Оила ва роҳҳои ташаккулдиҳии арзишҳои инсонӣ дар он

Оила ҳамчун ҷузъи таркибии ҷомеа ва таркиби он дорои воҳидҳои гуногун аст. Таҳкурсии ҳар як фарди солим ба ҳамдигарфаҳмӣ, самимияту меҳрубонӣ, муҳаббати инсонии оила вобастагӣ дорад.
Оила гурӯҳи хурди ҷамъиятӣ аст. Дар оила ҳамаи мафҳумот, ҳиссиёт ва одатҳо по бар љо мегардад, ки он ҳама дар ташаккулёбии маънавиёти шахсият заминаи боэътимот мегузорад.
Аз ин ҷост, ки мавҷудияти ҳамгуна миллат ва ҷамъияти фарҳангӣ бе оилаю оиладорӣ ғайриимкон аст. Бе сабаб нест, ки хушбахт будани ҳар як одамро ба оилаи солим қиёс мекунанд.
Яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомъияти фарҳангӣ ин тарбияи дурусти фарзанд дар оила аст.
Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад онҳо дар ҷомеа ҳатман мавқеи сазовори худро соҳибӣ менамоянд, боғи падару модар мегарданд ва саҳми солимашон ба кишвар бештар мерасад.
Устод Садриддин Айнӣ низ дар аввали асри ХХ оилаи солимро асоси хушбахтии хонадон ва макони тарбияи атфол эълон намуда буд.
Аз қадим тарбияи фарзанди солим дар таърихи халқи тоҷик яке аз вазифаҳои муқаддаси оила ва ҷамъият ба шумор меравад. Ба ин масъала ҳам дар тамаддуни ориёӣ, ҳам дар фарҳанги исломӣ ва ҳам дар адабиёти оламшумули мо таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шудааст.
Фарзанд дар оила бояд он чунон ба камол расад, ки боиси натанҳо таҳсину офарин, балки номбардори падару модар ва ватану миллат гардад.
Имрӯзҳо дар ҷомеаи муосири мо ба масъалаи оила аҳамияти назаррас дода мешавад. Ҳамасола аз љониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба мавқеи муҳими оила дар ҷомеаи муосир маърўзаҳои шоёни таҳсин баррасӣ мегарданд. Дар яке аз баромадҳо қайд мегардад, ки «Оила дар фарҳанги мардуми сарбаланди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эҳтирому эътироф шуда, дар он беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ ташаккул меёбад.”
Аз натиљаҳои таҳлили мундариљаи баромадҳои баррасишуда бар меояд, ки омилҳои ба ташаккулёбии арзишҳои инсонии оила халал мерасонанд хеле зиёданд ва сарчашмаи асосии побарљошавии он ин муносибат дар оила аст.
Муносибат ин натиҷаи рафтор ва тарзи муносибати байниҳамдигарӣ мебошад. Бояд камбудӣ ё норасоиро на дар шахсияти ҳамдигар ҷуст, балки онро дар носолимии муносибат пайдо кард, зеро ҳар як аъзои оила баҳри ба роҳ мондани ҳамдигарфаҳмӣ воситаҳои муайяни худро истифода мебарад, ки он на ҳамавақт дар мувофиқа аст.
Аз ин рў бояд муносибати дипломатиро роҳандозӣ кард. Муносибати дипломатӣ системаи муносибатҳоро дар байни аъзоёни оила ба зинаи нав мебарорад ва дар бартарафсозии монеъгиҳои ташаккулёбии арзишҳои инсонии оилавӣ нақши босазо мегузорад.
Барои дар оила роҳандозии муносибати зикрӣ якчанд қоидаҳои зерин мавҷуданд:
1. Дарк карда тавонистани ҳамдигар дар муносибат. Муносибате, ки дар он дарки ҳамдигар мавҷуд нест ба низоъ оварда мерасонад.
2. Ба созиш омаданд, гузашт карда тавонистан дигар қоидаи муносибати дипломатӣ аст. Ин яке аз шартҳои ҳатмии муносибати солими оилавӣ мебошад. Ҳангоми муносибат дар оила бояд фаҳмиши дурбинонаи созишӣ бошад.
3. Дар муносибат қадру қиммат, обрӯ ва эътибори ҳамдигарро бояд эътироф кард.
4. Кўшиш ба харљ дод, ки дар муносибати байниҳамии аъзоёни оила руҳияи некбинонаву рӯҳбаландкунанда бошад ва дарки мусбии ҳамдигар нигоҳ дошта шавад. Некбинӣ ҳақиқатан омили мусбӣ дар муносибат мебошад, зеро танқид дар он ба коҳишёбии самарабахшии вай ниҳод мегузорад.
5. Барои муошират вақти мусоид бояд ёфт, зеро ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақомеро дорад.
6. Ҳеҷ гоҳ саволҳо, муроҷиатҳо ва пешниҳодҳоро бе ҷавоб нагузошт.
7. Ростқавл будан, ба ҳамдигар самимӣ будан дар пойдории оила хеле муҳим аст.
Ин љо қайд бояд кард, ки оилаи хушбахт он оилае мебошад, ки дар он фарзандон баҳри сазовории диққати волидон гаштан бо ҳам рақобат намекунанд ва ҳар як монеъгии вобаста ба арзишҳои инсонии оила буда дар атрофи мизи ороста ҳалли худро меёбад.
Афсӯс, ки аксарияти мушоҳидаҳо баръакси ҳолро нишон медиҳад. Зеро аксари оилаҳо монеъгиҳои ба арзишҳои инсонии оилавӣ вобастаро ғайридипломатӣ бо роҳи ҷангу ҷанҷол, таҳқиру фиғон ҳал кардани мешаванд. Баъзан оилаҳо ҳалли чунин монеъгиҳоро бо роҳи гурезу халосӣ ёфтан аз он меҳисобанд, ки ин аз ҳама хатои калон маҳсуб меёбад. Зеро ба болои монеъгиҳои ҳалнаёфта дигар монеъгиҳо зам мешаванд ва ниҳоят он ҳама хеле вазнин ҳалшаванда ва боиси сар задании низоъ мегарданд. Дар ҳолатҳои низоъгӣ сараввал, бояд роҳи дипломатии ҳалли он ин даркнамоии дурусти ҳамдигарро дарёфт кардан аст, ки ин барои ба даст овардани эътирофи нақши худ ва солимгардонии муносибати байниоилавӣ хеле нақши муҳим мебозад. Дипломатӣ ҳал кардани низоъҳо ин махфӣ нигоҳ доштани хафагиву норизогӣ ба ҳамдигар нест, балки он пешкаш кардани нуқтаи назари солим аст. Бояд ҳаминро тазаккур дод, ки аксарияти низоъҳо аз иштирокчиёни низоъ дар ҳалли низоъ сабр карданро талаб мекунад. Аммо дар ҳалли низоъҳо байни волидайну фарзандон, махсусан фарзандони дар синни наврасӣ қарор дошта, таваққуф ва бо танафус низоъро бартараф кардан хеле ба мақсад мувофиқ аст. Кӯшиш бояд кард, ки дар оила лаҳзаҳои хурсандибахш, вазъиятҳои гуворо ва рӯҳбаландкунанда бештар бошанд, то ин ки оила бо тасаввуротҳои позитивӣ саршор бошад ва он ҳама ҷои марказиро дар ҳаёти аъзоени оила ишғол намояд.
Аксарият иштибоҳ мекунанд ҳангоме, ки оилаи худ ва роҳҳои ҳалли монеъгиҳои ба арзишҳои инсонии оила вобастро ба оила шиносону дӯстони худ монанд карданӣ мешаванд. Ба оилаи дигарон тақлид карда ҳаёт бурдан ё ба оилаи дар филмҳо намоишдиҳанда айниятдиҳӣ ғайриимкон аст, зеро инсонҳо такрорнашавандаанд, ҳаёти якҷояву муносибат дар он низ нотакрор аст ва ҳеҷ кас тақдиру ҳаёти дигарро айнан такрор ва барпо карда наметавонад. Ҳамин тавр, ҳар як оила бояд қадам ба қадам модели солиму ягонаи такрорнашавандаи оилавии худро созад.
Турдиев Т.М., мудири кафедраи геоэкология ва методикаи таълими он, дотсент