Инъикоси масъалаҳои ахлоқӣ дар повести “Одина”-и устод Айнӣ

Мусаллам аст, ки яке аз муҳимтарин хусусияти адабиёти бадеӣ тасвири хислатҳои мутаззоди қаҳрамонон буда, дар муқоисаву муқобила инъикос кардани ақидаву афкор ва гуфтору кирдори намояндаҳои мухталифи ҷомеа, бахусус, қувваҳои зид бештар боиси барљастагии тасвиру муассирии муҳтавои асар мегардад. Пояи асосии адабиёти бадеӣ инъикоси ҳаводиси воқеии ҷомеа тавассути тимсолҳои гуногун дар либоси тозаву нав буда, ба ин васила ғояи асар ва мақсади нависанда ифода мешавад. Адиб ҳаллу фасли муҳимтарин муаммову масоили ҷомеаро бо офаридани ду навъи образи маъмули мусбат ва манфӣ ба роҳ мемонад, ки теъдоди истифода ва роҳу усули инъикоси онҳо вобаста ба шаклу навъи адабӣ ва мақсади нависанда сурат мегирад. Воқеан ба қалам додани образҳои зид аз давраи шаклгирии адабиёти бадеӣ ба миён омада, то ба имрӯз марҳила ба марҳила навъҳои тозаву ҷолиби онҳо дар баррасии масъалаҳои муҳимму мубрами ҷомеа ба кор рафта истодаанд.

Дар адабиёти садаи ХХ тасвири образҳои зид аз ҳама љиҳат љолиби таваљљуҳ буда, намунаҳои барљастаи онҳоро метавон дар осори ғаноманди саромадони насри навини тољик устодон Садриддин Айнӣ, Ҳаким Карим, Љалол Икромӣ, Раҳим Љалил, Фазлиддин Муҳаммадиев, Сотим Улуғзода ба мушоҳида гирифт. Нависандагони маъруф дар баробари таваљљуҳу пайравӣ ба образофарии адибони классикӣ ибтикороти вежа низ ба зуҳур оварда, қаҳрамонони зиёди барҷаставу хотирмонро ба қалам додаанд.

Мусаллам аст, ки устод Айнӣ дар баробари он ки дар таърихи адабиёти тољик ҳамчун устоди сухан, нахустин нависандаи навовар, бунёдгузори мактаби тозаи насрнависӣ шинохта шуд, ибтикороти наљибу арзишмандаш дар заминаи таълифи насри бадеӣ замони зиндагӣ ва минбаъд низ аз љониби аҳли илму адаб истиқболи гарм пайдо кард. Мавсуф дар образофарӣ маҳорати хоса дошта, образҳои мутазоди хотирмони зиёдеро ҳунармандона дар ҷараёни инъикоси ҳодисаву воқеаҳо ба кор гирифтааст. Чуноне ки маълум аст, устод Айнӣ анъанаҳои зиёди адабиёти классикиро дар либоси тоза вориди адабиёти садаи ХХ намуда, «аз адабиёти классикӣ беҳтарин хусусиятҳои ғоявию бадеиро омӯхтааст, ки ҳудуди онҳоро муайян кардан душвор аст» (5, 281).

Навиштаҳояш бештар бо таваљљуҳу баҳрабардорӣ аз сарватҳои ғаноманди маънавии адабиёти классикии тољик таълиф шуда, ҳамзамон дар шаклу мавзӯъ, роҳу равиши тасвир ва образофарӣ навоварии назаррас ҷорӣ намуд. Устод Айнӣ ба адабиёти классикӣ натанҳо таваљљуҳи хос дошт, балки ҷиҳати идомаи анъанаҳои беҳтарини он бо навгароёну навназарони муосир муборизаи беамон бурд. Замоне ки чанд нафар бо баҳонаи «инқилоби адабӣ» анъанаҳои адабиёти ҳазорсолаи тоҷикро инкор карда, дар атрофи масъалаи даст кашидан аз мероси маънавии ниёгон баҳс мекарданд, нависанда ва ҳаммаслаконаш баҳри исботи нодурустии андешаву афкори онҳо мақолаҳои ҷолибу асоснок ба нашр расониданд(4, 232). Дар баробари ин масъалаҳое чун нобаробарӣ ва зиддиятҳои иҷтимоӣ, вазъи рӯзгори мардум, муносибати амалдорон ба заҳматкашон, сабабҳои ранљу азияти мардуми оддӣ, масоили маънавиву ахлоқӣ, ки дар адабиёти гузаштаи мо бо ҳадафи густариши инсонпарварӣ инъикос мешуданд бо оғози марҳилаи нав бештар рӯ ба инкишоф ниҳоданд.

