу миллати эътирофшуда бар офаринандагиву созандагӣ маҳсуб меёбанд.

Тафакури ваҳдатгаройӣ ва маърифати инсон аз фалсафаи тавҳид, рабт ба ягонагиву иттиҳод пеш аз ҳама ба рӯзгоре пайванд мегирад, ки ӯ Офаридгори ягонаи хешро шинохтаву ба вуқуди бемислу воҳид он эътиқод пайдо намудааст. Аз назари иқтимоӣ ҳам инсоният ваҳдату ягонагӣ ва зарурати вуҷуди онро дар ростои зиндагонии хеш ҳанӯз дар даврони ба истилоҳ ҷомеаи ибтидоӣ идрок намудааст. Замоне ки одамон дар қаламрави рӯзгори хеш эҳсос намуданд, ки дар муқобили ҳамагуна нерӯҳои мутазод ба онон, ҳайавону қуввои шарр танҳо якҷоя ва ба таври гурӯҳӣ мубориза бояд бубаранд, зиндагонияшон аз ҳастии иттиҳод ва муттаҳид будан дар меҳвари як нерӯ маънии тоза дарёфт. Ҳамин гуна инсоният ҳам аз назари фикрӣ ва ҳам аз дидгоҳи иҷтимоӣ дар дарозои ниёзмандии ҳамешагӣ ба ваҳдат зиста, ин тафаккур ва андешаи бузургро то замони мо кашонидааст. Ҳақиқати ин амр, дар ҷилваҳои хоси фалсафаи ваҳдатсаройву ваҳдатгаройии инсоният дар таълимоти макотиби фикрии дину мазоҳиби мухталиф, таълимоту фармудаҳои орифону ҳакимон ва донишмандон, инчунин ашъори шоирон бозтоб ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби хеш «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» ҳақиқати ин нуктаи муҳим ва ҷойгоҳи андешаи ваҳдати инсониро тавзеҳ дода, хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Суханони Мавлоно оид ба ваҳдату ҳамдилӣ аз саъйи пайгиронаи мутафаккир ба сӯи ваҳдати миллатҳо ва кулли инсоният дарак медиҳад. Ин нуктаҳо шаҳодат бар онанд, ки мутафаккирони пешгузаштаи мо масъалаи ваҳдати кулли инсониятро гузоштаанд ва ба чунин мушкилот мароқи беандоза бузурге зоҳир кардаанд. Мо, ки имрӯз аз ваҳдати миллӣ сухан мегӯем, бояд дар пайравӣ ба онҳо, хусусан Мавлоно ба он саъй намоем, ки на танҳо дар сатҳи миллат чунин маъниҳоро бо камоли масъулият дарк созем, балки омода бар он бошем, ки барои робита ва ваҳдат бо мардуми ҷаҳон ба мардуми дигари олам ва муколамаи фарҳангҳои мухталиф низ дари дил ва дарвозаи Ватани худро боз намоем. Фақат дар ҳамин сурат мо метавонем миллати муттаҳиди тоҷикро ба узви комилҳуқуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ дар соҳаи фарҳангу маънавиёт ва чӣ дар самти сиёсату иқтисодиёт табдил диҳем».

Ҳанӯз чун бузургтарин шодиву нишот олам тафсир ёфтани дидори дӯст дар каломи Одамушшуро ба ҳузури паёми ваҳдатёри аҳли қалам дар сароғози қаламрави шеъри форсӣ таъкид мекунад:

Ҳеқ шодӣ нест андар ин қаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Шайх Саъдии Шерозӣ бошад ба аҳду паймони қавии дӯстон эътимоди комил дорад ва шарти садоқати рафоқатро дар он муаррифӣ мекунад, ки бояд аз пайванди ёрӣ нагсалад, чун ҳар кӣ бо ҳамдигар аҳди мӯҳкам бубандам, ҳатто қудрати Исфандиёр ба шикасти ин аҳди ваҳдатоин намерасад:

Дӯстони сахтпаймонро зи душман бок нест,

Шарти ёр он аст, к-аз пайванди ёраш нагсалад.

Сад ҳазорон хайли якторо набошад қуввате,

Чун ба ҳам бартофтӣ, Исфандиёраш нагсалад.

