Тараннуми сулҳ ва дӯстӣ дар адабиёти тоҷик

Адабиёти тоҷик, ки таърихи ҳазорсола дорад, ҳамеша дар худ арзишҳои олӣ ва инсонӣ, ба мисли сулҳ, дӯстӣ ва ваҳдатро инъикос намудааст. Шоирон ва нависандагони тоҷик тавассути асарҳои пурғановати худ на танҳо фарҳанг ва забони миллиро нигоҳ доштаанд, балки ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва башардӯстона низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардаанд. Тараннуми сулҳ ва дӯстӣ яке аз мавзӯъҳои асосӣ ва муҳим дар адабиёти тоҷик аст, ки дар тӯли асрҳо ҳамчун василаи пайванди миллатҳо ва наслҳо амал кардааст.
Тараннуми сулҳ дар адабиёти классикӣ
Дар адабиёти классикии тоҷик, шоирони бузург, ба мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Хоҷаи Ҳофиз ва Абдураҳмони Ҷомӣ, мавзӯи сулҳ ва дӯстиро дар маркази диққат қарор додаанд. Масалан, дар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ, ки яке аз бузургтарин эпосҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад, масъалаи сулҳу субот ва ҳифзи адолат тавассути ҳикояҳои қаҳрамононаи шоҳон ва муборизаҳои онҳо барои адолат дар ҷомеа баён шудааст. Фирдавсӣ на танҳо аз ҷанг ва муборизаҳои давр сухан мегӯяд, балки ҳамеша ба ғалабаи сулҳ ва дӯстии инсонҳо таъкид мекунад.
Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар осораш дӯстӣ ва муҳаббати инсонро мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст, аз бузургии сулҳ ва иттиҳоди инсонҳо сухан мегӯяд. Ӯ дар асарҳои худ, хусусан дар "Ҳафт авранг", ғояҳои инсонпарварӣ ва дӯстиро тараннум намуда, ба қимати сулҳ ва ҳамзистии мусолиматомез таъкид мекунад.
Дӯстӣ ва сулҳ дар шеъри муосири тоҷик
Дар адабиёти муосири тоҷик мавзӯи сулҳ ва дӯстӣ бештар равшан ва ошкор инъикос ёфтааст. Ин давра бо таърихи мураккаби ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва дигар ҳодисаҳои сиёсиву иҷтимоӣ вобаста аст, ки шоирон ва нависандагони тоҷикро водор ба фикр ва таъкид ба зарурати сулҳу ваҳдат кардааст.
Мирзо Турсунзода, яке аз барҷастатарин шоирони замони муосири тоҷик, дар асарҳои худ мавзӯи дӯстиву ҳамкорӣ ва мубориза барои сулҳи ҷаҳониро тараннум кардааст. Шеъри машҳури ӯ "Суруши Сталинград" ҳамчун даъват ба сулҳ ва муҳаббат байни халқҳо шинохта шудааст. Вай бо ҷасорат ва самимият дӯстию ваҳдатро тавсиф намуда, зулму таҷовузро маҳкум мекунад. Турсунзода инчунин бо ёдоварӣ аз таърихи пурҷангу пурмуборизаи инсоният, ба қимати сулҳ таъкид мекунад ва хусусан дар шеъраш "Сулҳ" мефармояд:
Осори Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода тавассути ғояҳои инсондӯстонаи худ ба дили мардумони кишварҳои Шарқ роҳ ёфтааст. Шеъри ӯро, на танҳо хонандагони кишвар ва ҷумҳуриҳои бародар, инчунин мухлисонаш дар Шарқу Ғарб, кишварҳои Осиё ва Африқо мутолиа мекунанд. Маҳосини шеъри ӯро адибони маъруфи ҷаҳон эътироф кардааст.