Мусаллам аст, ки дар осори мансури классикӣ таваљљуҳ ба мақоми инсон бағоят бузург буда, инъикоси масоили ахлоқӣ дар анвои хурду бузурги натанҳо бадеӣ, балки таърихиву публитсистӣ, диниву сиёсӣ низ рушд карда буд. Адибони номвари форсу тоҷик тавассути қиссаву ҳикоёти пандомӯз кӯшиш менамуданд, дар пойдории муҳити солими ахлоқии ҷомеа ҳиссагузор бошанд. Устод Айнӣ низ бахусус, ба ҳамин рисолати умдаи адабиёти классикӣ, ки ба тарғиби ахлоқи ҳамида ва тарбияи инсони комил нигаронида шудааст, таваљљуҳи хоса дошт. Мавсуф, ки рӯзгори душвореро паси сар намуда, аз вазъи зиндагии мардуми одӣ хеле хуб огоҳ буд, медонист, ки яке аз сабабҳои асосии нобасомонии рӯзгори халқ вайрон будани ахлоқи иҷтимоӣ аст. Аз ин рӯ, дар осораш бештар тасвири хислатҳои гуногуни инсонӣ имтиёз дошта, бо як маҳорати тамом мавриди тадқиқи бадеӣ қарор гирифтаанд.

Устоди сухан нисбат ба дигар повестҳо дар «Одина» ба офаридани образҳои мутазод бештар майл зоҳир намуда, воқеан образҳои дорои хусусиятҳои вежаро ба қалам додааст. Як хусусияти муҳимми образофрии мутазоди нависанда дар типпикунонии образҳо зоҳир мешавад, ки мо дар мисоли образҳои Одина ва Арбоб Камол ба мушоҳида гирифта метавонем. Рафтору кирдори ин ду қаҳрамони мусбату манфӣ дар вазъиятҳои гуногун мавриди санҷишу баррасӣ қарор мегирад ва ҳар дафъа масоили мухталифи повест аз ҷиҳати муносибат бо мураккабии сиришту ахлоқи инсон тадқиқ мешавад.

Дигар аз хусусияти образофарии нависанда дар баробари қаҳрамонони мусбат хеле барҷаставу воқеӣ ба қалам додани хулқу атвори персонажҳои манфист, ки ин омил новобаста бамарказӣ ва ё лаҳзагӣ будани қаҳрамон ба назар расида, боиси зуд омӯхтани шахсияти ӯ аз ҷониби хонанда мешавад. Чунончӣ, хислатҳои манфии Арбоб Камол, ҳамсари ӯ, Мулло Хокироҳ, закотчӣ, ноиби қозӣ мулло Мардихудо, ки аз образҳои манфӣ маҳсуб меёбанд, зимни нақли нависанда ва ё дар ҷараёни воқеаҳо хеле рушан ба зуҳур омадаанд. Дар як порчаи асар хислатҳои Арбоб Камол ва муносибати бадаш бо Одина чунин ба қалам омадааст: «Бечора Одина бо ин ҳама сахтиҳо аз хӯҷаин ягон бор забони хуше ва рӯйи кушодаеро надид, балки ҳар вақт ки ба ӯ рӯ ба рӯ мешуд, бесабаб ҷанг, дашному ҳақорат мешунид. Арбоб Камол агар аз ҷойи дигаре ва ба сабаби дигаре хашмгин шуда бошад ҳам, дили худро ба дашном додани Одина холӣ мекард ва кинаи дигаронро аз ӯ мекашид. Масалан, як қарздораш қарзи худро дар сари ваъда ба ӯ надодааст, Одина ҳақорат мешунид, ё роҳи Самарқандро барф гирифта гузаронида гӯсфанд ба он тараф кам ва ин сабаб дар Қаротегин нархи чорпо арзон мешуд, Одина сазовори дашном мегардид» (1, 6-7).

Образҳои мутазод аз ҷиҳати синну сол ва ҷинсият низ ба ҳам созгор офарида шудаанд: Одина ва Ибод, Гулбибӣ ва Гуландом, Бибиоиша ва ҳамсари Арбоб Камол. Одина ва Ибод ду ҷавони аз рӯи синну сол ба ҳам наздик ҳастанд, вале тарзи ҳаёти онҳо хеле тафовут дорад. Яке рӯзгори вазнину азобу уқубути зиёдеро паси сар менамояду аз нокомиву дарду ғам дар айни ҷавонӣ вафот мекунад, дигар аз давлати падар рӯзгори бофароғат дорад ва дар пайи расидан ба орзуҳояш аст. Гулбибӣ ятимдухтари ноком, вале хушахлоқу боиффат, Гуландом нозпарварди волидон, вале хиёнаткору маккора аст. Дар рӯзгори ин қаҳрамонони ҷавони мутазод нависанда як умумиятеро низ ба тасвир гирифтааст, ки ҳар ду ҷуфт новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ба муроди дили худ намерасанд ва сабабгори асосӣ Арбоб Камол аст.

