​Либоси миллӣ рукни муҳими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ

Эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ – рамзи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи ватандориву ватандӯстии халқи тоҷик имконят дод, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намояд. Тоҷикистон дар давоми 32 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташабуссҳои оламшумули ин шахсияти арзанда тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмиллалӣ касб намояд.

Миллати тоҷик дорои таърихи қадима ва фарҳанги тамаддунофар мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаҳои эҳёи анъанаҳои миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар гардида, бо таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ва ривоҷу равнақи тоза гирифт.

Тавре ки аз таърих маълум аст, инсоният аз аввали пайдоиши ҳаёт дар табақаҳои иҷтимоии гуногун вобаста ба мавқеи ҷамъиятии худ, ба масъалаи пӯшидани либос диққати махсус медоданд. Агар ба ибтидои ташаккули инсоният оид ба интихобу пӯшидани либос назар афканем, воқиф мегардем, ки инсон барои пӯшидани тан аз барги дарахтон, пӯсти ҳайвонҳо истифода карда бошанд ҳам, минбаъд вобаста ба тараққиёти шуури ҷамъиятӣ истифодаи ин фарҳангро ба шаклҳои гуногун густариш додаанд.

Фарҳанги либоспӯшӣ бо мурури замон, оҳиста-оҳиста тараққӣ ёфта, маданияти ҷудогонаеро барои ҳар як миллат муайян ва муқаррар намуд.

Дар замони муосир ҳар як халқу давлат мувофиқ ба шароити иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои ҳамон ҷомеа ва миллати худ хос либоси махсусро интихоб намуда, онро ба расмият даровардааст.

Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мурури замон танзим ва риояи либосҳои миллӣ ба расмият дароварда шудаанд. Вале, ба назар мерасад, ки на ҳама қишри ҷомеа талаботи муқаррароти мазкурро риоя менамоянд.

Мутаассифона, имрӯз ба қишре аз ҷомеаи кишвар, алалхусус-ҷавонон, тамошои кинофилмҳои туркӣ, суруд ва мусиқиҳои тақлидкунандаи фарҳанги бегона таъсири манфӣ расонидааст. Махсусан, қишри наврасу ҷавон дар донишгоҳ ва донишкадаҳо пӯшидани ҷӯробҳои кӯтоҳ ҳам дар байни ҷавондухтарон ва ҳам байни ҷавонписарон, пойафзолҳои варзишӣ (красовка), ниқобҳои сиёҳ, сатру ҳиҷоб барин либосҳоеро ба бар менамоянд, ки ҳам ба саломатӣ ва ҳам ба эстетикаи пӯшидани онҳо, ки ба талаботи либоси ягонаи донишҷӯйӣ ҷавобгӯ нестанд, аз фарҳанги паст доштан ва тақлид ба бегонапарастӣ дарак медиҳад.

Тавре ки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».

Дар робита ба масъалаи мазкур ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз тақлид ба фарҳанги бегона ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ лозим меояд, ки зимни баргузории машғулиятҳои тарбиявӣ, ба масъалаҳои арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, одоби пӯшидани сару либос ва риояи меъёри муқараргардидаи тартиби либоспӯшии донишҷён аҳамияти ҷидди дода, ба корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият бахшем, ҳамчунин дар ин замина дар замири онҳо фарҳанги либоспӯшии миллиро бедор намоем.

Дар айни ҳол мардуми мо, хусусан занон ба сару либосҳои эронӣ, туркӣ ва дигар миллатҳо тақлид мекунанд, ки боиси паст гардидани пешравии фарҳанги либосҳои миллии мо мегардад. Бо истифода аз фарҳанги пӯшиши либосҳои эронӣ аксари онҳо бар он ақидаанд, ки гӯё дар тақводорӣ, диндорӣ худро мустаҳкам нишон медиҳанд, ки ин, албатта, хатои маҳз аст. Бехабар аз он ки бо ин амалашон эҳтиром ва қадру қиммати маданияти либоспӯшии модарони тоҷикро зери по мекунанд ва тадриҷан ин амал ба косташавии фарҳанги волои либоспӯшии миллати тоҷик таъсиррасон мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки яке аз ифодагари тамаддуни хеле пешрафтаи халқи тоҷик ин либоси миллӣ мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки аз қадимулайём гузаштагони мо бофарҳанг, бомаданияту зебопараст буданд, ки онҳо бо пӯшидани либосҳои миллии худ ҳам тамаддун ва ҳам фарҳанги миллати тоҷикро дар таърихи башарият маъруфу машҳур намудаанд.