Дар бораи шеъри Мирзо Турсунзода пешқадамтарин нависандагони вақти рус ва дигар халқу миллатҳо изҳори назар карда, ӯро аз адибони маъруф, ки эҷодиёташ пур аз ҳиссиёту ҳаяҷон, маъниҳои олии ҳаётӣ мебошанд, мешиносанд. Муҳаққиқони намоён, аҳли адаби ҷаҳон, аз ҷумла – К.Зеленский, З.Кедрина, Н.Венгеров, Г.Ломидзе, З.Паперний, А.Макаров ва дигарҳо, доир ба эҷодиёти Мирзо Турсунзода гоҳе мухтасар ва гоҳе муфассал сухан ронда, аз мазмуни баланди эҷодиёт ва мақоми бузурги суханвариаш хабар додаанд. Хосса адибони Ҳиндустон, мисли Мулк Роҷ Онанд ва Гурбахш Сингҳ ва ғайра, ба осори шоир баҳои баланд додаанд. Масалан, Мулк Роҷ Онанд хостааст, ки дар бораи Иттифоқи Советӣ достоне ба мисли “Қиссаи Ҳиндустон” эҷод кунад, ки ба мисли Турсунзода машҳури олам гардад. Ахвледиани, ки соли 1947 ҳамроҳи устод Турсунзода ба Ҳиндустон сафар карда буд, чунин навиштааст: “Ҳар миллате, ки мисли Мирзо Турсунзода фарзанд дорад, миллати саодатманд аст”. Воқеан, донишмандони ҷаҳонӣ дар нигоришоти худ аз ғаномандии эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода сухан ба миён оварда, ӯро ҳамқадами замон медонанд. Чунончи адиби Эрон, доктор Парвиз Нотили Хонларӣ Мирзо Турсунзодаро ҳамнажоду ҳамзабон бо эрониён шинохта, ӯро дар кишвари худ бисёр азиз ва муҳтарам мешуморад. “Оқои Мирзо Турсунзода, ки ҳарчанд номаш монанди номи ман, - нишоне аз бегонагӣ дорад, нажод ва забонаш бо эрониён ягона аст. Суханваре арҷманд аст, дар кишвари худ бисёр азиз ва муҳтарам аст ва назди мо низ чунин аст” [13,2]. Михаил Шолохов килки Мирзо Турсунзодаро ба ранги нилуфар ташбеҳ дода, бо муҳаббат чунин мегӯяд: “Туро оғӯш мекунам, муборакбод мегӯям. Бигузор, килки ту бо ранги нилуфар ҷовидонӣ нақшу нигор бандад” [17,2].
Шоири Доғистон Расул Ғамзатов ӯро на фақат бо лаззату баландии суханаш Турсунзодаро меситояд, балки ӯро бо пос доштани анъанаҳои миллиаш барои тамоми суханварон намуна нишон медиҳад: “Маълум аст, ки дар шоҳроҳи сафар баъзеҳо ҳар он чӣ доштанд, аз даст медиҳанду дигарон ба ивази он сармояи тозае меёбанд, касони сеюмӣ бошанд, ҳар он чи доштаанд, афзун мекунанд. Дар шоҳроҳи асри хеш Мирзо Турсунзода на танҳо тоқии тоҷикӣ, балки аз он ҳама ҷо ифтихор мекунад. Барои ин ҳам ҳатто мардумоне, ки дур аз диёри ӯ умр ба сар мебаранд, ба ӯ бо муҳаббат менигарад”.
Мирзо Турсунзода аз ҷумлаи шоироне мебошад, ки номи миллати тоҷикро бо ашъори оламгири худ дар ҷаҳон машҳур кард. Бобоҷон Ғафуров дар ҷашни 60-солагии устод сухан гуфта, ӯро вориси арзандаи гузаштагони шуҳратёраш, ифтихори халқи тоҷик, шеъру суханонашро илҳомбахши миллионҳо мардумони Шарқи бедоршудаистода медонад: “Шумо дар ҳақиқат ҳам вориси арзанда ва қонунии ганҷинаи бузурги назми ҳазорсолаи халқамон, шараф ва ифтихори адабиёти тоҷик мебошед. Садои Шумо орзую умедҳои тамоми одамони Шарқи бедоршударо ифода мекунад. Бигузор, истеъдоди дурахшон ва бузурги Шумо, суханони илҳомбахши Шумо ҳамеша дили миллионҳо хонандагонро дар соҳилҳои Вахшу Ганг, Янтсию Нил, Волгаву Конго шод гардонад”
Маълум аст, ки устод Турсунзода пас аз Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ мактаби эҷодии худро ба вуҷуд оварда, шуҳрати ҷаҳонӣ касб кард. Ин масъаларо Саид Нафисӣ пай бурда, дуруст мегӯяд: “Асарҳои нависандагони намоёни тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ барои ҷавонони мо дар роҳи ба вуҷуд овардани адабиёти миллӣ ва ҳақиқатан халқии худ намунаи сазовор мебошанд
Арзиши дӯстӣ ва сулҳ дар фарҳанги тоҷик
Дар фарҳанги тоҷик, сулҳ ва дӯстӣ ҳамеша арзиши муқаддас доштаанд. Ин арзишҳо дар шеъру адабиёт ва ҳам дар ривоятҳои мардумӣ ҷой доранд. Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо муносибатҳои нек, ҳамзистии осоишта бо дигар миллатҳо ва риояи принсипҳои ҳамдилӣ ва ҳамзистӣ машҳур буданд.
