Тарбияи ахлоқӣ дар адабиёти тоҷик

Ашъори гаронмояи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдулқодири Бедилро дар ташаккули маърифату ахлоқ ва инсонгароиву ҳамдилӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили забондонӣ, тақвияти ҷаҳони маънавии инсонҳо муҳим арзёбӣ мекунанд. Осори ин суханварони барҷастаи форсу тоҷик беҳтарин хислатҳои одамӣ, аз ҷумла, ғояҳои меҳанпарастӣ, одамият, ваҳдату хушахлоқиро тарғиб менамояд. Сулҳу ваҳдати миллӣ беҳтарин неъмат, орзуву ормонҳои инсонӣ буда, ба дарки таҳкими давлату давлатдорӣ, рушду нумўи миллат, озодию ободӣ раҳнамун месозад. Мафҳуми ягонагию ваҳдати тамоми мардуми рўйи Замин дар шеъри маъруфи Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ифода ёфтааст:

Банӣ Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд…

Чунин ба назар мерасад, ки дар адабиёти ҷаҳон чунин шеър, ки дар он ғояи баланди инсондўстӣ ва ваҳдату ягонагии мардум ба ин ҳад барҷаста ва возеҳ ифода ёфта бошад, хеле кам аст. Беҳуда нест, ки ин мероси адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, ин шоҳкории боазамати Саъдӣ сақфи маҷлисгоҳи ЮНЕСКО-ро зебу зинат медиҳад ва бино бар ишораи Садриддин Айнӣ: “АсарҳоиСаъдӣ хазинаисуханҳоипурҳикматанд. Саъдӣ шоир ва нависандаи рӯйиҷаҳонист”. Панди зериниСаъдӣ ба эҳтироми ҳамдигарӣ талқин менамояд:

Эй забардасти зердастозор,

Гарм то кай бимонад ин бозор?

Ба чӣ короядат ҷаҳондорӣ?

Мурданат беҳ, кимардумозорӣ!

«Гарм будани бозор» воҳидифразеологиибисёрмаъмуластвакинояазпурравнақ гаштани кору бори дунявӣ мебошад. Шоир маргро барои ашхосе, кибахотиримолумулква шукуҳушуҳратбамардумозоривуситамкорӣ машғуланд, беҳтармедонад.Ахлоқи накӯ шахсро ба камоли одамият мерасонад ва аз муассиртарин воситаи ташаккулу тарбияи шуури ваҳдату ҳамдилӣ мебошад.

Идроки моҳияти ахлоқи накӯ, иттиҳод, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва рафоқат, ки дар ҷавонмардию лутф, фазлу эҳсон ва ба даст овардани дил ифода меёбад, тавассути мутолиаи осори барҷастаи ниёкон, ки саршори панду андарз аст, ба даст меояд. Бино ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Эмомалӣ Раҳмон: “Дар тӯли ҳазорсолаҳо моро мутафаккирони оламшумуламон ҳамеша ба озодандешиву истиқлолият, худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдату ҳамзистӣ, ҳамкориву ҳамбастагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ кардаанд. Аз ҷумла, Мавлоно Ҷалолуддини ҳамчун як фарди озодандеш ва инсонпарвар ғояҳои абадзиндаи ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамгироии инсонҳоро шиори зиндагӣ ва маънии ҳаёт дониста, ба инсони огоҳу бедордил, худшиносу худогоҳ ва бофарҳангу некхоҳ арҷи бузург гузоштааст”.

Баррасии андешаҳои ахлоқиву ирфонии Ҷалолуддини Румӣ тақозои давр буда, он дар қонеъ гардонидани ниёзҳои ахлоқию иҷтимоии ҷомеаи кунунии мо судманд хоҳад буд. Шоир дар ҳикояи «Қиссаи ҳудҳуд ва Сулаймон (а.)» – «Дар баёни он ки чун қазо ояд, чашмҳои равшан баста шавад» дар “Маснавии маънавӣ” мегўяд:

Эй басо ҳиндуву турки ҳамзабон,

Эй басо ду турк чун бегонагон.

Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Дар тавзеҳи ин байтҳо шарҳнигор Карими Замонӣ аз осори мансури Мавлоно намуна овардааст: «…асли қаробат ва маҳрамият аз ошноӣ ва ҳамбастагии дилҳо ҳосил меояд, чи бисёр авқот, ки ду нафар зоҳиран ҳамзабон нестанд, вале ҳамдилӣ доранд. Шоире тозизабон ба боргоҳи подшоҳе туркзабон меравад ва дар мадҳи ў ашъоре ба арабӣ мехонад ва он шоҳ низ бо шунидани ҳар байт аксуламали муносиб аз худ нишон медиҳад. Ин масъала сабаби тааҷҷуби ҳуззор мешавад ва аз худ мепурсанд: «Чӣ гуна мумкин аст, шоҳе, ки арабӣ намедонад, ба мавқеъ аксуламали муносиб ва мутобиқ ба мазмуни ашъор аз худ нишон диҳад?». Пас, маълум шуд, ки мақсуд асл аст».

Худшиносиву худогоҳӣ аз унсурҳои асосии иттиҳоду ҳамбастагӣ маҳсуб ёфта, яке аз шартҳои муҳимтарини худшиносӣ дар феълу хўйи худ аз байн бурдани хислатҳои манфӣ аст. Румӣ мегўяд:

Ин ҷаҳон кўҳ асту феъли мо нидо,

Сўйи мо ояд нидоҳоро садо.

Ин ҷаҳон монанди кўҳ аст ва аъмоли мо монанди бонгу фарёдест, ки дар кўҳ танин меафканад ва дубора ба сўйи мо боз мегардад. Ҳар амале, ки анҷом медиҳем, албатта, натиҷаи онро мебинем. Лозим ба таъкид аст, ки ин маъноро Мавлоно дар чанд ҳикояи «Маснавӣ» ифода намудааст. Дар дафтари чорум омадааст:

Ҷумла донанд ин, агар ту награвӣ,

Ҳар чӣ мекориш, рўзе бидравӣ.

Дар қиссаи «Назар кардани шер дар чоҳ ва дидани акси худро ва он харгўшро» Румӣ нуктаи мазкурро нисбатан муфассал баён мекунад:

Эй басо зулме, ки бинӣ дар касон,

Хўйи ту бошад дар эшон, эй фалон…

Румӣ ин ҷо ба хулосае мерасад, ки одамӣ бояд, қабл аз ҳама, феълу рафтори худро нарму мулоим созад, то ҷавобан аз дигаре муомалаву муносибати мувофиқро бинад.

Гузаштагони мо ба нармсуханӣ ва ширингуфторӣ, ки ҷузъи ахлоқи ҳамида ва меҳру муҳаббати байниҳамдигарист, диққати ҷиддӣ додаанд. Дар осори шоирони форсу тоҷик матлаби зиёде оид ба забон, ки ҳам сабаби озори касон ва ҳам боиси фараҳу шодии одамон шуда метавонад, зикр шудааст. Дар тарбияи таҳаммулпазирии хонандагон фаҳмонидани фазилатҳои нармсуханӣ бо андарзҳои ҳакимона судманд дониста мешавад. Румӣ низ ба тарбияи ин сифати инсонӣ аҳаммият додааст:

Эй забон, ҳам ганҷи бепоён туӣ,

Эй забон, ҳам ранҷи бедармон туӣ.

Ҳамаи мутафаккирону бузургони тоҷик ба ташаккул ва такмили ахлоқи ҳамида, ки дар муҳити иҷтимоӣ ва хонавода бо таъсири тарбияву парвариш сурат мегирад, аҳаммияти ҷиддӣ додаанд. Аз назари Бедили Деҳлавӣ танҳо дар сояи ваҳдат пешрафту оромиву осоиштагӣ имконпазир аст ва роҳи расидан ба саодати поянда аз ин неъмати бузург ба даст меояд:

Зулмати моро фурўғи нури ваҳдат ҷозиб аст,

Соя аз худ меравад охир ба тарфи офтоб.

Дар замони муосир, ки аз як тараф, ба туфайли раванди ҷаҳонишавӣ ба ҳам наздик гардидани кишвару халқҳо, аз тарафи дигар, ба сабабҳои маълум муҳоҷирати анбуҳи бузурги одамон аз як қитъа ба қитъаи дигар ба вуқуъ мепайвандад ва бархўрди тамаддунҳои мухталиф ба амал меояд, масъалаи тавҳиду ягонагӣ ва ташаккули он дар шуури наврасону ҷавонон аҳаммияти бештар касб мекунад. Ташаккули ҳисси иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ аз мутолиаи осори бузургони илму адаб ва ҳосили донишу маърифат имкон дорад.

Муқаддасхон Хоҷаева, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