ПРОФЕССОР САЙДУЛЛО АБДУЛЛОЕВ – САРВАРИ СОҲИБИСТЕЪДОД ВА СОҲИБХИРАД

Дар ҳама давру замон шахсиятҳои хирадманду донишманд, устодони раҳнамову ҳидоятгар дар байни ҷомеа мақому манзалат, шӯҳрату эҳтироми хоса доштанд. зеро афроди донишманд бо ақлу заковати хеш машъалафрӯзи илму маърифат, чароғи рӯшанбахши ҷомеа, тарбиятгари ҷавонон, сафобахши меҳру вафо ва атобахши некиву накӯкорӣ мебошанд. Фарди оқилу доно, инсони соҳибдил ва соҳибхирад нерӯи зеҳнӣ, истеъдоди фитрӣ, ҳисси баланди худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватанпарастиро баҳри пешрафти илму маърифат, ободии Ватан равона сохта, дар байни мардум азизу шӯҳратёр мегардад.

Яке аз чунин шахсиятҳои номвари соҳибэҳтиром – Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор, дорандаи чандин мукофотҳо ва ҷоизаҳои баланди давлатию илмӣ Сайдулло Абдуллоев ба ҳисоб мераванд.

Зиндагинома ва кору пайкори профессор Сайдулло Абдуллоев чун садҳо зиёиёни асил ва фидоиёни илму маърифат намунаи ибрат барои насли ҷавон мебошад. Устод Сайдулло Абдуллоев тамоми фаъолияти пурбаракати хешро дар роҳи илму дониш, рушди донишгоҳи мо, тарбияи шогирдон сарф намуда, дар байни аҳли илм ва ҷомеа мақоми шоистаи худро пайдо намудаанд.

Сайдулло Абдуллоев маҳз ба туфайли донишу истеъдод, қобилияти ташкилотчигӣ ва сарварӣ зинаҳои гуногуни мактаби олиро тай намуда, солҳои 1967-1972 ба сифати муаллим, солҳои 1972-1974 муаллими калон, солҳои 1974-1994 дотсент, солҳои 1974-1987 ноибдекани факултети таъриху филология, солҳои 1987-1992 нахустин декани факултети таърих, солҳои 1992-1995 ноибректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кору фаъолият намудаанд.

Устод Сайдулло Абдуллоев ҳануз аз овони донишҷӯӣ ба донишандӯзӣ, таҳқиқи таърихи ниёгонамон шавқу ҳаваси зиёд зоҳир намуда, донишгоҳро бомуваффақият хатм намудаанд. Ӯ бо ҳидояти муаррихи варзида, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ғафур Ҳайдаров соли 1969 ба шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи кафедраи таърихи Иттифоқи шӯравтти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шуда, мавзӯи “Вусъати инқилоби маданӣ дар деҳоти Тоҷикистон дар солҳои 1933-1941 (аз рӯи маводҳои вилояти Ленинобод)”-ро ба сифати рисолаи номзадӣ интихоб кард. Солҳои аспирантӣ мақолаҳояш “Аз таърихи матбуоти ҳизбии солҳои 30-юми вилояти Ленинобод”, “Аз таърихи нигоҳдории тандурустии ноҳияҳои Тоҷикистон (солҳои 30-юм – ибтидои солҳои 40-ум), “Аз таърихи маҳви бесаводӣ дар деҳоти Тоҷикистони Шимолӣ (солҳои 1933-1941)” дар маҷмӯаҳои бонуфузи илмӣ чоп шуданд.

Ба Сайдулло Абдуллоев муяссар гардид, ки соли 1973 бо сари баланд рисолаи номзадиашро дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ҳимоя намоянд.

Маҳорати илмӣ-омӯзгорӣ ва ташкилотчигии Саъдулло Абдуллоевро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 ноябри соли 1995 ӯро ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд тайин намуд. Масъулияти бузурги роҳбарӣ ба дӯши ӯ буд. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баъди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (алҳол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дуюмин донишгоҳи бузурги кишварамон ба ҳисоб мерафт. Дар баробари фаъолияти сарварӣ Сайдуллло Абдуллоев корҳои илмӣ-таҳқиқотиро идома дода, рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Мактабҳои олии Тоҷикистон (солҳои 1931-1991)” таҳти мушовирии илмии профессор Ғ.Ҳ.Ҳайдаров ба анҷом расонида, 16 феврали соли 1996 дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон бо муваффақият дифо каранд. Муқарризони расмӣ Арбобони илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Мансур Бобохонов, доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов ва доктори илмҳои таърих, Назаршо Назаршоев ба рисолаи доктории Саъдулло Абдуллоев баҳои сазовор доданд. 12-уми майи соли 1996 Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба Сайдулло Абдуллоев дараҷаи илмии доктори илмҳои таърихро насиб гардонид.

