​Либоси миллӣ: воситаи изҳори худшиносӣ ва ифтихори миллӣ

Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳо вобаста ба ҳувияти миллӣ ва дигар арзишҳои миллат суханронӣ намуда ба занони ҷумҳурӣ чунин муроҷиат карда будаанд: “Мо бояд забону фарҳанги худро, анъанаҳои миллии худро, сару либоси миллиямонро дӯст дорем. Модару хоҳарони меҳрубон, бинед, чӣ хел рангоранг, чӣ қадар зебоянд либосҳои миллии мо. Бе ҳамин ҳам мардуми ориёитабор, мо тоҷикон мардуми зебо ҳастем. Лекин либосҳои миллии моро боз ҳам зеботар мекунанд. Бас кунед бегонапарастиро!” Имрӯзҳо баъзе аз ҷавонони кишварҳои дунё, аз ҷумла ҷавонони тоҷик ба пӯшидани либосҳои ба фарҳанги тоҷик хос набуда, яъне ба бегонапарастӣ машғуланд, ки он боиси таассуф мебошад.

Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли қарнҳо зебоиашро гум накардааст. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хоса пеши назар меояд.

Мутаассифона, як муддат миёни ҷавонони мо тақлид ба фарҳанги бегона бо роҳи пӯшидани пироҳанҳои кутоҳи ба тан часпида, доманҳои кӯтоҳ ва ҳиҷобу сатр густариш ёфт, ки ин хавфи касодии фарҳанги миллиро ба миён овард. Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим занҳои мо пироҳанҳои дарози аз зону поён бо миёнбанди нозук ба бар мекарданд.

Ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ, имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ аксияи “Тоҷикона мепӯшем” баргузор гардида истодааст. Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст. Аз сарчашмаҳо аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд. Халқи тоҷик чун кошиф ва ихтироъкори абрешим, матоъҳои абрешимӣ, аз ҷумла атласи оламшумул дар ақсои олам шуҳратёр гаштааст. Дар ҳақиқат пӯшидани куртаи атласу адрас набояд либоси мавсимӣ бошад ва ба бар кардани он набояд дар арафа ва давраи баргузории иду ҷашнҳо ва илова бар ин бо супориши мақомот сурат бигирад, балки он бояд либоси рӯзмарраи ҳар зани тоҷик бошад. Либоси атласу адрас бешак ҳам ба зани роҳбару соҳибкор зебанда асту ҳам ба олиму омӯзгор ва ҳам ба донишҷӯву хонандаи мактаб. Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае надошт. Сатри сиёҳ бошад, ба мардуми мо куллан бегона аст. Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икром пероҳанҳои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим менамуданд. Модоме, ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас, биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонагон фасод насозем ва онро ба ояндагон ба мерос гузорем. Умед бар он мекунем, ки корхонаҳои тавлидотии кишвар дар истеҳсоли матоъҳои хушсифату дастрас саҳми бештар дошта бошанд ва бо истифода аз ҳунару истеъдоди ҳунармандони касбии ватанӣ бозори истеъмолии кишварро бо молу матоъҳои рақобатпазиру бозоргир ҳарчи бештар таъмин намоянд атласу адрас либоси мавсимӣ набояд бошад. Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки давоми қарнҳо зебоиашро гум накардааст. Мояи хушнуди аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Мо забону урфу одат ва либоси ба худ хос дорем. Аз ин лиҳоз занону духтарон бояд бо ифтихори баланд онро ба бар кунад.

Имрӯз ин намуди либос ҳатто дар ҷаҳон маъруфият пайдо кардааст. Либоси миллӣ муаррифгари миллат, нишон аз фарҳангдорӣ ва яке аз рукнҳои асосии тамаддуни ҳар қавм аст. Моро бахсус ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги миллии худро ҳифз намоем, пайравӣ аз суннатҳои чандҳазорсолаи миллати худ кунем, либоси миллии худро дар кишвари худ ва берун аз он тарғиб намоем ва зебоипарастиву рушди ҳунарҳои мардумиро минбаъд дигарон талқин намоем. Пос доштани як ҷузъи фарҳанги хеш, либоси миллии тоҷикона, ки таҷассумгари расму оин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори ҳар халқияту миллат маҳсуб меёбад барои ҳар як зан, бонуи тоҷик шарт ва зарур аст.

Темирова М.Н.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