​Либоси милли рукни муҳими худшиносӣ ва муҳимияти миллӣ

Эҳтироми либоси миллӣ қарзи ҳар як шаҳрвандест, ки миллаташ дорои таърих ва тамаддуни ғанӣ мебошад. Кишварҳои зиёде ҳастанд, ки ҳатто нишонаҳои фарқкунандаи миллӣ надоранд. Вале мо тоҷикон хушбахт аз онем, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ҳастем ва нақшу нигори миллии мо дар либоси мо низ инъикос ёфтааст.

Дар масъалаи асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориё то Сомониён» бешак нақши муассир дорад. Ин сатрҳо баландмазмуну муассирро, ки асари гаронарзиши Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориё то Сомониён» бо он оғоз мегардад, мехонему ба умқи он ғӯтавар мешавем: «Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзаминива марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳанги ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огоҳӣ надорад, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замон худ шуда наметавонанд» [6, с.4].

Ҳар як халқу миллатро маҳз фарҳанги волояш муаррифӣ месозад. Миллати тоҷик низ ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар дар ҷаҳон дорои мавқеъ ва манзалати хос мебошад. Фарҳанги волои тоҷикон дар либосҳои чун пари товус рангоранги мардуми он, хусусан бонувони зебо ва зебопарасташ таҷассум ёфтааст. Воқеан, либос низ як ҷузъи фарҳанг аст. Либоси миллии тоҷикӣ ифодагари назокату малоҳати бонуи тоҷик буда, дар ақсои олам маҳз бо атласу адрас ва чакан симои занҳои тоҷик мондагор мебошад.

Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. ва дигарон дар китоби «Аз таърихи ҳунарҳои мардумӣ» чунин овардааст: «Яке аз намудҳои ҳунармандӣ бофандагӣ маҳсуб меёбад. Бофандагӣ яке аз касбҳои суннатии халқи тоҷик буда, дар шаҳру навоҳии тоҷикнишини Осиёи Марказӣ аз замонҳои қадим маъмул буд. Бофандагон тавассути олоти кории худ - ҳаллоҷӣ, чарх, дӯкон ва ғайра асосан, аз ремонҳои пахтагин, абрешимӣ, пашмин, канабӣ ва зағирпоягӣ матоъҳои гуногун мебофтанд». [5].

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкид намудаанд: «Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор буданиихуд ифтихор кунем» [3].

Дар асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориё то Сомониён» чунин оварда шудааст: «Мо фақат мехоҳем, ки таърихи гузаштаи миллат ва давлату давлатдориамонро хубтар омӯзем, ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ аз ҷанголи карахтӣ ва бегонапарастиҳо раҳида, ба қалри тамаддуну арзишҳои фарҳангӣ, забони миллӣ ва шеъру сухани оламгири ниёгон бирасем; дар зери парчами гузаштагони бузурги хеш гирд омада, истиқлолияту якпорчагии ватани азиз, иттиҳоду ваҳдати ҳамагониро пеша намоем ва давлати воқеан ҳуқуқбунёд, демократи ва дунявиро бунёд созем.

Асари «Тоҷикон» воқеан шӯълае буд, ки ба саҳифаиҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшани андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро ба бор овард ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳу мадор бахшид» инчунин дар китоби мазкур чунин оварда шудааст: «Ҳунари бофандагӣ ҳам ба дараҷаи камолот расида буд. Маъхазҳои хаттӣ газворҳои пашмию пахтагӣ ва сарулибоси аъёну ашрофро зикр кардаанд, ки хеле мураккаб дӯхта мешуданд. Аз Хатлон шоҳии хушсифати гуногунранг меовардаанд» [1, с. 310].

Муаллифони китоби «Аз таърихи ҳунарҳои мардумӣ», Ҷӯразода Ҷ.Ҳ., Исомитдинов Ҷ.Б., Раҳимов И.У., чунин қайд менамоянд: «Яке аз аввалин сабти вожаи «атлас» бо ҳамин ном дар ахбори мазкури Табарӣ оварда шудааст. Аксари пораҳои матоъҳои аз кӯҳи Муғи саргаҳи Зарафшон дарёфтшуда бофти муқаррарии суннатии карбосию суфӣ доштанд. Пораҳои боқимондаи матоъҳои абрешимини кӯҳи Муғ бо услуби сернақшу нигор ва тасвири шерҳо, уштурҳо, мурғон гулабардорӣ шуда, ба нақши атлас шабоҳат дошт» [5, с. 31].

