​Аҳаммияти панду ҳикматҳои бузургон дар тарбияи насли наврас

Ахлоқи ҳамида беҳтарин неъмат, яке аз рукнҳои муҳимтарини наҷоти миллатдар давраи ҷаҳонишавӣ, интишор ёфтани унсурҳои фарҳангии ба мардуми мо бегона маҳсуб меёбад. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштан ва ягонагии мардумро таъмин намудан имкон дорад. Дар навиштаи ҳозир кўшиш шудааст, ки инъикоси масоили панду ахлоқӣ дар осори мутафаккири бузурги тоҷик Саъдии Шерозӣ иҷмолан баррасӣ гардад.

Дар талқини ғояи ягонагию ваҳдати ҳамаи инсонҳои рўйи Замин шеъри маъруфи Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ беҳтарин мисол аст:

Банӣ Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд…

Чунин ба назар мерасад, ки дар адабиёти ҷаҳон чунин шеър, ки дар он ғояи баланди инсондўстӣ ва ваҳдату ягонагии мардум ба ин ҳад барҷаста ва возеҳ ифода ёфта бошад, хеле кам аст. Беҳуда нест, ки ин мероси адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, ин шоҳкории боазамати Саъдӣ сақфи маҷлисгоҳи ЮНЕСКО-ро зебу зинат медиҳад ва бино бар таъкиди Садриддин Айнӣ: “АсарҳоиСаъдӣ хазинаисуханҳоипурҳикматанд. Саъдӣ шоир ва нависандаи рӯйиҷаҳонист

Дарчанд ҷои китоби “Гулистон” Саъдӣ ба сарватмандону забардастон талқинмекунад, киазмардумозорӣ парҳезнамоянд.. Аз ҷумла, дар қитъаи зерин:

Эй забардасти зердастозор,

Гарм то кай бимонад ин бозор?

Ба чӣ короядат ҷаҳондорӣ?

Мурданат беҳ, кимардумозорӣ!

«Гарм мондани бозор» воҳидифразеологиибисёрмаъмуластвакинояазпурравнақ мондани кору бори дунявӣ. Шоир маргро барои инсонҳое, кибахотиримолумулквасавлатушуҳратбамардумозоривуситамкорӣ мепардозанд, беҳтармедонадва ҳушдормесозад, кидилбастагӣ баин ҷаҳонусарватусармоянашояд, зерорӯземерасад, кибозорииншахсонифосидбакасодмерасад. Дар ҷоидигармегӯяд:

Манонмўрам,кидарпоямбимоланд,

На занбўрам, ки аз нешам биноланд.

Куҷо худ шукри ин неъмат гузорам,

Ки зӯримардумозорӣ надорам].

Қаҳрамони ин қитъабокамолиаҷзизҳормедорад, киман он мӯрчаи нотавонам поймоли инсонҳо ва занбӯрнестам, киаздастинешамнолавуфарёд кунанд. Шукри бахшишу ҳадяиХудовандродорам, ки ҳаргиз бар касе ранҷу озорро раво намебинам.

Саъдии Шерозӣ ахлоқро дар тарбияи инсон хеле муҳим мешуморад. Ба ақидаи ӯ ахлоқ аст, ки инсонро ба камоли одамият мерасонад ва аз муассиртарин воситаҳои ташаккулу тарбияи шуури ваҳдату ҳамдилӣ мебошад. Аз диди Саъдӣ фазилатҳои ахлоқӣ аз худ пайдо намешаванд, балки дар муҳити муайян, дар ҷараёни муносибатҳои одамӣ ва муҳайё будани шароити зарурӣ ба вуҷуд меоянд ва камол меёбанд. Мувофиқи ин андеша агар поксириштонро дар муҳити фосид ё, баръакс, муфсидонро дар муҳити солим парваранд, онҳо таҳти таъсири муҳити тарбият сирати худро тағйир медиҳанд. Ба ин маънӣ дар «Бўстон» мехонем:

Бо бадон ёр гашт ҳамсари Лут,

Хонадони нубувваташ гум гашт.

Саги асҳоби Қаҳф рўзе чанд,

Пайи некон гирифту мардум шуд .

