Муҳимтарин масъалаҳои ахлоқӣ - иҷтимоӣ дар «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ

Мусаллам аст, ки марҳилаҳои муайяни рӯзгори устод Айнӣ дар осори мансури арзишманду ғаномандаш хеле рангину батафсил ба тасвир омада, ҷиҳати омӯзиши вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву адабӣ ва ахлоқии замон муҳимманд. Бахусус, «Ёддоштҳо» дар баробари рӯйдодҳои рӯзгор ва саргузашти нависанда, ки бо маҳорати тамом ҷузъу томҳои он тасвир шуданд, силсилавоқеаҳоеро аз зиндагӣ ва кору пайкорҳои ҳамзамононаш дар бар гирифтаанд. Лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти шахсиятҳои зиёдеро метавон аз он омӯхт ва дар бораи бархе аз онҳо, ки чеҳраҳои маъруфи замон буданд, маълумоти муҳим ба даст овард. Аз муҳтавои асар маълум мешавад, ки нависанда бештар масъалаи моҳияти ҳастии инсонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо истеъдоди камназираш воқеияти замонро дар перояи бадеӣ ба ҷилва овардааст.
Азбаски тақдир устод Айниро ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ кард, ҳама гӯшаву канори шаҳри Бухоро ва атрофи онро дида, бо инсонҳои зиёди гуногунхулқу атвор вохӯрда, аз саргузашту тақдири онҳо огоҳ шуд. Дар баробари ин зиракиву ҳисси кунҷкобии адиб боиси огоҳии ӯ аз вазъи зиндагӣ, фаъолияти кориву эҷодӣ, муносибатҳои дӯстонаву маҳрамононаи бархе муҳассилини мадрасаву ҳамсабақон ва, умуман, чанде аз ҳамзамононаш гардид. Маълум аст, ки «Ёддоштҳо» аз силсилаи ҳикояву қиссаҳои ҷолибу таъсирбахш иборат буда, дар қисми аъзами онҳо зимни тасвири рӯзгори муқаррарии ҳамзамонон, масъалаҳои ахлоқи иҷтимоии замон низ таъин гардидааст.
Вазъи ахлоқии муҳитеро, ки устод Айнӣ умр ба сар мебурд, хеле хуб меомӯхт ва сарчашмаи ташаккули сифатҳои ахлоқии ҳамзамононро ҷустуҷӯ мекард. Тадқиқи бадеии олами маънавӣ, роҳҳои ташаккули ахлоқи миллӣ, муайян кардани сабабҳои футур рафтани ахлоқи ҳамзамонон, инъикоси вазъи равонии инсонҳои муайян бо ҷиддияти тамом дар асар ба тасвир омадаанд, зеро ҳадафи устод Айнӣ баёни саргузашт набуд, балки инъикоси аҳволу афкор, ахлоқи мардум ва таҳқиқи равандҳои асосии инкишофи ахлоқии замон буд. Таҳлилҳои ахлоқӣ тавассути мисолҳои мушаххас яке аз вежагиҳои «Ёддоштҳо» буда, дар бештар ҳолат ҷанбаҳои таблиғии ахлоқи ҳасана низ эҳсос мешавад. Хонанда, дар баробари дарку омӯзишу таҳлили моҳияти масъала ва хислатҳои қаҳрамонон, бевосита, хулосабарорӣ мекунад, зеро ҷанбаи таҳқиқиву маърифатии асар хеле қавӣ мебошад. Нависанда дар роҳи ҳалли масъалаҳои ахлоқу одоби ҳамзамонон, тасвири вазъи равониву хислатҳои қаҳрамонон ва таҳлили олами ботинии инсон хеле устуворона қадам ниҳода, ҷараёни инкишофи муносибатҳои ахлоқӣ, сабабҳои ташаккули характери мусбату манфии ҳамзамонон ва нишон додани омилҳои иҷтимоиву ахлоқии онро аз мақсадҳои асосии худ медонад. Аз ин ҷост, ки ҷустуҷӯҳои ахлоқии нависанда дар заминаи тадқиқи бадеии воқеият суръат мегиранд.
