Паём ҳамчун дастури созанда ва ҳуҷҷати роҳнамо

Чун солҳои гузашта Президенти муҳтарами кишвар, Пешвои миллат ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2024 бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар иҷлосияи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Кишвар баромад намуданд. Президенти муҳтарамнахуст мардуми Тоҷикистон ва аъзои Маҷлиси миллӣ, намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва иштирокдорони Паёмро бо фарорасии соли нави милодӣ шодбош гуфта, ба ҳама, бахусус ба мардуми сарбаланди Тоҷикистони ободу Тоҷикистони озод оромӣ, сулҳу субот, пешрафту шукуфоӣ таманно намуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистонро боз ҳам ояндаи равшан ва саршор аз дастовардҳои нав интизор аст.
Паёми Президенти кишвар чун Паёмҳои қабли ба ҳар як сокини кишварамон ба он умедвор менамояд, ки кишваримо навобаста аз вазъи мураккабисиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшиданизиндагии мардум сол аз сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоишта ва сулҳу амниятро таҳким мебахшад. Бояд қайд намоям, ки дар Паёми имсола аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмасъалаҳои муҳими аввалиндараҷааз қабили инкишофи минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоиёт, саноат, кишоварзӣ, таъмини озуқавории мамлакат, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар, пешгирии ҷинояткории ноболиғон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, тарбияи кадрҳо ва ғайраҳо вазифагузорӣ карда шуд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод. Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд.Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён мекунам. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид.Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт. Танҳо дар асоси пешниҳоди паёми соли гузашта аз аввали соли 2024-ум маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз баланд бардошта шуд. Аз моҳи июл маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд карда шуд. Тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод. Пешвои муаззами миллатдар Паёми навбатӣ қайд намуданд, кидар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Дар ин муддат, яъне дар панҷ соли охир сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард. Яъне дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд. Бо вуҷуди пешравиҳои зикргардида, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд. Илова бар ин, дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Дар фарҷом бояд қайд намоям, ки Паёми Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои фаъолияти мардуми кишварро фаро гирифта, онро ҳар шаҳрванди дилсӯзи кишвар метавонад ҳамчун роҳнамо ва ҳидоятгари ояндаи дурахшони мамлакат истифода барад. Мо пайравони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми малакаву маҳорати худро баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои ояндасози ин марди хирад равона месозем.
Нозим Бобоев, устоди ДДх ба номи академик Б.Ғафуров