Тараннуми сулҳ ва дӯстӣ дар адабиёти тоҷик на танҳо як мавзӯъ аст, балки як рукни муҳими худшиносии миллӣ ва башардӯстии халқ мебошад. Адабиёти тоҷик тавонистааст дар асарҳои худ сулҳро ҳамчун як рукни асосии ҳаёти инсонӣ нишон диҳад ва дӯстиро ҳамчун василаи муттаҳидсозии миллатҳо ва афкори башарӣ тасвир намояд.
Аз аввалин фурсатҳои ҳузури шеър дар қаламрави адабиёти миллии мо ғояҳои ваҳдати инсонӣ, пайванди маънавӣ, дӯстӣ, сулҳу субот, оромишу осоиш, ҳубби Ватан ва монанди пайваста талқин гардидаву ба ҳукми ғояи олии мураббии на танҳо мардуми мо, балки тамоми башарият шинохта шудааст. Аз ҷумлаи яке аз омилҳои абадият ва нуфузи ҷаҳонии ин адабиёти ғаноманд таҷассуси ҳамин ормонҳои олии инсонӣ ва ваҳдати башарист, ки ҳанӯзам мардум сайёра ниёзмандии рӯҳии хешро бар ин отифаҳои олӣ эҳсос намудаву дар симои бузургони адабиёти миллии мо наҷотбахшони башариро аз маҷмуи фоҷеаҳои инсонӣ, ҷангу душманиро шинохтаанд.
Вақте устоди шоирон Рӯдакӣ бартарин шодии инсониятро дидори дӯст ба шумор меоварад, Мавлонои Балхӣ маснавии маънавии хешро дукони ваҳдат мехонаду ҷумлаи вожаву калимоти ифодакунандаи дуову ниёшҳои адёнро якмаънӣ ба шумор меоварад, Шайх Камоли Хуҷандӣ дӯсттар аз дӯст касеро намебинад, Абдураҳмони Ҷомӣ каломи дӯстро мубарро зи ҳар луғат мебинад ва Абдулмаъонии Бедил “ғайри ваҳдат барнатобад ҳиммати ирфони мо”- мегӯяд, ҳамон азамату шукуҳ ва наҷобату шарофати адабиёти миллии мо, ки дар сархати талқини ғояҳои умумибашарӣ қарор гирифтааст, таҷассуми равшан касб намуда, моро ҳам ба ҳамин роҳи бузурги абадипартав раҳнамоӣ мекунад, то бо ҷангҳои ҷаҳонӣ, хусумату адовати инсонӣ, бадсилоги лашкаркашиҳои ғосибонаи фоҷиабор ва ҳама гуна душманӣ, ки танҳову танҳо ба инсоният хатарзост, бо талқину таблиғи отифаҳон чун ваҳдату ҳамдиливу таҳаммулпазирӣ, ҳусни ихлосу иродат, сулҳофариву ваҳдатэҷодӣ, баробариву бародарӣ, дӯст ва бародари хеш шинохтани тамоми мардуми сайёра, ки сарчашмаи ягонаи ҳузур ба ҷаҳони омадшуд доранд, дар навбати аввал аз забони ҳамин бузургон посух бигӯем ва баъдан мо ҳам агар худ ҳам ҳарфе битавонем бигӯем, сарчашма дар ин каломи ваҳдатиншо дошта бошад.