Дар асар шахсиятҳои камназире, ки нависанда бо муҳаббати хос ва дарки масъулият сухан карда, дар рафти нақлҳои ҷолиб хислатҳои онҳоро бо маром мекушояд кам нестанд. Дар қисми аввали «Ёддоштҳо» бо усули динамикӣ маълумотномаи мушаххасу ҷолибе дар бораи намояндагони авлод ва кӯдакиву наврасии худи нависанда сухан рафта, маълум мешавад, ки бобои ӯ аз ҳунармандони бохатту савод буд ва бар ҳамин ваҷҳ ба ҳайси имоми деҳаи Маҳаллаи Боло таъин гардид. Ҷараёни воқеаҳо шахсияти падари ӯро чун марди бисёр фозилу донишманд, ки сабабгори хатту савод баровардан ва ба таълим фаро гирифтани чанд нафар дар Бухоро шудааст, нишон медиҳад. Мулло Собит, Мулло Ҳамроҳ, Мулло Бобоҷон, Мулло Абдувоҳид, тағоиаш Мулло Деҳқон ва чанде дигар аз меҳрубониву дастгирии падари устод Айнӣ хату савод бароварда, байни ҷомеа обрӯву нуфуз пайдо намуда буданд. Эҳсос мешавад, ки Саидмуродхоҷа дар масъалаи оиладорӣ ва тарбияи фарзандон низ хеле масъулияти баландеро бар дӯш дошта, муҳити солимеро дар хона фароҳам оварда буд. Донишманди маъруфи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ доир ба шахсияти Саидмуродхоҷа бар ин назар аст, ки «сухани ӯ пандомӯз ва ҳикматомез аст. Ин деҳқони солхӯрда соҳиби таҷрибаи фаровони ҳаётӣ, дорои назари борикбин ва қобилияти таҳлилу таъмим буда, дар сари ҳодисаҳои зиндагӣ ба фикру мулоҳиза мерафт ва хулосаҳое, ки мебаровард, андаке ба ранги суханҳои ҳикматомез ифода мешуданд» (4, 221-222НР-МШ). Нақлҳои адиб тимсоли инсони меҳнатдӯст, чашмикордон, дастгиру мададгори ҳамагонро пеши назар меорад, ки ҳамеша меҳнат карда, дар андешаи таъмини ризқу рӯзии фарзандону пайвандон бо танбалону танпарварон дар мадоро буд. Дар асар Усто Амак, Лутфулло-Гӯппон барин шахсиятҳои дорои сифатҳои ҳасанаи ахлоқӣ, ки бо кордониву меҳнатписандӣ, некиву накукорӣ назди ҷомеа муаррифӣ шудаанд, зиёданд.
Дигар аз вежагии тасвири нависанда, аз дидгоҳи ҳамнаслон баҳо додан ба қаҳрамонони асар ва мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор гирифтани андешаҳои онҳост, ки бо хулосаҳои ӯ ҷамъбаст гардидаанд. Эҳсос мешавад, ки устод Айнӣ дар ҳама маврид дидаву шунидаҳояшро омӯхта, масъаларо дақиқ санҷида ва шубҳаҳояшро бартараф намуда, ба қалам медод. Аз ҷумла, шахсияти Қутбияву Ҳабиба, ки ҳамсабақони устод Айнӣ, духтарони нисбатан синну солашон калон ва бо ҳусну ҷамол буданд, аз назари муҳассилини дигар таҳлил шуда, Қутбияро «бадмуомила, бадгап, калонгир ва аз болои падару модараш калонгирӣ мекунад» ва Ҳабибаро «сабук, сергап, созандаҳо барин ғазал мехонад, ба хушрӯии худ ғарқа» мегуфтанд, аммо табиист, ки нависанда ба ахлоқи онҳо аз мушоҳида ва нуқтаи назари худ баҳо дода, хислатҳои некашонро зикр кардааст. Воқеияти асар бештар бо чунин таҳлилу хулосабарориҳои нависанда устувор шуда, шахсияти қаҳрамонро бо тамоми хусусиятҳояш пешоруи хонанда ба ҷилва меорад.