«Атлас навъе яке аз ҳунарҳои суннатӣ мебошад, ки ба он бештар занон машғуланд. Атласбофӣ дар байни мардуми тоҷик ҳамчун як бахши бофандагӣ таърихи тӯлонӣ дошта, барои пешрафти абрешимбофӣ мусоидат кардааст [2, с. 134].

Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон, Таърихи кадимтарини асрҳои миёна ва давраи нав» қайд карда шудааст: «Дар масъалаи матои абрешим бояд ҳаминро гуфт, ки пештар мавҷуд будани онро бечуну чаро ба содироти Хитой вобаста мекарданд. Навтарин бозёфтҳои археологӣ далолат мекунанд, ки кирмакдорӣ ва шоҳибофӣ дар ибтидои асрҳои миёна дар Осиёи Миёна пурра азхуд шуда буд. Дар бобати ҳунармандии Суғд дар ин бора таваққуф хоҳем кард. Алҳол фақат хотирнишон менамоем, ки дар қасри Зангхона (вилояти Сурхондарё) дар қабатҳои асрҳои V–VIII пилла ёфт шудааст» [1, с. 311].

Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. ва дигарон қайд мекунанд, ки вожаи «атлас» аз замони пеш аз ислом то рӯзҳои мо дар мадракҳои хаттии суғдӣ, абёти шоирон, адибон, аз ҷумла Абӯсаиди Абӯлхайр (охири асри Х - нимаи аввали асри XI) Заҳири Форёбӣ (асри XII), Қатрони Табрезӣ (асри Х1-Х11), Саъдии Шерозӣ (асри XIII), Камоли Хуҷандӣ (асри XIV) зикр шудааст. Чунончӣ,

Зебад Камол хирқа бар қомате, ки омад,

Дар чашми ҳиммати ӯ яксон палосу атлас.

Гуфтам гарди палосат з-атласи мо беҳ Камол,

Бо ҳама олам палосу домани дарвешам» [5, с. 32].

Дар китоби «Аз таърихи ҳунарҳои мардумӣ» чунин оварда шудааст: « Атлас, ки матои тору пудаш зичи соф абрешимӣ ва нимабрешимӣ буд, дар зиндагӣ ва маданияти тоҷикон ба тарзи васеъ истифода мешуд. Аз ҷумла, он барои дӯхти сарулибос, пойафзол, тайёр намудани пӯшиши шоҳкурсӣ ва нишастгоҳҳои табақаҳои ашрофон, ҷома ва пероҳани занону мардон сарф мегардид. Инчунин атласи нимабрешимин барои ба абраи кӯрпаю кӯрпачаҳо ба кор мерафт. Атласи олисифат ва хушрангро «хонатлас» меномиданд ва он дар дастгоҳҳои махсус бофта мешуд. Нусхаҳои анъанавии атлас «шоҳсабз», «барги карам» ва «атласи сиёҳ» ном дошт. Ду навъи атласи анъанавро дар дастгоҳҳои (дӯконҳои) бофандагии дастии дорои чорпопушал (чорпедал) ва ҳаштпопушал (ҳаштпедал) истеҳсол менамуданд» [5, с. 35].

Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст. Аз сарчашмаҳо аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд. Халқи тоҷик чун кошиф ва ихтироъкори абрешим, матоъҳои абрешимӣ, аз ҷумла атласи оламшумул дар ақсои олам шуҳратёр гаштааст.

Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икром пероҳанҳои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим менамуданд. Шоҳони қадим товони ҷангро бо матои атлас мепардохтанду бар ивази моҳонаи ҷанговарон барояшон лундаҳои матои атлас медоданд.

Барои ҳамагон равшан аст, ки дар Тоҷикистони азиз мо атласу адраси чашмрабои мардуми Суғд, гулбасту куртачаканҳои дилкаши ҳунармандони Хатлон, гулдўзиҳои нотакрори чеварони минтақаи Рашт, алочаву шоҳии чирадастони водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷўробҳои зебои занҳои ҳунарпарасти Бадахшон хеле овозадор буда, либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷилоҳои минтақаҳои кишвари мо дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.