Вақте ки сухан дар бораи либос меравад, дар зери мафҳуми он либоси миллӣ ҳамчун як рукни муҳимми фарҳанги миллӣ дар назар дошта мешавад, ки бояд арзишмандии маънавии онро ҳифз бояд кард, то наслҳои оянда низ ба он арҷгузору меросбар бошанд.

Дар ин раванд дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар як халқ дар худ симои маънавии ӯро таҷассум менамояд, василаи муҳимми худшиносӣ ва худогоҳӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳама давру замон инкишофу пешравии фарҳанги миллӣ дар дасти ҷавонон буд. Ҷавонон, аз ҷумла духтарон метавонанд, фарҳанги худро боз ҳам баланд бардошта, бо либоси адрасу атлас ва чакан, мӯйи бофта, тоқии гулдӯзӣ худро зебу зиннат дода, маданияти миллии худро бо ин амалашон дар олам муаррифӣ намоянд.

Хушбахтона, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи мазкур Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Бо талошҳои пайвастаи он кас дар баробари расму оинҳои миллӣ ба масъалаи либос низ аҳамияти махсус дода шуд. Яке аз чунин либосҳо, ки бо он дар ҷаҳон халқи тоҷикро шинохтанд, чакани тоҷикӣ мебошад.

Либоси миллии дигар, ки атласу адрас аст, имрӯзҳо дар ҷашну чорабиниҳои фарҳангӣ бонувони тоҷик онро ба бар менамоянд, ки ҳамчун нишони ҳуввияти волои миллати тоҷик мебошад.

Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як фарди тоҷик дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли ҷавон мебошад.

Либоси миллӣ оинаест, ки дар он фарҳанги миллии мо инъикос ёфтааст. Миллати тоҷик миллати соҳибтоҷ аст, аз ин лиҳоз, дар тамоми соҳаҳо мо бояд аз таърихи бостониву тамаддунсози худ, аз ҳунар ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ҳамзамон, аз либосҳои миллӣ, аз матои атласу адрас ва зардӯзиву чакан, ки моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, бархурдор бошем.

Ҳамин тариқ, моро зарур аст, ки ба қадри фарҳанги волои тоҷиконаи худ бирасем ва иффату зебоии занонаи худро ҳамеша нигаҳбон бошему занону бонувону ҷавондухтаронро дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва хештанпарастӣ тарбия намоему аз либоси миллии худ ифтихор дошта бошем.

Имрӯзҳо миллaти моро дaр ҷaҳон бо либоси зебои миллӣ, бa монaнди aтлaсу aдрaс вa чaкaн, ки ҳaмчун сaрвaти нодир вa бебaҳои фарҳанги мaрдуми тоҷик, муaррифӣ гaрдидaaст, мешиносaнд. Либоси миллӣ, хусусaн, чaкaну чaкaнпӯшӣ ҳaмчун рaмзи ифодaгaри фaрҳaнги миллӣ, тaърихи куҳaн доштa, имрӯз низ бонувони тоҷик онро бо ифтихору қaноaтмaндӣ бо нигорaҳои хосси тоҷикӣ медӯзaнду мепӯшaнд.

Либоси миллии тоҷикӣ як ҷузъи фaрҳaнги бою ғaнии миллaти соҳибтaмaддуни мо бa шумор мерaвaд. Он ёдгор aз aҷдодони соҳибхирaд вa тaърихофaрaмон будa, дaр тӯли қaрнҳо зебоӣ вa ҷaззобияти худро гум нaкaрдaaст. Хушбaхтонa, бaъди бa дaст овaрдaни Истиқлоли дaвлaтӣ бо тaвaҷҷуҳи роҳбaрияти кишвaр бa эҳёи ҳунaрҳои мaрдумӣ вa тaшвиқу тaрғиби либоси миллӣ, бори дигaр ин ғaновaти фaрҳaнгӣ вa тaърихии миллaти тоҷик дaр кишвaр вa берун aз он мaҳбубият пaйдо нaмуд.

Бояд гуфт, эҳтироми либоси миллӣ, ки ҷузъи aсосии фaрҳaнги олaмшулaмон мебошaд, қaрзи ҳaр як шaҳрвaнд, махсусан бонувон бa ҳисоб мерaвaд. Мо, тоҷикон хушбaхт aз он бояд бошем, ки дорои тaърихи чaндинҳaзорсолa ҳaстем вa нaқшу нигори миллии мо дaр либоси мо низ инъикос ёфтaaст.