Адиб дар асар сабабҳои зуҳуроти хислатҳои манфиро дар сиришти қаҳрамонон ба тадқиқ гирифта, таъсири ахлоқи вайронашонро натанҳо ба рўзгору фаъолияти худу ҳамдеҳагон, балки рӯзгори фарзандону пайвандон нишон додааст. Масъалаи дӯст доштан ва эҳтироми фикру андешаи пайвандон, зиндагии озоду бидуни фишору таъзиқ, дар марҳилаҳои душвору тақдирсоз дастгиру мададгори ҳам будан, маҳкуми зулму асорат ҳамеша дар маърази таваҷҷуҳи устод Айнӣ қарор доштанд. Ӯ мехост, кимуаммову ноҳамвориҳои зиндагии мардум аз рӯи адолат, инсондӯстона, бидуни зулму истибдод, расонидани таъсири ногувор ба рӯзгори ҳамдигар баррасӣ шавад. Аз ин рӯ, дар повест масоили инсонпарварӣ натанҳо аз рӯи раҳму шафқат нисбати инсон, балки нишон додани самараи амалҳои неку бад инъикос шуда, муборизаи шахс барои озодӣ, зиндагии осоишта, поймол нашудани ҳуқуқ, дастрасӣ ба кору фаъолияти дилхоҳ ва гиромидошти инсон таљассум мешавад.

Як вежагии офаридани образҳои зид нишон додани ахлоқи хонаводагӣ ва ё авлодии қаҳрамонҳост. Образи падару писар Арбоб Камол ва Ибод дар повести «Одина» образи ду шахси аз љиҳати синнусол мутафовит аст, аммо ниҳоди ин ду нафар, андешаронӣ, ҳадафу мақсадҳояшон хеле монанд буда, зимни нақли батафсили воқеаҳо хислатҳои муштараки онҳо рўнамой мешаванд. Ибод, ки аз хурдӣ дар муҳити носолими оилавӣ ба воя расидааст, таъсири муносибати пайвандон ва воқеаву ҳодисаҳои рўзгор дар хислатҳояш намоён аст. Ў як намои дигари тимсоли падар аст, ба ибораи дигар идомабахши анъанаи фисқу фасоди хонавода мебошад. Устод Айнӣ ҳадафмандона таъсири хислату рафтори волидайн ва муҳити оиларо дар ташаккули шахсияти фарзанд нишон додааст. Тасвирҳои нависанда назарияи ислоҳнопазир будани инсони бадаслро собит намуда, аз хурдсолӣ тарбияи дуруст додан ва киштани тухми некиву накӯкориро дар дили фарзанд аз айёми кӯдакиву наврасӣ ва гузашта аз ин,намунаи ибрат шуданро талқин менамоянд.

Бибиоиша, Одина, Гулбибӣ шахсони нисбатан фурўтан, сабур, пурбардор, муросокор, яъне, онҳо дорои хислатҳои муштараки мусбат мебошанд. Ҳарчанд ин сифатҳои шоистаи инсонӣ боиси истиқбол ҳастанд, вале нависанда гоҳе фурӯтаниву беҷуръатии онҳоро маҳкум мекунад, зеро ҳамин хислатҳо боиси рӯ ба беҳбудӣ наовардани аҳволи моддии онҳо мешаванд. Устод Айнӣ зимни тасвири образҳо борҳо ба инкишофи хислатҳои авлодӣишора карда, воқеияти зарбулмасали «харбуза аз полокаш дур намеравад» – ро собит намудааст.

Дар повест «баъзе образҳо, монанди Гулбибӣ, писари Арбоб-Ибод ва дигарҳо бисёр хира ва нотамом тасвир ёфтаанд» (2, 67), вале аз рӯи тасвир ва нақлҳои кӯтоҳи нависанда шахсияти онҳоро муайян кардан душвор нест.

Қаҳрамони марказии мусбат Одина пеш аз ҳама дорои хулқи ҳасана аст, ки ҳамин муҳассанот муљиби дарёфти дӯстони самимиву дастгирии мардуми ношинос дар ҳолатҳои руҳафтодагӣ мегардад. Ба ибораи дигар, нависанда мақоми инсони хубниҳодро дар љомеа ба тасвир гирифта, асли нусратёрии ўро вобаста ба ахлоқаш медонад. Ӯ кӯшиш кардааст, ки муҳимтарин фазилатҳои қаҳрамонони мусбат, ҳатто ҷузъитарини он аз назарҳо пинҳон намонад.