Ҳамин рисолати бузурги инсониро, ки ниёзҳои рӯҳии башарият дар он авлавият доранд, дар марҳилаи нави таърихӣ бегумон Устод Мирзо Турсунзода ба шоистагӣ ба иҷро расонида, ҳамчун шахсияти барҷастаи тарғибгари ормонҳои инсонии замони худ ва онрӯзу имрӯзу фардо, шоири сулҳпарвару тараннумгари дӯстии адабиётҳову халқҳо, ваҳдати инсонӣ, муҳтар аз ҳама меросбару идомадиҳанда ва тафсиркунандаи афкори ватандӯстонаву инсонгароёнаи Рӯдакиву Мавлонову Ҳофизу Ҷомиву Бедил ва дигарон эътироф гардидааст. Ин суханвари мумтоз ва шахсияти барҷастаи адабиву фарҳангӣ дар таърихи фарҳанги миллии тоҷикон дар қарни ХХ ҳамчун шоири оташинсухан, тараннумгари арзишҳои умумиинсоние чун дӯстии халқҳо ё ба таъбири худи эшон “ваҳдати халқи ҷаҳон”, сулҳ, ҳамдиливу ҳамраъйӣ мақоми шоистае касб намудааст. Ин мартабаи маънавӣ, ки ба шахсият ва ҳам шеъри устод пайванд мегирад, аз сӯи бузургтарин чеҳраҳои сиёсиву адабии замони хеш низ шинохта шуда, бар ин асос ҷаҳониён ин шоирии милливу ифтихори миллии моро ҳамчун мубаллиғи сулҳи саросарӣ, ваҳдати инсонӣ, пайванди халқҳои олам, тараннумгари бахту иқболи инсоният истиқбол намуда, барои дар меҳвари амал қарор додани ғояҳои умумиинсонии ӯ иқдом намудаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинохт ва эътирофи ҳамин мақоми бузурги маънавӣ ва байналмилалии Мирзо Турсунзода хеле бамаврид таъкид доштаанд, ки “Мирзо Турсунзода ҳар қадар ки шоири миллӣ бошад, ба ҳамон андоза тарғибгари дӯстии халқҳои дунёст. Ин фазилат на танҳо дар фаровонии мавзӯъҳои байналмилалӣ дар эҷодиёти ӯ, балки дар фикру андешаҳои умумиинсонӣ ва ғояҳои олии умумибашарии шоир зухур мекунад».
Аз муҳимтарин авомили муассир дар ин арса таҳкими равобити адабиву фарҳангии тоҷикон бо халқҳои ҷаҳон дар партавти ташаббус ва корномаҳо ва ба таъбири Пешвои миллат ва “фикру андешаҳои умумиинсонӣ” - Мирзо Турсунзода ба шумор мераванд. Истиқболи ғояҳои умуминсонӣ, сулҳпарварӣ ва зарурати таҳкими дӯстии халқҳо ва дигар масоили марбут ба ниёзҳои башарият дар шароити ташаннуҷи авзои сиёсиву иҷтимоӣ дар бархе кишварҳои олам, ки аз сӯи Мирзо Турсунзода ҳам дар ашъор ва ҳам дар суханрониҳояшон чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар минбарҳои баланди мамолики мухталиф садо додаанд,
аз ҷониби чеҳраҳои барҷастаи сиёсат, хосатан адабиёт ва фарҳангии олам боис ба эҷоди марҳилаи нави равобити адабиву фарҳагии Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир гардид. Ба таъбири дигар, устод Мирзо Турсунзода ба танҳоӣ ҳамчун як шоири миллии мо на танҳо тавассути ин корномаҳо ва ҳамчун тарғибгару мубашшири адабиёт ва фарҳанги миллӣ эътироф шуданд, балки симои тоҷикону Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ кард. Боз ҳам ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст,ки ба ин хидматҳои устоди бузурги адабиёти муосири мо баҳои баланд додаанд: “Хизмати бебаҳои як нафар фарзанди миллати шоирпеша ва соҳибфарҳанги тоҷик Мирзо Турсунзода ба хазинаи тамаддуни башар низ дар ҳамин аст”.
