Аҳамияти тарбиявӣ ва фарҳангии либоси миллӣ: муаммо ва мушкилот
Вазифаи асосии зиёиёни мо дар шароити имрўза пеш аз ҳама ҷалби ҷавонон ба омўзиши таърих, маданият, забон ва дастовардҳои илму фарҳанг мебошад. Аз ин ҷо бармеояд, ки ин таъкид муҳимтарин василаи тарбияи ҷавонон дар рўҳияи миллӣ маҳсуб меёбад.
Таърихнигори сатҳи ҷаҳонӣ, академик Бобоҷон Ғафуров низ мояи ифтихор будани фарҳанги моро зери назар дошта, фармудааст: ”Ин ҳақиқат, ки мо дар сафи пеши тамаддуни умумибашарӣ ҷой гирифтаем, хоҳиши худнамоии мо нест, ҳақиқате нест, ки мо онро ҳатман исбот карданӣ бошем. Ин ҳукми таърих аст. Таърихи инсоният ҳамин гуна ҷараён гирифтааст, ки мо дар сафи пеши тамаддуни ҷаҳонӣ қарор гирифтаем”.
Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар қисми чоруми Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унсурҳои таркибӣ ва мазмуни тарбияи миллӣ омадааст: “Анъана, суннатҳои воло, арзишҳои миллии халқи тоҷик, ки дар давоми қарнҳо ба тарзи ҳаёти мо ворид шуданд, маданият ё маҷмўи сифатҳои онро ташкил медиҳанд, ҷавҳар, хосият ё маҷмўи сифатҳои тоҷикон аз илму донишомўзӣ, заҳматписандию таҳаммул, сару кор бо замин, оштию сулҳпазирӣ, тадбирҷўӣ, худшиносӣ, талоши фарҳангӣ, меҳмондорию меҳмоннавозӣ, устувории оила, ифтихори ватандорӣ, касбу ҳунаромўзӣ, дўстиву рафоқат, иззату эҳтироми падару модар, некӣ ва накўкорӣ, адлу адолатҷўӣ, дастгирии ятимону муҳтоҷон ва ғайра иборатанд”.
Тарбияи миллӣ ташакккули тафаккури шаҳрвандонро дар назар дорад. Он ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрўзаи миллат, аз нав эҳё намудани урфу одат ва анъаноти арзишманди миллӣ, дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, ин илм ва фарҳанги миллӣ ва эҳтироми миллатҳои дигарро фаро мегирад. Бинобар ин системаи таълиму тарбия дар ҷумҳурӣ бояд ба илм, фарҳанг ва таърихи ниёгонамон сахт вобаста бошад ва асоси онро бояд худшиносии миллӣ ташкил кунад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки тарбияи донишҷўён бо роҳи ибратгирӣ аз сарнавишт ва фаъолияти шахсиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ, адабӣ низ аҳамияти калон дорад. Осори безаволи онҳо метавонад манбаи бебаҳои хештаншиносӣ ва миллатдустӣ бошад, онҳоро водор созад ва аз ин гуна дарсҳо натиҷаҳои ахлоқӣ гирад ва ба маънавиёташон такмил бахшад.
Даҳҳо ва садҳо фарзандони баору номуси халқро ном бурдан мумкин аст, ки барои озодӣ, ободӣ ва обрўи миллату ватан фидокориву ҷоннисориҳо намудаанд. Аз байни онҳо фарзандони барўманди халқ устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигаронро ном бурдан мумкин аст, ки барои ташаккули миллат, болоравии ҳисси худшиносӣ хизматӣ бузург намудаанд. Садриддин Айнӣ мавҷудияти халқи тоҷикро ҳамчун миллати қадимаи Осиёи Марказӣ исбот намуда, таърихи адабиёти моро эҷод намудааст.
Фарҳанги гузаштаи мо фарҳанги ҳикматҳост,ҷавонони мо қисмати ин ҳикматҳоро дар фаъолияти ҳаррўзаи худ истифода баранд. Дар ҷарёни дарсҳо, ба хусус педагогика, таърихи маориф ва афкори педагогӣ, маҳорати педагогӣ аз мисол овардани осори ниёгон дар он аст, ки дар пешрафти кори таълиму тарбия беқарор намудани хусусиятҳои миллӣ, нигоҳдории арзишҳои офаридаи гузаштагон, равнақу ривоҷи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, фаҳмиши арзишҳои умумибашариро тақозо менамояд.
Яке аз рукнҳои фарҳанги миллиро либоси миллӣ ташкил медиҳад. Либоси миллӣ дар баробари забон таҷассумгари ҳастии миллат ва шиносномаи давлату миллат дар арсаи ҷаҳон аст. Ҳар миллатро бо либос, фарҳанг ва урфу одаташ мешиносанду эътироф менамоянд. Имрӯз атласу адрас ва чакани тоҷикӣ дар миқёси олам машҳур гардида, ҳамчун хос ва зеби бонувони тоҷик эътироф гардидааст.
Мутаассифона, солҳои охир дар миёни бонувони тоҷик пӯшидани ҳаргуна либосҳои аврупоӣ, туркӣ, арабӣ, авғонӣ, эронӣ ва ғайра ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар урфият гуфтаанд, ки “Миллатеро нест кардан хоҳӣ фарҳангашро аз байн бар он миллат нест мешавад”.
Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қатори дигар масоили мубрам ба ду масъалаи ниҳоят муҳим – «Арҷи бештар гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи фарҳанги миллӣ, ки дар ташаккули андешаи миллӣ ва боло рафтани худогоҳиву худшиносии мардум, бахусус наврасону ҷавонон таъсири амиқ доранд», махсус таваҷҷуҳ зоҳир намуда буданд.
Мутаассифона, баъзан мушоҳида мешавад, ки мо ба фарҳанги миллии худ чандон эҳтиром намегузорем, ин падидаҳои арзишманди фарҳангиро нодида мегирем. Дар интихоб ва пӯшидани либос ҳамчун аркони фарҳанги миллӣ ба тақлид роҳ медиҳем. Дар натиҷа тарзи либоспӯшиамон ғайритоҷикӣ мешавад. Либос ҳамчун аркони фарҳанги миллӣ ва ҳастии миллат ба ҳам алоқамандии мантиқӣ доранд, чунки либос баёнгари рафтору ахлоқ аст.
Табиист, ки мо дар ҷомеаи демократӣ умр ба сар мебарем ва чунин ҷомеа озодии виҷдон, рафтор, муносибат, интихоби озоди сарулибос ва амсоли инро тақозо ва таъмин мекунад, аммо ин озодиҳо бояд меъёр ва ҳадди худро дошта бошанд. Ҳарчанд ҳудуди марзи ҳар гуна озодиро пеш аз ҳама, қонун муайян мекунад, дар ин самт маърифати инсонӣ ва ҳувияти миллӣ низ, бетаъсир буда наметавонанд.
Дар пайдо ва интихоб кардани сарулибос ва мавқеи истифодаи он маърифат мададрасон мешавад. Мо фарҳанги қадима ва ғании либоспӯшӣ дорем, ки дар тӯли таърих новобаста ба таъсирҳои беруна тарҳи аслии худро нигоҳ дошта, аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Бо ин вуҷуд, дар давраҳои таърихии муайян бо таъсири омилҳои беруна, шеваи либосдӯзӣ ва фарҳанги либоспӯшии мо андаке тағйир ёфтааст. Дар замони муосир, ки табиати ҷаҳонишавиро ба худ касб кардааст, имконоти таъсири фарҳангҳои бегона ба фарҳанги мо зиёдтар шудааст. Шабакаҳои интернетӣ, филмҳои хориҷӣ, алалхусус туркӣ, муҳоҷирати корӣ, сафарҳо бевосита ба кишварҳои дигар аз омилҳои чунин таъсиргузориҳоянд, ки бо вуҷуди маҳдудиятсозиҳо ба тарзи кӯр-кӯрона реша медавонанд. Маълум аст, ки либосҳои миллӣ ҳамчун як бахши зиндаи фарҳанги анъанавӣ аз қадим дар рушду такомул ва тағйирот қарор доранд. Имрӯз низ ин раванд идома дорад, аммо моро зарур аст, ки барои ҳифзи асолати он, тарғиби арзишҳои миллӣ ва худшиносӣ тадбирҳои саривақтӣ андешем ва бақои суннатҳои миллиро таъмин намоем.
Бо ин мақсад моро месазад, тавассути баргузории чорабиниҳои маърифатию иттиллоотӣ, таблиғотию ташфиқотӣ, озмунҳо ҷиҳати эҳтиром гузоштани зан ва бонуи тоҷик ба либоси миллӣ, ки эҳтироми ҳар як миллат аст баргузор намоем. Аминам, ки занону бонувони тоҷик бо ақлу хиради воло, зиракии сиёсӣ фарҳанги либоспушӣ ва суннатҳои миллиро эҳтиром менамоянд.
Миллати тоҷик, ки таърихи бою қадима ва урфу одатҳои шоиста дорад, дар асри ҷадид толеи басо баланд ба ӯ ёр гардида, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҷдиди сиёсати давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба беҳтарин анъанаҳои миллию фарҳангӣ кӯшиш ба харҷ дода, баҳри пойдории ғояҳои демократии сиёсату давлатдорӣ ва рушди фарҳанги миллӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Тоҷикистони соҳибистиқлолу навин дар баробари ширкат дар масоили глобалии ҷаҳонӣ, ҳамчунин ба таҳкими пояҳои миллии урфу одат ва густариши анъанаҳои неки фарҳангӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар ин ҷода тадбирҳои муҳим рӯи кор овардааст.
Миллати тоҷик миллати соҳибтоҷ аст, аз ин лиҳоз дар тамоми ҷабҳаҳо мо бояд аз таърихи бостониву тамаддунсози худ, аз суханварони мумтози он, аз ҳунар ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ҳамзамон аз либосҳои миллии худ ифтихор намоем, зеро либоси миллӣ аз матои атласу адрас ва зардӯзиву чакан моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Либоси миллӣ оинаест, ки дар он фарҳанги миллии мо инъикос меёбад.
Худойбердиева Мафтуна, муаллими калони кафедраиназария ва амалияи забони англисӣ