Воқеаи фаромӯшнашаванда барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд моҳи июни соли 1996 ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ буд. Маҳз дар ҳамин вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор С.А.Абдуллоев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, хоҳиш карданд, ки дар бораи ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гузоштани номи академик Бобоҷон Ғафуров мусоидат намояд.

Ин пешниҳоди аҳли ҷомеаи Донишгоҳро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастгирӣ намуда, санадҳои лозимиро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.

Ин қарори таърихӣ ва фараҳбахш аз ҷониби Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30-юми апрели 1997 дар ҷашни 65– солагии Донишгоҳ дар ҳузури аҳли илму маориф ва фарҳанги вилояту ҷумҳурӣ дар саҳни бинои Раёсати донишгоҳ садо дод. Дар радифи ин муждаи нек Сарвари давлат иброз намуданд, ки: «Як сол қабл аз ин ҳангоми мулоқоти мо бо зиёиёни вилоят, ки дар толори ҳамин Донишгоҳ сурат гирифта буд, пешниҳод шуда буд, ки ба ин Донишгоҳ номи Бобоҷон Fафуров гузошта шавад. Хушбахтона, имрӯз ин нияти хайр ҷомаи амал мепӯшад. Ба номи академик Бобоҷон Fафуров номгузорӣ шудани Дониш­гоҳи давлатии Хуҷанд маънои басо рамзӣ дорад».

Ташрифи паёпайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи мо барои устодону омӯзгорон, кормандон ва кулли дониш­ҷӯён аз арзиши зиёд бархӯрдор буд, зеро ин муассисаи олии таълимӣ дар мамлакат яке аз бузургтарин ва кӯҳантарин боргоҳи илм ба шумор меомад. Роҳбари мамлакат ба нақшу мақоми донишгоҳи мо баҳои баланд дода, зикр намуда буданд, ки шумораи зиёди зиёиён, кормандони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят, ҷумҳурӣ ва Осиёи Марказӣ дастпарварони ин донишгоҳ ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон бо номгузории академик Бобоҷон Fафу­ров Сарвари давлат масъулияти бузурги таърихиро ба ӯҳдаи олимону муҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯён ва аспирантон вогузор намуданд. Зеро пайравӣ ва истиқбол аз зиндагиномаи омӯзандаи ин бузургмарди миллат ҳар як фарди худшиносро барои анҷоми корҳои бузург раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд додани номи Бобоҷон Fафуров, аз як тараф, маънои гиромидошти хотираи ӯ бошад, аз ҷониби дигар, ба он умед аст, ки дастпарварони ин даргоҳи илму маърифат давомдиҳанда ва номбардорони сазовори кору зиндагии ин шахсияти барҷастаи миллатамон бошанд, барои пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон, ваҳдат ва ягонагиамон содиқона хизмат кунанд.

Самту доираи тадқиқотҳои илмии профессор Сайдулло Абдуллоев хеле пурвусъату доманадор буда, масъалаҳои муҳимтарини таърихи таҳаввулоти фарҳангӣ дар шимоли Тоҷикистон ва ҷумҳурӣ, таърихи ташаккул ва рушди макотиби олӣ, таърих ва тамаддуни замони Сомониён, симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори даврони нав, ҳаёти шахсиятҳои наҷиб, аз ҷумла фарзанди фарзонаи миллат аллома Бобоҷон Ғафуров ва ғайраро дарбар мегирад.

Асарҳои пурмуҳтавою илмии Олим ба монанди “Амир Исмоили Сомонӣ”, “Сомониён дар оинаи таърих”, “Исмоили Сомонӣ”, “Амирони Сомонӣ”, “Президент Эмомалӣ Раҳмонов” (ҳаммуаллиф А.Сайфуллоев), “Ҷуғрофияи таърихии давлати Сомониён”, “Фарҳанги Сомониён” ва ғайра номи ӯро чун донишманди асил, муаррихи дақиқкор дар байни аҳли илми ҷумҳурӣ ва берун аз он маълуму машҳур сохтааст.

Гарчанде мо ҷашни устодро бе иштироки ин олими фидоӣ ва инсони комил таҷлил менамоем, аммо профессор Сайдулло Абдуллоев ҳамчун олим, сарвар ва инсони комил, сиёсатмадори варзида дар дилу дидаҳои ҳазорон шогирдон, дустон, ҳамкорон бо кору пайкор ва хотироти нек абадӣ боқӣ мемонад. Хотироти некашон, корҳои созандагиву бунёдкорӣ, мустаҳкам кардани пояҳои моддию техникии донишгоҳ, ташкили ихтисосҳои наву замонавӣ дар таърихи донишгоҳ бо ҳарфҳои заррин навишта мегардад.


Набизода В.М., д.и.т., профессор

Ҷабборзода И.Р., н.и.т., дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