Заминаҳои тарбияи хештаншиносии наврасону ҷавонон
Шуури миллӣ ва тавассути он ҳувияти миллӣ низоми ягонаи ҷаҳонбинии шахс дар бораи худ, падару модар, аҷдод ва умуман таърихи миллати хеш мебошад, ки тӯли ҳазорсолаҳо, хосатан, дар ҳамин сарзамин чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд. Ба воя расидаанд. Кору фаъолият кардаанд. Забон, урфу одат ва тамаддуни он шакл гирифтааст. Афроди миллат дар рақобат, муборизаҳо ва ҷонбозиҳои шадид сарзамин ва арзишҳои миллии худро ҳифз кардаанд. Маҳз бо ном ва ба хотири ҳамин миллат дар набардҳо ва муборизаҳои хунини таърих тавонистаанд ҳувияти миллии хешро нигоҳ доранд. Давлат созанд. Дар олам бо номи миллати худ муаррифӣ гарданд.
Аммо бедор кардани шуури хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар шароити вобастагӣ аз шуури ғайримиллӣ, ки садсолаҳо дар мағз андар мағзи одамон ҷой гирифтааст, кори саҳл нест. Он муборизаи дастҷамъонаро тавассути имконоти давлатдорӣ − оила, мактаб, илм, маориф, фарҳанг, васоити ахбори умум ва муҳимтар аз ҳама рӯҳи ба андозаи қавӣ ташаккулёфтаи зиёиёни миллиро тақозо дорад.
Вақте дар бораи худшиносии милли тоҷикон, бунёди маънавии халқҳои ориёнажод ва сайри таърихии ин қавмдар паҳнои таърих андеша намоем, беихтиёр навиштаҳои Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон оид ба решаҳои таърихии ин халқи куҳанбунёд пеши азар меояд. Ин шахсияти таърихии замони имрӯз дар асари пурарзиши “Тоҷикон дар оинаи таърих” муаммои пайдоиши халқҳои Аҷамбунёдро дар чунин матлаб ифода кардааст, ки руҳи иҷтимоии худшиносона дошта, андешаву равони хонандаи имрӯзро ба таърихи азалии он наздик мебарад: “Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустнаҷодамон киҳо буданд, аз куҷо омадаанд ва дар кадом бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом тамаддун сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳиссаитаърихи миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамаддуни муштараки ориёнинажодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта? ” Ин суханони арзишманду мондагори Пешвои миллат ба ҳар як аз тоҷики ватандӯсту худшинос аст, ки бояд ҳар рӯз аз худ бипурсад ва ба посух додани ин пурсишҳо бикӯшад. Зеро маҳз худшиносӣ роҳи асосии расидан ба маърифати инсон ва ҷомеа мебошад. Шинохти аслу насаб аз шартҳои нахустин ва асосии худшиносӣ аст, ки барои амиқрафти дарки моҳияти маънавии инсон ва мақоми ӯ дар ҷомеаи мутамаддин заминаи мусоид ва муассир фароҳам меоварад. Арҷ гузоштан ба маънавият ва фарҳанги дурахшони гузаштаву имрӯзаи миллат, эҳтироми хос ба таърихи пурғановати тоҷикон ва садоқати ҳамешагӣ ба ормонҳои ватангароӣ муҳимтарин унсурҳои хештаншиносӣ ба шумор меравад.
Пўшида нест, ки ҳар миллате, ки тарбияро дуруст ба роҳ мондааст, ба дараҷаи баланди тараққиёт расидааст. Мувофиқи таълимоти Байзавӣ тарбия аз калимаи арабии “Раб”гирифта шуда, маънояш ба дараҷаи кул расонидан ва расидани фард мебошад. Дар шароити ташаккул додани ҳаёти иҷтимоӣ- сиёсии ҷамъияти муосир мавқеи асосиро тарбияи сифатҳои ахлоқии насли наврас ишғол менамояд.
