​Либосимиллӣ рукнимуҳимихудшиносӣва ҳуввияти миллӣ

Ҳар якхалқумиллатро қабл аз ҳама ба воситаилибос ва забонимиллиаш мешиносанд. Либосимиллиитоҷикӣҳамчун армуғони табиии минтақаҳоикишварамонмаҳсубмеёбад. Дар замони ҷаҳонишавӣлибоси миллӣмуаррифгарифарҳангихалқи мутамаддинбуда, арҷ гузоштанваэҳтироми онҳамчунрамзиарзишҳои миллӣифодагаритамаддунидавлатҳомаҳсуб меёбад.

Мо болибосимиллиихешифтихор мекунем. Либосимиллии мобо рангорангӣ,бо санъати иҷро ва рамзҳоиҳадафнокумаънидорихудэътирофшудавумаҳбубгардидааст. Инлибосзебандаизанонудухтарони тоҷикмебошад.

Бабар намудани либоси миллӣ ба солимии бонувон таъсир мерасонад. Либосимиллииатласуадрас,чаканродухтаронубонувонитоҷикимрӯз дар ҷашнучорабиниҳоифарҳангӣба барменамоянд, ки хелешинаму зебанда аст. Атласуадрас, чакану зардӯзиҳо дарпироҳанимардумимова кулоҳҳоирангу барангимардуми мо ҳама ҳадафҳоизебоипарастӣ ва бори мантиқ бо худ мебаранду беҳадаф ва беасоснестанд.

Баргузориифестивал-озмунҳоиатласуадрас, чакан, ки дар шаҳрунавоҳии ҷумҳуриамон ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати беандоза таҷлил мегардад, ба эҳё шуданианъанаҳоимиллӣмусоидатмекунад.

Атласу адрас маҳсули меҳнати ҳунармандии халқӣ буда, чун воситаи муҳими эстетикию ороишӣ бо зиндагӣ ва завқибадеиимардумробитаи ногусастанӣдоранд.

Солҳои пешин атласи олисифати хушрангро “хонатлас” меномиданд ва онро дар дастгоҳҳои махсус мебофтанд. Имрӯз бо дастгирииҳокимияти маҳаллӣ бархе аз бонувони ҳунарманди мо ин ҳунари меросиро хуб азхуд кардаанд ва бомуваффақонамаҳсули дастонашонропешкашимардум мекунанд.

Одобилибоспӯшӣмуаррифгаримеъёрҳоиахлоқӣбуда,эҳтиром гузоштан ба либоси миллӣхуд нишондиҳандаишинохтиарзишҳои миллӣва аҷдодӣаз тарафисоҳибонифарҳангмебошад.

Як замон чаканҳои зеборотанҳодухтарониминтақаиКӯлобдӯхтаметавонистанд. Ҳоло бошад, гулдухтарони хуҷандивубадахшонӣ, духтаронидигар минтақаҳои кишварчаканҳоибеҳтарин медӯзанд, кикасро ба ҳайратмеоранд.

Атласуадрасбофӣ, чакануқуроқдӯзӣ, зардӯзиюқолинбофӣ, ки солҳои охирба онҳо аз ҷонибидавлатуҳукуматдиққ атибештар дода мешавад,яке азбеҳтаринганҷинаисуннатҳоимиллиимардуми тоҷикмаҳсубмеёбанд.

Либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг буда, сатҳи маърифатимиллатдарон таҷассуммегардад. Мобояд онро эҳтиром ваарҷгузорӣ кунем.

Боташаббуси шӯъбаи вилоятииҲХДТ моҳи апрели соли ҷорӣ аксияимуҳими “Тоҷиконамепӯшем” баргузоркарда шуд, ки дар онустодонудонишҷӯйдухтарони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” ва дигардонишгоҳҳоимаркази вилоят, аз ҷумла, духтарони факултети таърих ва ҳуқуқ иштирок намуда, дар тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ саҳм гузоштанд. Дар кӯчаҳои Хуҷандшаҳр, дар мағозавубозорҳои марказӣбо сару либосимиллӣгаштугузор намуда, бо варақаҳои тарғиботӣ байни мардум гашта, ҳамагонро ба пӯшидани либосҳои миллӣ ва даст кашидан азбегонапарастӣдаъват намуданд.

Хурсандиовар аст, киимрӯз қарибҳамаибонувону донишҷӯйдухтарони мо атласу адрасу чакан бабар карда истодаанд ва боварӣ ҳаст, ки бегонапарастӣ, тақлидкорӣ бафарҳанги бегона решакан мегардад.

Рофиева Н.Ғ., муаллимаи калони кафедраи таърихи умумии

ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