​Омўзиши забонҳои хориҷӣ-омили муколамаи фарҳангҳо

Дар урфият гуфтаанд, ки «забон донӣ-ҷаҳон донӣ». Бидуни донистани забон кас наметавонад ба дониши хешро такомул диҳад, пеш равад ва дар ҷодаи илм ба комёбиҳо муваффақ шавад. Ин аст, ки Президенти кишварамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронии худ омўхтани чанд забони хориҷӣ, ба хусус русиву англисиро омили муҳимми вуруд ба муколамаи фарҳангҳо ва болоравии маънавиёти ҳар фарди ҷомеа ба шумор овардаанд. Аз ҷумла таъкид кардаанд, ки «имрўз шаҳрвандони зиёди мамлакатамон, аз ҷумла насли ҷавон ба омўзиши забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама русию англисӣ азму талош доранд, то ки ободию осудагии зиндагӣ ва қонеъ гардонидани талаботи маънавии хешро таъмин намоянд», «дар замони глобализатсия, рушди босуръати техника ва давраи пурвусъати инкишофи иттилооти компютерӣ ва амсоли он донистани забонҳо ногузир аст», «омўзиши забонҳои русию англисӣ воқеияти сиёсию фарҳангӣ дорад», «донистани ҳам забони модарӣ ва ҳам забонҳои хориҷӣ ба пешрафти маънавии ҷавонон ва кишвари соҳибистиқлоли мо мусоидат менамояд ва имконияти густариши муносибатҳои дипломатӣ ва робитаҳои фарҳангиву иқтисодиро фароҳам меоварад».

Лозим ба ёдоварист, ки омўхтани забонҳои хориҷӣ бе доштани огоҳии хуб аз нозукиҳои забони модарӣ ѓайриимкон аст. Ҳанўз ҳазор сол қабл Рўдакии бузург фармуда буд:

Мардумони бихрад андар ҳар замон,

Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

Вақте ки кас забони худро ба дараҷаи аъло аз худ намуд, барояш омўхтани забони бегона осон хоҳад шуд, зеро ў ҳангоми омўхтани забони хориҷӣ забони модарияшро ҳамчун «забон-эталон» қарор дода, ба ин восита умумияту тафовути онро аз забони дигар ба осонӣ муайян менамояд. Маҳз ҳамин хусусияти забономўзиро дар назар дошта, академик М. Шакурӣ ба вуҷуд овардани грамматикаи муқоисавии забонҳои тоҷикиву хориҷиро амри зарурӣ ҳисобида буданд.

Сарвари давлатамон низ ҷавононро ҳушдор дода дар як бармади хуб бахшида ба Рўзи забони давлатӣ таъкид карда буданд, ки «ҳар касе, ки забони модарии худро хуб медонад, барои ў омўхтани забонҳои хориҷӣ осон мегардад».

Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ аз ҳар вақти дигар эҳтиёҷи бештаре ба ҳамкории байналхалқӣ ба вуҷуд омадааст ва барои хубу судманд ба роҳ мондани ин самти фаъолият надонистани забонҳои асосии ҷаҳони муосир ѓайриимкон аст. Барои вусъат додани имконияти истифодаи техникаву технологияи компютерӣ дар истеҳсолот ва дпгар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ ҳатмист, зеро забонҳои номбурда омили муҳими вуруди ҳар фард ба фазои тамаддуни муосир ба шумор меояд. Маҳз аз худ намудани забонҳои тазаккурёфта боиси вусъатёбии имконияти сарукор доштани шаҳрвандонро ба техникаю технологияи нав фароҳам меорад ва боиси осон шудани дастарасии онҳо ба маводи иттилоотии техникӣ хоҳад шуд. Ҳамин ҷиҳати омўзиши забонҳои хориҷиро дар назар дошта, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронии худ 20-уми марти соли 2008-ум дар таҷлили Наврўз чунин қайд кардаанд: «Забонҳои хориҷӣ шаҳпуле мебошанд, ки моро бо тамаддуни ҷаҳонӣ мепайванданд, маънавиёти моро ѓанӣ месозанд ва ба рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои дигар мусоидат менамоянд»

Ҳасанзода Абдуҷамол Ашраф-профессори кафедраи забони тоҷикӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