Яке аз факторҳои асосии амалӣ сохтани ин масъала оила, яъне ячейкаи ибтидоии ҷомеа мебошад, ки аз он инсон ба ҷамъият ворид мегардад. Халқи тоҷик таърихи ғанӣ дошта, дар давраи дуру дарози мавҷудияташ дар бораи тарбияи оилавӣ донишу таҷрибаи зиёде ҷамъ намуда, онро ба анъана, одат, меъёр ва талабот дар рафтори ҳамидаи инсон табдил додааст.
Дар мувофиқа бо хосиятҳои хосси иҷтимоӣ- иқтисодӣ, маданӣ-таърихӣ ва шароити табиӣ- иқлимӣ, дар тоҷикон талаботҳои ба худ хос дар тарбияи оилавии бачаҳо ташаккул ёфтааст. Одату анъанаҳои бойи оилавӣ, ки бо таваллуд, гаҳворабандон, мавлуди яксолагӣ, хатна, тўй ва мотаму марг алоқаманданд, имконият медиҳанд, ки меъёрҳои ахлоқии рафтори бачагон инкишоф ёбад ва дунёи хаёлоти онҳо дигаргун гардад.
Худшиносӣ, хештаншиносӣ раванди фаҳмидан, дарк намудан, эътироф кардан, муҳокимаронии шахс оид ба сабабҳои амал, кирдор, рафтор таассуротҳое мебошад, ки ӯ онҳоро даршаклҳои махсус дар лаҳзаҳои гуногуни ҳаётӣ аз сар гузаронидааст. Тарбия намудани хештаншиносӣ ва ватандӯсти вазифаи муҳими тарбияи ахлоқӣ буда мушкилоти он вобаста хусусиятҳои синнусолии кӯдакон мебошад. Бояд баҳисоб гирифт, ки дардавраитомактабӣ ягон сифати ахлоқӣ пурра, мукаммал ташаккул намеёбад, фақат барои шаклгирии сифатҳои инсондӯстӣ, коллективизм, эҳтиром намудани қадру ғурури шахсӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ғайраҳо замина –пойдеворгузошта мешавад.
Тарбия намудани хештаншиносӣ маҳз аз овони кӯдакӣ оғоз мегардад. Аз ин лиҳоз дар асоси таҳлили маводҳои барномавӣ ва таҷрибаи амалии волидон ва кормандони кӯдакистонҳо вобаста ба тақсимоти давраҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ мазмун ва вазифаҳои кор оид ба тарбияи хештаншиносӣ ва ватандӯстиро бо таври зайл муайян намудан мумкин аст;
Барои давраи якуми хурдсолӣ -2 -3 сола. Фаромӯш набояд кард, ки кӯдаки 2-3 сола аллакай худро ҳамчун «ман» дарк намуда мустақилияти худро дар мафҳумҳои «ман худам», «ман метавонам» ва ғайраҳо ифода менамояд. Васеъ намудани фаҳмиш ва тассавуротҳо нисбат ба муҳити атроф, афзун гардондани ҳиссиётҳои мусбати ахлоқӣ (меҳрубонӣ, дилсузӣ, гузашт карда тавонистан, ёрӣ додан, эҳтиёткорӣ, таваҷҷӯҳи нек нисбати рафиқон) ва бойгардонии олами эмотсионалӣ (хурсанду хушҳол шуда тавонистан, қаноатманд будан) вазифаи асосии волидону мураббиён аст. Махсусан, тарбия намудани меҳру муҳаббат ба волидон, дилбастагӣ ба онҳо ва оилаи худ, итоаткорӣ ба талаботҳои калонсолон, малакаҳои одоб, рафтори маданӣ дар оила ва берун аз он заминаи тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ мебошанд.
Аз ин ҷост, ки Ватанро ҳамрадифи модар медонанд ва бо ифтихор мегӯянд: «Модар - Ватан». Халқи мо аз қабили он халқҳост, ки диёр, Ватани худро аз дилу ҷон дӯст медоранд ва барои саодати он ҷисми худро сипар мекунад.