Дар баробари ин аз тасвири рӯзгору пайкори чанд персонажи дигар бидуни таҳлилу омӯзиш шинохти шахсияти онҳо мушкилӣ надорад, зеро усули ифодаи андешаву самимияти нависанда симои онҳоро ба хонанда рӯшан муаррифӣ мекунад, ки Аҳмади Дониш, Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, Абдулвоҳиди Мунзим, Абдулвоҳиди Садри Сарир, Мулло Амон аз ҳамин қабиланд. Адиб бо ҳусни ихлос, самимияти хос, меҳри саршор дар бораи рӯзгори маънавии ҳамзамонони донишманд, аҳли илму ҳунар батафсил сухан ронда, аз кору пайкорҳои ибратомӯзи онҳо бо сухани нарму пурзарофат ва шавқи беинтиҳо ҳикоят мекунад. Дар ин бахшҳои асар муҳокимаҳои нависанда бо нақли бадеиву публитсистӣ омезиш ёфта, шахсияти қаҳрамононро хеле рушан ба зуҳур овардаанд. Муҳаммадҷон Шакурӣ зимни андешаронӣ дар хусуси образҳои мусбати асар чунин ибрози назар намудааст: «Дили қавӣ ва бозуи матини персонажҳои мусбати «Ёддоштҳо» як нишонаи камолоти ботинии онҳост. Ҳамаи он «паҳлавонони фавқулодаи» Айнӣ соҳиби беҳтарин хислатҳои одамианд. Нависанда бо тасвири қувваи бозу ва гӯштиву ҷанги онҳо, умуман, бо тақдиру сарнавишти ҳар кадоми онҳо чанд масъалаи муҳимми ахлоқи иҷтимоиро пеш гузоштааст. Саргузашти чунин шахсҳо устод Айниро пеш аз ҳама дар масъалаи мардӣ ва номардӣ, одамият ва ноодамӣ ба фикру андеша водоштааст. Ин персонажҳои ӯ на фақат марди майдон, балки аввало одам ҳастанд» (4, 224).
Дар повести «Одина» ва романҳои «Дохунда»-ву «Ғуломон» зулму истибдоди аморат, вазъи бади моддии мардум, маҳрумии халқ аз ҳуқуқу озодии андешаву амал, ҷабру зулм ва эътирозу муборизаи онҳо ҷиҳати зиндагии ободу осоишта асоси тасвирро ба амал оварда, масъалаи моддӣ дар дараҷаи аввал қарор дорад ва масъалаҳои ахлоқӣ бештар зимни тасвири воқеаҳо бо мароми муайян кушода мешаванд. Устод Айнӣ хислатҳои персонажҳои мусбати «Ёддоштҳо»-ро низ дар заминаи нақлҳои ҷолиб ва инъикоси ҷараёни рӯзгори онҳо марҳила ба марҳила пешорӯи хонанда падид меорад. Маълум мешавад, ки ҳадафи аслии нависанда, таърифу тавсифи қаҳрамон нест, балки инъикоси воқеии ҳодисаҳои марбут ба ин шахсият аст. Яке аз вежагиҳои асосии асар ин бо усули ҷадид, масъалаҳои ҳастии инсон, рӯйдодҳои муҳимми зиндагиро аз дидгоҳи ахлоқ баррасӣ кардани нависанда аст. Мушоҳида мешавад, ки дар тадқиқи хислатҳои манфии персонаж усули тасвир нисбатан тафовут дошта, бозтоби масъала нисбатан ҷиддӣ ва усули масъалагузорӣ, ҳадафи адиб рӯшану дақиқ аст. Ба назар мерасад, ки нависанда масъалаҳои муҳимми ахлоқиро мехоҳад, воқеан ҷиддӣ, асоснок, бофакату далелҳои мушаххас назди хонанда гузорад ва ваҳшоният, бедодгариву ҷинояткории инсонро дар роҳи амалишавии хостаҳояш бевосита нишон диҳад.