Саъдии Шерозӣ дар қатори дигар муаллимони ахлоқи илму адаби гузашта таъкид мекунад, ки одам некахлоқ ё бадахлоқ зода намешавад ва ў зотан некўкор ё бадкирдор нахоҳад буд, балки, тадриҷан дар натиҷаи таъсири омилҳои муайяни ахлоқӣ хулқу атвори вежаеро мепазирад. Агар омилҳо мусбат бошанд, одам фазилатҳои ҳамидаи ахлоқиро пазируфта, хушахлоқ ба камол мерасад ва баръакс, агар одам дар муҳити бад ба воя расад, бадкирдору разил хоҳад шуд.

Саъдӣ аксар маврид мавқеи иҷтимоии мардумро сарфи назар карда, ба тақсимоти табақавӣ баробарии табиии умумии онҳоро муқобил гузошта, ба намояндагони табақаи сарватманд муроҷиат карда мегўяд:

Дар кам зи хештан ба ҳақорат нигоҳ макун,

Гар беҳтарӣ ба мол, ба гавҳар баробарӣ.

Ин байти воқеан устодонаи Саъдӣ, ки бо шеъри «Банӣ Одам аъзои якдигаранд» ҳамоҳангии комил дорад, бар хилофи тафовути табақавию таассуби қавмии мардум, ки зодаи иҷтимои давр буд, ғояи зотан баробар будани онҳоро пеш мегузошт. Ин нукта ва таъкиди «дар кам зи хештан ба ҳақорат нигоҳ накардан» яке аз унсурҳои асосии тарбияву ташаккули шуури таҳаммулпазирӣ мебошад. Ба афтодагон дасти ёрӣ дароз кардан, ба онҳо мадад расонидан, айбу эрод нагирифтанро ҳанўз сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абўабдуллоҳи Рўдакӣ талқин кардааст:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,

Бар кўру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Пас аз тақрибан 1050 сол ин фикри пурқимату ҳикматноки Рўдакиро дар либоси дигар дорандаи Ҷоизаи Нобел, нависандаи маъруф Габриэл Гарсиа Маркес баён кардааст: «Инсон танҳо дар як ҳолат метавонад ба инсони дигар аз боло ба поён нигарад: дар ҳолати барои бархостан ба афтода даст дароз кардан».

Идроки асли моҳияти иттиҳод, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва инсондўстӣ, ки дар ҷавонмардию лутф, фазлу эҳсон ва ба даст овардани дил ифода меёбад, тавассути мутолиаву ҳифзи осори барҷастаи ниёгон ба даст меояд. Бино ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Эмомалӣ Раҳмон: “Дар тӯли ҳазорсолаҳо моро мутафаккирони оламшумуламон ҳамеша ба озодандешиву истиқлолият, худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдату ҳамзистӣ, ҳамкориву ҳамбастагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ кардаанд. Аз ҷумла, Мавлоно Ҷалолуддини ҳамчун як фарди озодандеш ва инсонпарвар ғояҳои абадзиндаи ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамгироии инсонҳоро шиори зиндагӣ ва маънии ҳаёт дониста, ба инсони огоҳу бедордил, худшиносу худогоҳ ва бофарҳангу некхоҳ арҷи бузург гузоштааст”.

Баррасии андешаҳои ахлоқиву ирфонии Ҷалолуддини Румӣ тақозои давр буда, он дар қонеъ гардонидани ниёзҳои ахлоқию иҷтимоии ҷомеаи кунунии мо судманд хоҳад буд. Шоир дар ҳикояи «Қиссаи ҳудҳуд ва Сулаймон (а.)» – «Дар баёни он ки чун қазо ояд, чашмҳои равшан баста шавад» дар “Маснавии маънавӣ” мегўяд:

Эй басо ҳиндуву турки ҳамзабон,

Эй басо ду турк чун бегонагон.

Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст

Дар замони муосир, ки аз як тараф, ба туфайли раванди ҷаҳонишавӣ ба ҳам наздик гардидани кишварҳою халқҳо, ба сабабҳои маълум муҳоҷирати анбуҳи бузурги одамон аз як қитъа ба қитъаи дигар ба вуқўъ мепайвандад ва бархўрди тамаддунҳои мухталиф ба амал меояд, дар шуури наврасону ҷавонон ҷо кардани таълимоти ахлоқии абврмардони адабиёти оламшумуламон аҳаммияти бештар касб мекунад.

Аскарова Санавбархон Султонходжаевна

н.и.и.,сармуаллимаи кафедраи иқтисодиёти

ҷаҳонии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