​Тараннуми сулҳу дӯстӣ дар адабиёти тоҷик

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш зикр карда гуфтаанд, ки «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, баҳри беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт. Дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеаи кишвар таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи тираву неруҳои бадхоҳи кишварҳои хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан, мухолифати мусаллаҳона кашиданд, ки дар натиҷа ҳатто хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба вуҷуд омада буд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум барои иқтисодиёти кишвари мо хисороти азимеро ба бор оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор ашхос гардид. Халқи тоҷик тавонист, ки ба орзуи деринаи мардумамон, яъне сулҳу субот дар Ватанамон ноил гашта, бо азму иродаи азми қавӣ барои эъмори давлате саъйи бориз намояд, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал қарор дошта бошад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарини таърихии тоҷикон мебошад, ки он маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардидааст. Имрӯз мо ба шарофати пойдории сулҳу субот давлат ва ҷомеаи нави шаҳрвандӣ бунёд карда истодаем, ки дар чунин низом муносибатҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, шуур ва қобилияти фикрронии инсон аҳаммияти куллан нав пайдо менамоянд. Дар шароити имрӯзаи кишвар бояд ба моҳияти арзишҳо ва ғояҳои демократии нав, тарзи зиндагӣ ва талаботи ҷомеаи адолатпарвар, ки мо бунёди онро марому мақсади хеш қарор додаем, ҷавобгӯ бошем. Ҳар як шаҳрванд ва ҳар инсон бояд муносибати худро ба ташаккули ҷомеаи пешрафта чун мавқеи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ донад. Тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштанд.Ин маънӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш дар китоби муқаддаси ниёгони мо «Авасто», ки аз қадимтарин мероси мазҳабӣ ва адабии мардумони нажоди ориёнӣ, аз ҷумла тоҷикон маҳсуб меёбад, ба таври зайл омадааст: «Мо сулҳу саломатиро меситонем, ки ҷангу ситезаро дарҳам бикашад. Бишавад, ки мо бо ҳамаи ростону дурустон, ки дар саросари кишварҳо ҳастанд, ҳамкору анбоз бошем ва ба якдигар муҳаббату ёрӣ намоем».Мутафаккир ва шоири барҷастаи адабиёти классикии тоҷику форс Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки яке аз поягузорони мактаби фалсафаи ваҳдати умуминсонӣ маҳсуб меёбад, худро на тарсову яҳуд, на габру мусулмон, на шарқиву ғарбӣ, балки як инсони ҳамаро фарогир ҳисобидааст, ки ин баландтарин ифодаи башардӯстӣ, омили рафъсозандаи низоъҳои минтақавӣ, қавмӣ ва фарҳангиву динӣ ба шумор меравад. Афкори Мавлонои Балхӣ, ки бештар ҳамдилиро аз ҳамзабони беҳтар медонад, собит месозад, ки ҷавҳари миллати тоҷик аз азал бо таҳаммулгароӣ сиришта шудааст ва тоҷикон бо қавму миллатҳои дигар ҳамеша дар фазои сулҳу субот ва ҳамраъйиву дӯстӣ зиндагӣ доштаанд. Месазад, зикр кард, ки шоирон бо ашъори пурғановату пурэъҷози худ аз тамоми санъатҳои шеърӣ истифода бурда, истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллатамонро васф намуда, ба рӯҳияи мардум ҳусни тозае зам менамоянд. Насле, ки дар даврони шӯравӣ тавлид шуда, тарбия ёфтааст, бо шунидани калимаи сулҳ ба ёди шоири ширинкалом, вассофи сулҳ - Мирзо Турсунзода меафтад. Мирзо Турсунзода аз бузургтарин шоирони садаи ХХ тоҷик аст, ки суннатҳои ғаниву рангини осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Низомиву Шайх Саъдӣ, Камолу Хоҷа Ҳофиз, Мавлоно Ҷомиву Бедилро бо андешаву эҳсосоти баланди худ идома ва такмил дода, дар бӯстони назми оламшумули форсизабон дарахти тозаи пурсамаре ба вуҷуд овард. Номи осори ӯ на танҳо дар меҳанимаҳбубамон, балки берун аз он дар кишварҳои гуногуни Шарқу Ғарб паҳн гардида, шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст. Вай аз нахустин шоироне ҳаст, ки дар адабиёти тоҷик мавзӯи сулҳу дӯстиро дар ашъори худ васф намудааст. Маҳз ин шоири зиндаёд барои таҳкими сулҳу дӯстии мардумони ҷаҳон тӯли фаъолияти кориаш ба кишварҳои гуногуни дунё сафар карда, баҳри дӯстию рафоқат, барқарории сулҳ кӯшишҳои зиёде ба анҷом расонидааст. Замоне, ки устод чун паҳнкунандаи ғояҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон муайян гардид ва ашъори сулҳҷӯёнаи ӯ ба авҷи воло расида буд, хонандаи он оид ба ҷангу нооромӣ ва талафоти ҷонӣ танҳо аз китобҳои таъриху тавассути матбуот тасаввурот дошту халос. Албатта, моҳияти ин калимаро дуруст дарк мекард, вале таъми ширини «сулҳ»-ро дар хуну пӯсти худ ҳанӯз эҳсос накарда буд. Танҳо баъди ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки мардуми заҳматкашидаи тоҷик ба сулҳу субот ноил гардиданд, бори дигар ба ашъори пурмуҳтавои шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода рӯй оварданд. Акнун барои ҳамагон маълум шуд, ки чаро замоне устод «Суруди сулҳ»-ро бо хуни дил ва тапиданҳои беороми дил навишта будааст. Ба даст овардани ин неъмати бебаҳо, дар ҳақиқат басо душвору сангин аст. Мисраъҳои зерин шоҳкорианд дар мавзӯи сулҳ, ки дар ҳама давру замон моҳияти худро гум намекунанд: Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил, Бо тапиданҳои беорому рӯзафзуни дил.Яке аз асарҳои пурарзиши устод Мирзо Турсунзода достони «Ҷони ширин» маҳсуб ёфта, бо баробари инъикоси бисёр масоили муҳимми замон, ба монанди дӯстию ҳамоҳангии халқҳо, мавқеи зан ва мақоми ӯ дар ҷомеа, инчунин тараннуми сулҳ низ бо сабку услуби хосе таҳрезӣ шудаанд. Шоир ҳадафи сафарҳояшро ҳамчун вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ аз тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва баробарию бародарӣ мешуморад. Мунодии сулҳ аз ин вазифаи пурифтихори хеш болида шуда, қайд кардааст: Мо сафар дорем бо амри Ватан,Бо супоришҳои халқи хештан.Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Устод Мирзо Турсунзода дар асари мазкур бо ҳисси баланди вафодорӣ ва садоқат нисбат ба оила моҳияти асосии ин ду калимаи муқаддаси «сулҳ» ва «дӯстӣ»- ро бо содагиву равонӣ чунин шарҳ додааст:Ҷони ширин, бин, чӣ сон сулҳ аст зӯр,
Бин, чӣ сон шуд дӯстӣ моро зарур.