Ифтихору истифода аз мақому мартаба, худхоҳиву бузургманишӣ, калонгапиву қасосгирӣ, фитнаву бӯҳтон, дурӯғу дасисабозӣ, ки нишонаи ҷоҳилии инсон аст, замони зиндагии устод Айнӣ хеле реша монда буд, дар асар бо мисолу далелҳои муайян тасвир шудааст.
Устод Айнӣ ба муносибати пайвандон хеле назари ҷиддӣ дорад. Ӯ хислатҳои тағоиҳояшро дар муқоисаву муқобила нишон медиҳад. Ҳама фарзанди як волидайн, вале яке меҳнатрӯзиву меҳрубон, хушсухану дастгиру мададгори ҳамагон, дигаре мумсику тундсухан, гапнодарову судҷӯст. Мушоҳида мешавад, ки Алихон бештар дар ғами худу ғами пулҷамъкунӣ монда, беҳтарин фазилатҳои инсониро гум кардааст. Ӯ парвои волидону пайвандонро надорад ва то метавонад аз онҳо роҳи фоида ба даст оварданро меҷӯяду барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз ҳеҷ роҳе даст намекашад. Баъд аз марги хоҳар аз фарзандони ятими ӯ боизофат гирифтани пули дафн, даъвогарӣ ба манзили онҳо, аз падару модар ва фарзандони ҳамшира дареғ доштани ғизоҳои хӯрданӣ ва ғайра далели чашмгуруснагиву мумсикӣ, нафрат доштан нисбат ба пайвандони худ аст, ки ин хусусиятҳоро Алихон як воситаи устувор шудани шахсияти худ қарор додааст. Тағои дигари нависанда Қурбонниёз баръакси Алихон инсони меҳрубон, дастгиру мададгори волидону ҳамагон буд. Разиливу нокасиҳои Алихон ӯро маҷбур мекунанд, ки дар назди мардум шармсор кунад, то ба вай дарси ибрат шавад.
Муносибати дурушт, калонгапиву худписандӣ ва бемурувватии инсон дар образи Истам-Хархӯр, ки баъд аз мағлубият хари худро намоишкорона назди мардум мекушад нишон дода шудааст. Нависанда, муносибати сарду бераҳмонаи Истамро нисбат ба хар аз нодониву ҷоҳилӣ, бераҳмиву худпарастии ӯ медонад ва бо чунин мисолҳои мушаххас сарчашмаи футур рафтани ахлоқи иҷтимоиро нишон медиҳад. Ҳукми ӯ бештар дар атрофи масъалаҳои мураккаб, ки ба шаъну шараф ва эътибори инсон назди ҷомеа иртибот мегирад, бароварда мешавад.
Масъалаи фиребгариву дуздӣ, ки аз пасттарин хислатҳои инсонӣ буда, шаҳодати беимониву танбалӣ аст, дар «Ёддоштҳо» мавриди сарзаниши сахт қарор гирифтааст. Нависанда, дар бахши «Страхованияи бойҳо» «бо роҳи пинҳонӣ фоида бурдан»-ро аз тар карда фурӯхтани пахта, ки бешубҳа натанҳо фиребгарӣ, балки дуздист ва дар бахши «Дуздӣ» амали ноинсофонаи Мулло Абдуфаттоҳро, ки китобҳои ба орият додаашро дуздида, мехоҳад ба ин минвол аз Садриддин Айнӣ чанд танга товон бигирад, тасвир намуда, нишон медиҳад, ки фиребгарӣ ва дуздӣ унсурҳои муштараканд, ки дар замири инсон баробар ривоҷ меёбанд. Маҳз ба ҳамин сабаб хеле муҳим аст, ки нависанда, натиҷаи амали чунин инсонҳоро низ нишон дода, аз рӯи ин меъёр мақоми аслии онҳоро байни ҷомеа муайян кардааст.