Мавриди дигар Мавлоно агар Маснавии хешро дукони ваҳдат унвон мегузорад, Бедил муддаӣ бар он мегардад, ки

Бо ҳама касратшуморӣ ғайри ваҳдат ҳеқ нест,

Як –як омад бар забон аз сад ҳазор аъдоди мо.

Дар баробари ин, Бедил чун намояндаи барҷастаи мардуми ваҳдатшиори тоҷик ҷиҳати таблиғи зарурати тафоҳум миёни динҳои мухталиф ва мазҳабу оинҳо фалсафаи ваҳдати онҳоро дар ин байт бо ҷолибтарин ваҷҳ шарҳ медиҳад:

Аз маънии дуои буту барҳаман мапурс,

Ин ром ром нест, ҳамон Аллаҳ – Аллаҳ аст.

Дар ҷаҳвари ин андешаи фалсафии Бедил пеш аз ҳама ваҳдати фикрӣ ва маънавиву инсонии дину мазоҳиби мухталиф нуҳуфтааст, ки онро метавон авҷи фарҳанги инсонгаройӣ дар таълимоти Абулмаъонии Бедил номзад кард.

Мусаллам аст, ки дар адабиёти ирфонии форсӣ то Бедил зумраи мутааддиди мусталеҳоти ирфонӣ ва фалсафӣ ба кор гирифта шудаанд. Шайх Аттор дар як ғазали хеш фармуда:

Гуфтам, аз халқи ҷаҳон болотарам аз мартабат,

Чун ба ваҳдат омадам, зереву болое намонд.

Аз мундариҷаи байт бармеояд, ки Аттор иттиҳод ва ваҳдати инсониро тарғиб мекунад ва ҳузури одамӣ дар мақоми ваҳдат маҷмуи мартабаву имтиёзу бартариҳои маснуии ақвомро аз миён мебарад.

Дар марҳилаи ҷадиди таърихи давлатдории тоҷикон дар ҳаллу фасли муноқиша ва таноқузи воқеъёфта маҳз бо таваҷҷуҳ ба ҳастии ҳамин таҷрибаи таърихӣ, файзёбӣ аз фарҳанги тафоҳум ва ҳамгироӣ пойдевори кохи бузурги ваҳдати навини миллии тоҷикон гузошта шуд. Дар маросими таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Бадахшон дар соли 2011 ин ҳикмати ноб ва саршор аз ҳақиқату хиради таърихиро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бад-ин қарор тавзеҳ дод: «Нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта имтиҳони навбатии таърих ва озмоиши сарнавиштсозе буд, ки мардуми Тоҷикистон ва миллати хирадпешаи мо онро сипарӣ намуда, роҳи мутамаддини давлатдорӣ ва равиши ҳамбастагиро бо ҷомеаи башарӣ пеш гирифт. Маҳз бо шарофати фарҳангу оинҳои таҳаммулгарои аҷдодӣ мову шумо аз гирдоби мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, зимни имзои санади истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи устувор ноил гардидем, бо ҳамдиливу ҳусни тафоҳум бисёр мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро ҳаллу фасл намудем. Дар ин раванд, мо пеш аз ҳама пойдевори кохи бузурги ваҳдатро гузошта, барои зиндагонии шоиставу арзандаи мардуми Тоҷикистон марҳила ба марҳила заминаи мусоид фароҳам овардем. Зеро ваҳдату ҳамбастагӣ аз суннатҳои асили мардуми тоҷик мебошад, ки барои рушду нумӯи ояндаи давлат ва тақвияти минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ мусоидат мекунад».

Агарчӣ расмияти сиёсии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон санаи 27 июни соли 1997 анҷом пазируфт, аммо шурӯи марҳилаи сулҳофаринӣ ва талош барои таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишварро метавон минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон номзад намуд. Паёми сулҳнисори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз остонаи Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба саросари олам рисолати ваҳдатофар ва ваҳдатовари Эмомалӣ Раҳмонро паҳн кард ва нидои «ман ба шумо сулҳ меоварам» - дурнамои зиндагонии шоиставу обод ва озодаву оростаи тоҷиконро таҷассуми мунаввар ато намуд. Ҳанӯз дар муроҷиатномаи аввалини Сарвари давлат ба мардуми тоҷик нияти неку хайр ва хуҷастаи ӯ дар офариниши сулҳу саодати халқ ҷилвагар шуд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор кардани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам».

