Таҷассуми ваҳдати миллӣ дар ашъори бузургон
Панду андарзҳои форсии тоҷикӣ аз шоҳкорҳои барҷастае ҳастанд, ки бо камоли устодиву ҳунармандӣ, ба зеботарин ваҳҷ эҷод гашта, барои тарбияи инсони комил дастури муфиду арзанда ба шумор мераванд ва мавзуъҳои мухталифи рӯзгорро ба таври муҷазу муассир инъикос менамоянд. Халқи тоҷик дар тамоми давру замонҳо ҷонибдори созандагӣ, эҷод, бунёдкориву пешрафти илму дониш буданд, ба иттиҳоду ҳамзистии хайрхоҳона арҷ мегузоштанд. Шахс барои дарки ҳақиқати ҳаёт бояд ақлу донишро истифода намояд, ба ҳаводиси ҷаҳон бо чашми хирад нигарад ва кӯшиши дарёфти моҳияти онҳоро намояд. Мутафаккирони барҷаста дар осори арзишманди хеш масъалаи сулҳу ваҳдат ва инсонгароиро дар меҳвари таваҷҷуҳи худ қарор додаанд. Тамоми ҷузъиёти зиндагиро бо нигоҳи нозукбини худ ба мушоҳида гирифта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳамзамононро аз роҳи баду зулм ва истибдоду вайронкорӣ боздоранд, ба ҷодаи некию накӯкорӣ ва созандагӣ раҳнамун созанд. Ҳар касе ба ҳавасҳои худ муқобилат карда тавонад, сазовори иззату эҳтиром мегардад. Шавқу рағбат ва ҳавасҳои худро идора карда тавонистан аз хирадмандист ва вазифаи инсон на танҳо ба ғами дигарон шарик шудан, балки манфиат бахшидан мебошад. Бо парвариши ин сифатҳо обрӯи каси хайрхоҳу некӯкор дар назари одамони дигар меафзояд. Дар таълимоти ахлоқии Саноии Ғазнавӣ ғояи дӯстиву рафоқат чунин тазаккур ёфтааст:
Дӯстонро ба гоҳи суду зиён
Битавон диду озмуд тавон.
Бино ба андешаи шоир, шахс дӯсти ҳақиқиро замони ғаму шодӣ ба дурустӣ метавонад эҳсос намояд. Дӯстӣ набояд бар пояи манфиатҳои моддӣ ва шахсӣ бунёд ёбад ва кас аз муоширату муомала бо шахсоне, ки дӯстиро ба хотири ҳадафҳои ғаразнок истифода мекунанд, иҷтиноб бояд варзад. Носанҷида дӯстӣ варзидан ғаму пушаймонӣ ба бор меорад. Дӯстӣ бо одами шоиставу сазовор корест бузург ва суҳбату муошират бо одами носазовор мояи бадбахтист. Дӯстӣ ҳамон вақт самимӣ буда метавонад, ки инсон манфиатҳои рафиқи худро аз манфиатҳои худ боло гузорад. Чунон ки Саъдӣ мефармояд:
Ёр он бувад, ки сабр кунад бар ҷафои ёр,
Тарки ризои хеш кунад бар ризои ёр.
Тарбияи ҷавонон дар замони муосир бояд ба ташаккули майл ба худтакмилдиҳӣ ва ҳадафҳои муайяни ҳаётӣ дар шуури онҳо равона карда шавад. Дар интихоби роҳи зиндагӣ ҷаҳонбинӣ нақши арзанда дорад ва таҳти мафҳуми ҷаҳонбинӣ маҷмуи ақидаҳои инсон нисбат ба ҷомеа, табиат ва худ идрок карда мегардад. Мусаллам аст, ки ҳангоми ба таври сатҳӣ донишазхудкунӣ, ҷаҳонбинии илмии шахс ташаккул намеёбад ва таҳсил ҳеҷ ҳосиле ба бор намеорад. Вақте кас кӯшиши фаҳмидани ҳаётро менамояд, низоми ҷамъбасткардаи ақоид, эътиқодот ва ғояҳое, ки шахс дар он муносибати худро ба муҳити иҷтимоӣ ифода карда, тамоми донишҳои дар бораи ҷаҳон андӯхтааш муттаҳид мешавад. Густариши ҷаҳонбинӣ ба рушди шахс таъсиргузор аст ва азхудкунии арзишҳои миллӣ дар раванди таълим ба унвони ташаккули маънавият хидмат мекунад.
Асоси сиёсати дохилию хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳкими амният ва сулҳу ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад. Мавсуф барои ҳалли онҳо чораҳои зиёдеро андешида, мавриди таваҷҷуҳи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва сиёсатмадорони маъруфи олам қарор додаанд. Боиси ифтихору сарфарозии тамоми тоҷикон аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми сентябри соли 2024-ум дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар пешниҳоди судманд - Қатънома дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»-ро арза доштанд, ки шоистаи таҳсину дастгириҳост. Ҳадаф аз он таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомади даҳшатбори он аст. Пешниҳоди мазкур бори дигар ба аҳли башар тоҷиконро чун мардуми фарҳангофарину сулҳпарвар, бунёдкору созанда муаррифӣ менамояд.
Тафаккур аз вазъи андуҳбори гузашта ва муқоисаи он парокандагӣ бо ваҳдати имрўз ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, ки огоҳона амният, оромиву осудагӣ ва сулҳу ваҳдати миллиро арљ гузорем. Аз ихтилофоту тафриқа, кинаву бадхоҳӣ дурӣ љўем ва сўйи маърифатухудшиносӣ роҳ ёбем. Парвариши ин гуна сифатҳо барои дарки арзишҳои миллӣ, боз кардани дарҳои маънӣ, бархурдорӣ аз ганљинаи забони модарӣ мусоидат мекунад ва дар ҳама ҷода онҳоро комёбу муваффақ мегардонад. Тафаккур аз вазъи андуҳбори гузашта ва муқоисаи он парокандагӣ бо ваҳдати имрўз ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, ки огоҳона амният, оромиву осудагӣ ва сулҳу ваҳдати миллиро арљ гузорем. Аз ихтилофоту тафриқа, кинаву бадхоҳӣ дурӣ љўем ва сўйи маърифатухудшиносӣ роҳ ёбем. Парвариши ин гуна сифатҳо барои дарки арзишҳои миллӣ, боз кардани дарҳои маънӣ, бархурдорӣ аз ганљинаи забону адаби миллӣ мусоидат мекунад ва дар ҳама ҷода инсонҳоро комёбу муваффақ мегардонад.
Пўлотова Шоира, номзади илмҳои филологӣ,
дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва
адабиёти тоҷик