Як бахши муҳими сурудаҳои Мирзо Турсунзодаро, ки ба мавзӯи дӯстии халқҳо бахшида шуда, ки онро ҳам самараи ҳамин талошу пайкорҳои инсонпарваронаи ин устоди бузург метавон унвон кард. Аз ҷумлаи чунин ашъор силсилаи “Қиссаи Ҳиндустон” мебошад, ки дар онҳо баробари тасвири вазъи сиёсиву иҷтимоии Ҳиндустони замони шоир, ки онро бо чашмони хеш дидааст, мушкилоти рӯзгор, шарҳу тафсири нобаробариҳои иҷтимоӣ ва баёни ормонҳои шахсии муаллиф дар масъалаи озодии инсони шарқӣ, хоса занони Машриқзамин, ҷойгоҳи хоси шинохти суханварони форсизабони ин сарзамин ва нақши осору образҳои шеърии онҳо дар ташаккули эҷодиёти худи шоир нақши муҳим доранд. Аз ҷумлаи шоирони номвари форсизабони ин сарзамин, ки устод Мирзо Турсунзода дар яке аз шеърҳои ин силсила барои шинохти мақому ҷойгоҳи ӯ иқдом намудааст, Мирзо Абдулқодири Бедил ба шумор меравад, Дар шеъри “Тара чандри”, ки аз ҷумлаи ашъори ин силсила буда. соли 1947 ба қалам омадаст, иродату муҳаббат нигоҳи хосаи устод Турсунзода ба ин суханвари бузурги адабиёти тоҷикзабони Ҳинд, шахсият ва вежагиҳои муҳими анвоъи ашъори ӯ, ки дар ин сарзамин замоне умр ба сар бурдааст, таҷассуми равшан пайдо намудааст. Хоса, тарҳи куллии шеър бозгӯи он аст, ки маҳз образҳои шеърии яке аз достонҳои маъруфи Бедил бо номи «Комде ва Мадан» сарчашмаи илҳоми шоир ба шумор мераванд.
Дар навбати аввал бояд таъкид дошт, ки руҷӯи Мирзо Турсунзода ба шеъру андешаи Бедил ба истиқбол аз ғояҳои ватандӯстиву ваҳдатгароӣ, талқини афкори марбут ба ягонагии маънавии таълимоти мазоҳибу адён пайванд мегирад, ки бо тарҳу андеша ва барномаи нав дар ашъори хеш онро такмил ва дар таркиби мафҳуми ифодакунандаву шореҳи ҳамон ғоя бо номҳои “дӯстии халқҳо”, “ҳамдиливу ҳамраъйии мардумони олам” таҷассум ва ҳам таблиғ намудааст. Дар ҳошияи ин силсила ба афкори Бедил роҳ кушодани Мирзо Турсунзода пеш аз ҳама пайванде ба ғояҳои таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику Ҳинд ва талқини озодиву истиқлоли маънавии инсон низ дорад, чун Бедил дар баробари ҳама азамату шукӯҳи маънавии худ дар адабиёти тоҷикӣ нафарест, ки дар муҳити ин сарзамин зиставу ҳамеша дар андаруни муборизаҳои қавмиву динӣ қарор дошт. Ҳамин амр шояд омил бар он гардид, ки дар сафи пеши тарғибгарони ғояи Сулҳи Кулл қарор гирифт, ки аз сӯи сарвари сиёсии замон Акбар тарҳ ниҳода шуда, ҳамеша оштии мазоҳиб ва адёнро бо такя ба ягонагии маънавии онҳо авлавият мебахшид. Устод Мирзо Турсунзода ҳам замоне ба Ҳинд сафар кард, ки наҳваи дигари ҳамин гуна душманиву адоват дар ин қаламрав ҷой дошт, ки сарчашмаи он зулму асоратест, ки аз сӯи аҷнабиён бар сари ин мардум таҳмил шуда буд. Аз ин лиҳоз, ҳамоҳангии андешаву ормонҳои тафсиргари дӯстии халқҳо, ваҳдати инсонӣ ва наҷоти инсоният аз зулму асорат, шукӯҳу нусрати озодии маънавии шахс пайванди маънавии устод Турсунзодаро бо Бедил нусрате бахшид, то барои наҷоти мардуми сарзамини ӯ дар асри нав аз андешаву ормонҳои ин шоири миллии мо файз гирифта, тарҳи нави оини дӯстиву бародарӣ, ҳамдиливу ҳамраъйӣ, ваҳдати инсониро барои наҷоти халқи ҳинд пешкаш намояд. Баробари ин, дар симои Тара-чандри худ Комдеи дигареро биофарад, ки нобаста ба ҳама наҷобату ҳунари олӣ ниёз ба озодии маънавӣ дорад. Ҳамоно ин ҷо ғояҳои муҷассам дар оинаи пиндор ва амалкарди Комдеи офаридаи Бедил ба устод роҳи озодиву наҷотро барои мардумони Ҳиндустони замони худ муаррифӣ намуд, то дар эҷоди худ тарҳи дигари ин ҷодаи наҷотро пешбинӣ кунад..