Фалсафаи ибратоин ва ҳумоюни гузаштагони мост, ки ҳамеша нияти неку хайр ва савоби султонро бузургтарин васила ва омили шараф ба саодати абадӣ шинохтанд. Ҳуҷҷатулислом Муҳаммади Ғазолӣ бо руҷӯъ ба рӯзгори Анӯшервони Одил аз номи ин султони хуҷастамазҳари аҷдоди мо нақл кардааст, ки «Рӯзе ба вақти баҳорон барнишаста буд бар сари сабили тамошо. Ва андар миёни сабза мегашту дар дарахтони пурбору дар боғҳои ободон менигарист. Ногоҳ аз асп фуруд омаду Худойро шукр кард ва рӯй бар хок ниҳоду замоне дароз дар суҷуд буд. Чун сар аз хок бардошт, касони хешро гуфт, ки фарохии сол аз доду адли подшоҳ бувад ва некӯниятӣ ва эҳсон кардан ба раияти хештан. Ва сипос Худойро, ки некӯниятии мо дар ҳама чизҳо кард». Ва ин сухан бад-он гуфт, ки ӯро таҷриба афтод ба вақте, чунон ки ба ҳикоят омадааст».

Маҳз, бинои сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, ки имрӯз таҳким ёфтаву ҳузури мубораки он дар паҳнои давлатдории муосири мо ба ҳукми дастоварди беназири таърихӣ арҷ ниҳода мешавад, симои Сарвари давлатро ҳамчун меъмори ваҳдат, эҷодгари фарҳанги сулҳ дар қарни ҷадид ва раҳнамои таҳаввулоти ҳамгироӣ ва ҳамзистӣ дар асри навин муаррифӣ кардааст. Ин ҳама ибтикорот ва пайкорҳои муаззам қабл аз ҳама реша дар фалсафаи некпиндории Эмомалӣ Раҳмон - вориси ин салотину мулуки бузург доранд, ки дар минбари Иҷлосияи шонздаҳум ва баъдтар муроҷиатномаҳои пайдарпайи эшон садо додаву ба тадриҷ бо таҳаққуқи андешаи созандаи мардуми тоҷик «нияти нек - ними давлат» давлату иқболи беназиреро барои мо -тоҷикон дар кӯтоҳтарин фурсат таъмин намуданд. Ба таъбири дигар, аз пиндори нек то ба қаламрави гуфтору рафторҳои неки мутааддин роҳ кушода, маҳсули худро дар бузургтарин ибтикору дастовардҳои бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ рӯшан ва пешорӯи халқ ҷилвагар сохтанд.

Аз аввалин субҳи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоқикистон буд, ки нахустин қасидаи ваҳдат ва паёми ҳузури сулҳро устоди равоншод Лоиқ Шералӣ суруданд:

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Қанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Барафрошта шудани муҷассамаи бузурги доҳии миллати тоҷик – Амир Исмоили Сомонӣ дар пойтахти Тоҷикистни азиз меъроҷи дубораи ин шахсияти ормониро чун намоди ваҳдати миллӣ таъмин намуд ва имрӯз, ки маркази Тоқикистони соҳибистиқлол ҳамчун шаҳри сулҳ эълон ва номзад мешавад, устод Гулназар ҳамон соли шукуҳманди таҷлили 1100 солагии Давлати Сомониён бо ифтихор онро пойтахти таърихии тамоми тоҷикони олам, яъне ҳамон Бухорои Сомониён номидаву ин файзи ваҳдати миллиро ба ҳамагон муборакбод гуфтаанд:

Душанбе тахти Сино шуд, муборак,

Ба ҳам машҳури дунё шуд, муборак.

Агарчанде дилам доuи Бухорост,

Душанбе ҳам Бухоро шуд, муборак!