Қаҳрамони қисса Мулло Абдуфаттоҳ барои амали ноҷавонмардонааш подоши хубе аз Мулло Бобомурод, ки «хирс мулло мешавад аз зарби чӯб» мегуфт гирифта, мавриди сарзанишу мушту лагади зиёд аз муллобачагони шинос ва шарикдарсони Садриддин Айнӣ мешавад. Устод Айнӣ дар давоми зиндагии худ, ҳарисиҳои зиёди мардумро мушоҳида карда, ба хулосае омадааст, ки «Вақте ки ман бо зиндагӣ зиёдтар ошно шудам ва донистам, ки одами ҳарис, хусусан агар ӯ судхӯр бошад, ҳар чӣ қадар ки бойтар шавад, ҳамон қадар ҳаристар, назараш пасттар гардида, барои ба даст даровардани андак чиз ҳар гуна ҷиноят ва беномусӣ рӯй намегардонидагӣ мешудааст» (1,149).
Дар идомаи ин бахш нависанда судхӯрӣ ва таъсири онро ба аҳволи мардуми бечора ба тадқиқи бадеӣ кашида, масъалаи айёрӣ ва мардумфиребиро зери танқиди шадид гирифтааст. Устод Айнӣ дар образи Нурмуҳаммаду фарзандонаш, вазъи бади аҳволи боғдорони дигарро низ, ки аз фосиқии Аловуддини Говҷигар барин судхӯрони мардумфиреб ба ин ҳол гирифтор шудаанд нишон медиҳад (1,150-163).
Нависанда ҷонибдори таблиғи ошкорои ахлоқи ҳамида буда, зидди риёкориву худпарастӣ, зулму тааддӣ мубориза мебарад, зеро мехоҳад ҷиҳати беҳтар шудани ахлоқи ҳамзамононаш таъсири назаррас расонад. Бахусус, дар бахши «Қарори маҳкама аз «сангсор» карда шудани аробакаш» усули даҳшатноки сангсоркуниро тасвир карда, бераҳмии дараҷаи баланди инсониятро нишон медиҳад ва аз футур рафтани ахлоқи мардум ба ҳайрат меояд: «Ман дар умри худ якум бор дар он ҷо дидам, ки одам бо тарбияи бад ва одатҳои ваҳшиёна чӣ навъ аз ҷилди одамгарӣ баромада, аз ҳайвоноти дарранда ҳам бадтар мешудааст.
Оре, онҳо аз ҳайвоноти дарранда ҳам бадтар шуда буданд, зеро ҳайвони дарранда барои сер кардани шикам ё мудофиаи ҳаёти худ ба одам ё ягон ҳайвони дигар ҳуҷум кунад ҳам, аз ин кори худ шодмон шуда намехандад ва ҳатто аломати хурсандӣ нишон намедиҳад. Аммо ин одамони бадтар аз ҳайвон, дар вақте ки бо ваҳшонияти тамом як одами дасту по бастаро зада кушта, дасту пою сару рӯю гӯшту пӯсти ӯро пора-пора карда истода буданд, чунон ки дар маросими домодбарӣ ё арӯсбиёрон иштирок карда истода бошанд, шодмонӣ мекарданд...» (1, 366).
Ҳамин дараҷаи баланди беинсофӣ ва аз даст додани муҳимтарин сифатҳои ахлоқӣ дар тамоми қисмҳои асар мушоҳида мешавад. Як омили мушаххас дар «Ёддоштҳо» қувват гирифтани диққати назари нависанда ба фардияти шахс, ҳамаҷониба тасвир шудани хислати фардии қаҳрамон, пурра зоҳир гардидани андешаи ботинӣ ва ҳадафҳои шахсиятҳои руҳан ва ҷисман заиф, вале аз ҷиҳати моддӣ тавонманд мебошад. Дар чунин тасвирҳо иқтидори пулу сарвату мансаб, ки инсонҳои сустиродаву чашмгуруснаро барои расидан ба ҳадафу ғаразҳои шахсӣ ба даст задан ба пасттарин корҳо водор мекунанд хеле муассир инъикос шудаанд .