Фрейман А.А. қайд менамояд, ки «Дар қадим куртаи чакан васеъ дӯхта мешуд, аммо бо гузашти солҳо нисбатан тангтар ва ба мӯди замона мувофиқ дӯхта мешавад. Куртаи чакани кӯлобӣ аз чакандӯзиҳои дигар манотиқ бо ранги баланди матоъ ва ресмонҳояш фарқ мекунад. Куртаю почаи чаканро аслан занҳо рӯзҳои ид, махсусан дар Наврӯз ба бар мекарданд. Асоси гулдӯзии чаканро шакли гулбандина ташкил медиҳад. Намудҳои маъруфи нақши чакан аноргул, аштак, барги бед, бодомак, каҷак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, думи товус, моҳу ситора, пойи гунҷишк мебошанд» [4].

Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша як нуктаро таъкид месозад: дар шарои ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчӣ зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем.

Барои кам шудани шумораи бонувоне, ки либосҳои бегонаро ба бар мекунанд, хуб мешуд, пеш аз ҳама, он дӯконҳои махсус, ки дар бозорҳои калонтарини ҷумҳурӣ мавҷуд мебошанд, назорат карда шаванд. Дӯкону фурӯшгоҳҳои зиёде ҳастанд, ки маҳз барои либосҳои арабӣ ё ҳиҷоб махсусгардонида шудаанд. Инчунин лозим аст, ки тарроҳону дӯзандагон тарҳи нави либосҳои миллиро бо диди наву замонавӣ барои мо пешниҳод созанд. Дар ин сурат дар либоси мо ҳам фарҳанги миллӣ ҳифз мешаваду ҳам рӯ овардан ба унсурҳои бегона аз ҷониби баъзе шахсон камтар мегардад.

Дар ҳақиқат пӯшидани куртаи атласу адрас набояд либоси мавсимӣ бошад ва ба бар кардани он набояд дар арафа ва давраи баргузории иду ҷашнҳо ва илова бар ин бо супориши мақомот сурат бигирад, балки он бояд либоси рӯзмарраи ҳар зани тоҷик бошад. Либоси атласу адрас бешак ҳам ба зани роҳбару соҳибкор зебанда асту ҳам ба олиму омӯзгор ва ҳам ба донишҷӯву хонандаи мактаб.

Мо, омӯзгор ҳастем, бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон –донишҷӯён таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем, дарсҳои тарбиявиро самаранок истифода барем. Абёти пандомези классиконамонро таҳлил намуда, ҷавононро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун бисозем, то ки онҳо дар зиндагӣ доир ба оила, фарзандон, Ватан ва миллат масъулият дошта бошанд, сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонанд. Ба роҳи хато нараванд. Дар дили ҷавонон тухми меҳру муҳаббатро нисбат ба халқу Ватани худ- Тоҷикистони биҳиштосо парвариш карда тавонем. Танҳо он вақт мо ба мақсади ниҳоии худ мерасем, яъне насли ҷавон сипари боэътимоди халқу Ватан мешавад.

Рӯзиева Мавлюда - устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Адабиёти истифодашуда:

  • Бобоҷон Ғафуров.”Тоҷикон” Таърихи кадимтарини асрҳои миёна ва давраи нав” - Душанбе: 2008. 870 саҳ.
  • Мероси фарњанги ѓайримоддї дар Тољикистон. – Душанбе: Эр-граф, 2017. – 280 с.
  • “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», шаҳри Душанбе, 2019.
  • Фрейман А.А. Находка согдийских рукописей и памятников материальной культуры в Таджикистане: Сборник статей о памятниках согдийского языка и культуры, найденных на горе Муг в Таджикской ССР. - Л.: Из. АН ССР. 1934.
  • Ҷӯразода Ҷ.Ҳ., Исомитдинов Ҷ.Б., Раҳимов И.У. Аз таърихи ҳунарҳои мардумӣ. - Хуҷанд: Нуримаърифат, 2021. - 240 саҳ.
  • Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз ориён то сомониён. Нашриёти “London & Flint River Editions U.K.Ltd. GREAT BRITAIN/ 2021 CJK/ 240 саҳ. ( бо ду забон - тоҷикӣ, руссӣ)

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