Бегумон метавон эътироф намуд, ки устод Мирзо Турсунзода ҳамон рисолати бузурги адабии Бедилро дар замони худ ҳамчун меросбари маънавии ин шоири ваҳдатшиор дар нисбати тамоми мардумони олам ба сомон расонида, муваффақ бар он шуд, ки ба ҳукми як шахсияти ваҳдатмеҳвар дар саросари олам эътироф шавад. Расидан ба ин мақоми маънавӣ буд, ки маҳз ба эҳтироми Устод Мирзо Турсунзода шоири урдузабони покистонӣ Файз Аҳмади Файз шеъри тоҷикӣ сурудаву нависандаи номвари қирғиз Чингиз Айтматов “пешвои маънавияш хонда: “Омадани коллективҳое, ки ин мулоқотҳоро бо рақсу сурудҳои худ оро медиҳанд, хеле хуш аст, лекин будани як лидер - пешвои маънавӣ низ албатта лозим аст. Дар он рӯзҳо Мирзо Турсунзода барои мо ҳамин хел як пешвои маънавӣ буд”. Ҳамин тавр, робитаҳои адабиву дӯстии самимонаи устод Турсунзода бо Расул Ғамзатов, Сулаймон Лоиқ, Николай Тихонов, Зулфия, Чингиз Айтматов ва садҳо нафари дигар на танҳо пайвандҳои маънавию шахсии худи устод, балки робитаҳои бузурги адабиёт ва халқиятҳои тоҷику доғистонӣ, афғон, русу ӯзбек, қирғизу қазоқ, ҳинду эрон ва тамоми оламро таҳким ва тақвият бахшиданд. Ин буд, ки шарофати ҳузури устод Мирзо Турсунзода дар фазои фарҳангии замони Шӯравӣ омил бар он шуд, ки ин шоири миллии мо тани танҳо як адабиёт, як миллат ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ намуд ва ҷаҳониён низ дар симои устоди сухан – Мирзо Турсунзода Тоҷикистону тоҷиконро шинохт. Ҳамин шинохтанҳо ва дарку маърифати лаззати дӯстиву рафоқат, хосатан пайвандҳои инсонӣ дар саросари олам устод боис шуд, ки Турсунзода беҳтарин суруди дӯстӣ, балки гимни дӯстии халқҳои оламро бисароянд, ки ғояву меҳвари аслии он дар ҳамин як байти он нуҳуфааст:
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.
Бигузор ормони бузурги устод Мирзо Турсунзода ҳамеша пойдор ва ҷовидонӣ бошад, яъне ҳаргиз ваҳдати халқи ҷаҳон гум нашавад, хоса дар шароити кунунӣ, ки танҳо ҳамин нӯшдоруи наҷоти башарият- дӯстии халқҳо роҳи фардои зиндагонии инсониятро мунаввар мегардонад.
Хулоса
Адабиёти тоҷик дар тамоми давраҳои таърихи худ ба мавзӯъҳои сулҳ ва дӯстӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро ҳамчун як арзиши баланд ва муқаддас нигоҳ доштааст. Шоирону нависандагони классикӣ ва муосири тоҷик тавассути осори худ ба мардум паём мефиристанд, ки танҳо бо сулҳ ва дӯстӣ метавон ҷаҳони беҳтар ва инсониятро наҷот дод. Тараннуми сулҳ ва дӯстӣ на танҳо нишонаи фарҳангӣ, балки асоси маънавии ҳамаи халқҳои ҷаҳон мебошад, ки ба воситаи адабиёт ба наслҳои оянда интиқол меёбад.
Ҳусейнова У.У-муаллимаи кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабии факултети психология ва таҳсилоти томактабии ДДХ ба номи академик Б,Ғафуров