Дар ашъори устод Турсунзода мавзӯъҳои сулҳу амонӣ ва дӯстиву рафоқат чун гӯшту нохун ба ҳам пайвастаанд. Ин маънӣ дар шеъри “Дӯстонро гум макун” сода ва самимӣ баён гардидааст:То тавонӣ, дӯстонро гум макун,Дӯстони меҳрубонро гум макун.Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,Мушкилосонкун касонро гум макун. Дӯст ояд сахт дар оғӯш гир, Расми хуби тоҷиконро гум макун.Шеъри “Дӯстонро гум макун” аз силсила шеърҳои “Дастовез” аст ва ин силсила шомили 17 шеър буда, дар моҳҳои июн-июли соли 1975 дар яке аз бемористони шаҳри Маскав эҷод гардидааст. Бинобар ин шеъри мазкур як навъ васияти шоири бемор ба мардуми тоҷик мебошад.
Умуман, шоир дар шеърҳои сулҳхоҳона ва ба дӯстиву рафоқат бахшидааш тавонист, ки ҳам ҳунарӣ нигорандагӣ, ҳам ҷаҳонбиниву мавқеи иҷтимоӣ, ҳам таҷрибаи аз ҷаҳонгардӣ андӯхтаи худро дар либоси сухани бадеӣ ба ҷилва орад. Хушбахтона ҳукми таърих чунин шуд, ки шоир ва арбоби барҷастаи ҷамъиятию давлатӣ Мирзо Турсунзода дар ҷомеъа ва рушди маънавиёти он ҷой ва мақоми худро дорад. Мирзо Турсунзода зимни сафарҳояш ба мамолики гуногуни кишварҳои Осиё ва Африқо, ҳангоме ки паёми сулҳро дар фазои минтақаҳо танинандоз мегардонид, ба хубӣ дарк намуда буд, ки мафҳуми сулҳ, яъне, идомаи зиндагӣ, ояндаи дурахшон ва абадият аст. Барои ҳамагон маълум буд, ки ҷанг танҳо барои ашхоси алоҳидаи манфиатҷӯву адолатпеша лозим аст ва қувваи аксарият ҷонибдори сулҳу дӯстист. Дар ҷое устод аксуламали оммаро нисбат ба ин ду мафҳум чунин тасвир намудааст: Сулҳ гӯӣ, мисли гул хандон шаванд,Ҷанг гӯӣ, аз ғазаб тӯфон шаванд.Ё, дар ҷои дигар меоварад, ки Шеъри Турсунзода рози ваҳдат аст, Ҳам суруди сулҳ бар ҳар миллат аст.

