Инъикоси муаммои таҳаммулпазирӣ дар таҳқиқоти олимон-педагогони муосир
Файзиева Ҳанифахон
омӯзгори кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ
Инкишофи таҳаммулпазирӣ аз ниёзҳои воқеии ҷомеаи муосир мебошад. Дар шароити ташаккули муносибатҳои нави иҷтимоию иқтисодӣ проблемаи илман асосноки мутобиқати таҳсилот ба он аҳамияти муҳим касб мекунад. Айни замон давраи ҳозираи рушди таҳсилот, ҷомеа ва давлатиТоҷикистон ба қадри кофӣ мураккаб ва пурзиддият мебошад. Нобасомониҳои иҷтимоии даҳсолаи охири асри XX ва ибтидои асри XXI дар ҳама соҳаҳои муносибатҳо аз ҷумла дар бобати таҳаммулпазирӣ низ ҳодисаҳои манфиро равнақ доданд.
Дар ҷомеа зиддиятҳои иҷтимоӣ боло гирифт, ахлоқи иҷтимоӣ рӯ ба таназзул овард, фишор ва зулму ситам ва эътирози иҷтимоӣ ба вуҷуд омад. Ин проблемаҳо бояд дар сатҳҳои гуногун ҳаллу фасл шаванд. Аз як тараф тадбирҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии умумидавлатӣ, аз тарафи дигар чорабиниҳои педагогӣ дар ҳалли низоъву зиддиятҳо мадад хоҳанд расонд.
Бояд дар назар дошт, ки ҷомеаи Тоҷикистон бо таркиби иҷтимоию синфии худ, бо зиддиятҳои худ, робитаю муносибатҳои худ, бо хусусиятҳои интиқоли арзишҳои маънавӣ ва модели ҳамкории пурсамар бо ҷаҳон мураккаб мебошад.
Фарзанди мо, ки зиндагии ӯ аз нахустин моҳу солҳо дар оилаи этноси мушаххас сурат мегирад, асосан дар доираи як фарҳанги миллӣ тарбия меёбад. Муошират дар муҳити иҷтимоӣ ва таълим дар мактаб, аз як тараф хусусияти умда, фардӣ ва нотакрор, аз тарафи дигар тамоюли гуногун фарҳангӣ (поликультура) ва ё фарҳанги ноқиси шахсият таҳаммулпазирии ӯро ташкил менамояд.
Аз ин рӯ, гузориши проблемаи тарбияи таҳаммулпазирӣ дар шароити гуногун фарҳанги Тоҷикистон, баназари мо, тамоюли муҳим ва пешқадам буда, аҳамияти иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсӣ дорад, зеро дар шароити гуногун фарҳангӣ бар асоси арзишҳои таҳаммулпазирӣ муттаҳид сохтани ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои шахсияти кӯдак ва ҷомеа аҳамияти муҳим касб менамояд. Бинобар ин, ғояи тарбияи шахсияти сулҳофар, ки бо ташаккули таҳаммулпазирӣ, сулҳхоҳӣ ҳалли мусбат ва босамарии проблемаҳои ҳаётӣ алоқаманд аст, дар педагогикаи миллӣ яке аз ҷойҳои марказиро ишғол мекунад[2].
Фарҳанги гуманистии тоҷик иқтидори калони сулҳофарӣ дорад, ки бояд ҳам дар миқёси давлатӣ ва ҳам дар ҷараёни педагогӣ амалӣ гардад. Таҳаммулпазирӣ барои татбиқи амалии сулҳ ва ба даст овардани сулҳ зарур мебошад.
Дар ин самт ҳаллу фасли як қатор зиддиятҳое, ки барои равандҳои ҳозираи таҳсилот дар оила ва мактаб хосанд зарур мебошад:
- байни талаботи ҷомеа ва давлат ҷиҳати ташаккули шахсиятҳои таҳаммулпазир ва нокифоя будани раванди амалии педагогӣ ҳамчун воситаи инкишофи таҳаммулпазирӣ;
- байни иқтидори имконоти тарбиявии мактаб ва оила ҷиҳати рафъи низоъҳо ва нокифоя будани коркарди назарӣ ва амалияи (технологияи) ташаккули таҳаммулпазирӣ.
байни суръати такмили технологияи нав ва омодагии мактаб ва оила, ҷиҳати татбиқион дар фаъолияти хеш.