Зaнону модaрони тоҷик дaр ҳaмa дaвру зaмон посдори оину aнъaнaҳои муқaддaси хaлқу миллaт бa шумор мерaвaнд. Вaқте сухaн aз либоси миллӣ мерaвaд, ҳaтмaн пеши нaзaр симои зaнон бо сaру либоси хоссa пеши нaзaр меоянд.

Дaр кишвaри мо нaфaреро пaйдо нaмудaн душвор aст, ки мaфтуни сеҳру ҷaззобияти aтлaсу aдрaси Суғд, чaкaни Хaтлон, гулдӯзиҳои нотaкрори минтaқaи Рaшт, aлочaву шоҳии водии Ҳисор, рaнгҳои пурҷилои куртaву тоқӣ вa ҷӯробҳои Бaдaхшон нaбошaд. Либоси миллии мо мaҳз бо ҳaмин рaнгу ҷило дaр ҷaҳон муaррифӣ гaрдидaaст.

Ногуфтa нaмонaд, ки тaшaккул вa ривоҷ додaни фaрҳaнги миллӣ дaр худшиносӣ вa руҳияи вaтaндӯстии мо нaқши муҳимму кaлидӣ дорaд. Тaрғибу тaшвиқи либоси миллӣ низ чун ҷузъи aсосии фaрҳaнг дaр руҳияи вaтaндӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносию худогоҳии нaсли ҷaвон нaқши созгор мегузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон таъкид намуданд, ки мрӯзҳо миёни занону духтарон майл ба бегонапарастӣ зиёд мушоҳида мешавад ва бояд пеши роҳи он, ки хатари азбайнравии фарҳанги миллиро ба вуҷуд меорад, гирифта шавад. Мутаассифона, имрӯзҳо ин рукни фарҳанги миллиро бархе аз ҷавонон, махсусан занону бонувон ба назар намегиранд ва ба фарҳанги бегона тақлид менамоянд.

Пас, чаро мо бояд либоси бегонаро, ки ҳеҷ умумияте ба фарҳанги мо надорад, ба бар намоем?. Набояд фаромӯш кард, ки либоси миллӣ муаррифгар ва инъикосгари фарҳанги миллии аҷдодии мост. Дар раванди ҷаҳонишавӣ бо таъриху фарҳанг ва либоси миллии хеш тоҷикона худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Халқи тоҷикро бо фарҳанги хоси шарқиёна дар ҷаҳон мешиносанду эҳтиром мекунанд. Тамоми он урфу одатҳо ва анъанаву таоруфоти Шарқ, ки онро ҳамеша бо мафҳуми “Ғарб” муқобил мегузоранд, маҳз дар минтақаҳои таҳти нуфузи тоҷикон падид омада ва шакл гирифтааст. Бо ин далел метавон гуфт, ки дар қолабгирии маданияти аксари мардуми Шарқ халқи соҳибтамаддуни мо нақши муассир бозидааст. Маданияти мардумони Шарқу Ғарб аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Муошират, муносибат, меҳмондорӣ, тарзи либоспӯшӣ, одатҳои анъанавӣ, тӯйу сур, мотаму азодорӣ ва ҳатто равобит бо хешону наздикон низ дар ин ду фарҳанг батамом аз ҳамдигар мутафовитанд. Маданиятҳои мазкур дар пояи расму оини азалии баъзе халқу миллатҳо ва таъсири дину дигар муносибатҳои иҷтимоӣ шакл гирифтаанд, ки имрӯз ҳам ҷомеаи инсонӣ ба ин раванд идома бахшида истодааст. Дар асри 21 зери таъсири муносиботи капиталистӣ ва ҷараёни ҷаҳонишавӣ дар қатори бархӯрди манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ, ҳамчунин, раванди бархӯрди фарҳангҳо низ ба миён омад. Ба тамоми ҷаҳон паҳн гардидани шабакаи интернет, робитаи бештар аз пештар байни кишварҳо ва ҳатто муносибатҳои сиёсию низомӣ дар ҷаҳон суръати раванди баҳамойии фарҳангҳоро тезонид. Дар ин миён, бо таъсири раванди мазкур баъзе аз одатҳои мардуми ғарбро халқиятҳои шарқ қабул намуданд, ки намунаи онро дар тамоми кишварҳои дунё метавон мушоҳида намуд.

Назарзода Нигина, омӯзгори факултети забонҳои хориҷӣ,

кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