​Илму маърифат - сарчашмаи саодати инсон

“Аҳли зиё бояд ҳамчун як қишри ҷомеа шакл гирад ва парчамбардори маънавиёт дар байни халқ бошад. Дарку тарғиб ва амалисозии ҳадафҳои миллӣ муҳимтарин рисолати иҷтимоии зиёӣ дар марҳалаи рушди устувори Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро мавқеи маънавию шаҳрвандии зиёӣ, дар навбати аввал, аз муаррифии арзишҳои миллӣ ва ҳадафҳои ояндасози давлатӣ иборат мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа” арзёбӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти навбатии хеш бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки 9-уми марти соли ҷорӣ доир гардид, дар радифи масъалаҳои гуногуни муҳим ба нақши илму китоб, зиёиву олимон дар рушди ҷомеаи имрӯза изҳори назар намуданд. Нахуст аз арҷгузорӣ ба аҳли илму адаб сухан карда аз бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта ёд карданд.

Пешвои миллат илмро бар муқобили хурофот аслиҳаи муҳим мешуморанд ва ҷомеаро пайваста ба мутолиаи китоб талқин мекунад, ки он сарчашмаи дониш хирад ва маърифат мебошад. Дар ин бора, дар Паёми пешвои миллат омадааст: “Дар замони муосир халқу миллатҳо бо роҳи омӯхтану ихтироъ кардани илму дониш ва техникаву технологияҳои муосир кӯшиш мекунанд, ки арзишҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳангӣ ва озодиҳои шахсии худро дар паноҳи давлати соҳибистиқлоли хеш аз таҳдиди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва суйиистифодаи арзишҳо ҳифз намоянд”.

Воқеан ҳам, асри ХХ1 замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин буда, дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад. Аз ин лиҳоз, давлату ҳукумат дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба сармояи инсонӣ диққати аввалиндараҷа равона намудааст. Зеро дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ ба нерӯи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳаммияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири амиқ мерасонад. Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Бинобар ин, дар Ҳукумати кишвар дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудааст. Дар ин раванд, давлату Ҳукумат талош дорад, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшад, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварда шавад.

Бо таъмин намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати мамлакат Ҳукумат бар он талош меварзад, ки рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин менамояд. Боиси таъкид аст, ки татбиқи ин тадбирҳои наҷибу бузург, пеш аз ҳама барои амалигардонии муваффақонаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи кадрҳои ҷавобгў ба ниёзҳои ҷаҳони имрўза, насли нави эҷодкору ихтироъкор, техникону муҳандисон, татбиқгарони илму истеҳсолот мусоидат намуда, ба рушди Ватани азизамон таъсири файзбахш хоҳад расонид.

Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, инчунин озмунҳои “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азиз ман” ва “Илм фурўғи маърифат”амал мекунад бешубҳа барои тарбияи кадрҳои шоиста барои ҷомеаи мутамаддин ба таври зарурӣ мусоидат карда, насли нави эҷодкору дорои тафаккури баландро ба воя мерасонад. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат низ таъкид гардид, ки шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар ин замина, омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Яке аз масъалаҳое, ки дар замони муосир дар баланд бардоштани маърифати аҳли ҷомеа нақши муҳим мебозад, рӯй овардан ба китоб, китобхонӣ ва интишори китоб мебошад, ки аз сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ин ташаббус ва ибтикороти Сарвари давлат аз дониши васеъ ва огоҳии комилашон аз таърихи тамаддуни олам, назари фароху завқи баланди эшон дарак медиҳад. Маҳз дарки баланди масъулият ба ояндаи пуршараф, пурмазмун ва пурмаънои мардуми Тоҷикистон Пешвои миллатро водор намуд, ки ба масъалаи баланд бардоштани маънавияти ҳамватанони хеш таваҷҷӯҳ намоянд ва дар ташаккули маърифати ҷомеа, хоса ҷавонону наврасон эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ин ибтикороти Пешвоимиллат амали таърихист, ки натиҷаҳои некро ба бор хоҳад овард. Зеро китоб бузургтарин ихтирооти инсонист,ки дар ҳамаи давру замонҳо мақому манзалати шоистаро сазовор буд. Аз ҷовидонии он, аҳамияту арзиши бемисли он бузургони ҷаҳон басе гуфтанду навиштаанд. Китоб сарчашмаи илму дониш аст ва зиндагии имрӯза ба илм ниёз дорад ва шинохти таърих, сиёсат, иҷтимоъ аз назари илм моро ба ҳадафҳои аслӣ мерасонад.