Педагогҳоимуосир бояд ба он таваҷҷӯҳ зоҳирсозанд, ки дар фарҳангихалқҳоигуногун оид ба чунин меъёрҳоиахлоқӣ: гузашт, муросо, созиш, истиқлол, таваккал, зуроварӣ чӣ тасаввуроте дарҷ ёфтааст. Бисёр олимон таъкид месозанд, ки умумияти сифатии этникӣ, барои зиндамондани инсон зарур ин ё он усули тарбияро интихоб мекунад. Ташаккули ин сифатҳоаз бисёр ҷиҳатба тарзи ҳаётиодамон алоқамандмебошад. Масалан, барои ҷамъияти деҳқонӣ ва чорводорӣ ба адолат, масъулият, ғамхорӣ талаб ва арҷгузорӣ мешаванд. Тадқиқоти муқоисавиидонишмандиКанада Ламберт оид бахусусиятҳоитарбият дар 11 мамолики дунё нишон дод, ки қатъиятусахтгирии волидон на ба тааллуқотиэтникӣ, балки ба мавқеи иҷтимоиионҳовобаста мебошад. Дар ҳама кишварҳоволидони коргар нисбат ба намояндагони табақаимиёна серталабтар ва қатъитарбудаанд, ки ин ба мардикорон сари хам ва итоатро талқин мекард. Дар кишварҳое, ки оилаҳоияккафарзанд афзалият дорад (ИМА, Мексика, Олмон), бачаҳонисбат ба якдигар дустию рафоқатзоҳирмесохтандба фишору зӯроварӣ кам майл мекарданд. Ва баръакс, дар фарҳангҳое, ки вазифа ва мартабаҳоииҷтимоӣ бисёранд ва ҳаттомиёни хешовандон рақобатвуҷуддорад, бачаҳобештар барақобат, худхоҳӣ ва бадбинӣ майл менамоянд [4].
Солҳоиохир тадқиқипроблемаи таҳаммулпазирӣ ва ташаккули он хеле вусъат ёфт, ҳарчанддарки он ҳанӯздар осори фалсафии Гераклит, баъдтар Локк, Вольтер, В. Соловьев, П.Флоренский, Н. Бердяев ва дигарон оғозгардида буд.
Тоқатпазирӣ ва таҳаммул низ ба ҳамдигар ҳаммаъноянд. Ин мафҳумҳо аз забони англисии толеранс (толерант, толеранте, толератион...) гирифта шудааст, ки ба маъноҳои тоқатпазир, сабур, қаноатбахш, таҳаммул, таҳаммулпазир, тобоварӣ, тобу тоқат, тоб овардан, тоқат кардан меояд.
Муҳақкиқ Г. Олпорт таъкид мекунад, ки одамони тоқатпазир нисбат ба дигарон худашонро беҳтар мешиносанд, комёбӣ ва нокомиашонро беҳтар медонанд. Азбаски рафтору гуфтори худро баҳо дода метавонанд, дар онҳо сифати худинкишофёбӣ хубтар ривоҷ меёбад. Баръакс, одамони тоқатнопазир дар худ пеш аз ҳама нисбат ба камбудиҳо муваффақиятҳо меҷуянд, барои ҳамин ҳам одамони дигарро гунаҳкор меҳисобанд. Барои одамони тоқатнопазирзиндагӣ мушкилтараст. Онҳона худро дида метавонанд, на дигаронро. Ҳамешахудроноҳинҷор, нороҳат ҳисмекунанд, гӯёкасеонҳоротаъқибмекардабошад. Одамони тоқатнопазир байни худию бегона фарқ мегузоранд ва худиҳороаз ҳама волотар медонанд. Барои одамони тоқатпазир ин хусусият бегона аст. Онҳо ҷаҳонигуногуни инсонро эътироф мекунанд ва омодаанд, ки фикру мулоҳизаҳои ҳамарошунаванд. Одами тоқатпазирба худ ва қобилиятихудбоварӣ дорад, ба заҳмати худ ва ақидаи худ такя мекунад, барои худ муҳити эҷодӣ меофарад. Дар ҳалли манфии ин ё он масъала, пеш аз ҳама, худро гунаҳкормеҳисобанд. Ба ин тариқ, ду роҳиинкишофи шахсият ба мушоҳидамерасад: тоқатпазирӣ ва тоқатнопазирӣ.