Омӯзиши асарҳои А.Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Шерозӣ, Ҷомӣ, Айнӣ ва дигарон барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ тарбия намудани мактаббачагон аҳамияти тарбиявӣ дорад. Мураббӣ бояд барои тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакон аз чунин ганҷинаҳои гаронбаҳо истифода барад. Дар ташкили тарбияи муҳаббат ба Ватан хонандагони хурдсол нақши корҳои беруназмактабӣ баҷоят калон аст. Барои тарбияи ватандӯстии кӯдакон хушҳолиҳои гуногун мунтазам, системанок, пай дар пай гузаронида шаванд.
Ганҷинаи бебаҳои гузаштагон бо таври ҳикоя, гуфтор, нақл, афсона ва панду андарзҳои аҷдодӣ, сарчашмаи тарбияи насли нав гардида, ҷиҳатҳои беҳтарини анъанаҳои оилавӣ, ҳамчун хотираи иҷтимоӣ қабул карда шуда, дар тарбияи ахлоқӣ намоён мегарданд. Аз насл ба насл азизии фарзанд, ҳурмати волидон ва калонсолон- уҳдадории тарафайни онҳо дар оила мегузарад ва ҷавононро ба риояи талаботҳои ахлоқӣ пухта мегардонад. Педагогикаи оқсақолон, бобою бибӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир гардида, анъанаҳои гуманистии тарбияи ахлоқии оиларо қавӣ ва устувор мегардонад. Дар ин ҳолат зарурият пайдо мегардад, ки пухтаю ҳамаҷониба арзишҳои маънавии халқи худро бо паҳлуҳои маданияти ахлоқӣ, бо анъанаҳои оилавии халқӣ бо бартариҳои ахлоқӣ кушода диҳем. Тарбияи ахлоқии насли наврас мавзўи мубрами тамоми давру замон ба ҳисоб рафта, махсусан дар шароити муосири бунёди ҷамъияти шаҳрвандӣ моҳияти махсус пайдо менамояд.
Дар асоси таҳлил ва омўзиши асарҳои педагогони миллӣ (М.Лутфуллоев, Ф.Шарипов, Х.Афзалов, С.Сулаймонов, Б.Раҳимов, Х.Раҳимов ва дигарон) мо моҳият ва мазмуни анъанаҳои оилавии халқи тоҷикро бо бартариҳои тарбиявиашон дарк намуда дар ҳаёти ҳаррўза васеъ истифода мебарем.
Ҳурмат нисбати калонсолон дар шуури насли наврас ҳамчун талаботи олӣ нақш баста, боиси сазовори эҳтиром гардидани фард мегардад. Гузаштагонамон дар тасдиқи ин ибора фармудаанд:
Бузургаш нахонанд аҳли хирад,
Ки номи бузургон ба зиштӣ барад.
Ҳамин тавр, ҳурмат кардани калонсолон ва бузургон, одобу ахлоқи шахсро муаррифӣ намуда, ўро дар назари атрофиён арзишманд ва арзандаи ҳурмату эҳтиром мегардонад.
Аз рўзҳои аввали ҳаёт бачагонро дар рўҳияи ҳурмату эҳтироми калонсолону мўйсафедон тарбия намуда, бояд дар онҳо бовариро нисбати таҷриба ва донишу малакаашон қавӣ гардонем. Бо ин роҳ бачаҳо ба калонсолон боварӣ ҳосил намуда, амалҳои хешро дар пайравии фармудаҳо ва огоҳкуниҳои онҳо бе ранҷиш иҷро менамоянд.
Дар тарбияи оилавии мардуми тоҷик аз замонҳои қадимтарин ба насли нав додани мероси ҳунари авлодӣ-аҷдодӣ маъруфу машҳур мебошад, ки ин характери тарбияи меҳнатиро ноил мебошад.