Воқеан, ҳам дар замони муосир, ки халқу миллатҳоро таҳдиди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва суйиистифодаи арзишҳо ба нигарон кардааст, бо роҳи омӯхтану ихтироъ кардани илму дониш ва техникаву технологияҳои муосир арзишҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳангӣ ва озодиҳои шахсии инсонҳоро метавон дар паноҳи давлати соҳибистиқлол ҳифз намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин аз бузургтарин шахсияти илму ирфони тоҷик муаллифи китоби ҷаҳонӣ “Маснавии маънавӣ” ёд карда иброз доштанд, ки “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳикмат ва ахлоқи исломиро ба пояҳои бисёр баланди назм бардошта, дар сарҳади се тамаддун – исломӣ, юнонӣ ва насронӣ пули ҳамдигарфаҳмию таҳаммул бино намуд ва гуфтугӯи фарҳангу тамаддунҳоро ба роҳ андохт.

“Чӣ миллатҳову халқиятҳо ва намояндагони дину мазҳабҳои гуногунро дар оромгоҳи Мавлоно намебинед. Чунин фикр мекунам, ки асарҳои офаридаи Мавлоно барои ҳамин шабу рӯзҳоянд, барои ҳама иншо шудаанд, барои муттаҳидӣ, таҳаммулгароӣ, сабру тамкин, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, дӯстӣ ва рафоқат хизмат мекунанд” - таъкид намуданд, Пешвои муаззами миллат, ки ҳақ асту рост.

Дар замони муосир мо бояд ба як масъалаи дигари муҳим низ таваҷҷўҳ дошта бошем: Чунонки, Президенти кишвар дар аксари суханрониҳои худ таъкид меварзанд, имрўзҳо дар тамоми гўшаю канори дунё вусъати бесобиқа ёфтани талоши абарқудратҳо барои амалисозии манфиатҳои худ, азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки бештар хусусияти динӣ гирифтааст, якҷоя бо тағйирёбии иқлим, хушксоливу камобӣ вазъи ҷаҳонро мураккабу пешгӯйинашаванда гардонида истодааст.

Дар ин замина, мо бояд ҳамеша зираконаву огоҳона дар ҳифзи манфиатҳои истиқлоли давлатӣ, ки бар ивази хуни миллионҳо фарзандони миллат ба даст омадааст, талош варзем ва барои бо донишҳои муосир мусаллаҳ намудани насли ҷавон саъйю талош варзем. Пешвои муаззами миллат дар робита, ба созандагони ояндаи Ватани маҳбубамон, яъне ҷавонон барҳақ таъкид намуданд, ки “Шумо – ҷавонони саодатманд, ки ояндасозони ин Ватани биҳиштосо ва фардои Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебошед, метавонед дар ҷаҳони пуртазоди муосир Тоҷикистони соҳибистиқлол ва манфиатҳои давлату миллатро ҳифз кунед, сарзамини аҷдодиро боз ҳам ободу зебо гардонед ва қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандии худро дар назди Модар – Ватан сарбаландона иҷро намоед”. Имрўз нерўҳои илмии вилоят, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ва пажўҳишгоҳҳои мухталифи илмӣ дар баробари таълиму тарбияи шогирдон ба таҳқиқи асосҳои илм машғуланд, моро ба ояндаи дурахшони илми кишвар, татбиқи босамари илм ва истеҳсолот ва рушду шукуфоии кишвари азизамон итминон мебахшанд.

Соли 2024-ум 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки он дар шароити ниҳоят душвори вазъи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иродаи халқи шарафманди кишвар тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ба истиқрори сулҳу субот, низоми ҳаёти ҷомеа, барқарор гардидани қонунияту тартибот ва дар маҷмўъ, рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам овард. Ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа мусоидат хоҳад намуд. Илму дониши дар асоси меъёрҳои қонун ва ҷомеа пазируфташуда ва аз ҷумла, доштани маърифати ҳуқуқӣ ба мисли ҷавшан инсонро аз ҳама гуна балову офатҳо ҳифзу ҳимоя мекунад, намегузорад, ки ба ҳар гуна даъватҳои бебунёду беасос бовар намояд. Зеро таълими ғайриқонунии динӣ дар бисёр ҳолатҳо боиси дар шуури таълимгиранда ташаккул ёфтани фанатизми динӣ ва минбаъд даст задани ӯ ба амалҳои экстремистиву террористӣ мегардад. Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки дар мавриди бартарии илм ва зарари хурофоту бесаводӣ ба ҷомеа чунин зикр намуданд: “Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад. Борҳо гуфтаам, имрӯз низ баён медорам, ки хурофот ҷаҳолат аст, ҷаҳолат барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад”.

Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки дар партави нишондодҳои дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳӣтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар тарзу усулҳои муассири пешгирӣ кардани ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва вайронкунии маҳдудиятҳои бо қонун муқарраршударо роҳандозӣ карда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои муассир андешем.

Халқи шарифу соҳибхиради кишвар аз иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша сарфарозу саодатманд буда, тамоми дастовардҳои Тоҷикистонро аз баракати сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ ва маҳсули даврони соҳибистиқлолии кишвар медонанд.

Бинобар ҳамин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.

Чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, имрўз ҳамаи мо вазифадорем, ки “дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.

Тоҷибой Султонзода, доктори илмҳои филология, Саидумрон Саидов, номзади илмҳои филология, устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