Дигар масъалае, ки мавриди танқиди шадиди нависанда қарор гирифтааст, ин муносибати ахлоқӣ нисбат ба никоҳ бо ноболиғон аст. Дар қисми «Никоҳи духтари нӯҳсола» тақдири фоҷиавии духтараке оварда шудааст, ки падар ӯро ба бадали ҳазор танга ба шавҳар медиҳад. Дар қисми дуюми «Ёддоштҳо» марги Ситораи дувоздаҳсола тасвир шудааст, ки сабаби он низ никоҳи маҷбурӣ аст. Воқеан, бархе аз мардуми Бухоро бо баҳонаи рухсати шариат духтарони ноболиғи худро барвақт ба шавҳар медоданд, ки ҳаёти аксари онҳо бо фоҷиа анҷом мепазируфт. Воқеаҳое, ки устод Айнӣ нақл кардааст, хеле даҳшатангез буда, бозгӯкунандаи дараҷаи баланди футур рафтани ахлоқи сарватмандону амалдорони замон мебошад.
Нависанда тавассути чунин нақлҳо заифии маънавиву ахлоқии инсонро аз санҷишҳои сахт гузаронида, дар вазъиятҳои бисёр мураккаб ҳадафҳои аслии инсонҳои худкомаро таъин мекунад. Устод Айнӣ воқеан аз вазъи ҷомеа, ноадолатиҳои иҷтимоӣ, зулму ситам нисбати нодорон, поймолкунии ҳуқуқи занону духтарон, дар либоси аҳкоми шариат содир кардани ҷиноятҳои нисбатан вазнин хуб огоҳ буд ва ин воқеиятро бо афсӯсу надомат ба қалам овард. Хусусияти муҳимми ёддошт низ бештар дар он зоҳир мешавад, ки воқеаҳои дидаву мушоҳида кардаи замони худи нависанда ба қалам меояд. Ҳамин вежагии асар имкони баъд аз чанд садсола низ аз вазъи моддиву маънавӣ ва ахлоқии замони таълифи асар огоҳ шудани хонандагонро ба миён меорад.
Нависанда дар тадқиқи ахлоқи фардӣ маҳорати вежа дорад. Ӯ бадбахтии бархе аз инсонҳоро аз хулқу атвори бад ва ё нодониву ҷоҳилии онҳо медонад. Дар қисмати «Сабаби кушта шудани Мулло Бозор ва Мулло Туроб» таваҷҷуҳи адиб ба таҳқиқи хислатҳои фардӣ нигаронида шуда, сабаби кушта шудани Қорӣ Зоҳидро хуб омӯхта, ба хулосае омадааст, ки хислатҳои манфури инсон аксар сабабгори фоҷиаҳои ҳаёти ӯ мегарданд. Қозикалон барои наҷоти фарзандаш аз бадномӣ ба Мулло Бозор ва Мулло Туроб, ки аз зулму ҷабри Қорӣ Зоҳид гурезон, мадрасаи дигарро ихтиёр карда буданд, туҳмат карда, боиси кушта шудани онҳо мегардад. Ҳадаф аз инъикоси ин воқеа дигарбора ҳушдор додани хонанда аст, ки ҳамнишинӣ бо инсонҳои бадахлоқ самараи хуб намеорад, аз ин рӯ, бояд ё дар ислоҳи онҳо кӯшид ва ё худро аз ин тоифа ба канор андохт. Дар қисса задухӯрди ахлоқиву психологӣ, ки боиси шиддати воқеаҳо гардида, натанҳо хислат, тафаккуру ҳадафи қаҳрамон, балки шахсияти ӯро муайян мекунад хуб зуҳур кардааст.