Сифати одамони тоқатпазир аз инҳоиборатанд:
-вазифашиносӣ,боварӣ ба худ;
-дарки фарқи чизҳои асосӣ ва муҳим;
Меъёрҳоипсихологии асосии одамони тоқатпазир инҳоянд:
-иҷтимоӣ будан;
-фаъолияти ғайристандартӣ, ҷустуҷӯинусхаҳоигуногуни ҳалли масьалаҳо;
-тағйирпазирӣ дар робита бо вазъияти ба амал омада;
-дарки ҷаҳони ботинии ҳамсӯҳбат;
-устувории майлимаънавию иҷтимоӣ[5].
Ҳаминро ҳам бояд қайд кард, ки ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар муносибат бо дигарон одамони тоқатпазир нисбат ба тоқатнопазирон азоби рӯҳӣ мекашанд. Шахси тоқатпазир бар он ба даст овардани мақсади гузошта метавонад, баъзе чизҳоро аз даст диҳад, ки кори саҳл нест. Бо вуҷуди ин бояд розӣ шуд, зеро шояд манфиати қадима, халқ, миллат, ватан ё башар дар миён бошад. Дар ин вазъият одами тоқатпазир азоби рӯҳӣ мекашад, виҷдонаш азоб медиҳад, вале манфиати умум волост.
Барои одамони тоқатнопазир низоъ, дасиса, хушумат, ихтилоф, рафтори таҷовузкорона хос аст. Ин гуна одамон дар таърихи башарият ҷангҳои хонамонсӯз, таъқибҳои динию мазҳабӣ, ихтилофҳои идеологии зиёдеро ба бор овардаанд.
Таҳаммул ва ҳусни тафоҳум ба ҳама ва пеш аз ҳама, ба фиристодагоне хос мебошад, ки давлатеро дар ҳамаи созмонҳои ҷаҳонии аҳли башар намояндагӣ мекунанд. Онҳо дар ҷаласа ва гуфтугӯйҳои гуногун сӯҳбаторо бошанд, бо муколама, гуфтор, ҳусни тафоҳум намунаи ибрат нишон дода ба иззати нафси намояндаи давлате ё халқе нарасанд.
Бори дигар таъкид менамоем, ки таҳаммул, ҳусни тафоҳум ва тоқатпазирӣ аз эҳтироми ақидаи дигарон ба миён меояд. Шахс бояд бо ҳамсӯҳбат ва мунаққиди худ, ки аз ӯ фарқ мекунад, бо таҳаммул бошад, фикри ӯро гӯш карда тавонад. Тоқатпазир будан яке аз сифатҳои мусбати муносибати башардустона ва шаҳрванд буда, сабабгори асосии пешгирӣ кардани низоъҳои эҳтимолии байни шаҳрвандон ба амал оянда мебошад.
Агар шаҳрванд тоқатпазир ва бо таҳаммул тарбия ёфта бошад, пас ҷомеа низ дар як ақидагию бисёрақидагӣ нисбати ҳамдигар ва давлат, нисбати шаҳрвандоне, ки онро танқид мекунанд тоқатпазир аст. Тоқатпазир будан омили муҳиму самарабахшии гуфту шунид, мулоқот, муколама ва музокирот мебошад.
Тоқатпазирӣ нишонаи муҳими фарҳанги баланди муколамаи байниодамону давлат мебошад. Ҷомеаи домократӣ ба тоқатпазир ва ботаҳаммул будани шаҳрвандон эҳтиёҷи калон дорад ва онро яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа меҳисобанд.
ПАЙНАВИШТ :
- Болдырев Н.И. Педагогика. Учебное пособие для студентов педагогических институтов. - М.: Просвещение, г 1968. - С. 115.
- Брагинский И.С “Иследования по таджикской културе” Издательство “Наука”, М., 1977
- Лутфуллоев М. Дарс.-Душанбе, 1995.-186с.
- Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир.-Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2010.-432 с.
- Орифӣ М “Аз таърихи афкори педагогии халқи тоҷик”, Душанбе, 1962
- Сулаймонӣ С. Донишномаи педагогикаи навин.-Душанбе: Ирфон, 2009.-800 с.
- Шарифзода Ф. Педагогика: Назарияи инсонофар ва ҷомеаи фарҳангӣ. -Душанбе: Ирфон, 2010. -544 с.