Ҳамин гуна бо имзои ҳуҷҷати бахту саодати миллат- Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи ҷадиди шукӯҳу нусратҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд. Ваҳдати миллӣ ва фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки ба дунболи талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон эҷод гардиданд, мунҳасир ба ниёзҳои миллии тоҷикон ва мансубият ба як халқу миллату мазҳаб боқӣ намонданд, балки бо таваҷҷуҳ ба ибратпазирӣ аз сиёсати кишвардории миллии Сомониёни хуҷастамазҳар сиёсати ваҳдати миллӣ то вусъати ваҳдати фикриву ақидавӣ ва мазҳабиву динӣ тавсеа ёфта, ба тадриҷ дар заминаи эҷоди муколамаи фарҳангҳову динҳо манзалати ҷаҳонӣ касб кард. Дар партави аз сар гирифтани бузургдошти Имом Абӯҳанифа дар соли 2009 Сарвари давлати тоҷикон бо мурур ба фарҳанги таҳаммулпазирии ин шахсияти оламгири ҷаҳони ислом фалсафаи оштии мазоҳибу динҳоро ба миён гузошта, ҷилавгирӣ аз афкори муғризонаи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиро таблиғ намуданд. Ҳосили ин таваҷҷуҳ ба таъмини ваҳдати милливу динии тоҷикон муассир афтода, рисолати сулҳофаринии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз мақоми миллату халқиятҳои мамлакати худ то ниҳоду давлатҳои ҷаҳони ислом иртифоъ бахшид, ки нақши созандаи андешаҳои роҳбари муаззами кишвар ба ҳукми эъморгари ваҳдати мазҳабӣ дар сурат ва сирати таълимоти Имом Абӯҳанифа бозтоби равшан касб кард.

Ҷаҳонишавии Наврӯз, ки тавҳиди раъйи на танҳо кишварҳои форсизабон ва ҷаҳони исломро таъмин кард, балки дар ақсои олам ҳавзаи тамаддуни Наврӯзро бо ҳузури беш аз бист давлати таҷлилкундаи он эҷод сохт, бо сарчашмагирӣ аз ибтикороти ваҳдатоини давлати тоҷикон унсури тамаддуни миллии моро мақоми ҷаҳонӣ ато фармуда, бад-ин васила фарҳанги тоҷиконро дар партави ваҳдати умумибашарии оини ҷаҳонии миллат ба саросари гетӣ нашр сохт, то аз файзу баракоти он ҷомеаи башарӣ низ бебаҳра намонад. Ин тадбир ҳам падидаеро дар зимни омезаи аносири фарҳанги милливу динӣ ва ҷаҳони имрӯз пайрезӣ намуд, ки дар марҳилаи навини таърихӣ ба миллати мо азамату тавони тозаи оламгирии фарҳангӣ ато кард.

Имрӯз бо инояти роҳбари давлати Тоқикистон, Пешвои мардуми тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон ин суннати пешиниён дубора бо сурате ҷадид эҳё шуда истодааст. Давоми чанд соли охир дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Данғара Наврӯзгоҳҳое ҳамчун макони аслии баргузории оину суннатҳои наврӯзӣ бунёд гардида, бошукӯҳтарин кох ба номи «Наврӯз» бо тарҳи нодиртарин падидаҳои фарҳанги куҳан ва намоди ёдгории нодири наврӯзгоҳи Тахти Ҷамшед қомат афрохт. Фузун бар ин, шуруъ аз соли 2016 ба хотири эҳёи оини бузурги баргузории Наврӯзи бузург маросими корвони Наврӯз бо шукӯҳе махсус ва иҷрои беҳтарин падида ва суннатҳои наврӯзи мардумони манотиқи мухталифи Фароруди куҳан ва меросбарони ин унсури тамаддуни башарӣ доир мегардад, ки аз ҳузури дубораи пурравнақи оинҳои ин ҷашни бостонӣ ба сурати ҷадид паём мерасонад. Минбаъд, ин анъанаи наҷиби талқингари ваҳдати наврӯзӣ ва муаррифгари ин оини куҳани аҷдодӣ чун ҷашни ваҳдатмеҳвар ба шоистагӣ идома ёфта, авҷи он боиси ҳайрати тамоми тоҷикони ҷаҳон, мардуми олам, бавежа кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз мешавад.