Ҳунари бобогӣ бояд эҳтиром карда шуда, ба сармояи зиндагӣ табдил дода шавад ва дар кадом сатҳи маърифатие, ки набошем, бо он шуғл варзем ва нагзорем, ки ин ҳунар рў ба нестӣ ниҳад. Бисёр анъанаҳои оилавӣ аз овони хурдсолӣ имконият медиҳад, ки бача ба моҳияти меҳнати дастҷамъона сарфаҳм равад ва қимати муомилаи некро дар ҳамкорӣ бо атрофиён дарк намояд.
Анъанаи эҳтиром нисбати меҳмон дар тарбияи оилавии тоҷикон мақоми хосса дорад. Волидон ёд додани меҳмоннавозиро ба фарзандон, яке аз уҳдадориҳои асосии худ меҳисобанд. Нигоҳи тамаддуни аҷдодӣ ва талаботҳои исломро нисбати меҳмон, падару модар бояд ҳамеша таъкид карда истанд, ки ранҷиши меҳмон- ин ранҷиши Худо мебошад. Муносибати инсондўстона ба олами атроф ва табиат қисми ҷудонашавандаи тарбияи ахлоқӣ мебошад. Барои тоҷикон табиат ҳамчун сарчашмаи ҳаёт хизмат менамояд ва дар тарбияи оилавӣ диққати асосӣ ба ташаккул додани меъёрҳои муносибат ва рафтори бошуурона бо табиат дода мешавад.
Ба насли наврас муносибати одилона бо ҳайвоноту паррандагон, ба меваю сабзавот ва захираҳои табиӣ ёд дода мешавад. Аз давраи хурдсолӣ падару модар дар бачагон ақидаҳои «Як дарахтро буридӣ, дарахтро шинон», «Дар ҷое об ҳаст, дар он ҷо фаровонист», «Падари бойигарӣ- меҳнат, замин- модар», «Одами беватан, монанди булбули бечаман» талқин менамоянд. Ин гуфтаҳо бачаро ба фикр кардан ва ташаккул ёфтани муносибатҳои ахлоқӣ водор менамоянд.
Ҷашну анъанаҳои миллӣ, ки халқи тоҷик онҳоро ҳар сол ҷашн мегиранд, дар тарбияи маънавии насли наврас мавқеи асосиро ишғол менамоянд. Тамоми анъанаҳои миллӣ ва ҷашну идҳо бо иштироки кўдакон баргузор мегарданд. Онҳо калимаҳои зарурӣ, шеърҳо ва тамоми ҳаракату амалиётҳоро дар хотир гирифта, ҳамчун хотираи иҷтимоӣ нигоҳ медоранд ва ба наслҳои оянда мерос мегузоранд. Анъанаҳои оилавии тоҷикон чунин сифатҳои ахлоқиро дар кўдакон, ба монанди инсондўстӣ, муҳаббат ба ватан, садоқат ба он, садоқат ба авлод, риояи ҳамзистӣ, меҳнатдўстӣ, созандагӣ ва эҳтиром ба ҷамъиятро таъмин менамояд. Имрўз яке аз ҷашнҳое, ки моҳияти зиёди ахлоқӣ барои миллати тоҷик дар тарбияи оилавӣ дорад, Иди Наврўзи Аҷам мебошад, ки тамоми нозукиҳои фарҳанги миллиро нишон дода, миллатро бо ҳам наздик мегардонад.
Ҳамин тавр, дар тарбияи оилавӣ аз назарияи эҳтиром ба гузаштагон, зоҳир кардани муносибати ғамхорона нисбати калонсолон, дароз кардани дасти ёрию мадад нисбати муҳтоҷон, ҷойи хоссаеро ишғол менамояд. Ин анъанаҳои оилавиро баъзан фаҳмишҳои динӣ, ки ташаккул ёфта, дар байни наслҳо ахлоқро қавӣ мегардонанд, кодекси нонавиштаи ахлоқӣ- мантиқӣ ба шумор мераванд.
Зоидова С.А. – омӯзгори
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров