ЛИБОСИ МИЛЛӢ-МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛИСТ

Фарде, ки дар замири қалбаш ҳисси муҳаббат ба меҳан, ба халқи хешроо комилан мустаҳкам ҷой кардааст, ў дар ҳақиқат ба миллати муайяне таллуқият доштани худро дарк дораду аз он фахр менамояд. Дарки мазкур ифодагари нуқтаи назари умумияти манфиатҳо, фарҳанги миллӣ, забон ва эътиқоди динӣ мебошад.
Ифтихори миллӣ дар амали он фарде эҳсос мегардад, ки дар ў ҷидду ҷаҳди мусоидат кардан ба рушду ҳифзи ҳамаҷонибаи анъанаҳои миллӣ, забон, фарҳанги моддӣ ва маънавӣ, озодӣ ва истиқлолият миллӣ, нишон додани муқовимат ба миллатгароӣ, бегонапарастӣ, моҷароҷўйӣ ҳувайдо мегардад.
Халқи тоҷик азалан ҳалқи ватандўст, сулҳпарвар, пуртаҳаммул, меҳнатпараст, дорои фарҳанги қадимаи пурбаҳо мебошад, ки онро тўли қарнҳо ҳифз намудаву такомул бахшида истодааст. Бахусус баъди ба даст овардани истиқлолияти миллӣ фазои фарҳангиву масъулияти шаҳрвандии ў то рафт майлони рушду нумўъи тоза ба тоза дорад.
Қабули қонуну қавоидҳои алоҳида оид ба рушду нумўъи фарҳанг, суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳову анҷуманҳои миқёси ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ оид ба эҳёву ҳифзу такомули арзишҳои маънавию моддии миллати куҳанбунёди тоҷик, шаҳодати диққати хоса зоҳир намудан ба фарҳанги он мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки арзишҳои миллию давлатдорӣ арзишҳои муҳиму ивазнашавандае мебошанд, ки новобаста ба манфиатҳои сиёсӣ, мавқеъҳо ва ақидаҳо аз ҷониби аъзои ҷомеа бояд ҳифз карда шаванд. Хусусан, дар замони муосир ин рисолат бояд ҳаматарафа иҷро гардад. Шароити имрўзаи давлати миллии тоҷик муносибати эҳтиёткорона нисбати кулли арзишҳои моддӣ ва ғайримоддиро тақозо мекунад, ки дар ин радиф либоси анъанавии занона низ яке аз қисматҳои фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад.
Тавре Президенти кишвар Э.Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9 марти соли 2024 иброз менамояд: «Воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат собиқаи фаҳангии худ дар либоспўшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рўйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспўшиаш шинохта мешавад».
Занони тоҷик аз қадимулайём либоси ба худ хосро доштанд , ки дар он кувваи дохилӣ, амсоли муқаддасот-«тоҷикона» ниҳон буда, ҳар кадоме дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард, ки маълумотҳо оид ба онро дар асарҳои муаррихони юнонӣ ва хитоӣ во хўрдан мумкин аст. Бозьёфтҳои археологӣ, суратҳои рўи деворҳо ва тасвироти рўи санг шаҳодат медиҳанд, ки аҷдодони тоҷикон аз давраи ташаккули таърихиашон дорои намудҳои гуногуни каллапўшу кулоҳ ва предметҳои ороишу зебу зиннати миллӣ будаанд. Тадқиқоти бозёфтҳо, хусусан маводҳои асри Х1Х ва аввали асри ХХ гувоҳӣ медиҳанд, ки либоси занони тоҷики қисми шимол ва ҷануби Тоҷикистони ҳозира аз якдигар андаке фарқият доранд. Ин фарқият ба иқтисодиёт ва шароити ҷуғрофӣ вобаста аст. Дар қисмати шимоли Тоҷикистон либоси занона асосан аз матоъҳои адрасу атлас дўхта мешуд, дар ҷануби Тоҷикистон бошад, куртаҳои идона, тўёна ва рўзмарраро гулдўзӣ ва юрмадўзӣ мекарданд, ки он чакан ном дошт. Куртаҳои занона мутобиқан бо шартҳои дини ислом қариб тамоми бадани занро рўйпуш мекард.
Бояд зикр намуд, ки либоси анъанавии занони тоҷик чун чузъи фарҳанги моддӣ дар ҳама давру замон дучори таъсирот мегашт, бахусус дар даврони Ҳокимияти Шуравӣ намуди дўхти он дигар гашта, аз навъҳои гуногуни матоъҳои нав истеҳсолшаванда дўхта шуда, дарозии домон ва остинҳо кўтаҳтар гашта, унсурҳои либосҳои аврупоӣ мавриди истифода қарор дошта, то кунун идома дорад. Имрўз унсурҳои либоси аврупоӣ ба рўйхати либосҳои тавсияшаванда шомил гардидааст, ки асоси либосҳои мактабӣ, либосҳои расмии кормандони муассисаҳои давлатиро ташкил медиҳанд.
Бо мурури ташаккули раванди ҷаҳонишавӣ, инқилоби босуръати илму техника, дар натиҷаи дастрасшавии шабакаи интернет ва дигар намуди ВАО ба мардум фарҳанги либоси занонаи миллии тоҷик аз ду тараф дучори таҳдид гардид. Аз як тараф, тақлидкунӣ ба тарзи либоспўшии мардуми Аврупо мебошад. Либосҳои аврупоии занона дорои унсурҳои гуногун аст ва бештари онон «расмӣ» эътироф гардида, хоси олами мутамаддин аст. Вале баъзе намудҳои либосҳои аврупоӣ ба мисли «мини юбка», либосҳои таранг-чингилинг, нимбараҳна, яъне он либосҳое, ки ба «фикру андешаҳои бад» водор месозад, ба паст задани шаъну шарафи миллӣ оварда мерасонад. Аз тарафи дигар, маданияти зебову нотакрори либоспўшии моро тақлиди мардум ба «либоси исломӣ» танг карда истодааст.
Бояд зикр намуд, ки аввалин либосҳои занонаи исломӣ, ба мисли «ҳиҷоб», «сатр» дар охирҳои солҳои 90-уми қарни гузашта дар кўчаҳои Душанбе пайдо шуда, сипас ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон паҳн гардид. Ба андешаи мо, сабабгори паҳн гардидани пўшидани либосҳои исломӣ аз як тараф занон-тарафдорони сохтори расман эътирофгардидаи динӣ, ҳоҷиён, аз тарафи дигар занони соҳибкор, ки бо хариду фурўши чунин либосҳо сарукор доранд, инчунин муҳоҷирзанон мебошанд. Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне намоишкорона пўшидани сатру ҳиҷоб бештар паҳн гардида, ба масъалаи мубрами ҷомеаи муосири мо табдил ёфт. Зеро бегонашавии расму русуми либоспўшӣ-бегонагии фарҳангист, ки истиқлолияти фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллатро халалдор месозад.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба чунин масъалаи доғи рўз зимни суханронӣ бахшида ба Рўзи модарон чунин таъкид доштанд: «Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони мамлакат, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳо низ ба раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад».
Ба ҳамагон маълум аст, ки либосҳои тоҷикӣ яке аз рамзҳои фарҳанги Тоҷикистон мебошад, вале кунун чунин зебоиро танҳо ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, фестивалҳо, рўзҳои ид ва дар деҳот дидан мумкин аст.
Аз ин лиҳоз ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ, пешгирӣ кардани воридшавии дибосҳои ба ном динӣ, вале ба урфу одат ва фарҳанги мо бегона чорабиниҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.
Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣи ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи «Чакан ҳунари гулдўзӣ» дар Тоҷикистон расман ба рўйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид. Дар ҷаласаи 18-уми Кумитаи мазкур, ки 4-9 декабри соли 2023 баргузор гардида буд, анъанаи бофандагии атлас ва адрас низ ба рўйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.
Имрўз, ки Тоҷикистон истиқлолияти худро ба даст оварда, мақоми давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ба даст оварда қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, дар пойдору мустаҳкам намудани пояҳои давлат муваффақиятҳое назаррасро ба даст овардааст. Эҳё намудани арзишҳоии миллӣ, санъати куҳани миллӣ бархе аз он мебошад. Барои эҳё кардани анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла анъанаи бофандагии атлас ва адрас низ чорабиниҳои зиёде амалӣ шудаанд. Яке аз он қабул намудани қарорҳои мутобиқи Раиси вилояти Суғд Р.Аҳмадзода оид ба эҳё ва рушди ҳунармандии халқӣ, тарғибу ташвиқ ва истеҳсоли матоъи миллӣ-атласу адрас, таъмин намудани занон ва духтарон бо шуғл ва ҷойҳои корӣ, муҳайё кардани омили моддӣ, инчунин қадр намудани, меҳнати устоҳо-ҳунармандон мебошад. Мутобиқи маълумоти муассисаи «Маркази эҳё ва рушди истеҳсоли атлас ва адраси дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 262 марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ амал мекунанд, ки аз он 191-тояш муассисаи истеҳсолии атласу адрас аст, ки шаҳодати амалишавии қарори қабулгардида мебошад.
Хурсандиовар аст, ки алъон дар Тоҷикистон либоси миллии атласу адрас ва чакан шўҳрати пешинаи худро ба даст оварда истодааст. Имрўз дар тани занону духтарони ҷумҳурӣ бештар либосҳои аз атласу адрас ва чакани дўхти милливу аврупоӣ дошта бештар ба назар мерасанд, ки ин гувоҳи эҳёи либоси миллии модернизатсия шуда, матоъҳои миллинақш, қадр намудани анъанаҳои аждодон мебошад. Мояи фахр аст, ки атласу адрас ва чакан соҳиби баҳои баланди на танҳо тоҷикистониён, балки берун аз он гардидааст. Мехмонону сайёҳони ба кишвари мо ташрифоварда албатта либосҳои аз атласу адрас ва чакан дўхташуда, ҳадьяҳои атрибут-ҷузъе аз ин матоъҳо доштаро ҳамчун рамзи миллии тоҷикона харидорӣ намуда, бо худ мебаранд ва ин ҳам яке аз роҳҳои тарғибу ташвиқ ва чаҳонишавии либоси миллии халқи тоҷик маҳсуб меёбад.
Раванди ҷаҳонишавӣ албатта, манфиати бештар дорад, ки мо онро инкор намекунем, аммо ин маънои даст кашидан аз фарҳангу забони миллиро надорад. Ҳолати мазкурро ба назар гирифта, зарур мешуморем, ки барои пешгирӣ кардан аз раванди густариши паҳншавии либосҳои бегона, бояд як ҳамоҳангие миёни тарроҳон, фарҳангшиносон, идеологҳои давлатӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба вуҷуд ояд. Дар ин масъала мо бояд чунон нозукбину дурандеш бошем, ки ҳам ҳамқадами замон ва ҳам номбардори ниёгонамон гардем. Хусусан, бо истифода аз дастовардҳои мўди имрўза омезиши моҳиронаро ба роҳ монем, то ки ҷаҳониён бо дидани матоъи сифатноку назарфиреб, тарҳи дилрабову бонузеби либоси тоҷик ангушти ҳайрат газида бошанд. На ин ки мо, балки ҷаҳониёнро месазад, то ба ин ҳунару фарҳанги волои либоси тоҷик тақлид карда бошанд ва мо бояд бо фарҳангу забони миллати хеш фахр намоем.
Ҳамин тавр, месазад масоили тарғибу ташвиқи анъанаҳои неки аждодон ва либосҳои миллиро ҳамаҷониба роҳандозӣ намоем, то мардум ба хубӣ дарк кунанд, ки бегонапарастиву тақлидкорӣ пеш аз ҳама теша ба решаи фарҳанги волои тоҷик мезанад. Фарҳанг ки коста шуд, пояҳои давлат ноустувор ва ниҳоят амнияти ҷамъият халалдор мегардад.
Акилова Мавзуна, н.и.ф., донсенти кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносии МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»