Дар канори ин ёдовар бояд шуд, ки манотиқи мухталифи тоҷикистони кунунӣ аз адвори қадим шеваҳои хоса дар таҷлили Наврӯз доштаанд. Аз осори таърихӣ равшан аст, ки таҷлили Наврӯз дар қадимтарин давлатҳои қаламрави Тоҷикистони имрӯз – Суғд ва Бохтар бо сурате вижа ҷараён мегирифтааст ва ҳамин гуна аз онҳо бо унвони «Наврӯзи Суғд», «Наврӯзи Хатлон», «Наврӯзи Бадахшон» ва амсоли ин ёд мекардаанд.

Эҳёи суннат ва ойинҳои наврӯзӣ дар замони имрӯз, ки чун маҳсули ҷашнвораи беназири Наврӯз ба унвони паёми мардумони форсизабон ба оламиён ҳукми ҷаҳонӣ гирифтааст, муҳимтарин падидаи фарҳанги миллатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз хоҳад буд. Дар дарозои таърихи беш аз шашҳазорсолаи ҳузури худ ин ҷашни муборак бархӯрдҳои фаровонеро бо ҷабрҳои санги таърих таҷриба кардаву дар ин тасодуму тасодуфҳои бешумор чизҳоеро аз худ бохтаву васоилеро бар тамаддуни ақвоми дигар ба унвони арзишҳои инсонсозиву инсонофаринӣ афзудаву гоҳи дигар ба унвони намоди муколамаи фарҳангҳо ва омили таҳкими ваҳдати башарият суннатҳоеро бар худ вогирифта. Шояд ҳамин рӯйкарди муносибати таърихӣ бо миллату ақвом ва чунин доду ситадҳо буда, ки ҷаҳон ин ҷашни бузурги мардумони форсизабонро ҳамчун фазилати беназири таърихӣ ва дастури бебадали ахлоқӣ барои тарбияти фикриву маънавии мардумон пазируфта ва имрӯз Наврӯз мунҳасир ба замону макон ва миллияту қавмият нест, балки Наврӯз муҳимтарин унсур ва рукни тамаддуни ҷаҳонӣ гардидааст, ки ин матлаб дар суханронии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани маҷмааи Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳанӯз чанд сол қабл садо дод.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мулоқоти анъанавии хеш бо зиёиёни мамлакат ба масъалаи эҳёи суннатҳои хосаи наврӯзии мардуми тоҷик ва тарғибу ташвиқи онҳо таъкид мекунанд. Аз ҷумла, дар мулоқоти хеш дар соли 2013 зимни ифтитоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ишорат намудаанд, ки «Наврӯз бо тору пуди таърихи мо, ҳаёти халқи мо, бо адабу фарҳангу маънавиёти мо ва бо андешаву тафаккуру ҷаҳонбинии халқи мо пайванди ногусастанӣ дорад. Маросимҳои наврӯзии мардуми тоҷик ҷолибу зебо ва нотакроранд. Аз файзи истиқлолият аст, ки Наврӯз дар саросари Тоҷикистон бо тантанаҳои бошукӯҳ баргузор мегардад.

Наврӯзи Тоҷикистон - Наврӯзи даврони истиқлол паёмовару оғозгари рӯзгори шоду хуррам, навиди бахту саодат ва фардои дурахшони кишвари мост».

Дар ҳақиқат ҳамин гуфтор ва андешаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳар як зиёии тоҷик масъулиятеро вогузор менамояд, ки дар амри эҳёи ҳар яке аз ин маросимҳои наврӯзӣ ибтикоре аз худ зоҳир намояд, чунки фарҳанги Наврӯзи тоҷикон ба ҳадде ғанӣ ва пурбор аст, ки ҳатто миёни деҳаву шаҳракҳо фарқияте дар оину русуми хосаи наврӯзӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳар яке аз ин русум ва суннатҳои наврӯзӣ дар вуҷуди хеш падидаҳои барҷастаи инсонгаройӣ ва такмилаи маънавиро ҷой додаанд, ки шинохти ҳақиқати онҳо қадаме устувор дар ҷодаи худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллии мо, инчунин мусоидат барои ташаккули фарҳанги ахлоқии ҷомеа ва тарғиби ваҳдати инсонӣ ва миллӣ хоҳад буд.

Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинохти ҳар яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ ба унвони унсурҳои ваҳдатофарин ҳамчун бунёдгузори фарҳанги нави сулҳ афкори ҷаҳонсози хешро аз ҳадди ваҳдати миллӣ, бо такя бар тафаккури поку мубаррои мазҳаби Имом Абӯҳанифа то ба марзи муколамаи фарҳангҳо давом бахшида, дар канори баррасии вазъи Тоҷикистони имрӯз ва дурнамои он башариятро ба ҳамгироиву ҳамдилӣ ва ваҳдати ҷаҳонӣ дар ҳаллу фасли муаммоҳои глобалии сайёра бозмехонад. Ин амр шореҳи он аст, ки имрӯз намод ва консепсияи фарҳанги сулҳи Тоҷикистон ба тадриҷ манзалати ҷаҳонӣ касб карда, кишварҳои олам аз ин таҷрибаи бесобиқаи ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ файз бардошта, дар ҳалли муноқишаҳои гуногуни мафкуравӣ ва сиёсиву ҳарбӣ аз тадобир ва пиндору назароти он ба кор мегиранд.

Дар канори ин, бо такя бар нубуғи фарҳанги сулҳ ва тараннуми ваҳдат ҳамчун дастоварди беназири таърихӣ як мавзуи муҳим ва беназир, ки дар қаламрави адабиёти куҳани мо таҷаллои барҷастае дошт, бо тобиш ва нигарише тоза ба адабиёти имрӯзи мо ворид мешавад, ки он ҳам пеш аз ҳама ба корномаҳои ваҳдатгароёнаи Пешвои миллат такя мекунад. Нуфузи мавзӯи ваҳдатсаройӣ ва ваҳдатгаройӣ дар адабиёти имрӯзи Тоҷикистон ҳатто ба зуҳури адибоне ваҳдатсаро боис омада, ки боз ҳам дар саргаҳи ин суханварони тараннумгари сулҳ устодони сухан Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир қарор доранд. Ҳатто дар сурудаи Бозор Собир дар нисбати шахсияти Пешвои миллат қаҳрамони ваҳдат ном бурда шудааст, ки аз намунаҳои барҷастаи шеъри ваҳдат дар адабиёти имрӯз ном бурда мешавад:

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат.

Бо шарофати ин фарҳанги сулҳофаринии Пешвои миллат имрӯз ваҳдати мардуми тоҷик ҷаҳонӣ мешавад ва аллакай аз ҷониби сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ба сулҳи тоҷикон баҳои баланд дода мешавад. Аз сӯи муншии собиқи Созмони миллати муттаҳид Кофе Анан омузанда хондани таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки меъмори он бевосита Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, аҳамияти умумиқаҳонӣ касб намудани ин падидаи нодири инсонӣ ва аҳамияти байналмилалалӣ ёфтани онро бозтоб мебахшад.

Ҷаҳонороӣ ва ҷаҳонишавии фалсафаи ваҳдат ва фарҳанг сулҳи тоҷикон гузаштаҳои дурро ба мо ва имрӯзамонро ба фардоҳои мақсуд пайванд бахшида, аз сарзамини ваҳдати миллӣ ва марзу буми як миллати дар харитаи сиёсии ҷаҳон ба таъбири Пешвои миллаат Эмомалӣ Раҳмон бо андозаи «донаи рег» то қитъаҳои бузургу анҷумани давлатҳои олам, уқёнусҳои нопайдоканор интиқол дода, кишвари моро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сайёра дигарбора ба ҷаҳони муосир пайванди маҳкам мебахшанд. Ин дастоварди беназири таърихӣ имрӯзу фардо ва фардоҳои дигар мавзӯи меҳвар ва қовидонаи адабиёти миллии тоҷикӣ дар асри нав чун ҳамеша хоҳад монд.

Нуралӣ Нурзод,

доктори илмҳои филологӣ, директори институти илмӣ-тадқиқотии

илмҳои ҷомеашиносии Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