Оре, сулҳ мафҳумест бузургу пурборанг, ифодакунандаи амният, осоиштагӣ озодӣ, истиқлолият ва нишони ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист. Тавре шоири сулҳҷӯ Турсунзода гуфтааст:Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,Хоби орому табассумҳои хуррами кӯдакон.

Сулҳ дар ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик ва фарҳангдӯст бо каломи «Ваҳдат» пайванд гардида, мафҳуми бештареро фарогир шуд. Акнун дар ҷумҳурии азизамон, рӯзи 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин санади таърихӣ, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид, маҳз пайғоми ҷонбахше аз фарорасии сулҳи деринтизори миллат буд. Дар он ормони халқи мо бо каломи ширини Сулҳ ва Ваҳдат таҷассум ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ҷомаи амал пӯшидани ин орзу гувоҳи тинати поку сулҳпарвар, фарҳанги сиёсӣ ва заковати баланди мардуми тоҷик аст. Мардуми мо ин рӯзро чун рӯзи баҳамоӣ, ҳамгироӣ, сулҳу оштӣ ва ваҳдату ҳамфикрӣ ҷашн мегиранд. Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он, Дарҷ бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам.

Мо мардуми Тоҷикистон ҳамчун ворисони ҳақиқии Мирзо Турсунзода, месазад, ки тамоми нерӯи хешро барои абадзинда гардонидани номи ӯ бо худ барем ва қадрдониву эҳтироми ин шахси олимақомро то ҷовидон гиромӣ дошта бошем, то ки баъди гузашти солҳову асрҳо дигарон барои шуҳрати ҷаҳониаш шуда, ин устоди фарҳангнишонро ворисӣ накунанд. Зеро мо ин амалро на як бору ду бор дар арсаи таърих бар сарнавишти миллати худ дидаем.
Зиндагони нур гирад аз сафои дӯстӣ,
Бишкуфад гулзори санъат аз навои дӯстӣ.
Аҳли олам мешавад бо ҳамдигар ёру рафиқ,
Гар шавад партафишон ҳар су ливои дӯстӣ.
Маҳз ба туфайли дӯстию рафоқат, меҳрубонию садоқат, тифоқию якдилӣ бародарӣ, зиндагӣ баҳри инсон боз ҳам рангину гуворотар мегардад. Аз инҷост, ки шуаро ва удабои гузаштаи мо аз абад то кунун дӯстию бародариро дар ашъору осори пурғановати худ ҳамчун ганҷинаи нодир тараннум менамоянд. Бигузор шоири сулҳҷую сулҳпарвар устод Мирзо Турсунзода бо ашъори пурғановату саршор аз дӯстию рафоқаташ солҳои сол, асрҳои аср, то ҳастии дунё ҳаст ҷовиду муқаддас бимонад. Бигузор бо сабақи сулҳпарваронаю саршор аз тараннуми дӯстиаш пайваста дар дили мардуми сайёра ишқу муҳаббат, меҳру садоқатро лабрез гардонида, бадиҳо, зулму золимӣ ва ҷангу ҷидолӣ сокинони дунёро ба дуриҳои дур бибараду дӯстию бародарӣ ҳамеша ҷовид бимонад.Бояд зикр намуд, ки оромию ободии кишвари азизамон, зиндагии осуда ва амнияти мардум аз ҳар шаҳрванди миллатдӯсту ватанпарвар вобаста аст. Таманно мекунем, ки ҳамеша Тоҷикистони маҳбубам ваҳдатистони ҷаҳон бошаду ҳамбастагӣ ва ҳамдилии тамоми шаҳрвандони кишварамон раҳнамои мо ба уфуқҳои тозаи пешрафт гардад.

Пӯлотов Назирҷон, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассиони ҷавони МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