Санҷидани устувории ахлоқи инсон, дар вазъиятҳои душвори санҷишҳо сифатҳои ахлоқии ӯро падид овардан дар бархе қисматҳои «Ёддоштҳо» ба усули асосии тадқиқи бадеӣ табдил ёфтааст.
Нависанда ба як масъалаи муҳим, муносибати дӯстон низ таваҷҷуҳ намуда, дар мисоли Саидакбархӯҷа (Парвардигорхӯҷа) ва Абдуллохоҷа дӯстии сунъии ду нафар ва сабабу омилҳои тағъири муносибату аз ҳам дур шудани онҳоро шарҳ медиҳад. Саидакбархӯҷа ва Абдуллохоҷа ба хотири танҳоӣ накашидан, дӯстиро ихтиёр карда, аз хислатҳои хеш гузашт намуда, бо ҳам мувофиқ мешаванд, вале азбаски ин дӯстӣ пояи устувор надошт, бо баҳонаи ночиз гусаста мешавад. Нависанда дар тадқиқи хислатҳои эшон бештар аз аносири ҳаҷв ба кор гирифта, муносибати сохтаи онҳоро бо ҳама ҷузъиёташ ончунон моҳирона ба тасвир додааст, ки тасвири пурраи манзара бевосита ба назар меояд: «Хислати дар кӯчаҳо тезгардии Абдуллохоҷа назар ба ақидаи Парвардигорхӯҷа мухолифи бузургворӣ буд, бинобар ин Абдуллохоҷа ин хислати худро ба хотири дӯсташ партофта, монанди ӯ ботамкинона қадам мепартофтагӣ шуд. Инчунин хислати ба саломдиҳандагон шафқаткорона муомила карда, бо ҷавоби салом онҳоро сарфароз кардани Парвардигорхӯҷаро Абдуллохоҷа зидди шарофат ва олигии насаб дарёфт. Бинобар ин Саидакбархоҷа ин хислати худро барои хотирхоҳии дӯсти худ тарк кард» (1, 254-255).
Андешаҳои бебунёду нораво, муносибатҳои сохтаву ноустувор, мақсадҳои ноҷову ғаразнок, вазъи равонии ин ду нафар дӯсти «содиқ» хеле хандаовар тасвир шуда, ҳадафи нависанда, ки нишон додани оқибати калонгириву дурӯғ аст, хеле нишонрас ба қалам омадааст. Воқеан, устод Айнӣ «ҳамаи унсурҳои асари бадеиро барои муайян кардани шахс ва тасвири образҳо, ки маҷмӯи онҳо хусусиятҳои асосии давраро инъикос мекунанд, истифода кардааст» (3, 209).
Хулоса, устод Айнӣ беш аз ним асри умрашро ба таълифи асарҳои бадеиву публитсистӣ сарф намуда, дар баробари инъикоси вазъи рӯзгори мардум, корномаи мардони шуҷову фарзонаи миллат, ҳаёти маънавии ҷомеаро бо роҳу усулҳои мухталиф ба тадқиқ гирифта, масоили ахлоқиро бо мисолҳои мушаххаси ҳаётӣ ва намунаи рӯзгори ҳамзамонон нишон додааст. Ӯ фарзанди замон ва донандаи хуби вазъи ахлоқиву иҷтимоӣ буд, аз ин ҷост, ки мушоҳидаҳояшро аз рӯзгори халқ, наздикону пайвандон, ҳамсабақону дӯстон дар «Ёддоштҳо» аз дидгоҳи таҳлилӣ баррасӣ намуд.
Мавлонова Мутриба, дотсент, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи тоҷик
Пайнавишт
- Айнӣ С. «Ёддоштҳо». Қисмҳои 3-4-Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1955.-570с.
- Айнӣ С. Куллиёт. Ҷилди 6.-Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1962-414с.
- Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик. Қисми 1.-Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1956-310с.
- Шукуров М. Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ.-Душанбе: Ирфон, 1987.-254с.