Дигар аз хусусиятҳои образофарии нависанда дар он зоҳир мешавад, ки тақдири инсонро бештар воқеӣ тасвир карда, омилҳои таъсиррасонро ба ташаккули шахсият ва ахлоқи ў дуруст муайян намудааст. Ин повест аз дигар асарҳои устод Айнӣ бо он хусусияташ тафовут дорад, ки нависанда тақдири қаҳрамони мусбати марказиро хеле ба воқеият наздик тасвир мекунад. Дар анљоми повест Одина чун дигар образҳои марказии мусбати асарҳо муваффақу ғолиб намешавад, аз љавру зулми замон аниқтараш на аз дасти бегонагон, балки ҳамдеҳагони худ аз зиндагӣ ноумед мегардад.

Нависанда ахлоқи образҳои дуюмдараҷаро, ки дар лаҳзаҳои муайяни повест амал мекунанд новобаста ба мусбат ва ё манфӣ будан рушану возеҳ тасвир кардааст. Аз ҷумла, аз шиносоиву дӯстии Сангину Одина ва дастгириву маслиҳатҳои муфиди Сангин ба Одина дар чанд лаҳзаи асар маълум мешавад, ки ӯ инсони донову меҳрубон аст. Ва ё образи Шоҳмирзои чойхоначӣ, ки умуман Одинаро намешинохт ва ба хотири тоҷик буданаш аз рӯи раҳму шафқат ӯро аз истгоҳи трамвай бо худ бурда, дарсамоворхона ҷойи зист муҳайё карда, аз пайи табобаташ мешавад, муассир ба қалам дода шудааст.

Образи манфии закотчӣ танҳо дар лаҳзаи аз Фарғона баргаштани муздуронамал мекунад, ки аз муносибат ва муомилаву муколамаҳояш бо муздурон шахсияташ ба хубӣ равшан падидор мешавад: «Хулласи калом, навбат ба кушоданибори Одина расид, ҳамин ки як тӯб сатини сурхи парчагули синдил намудор шуд, закотчӣ беихтиёр аз ҷойи худ барҷаста, монанди калхоте, ки парчаи гӯштеро дида, бо иштиҳои тамом чанг занад, тӯби сатини мазкурро чангол зада гирифта: - Ҳай-ҳай, ин хуб мол будааст, бегиҷони хурдӣ ба ҳамин нусха як тӯб сатин супориш карда буд, боби он шахс аст,-гуфта ба яхдони худ андохт (1, 66-67).

Амонбоқӣ низ аз образҳои фаъол нест. Ӯ мардест, ки Шоҳмурод (падари Гуландом) ба хотири худнамоӣ назди Арбоб Камол ба ҳайси домод қабул мекунад. Нависанда шахсияти Амонбоқиро дар асар чунин муаррифӣ кардааст: «Амонбоқӣ шахсе буд, ки синнаш аз панҷоҳ гузашта, дар муддати умраш се бор хонадор шуда ва дар ҳар бор хонааш шикаста, алҳол муҷаррадона умр мегузаронид. Азбаски бисёр занонаш мурда буданд, ӯро «занкуш» ва «қадамаш шум» гуфта ҳеҷ кас духтар намедод» (1, 149).

Устод Айнӣ бештар барои равшан ба ҷилва овардани шахсияти қаҳрамонон ба боварҳои мардумӣ рӯй оварда, ба бархе ҷиҳатҳои манфии психологияи мардум ва сиришти инсон, ки дар давоми солҳову асрҳо ба миён омада, дар байни ҷомеа ривоҷ ёфтаанд таваҷҷуҳ кардааст. Ӯ дар баробари тасвири шахсияти бархе аз образҳо психология ва меъёрҳои ахлоқи миллӣ, сифатҳои хубу зишти инсонро, ки аз насл ба насл мегузаранд нишон додан мехоҳад. Чунин тасвирҳои мушаххаси нависанда ва шарҳу тавзеҳи ӯ барои шинохтани шахсият ва баҳо додан ба хислатҳои қаҳрамонон муҳим ҳастанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки адабиёти бадеӣ вазифаи хеле мураккаб инъикоси ҷойгоҳи боварҳои манфиву андӯхтаҳои мусбати маънавиву ахлоқии халқ ва ҳифзу ҳимояти беҳтарин офаридаҳои тафаккури мардумро бар дӯшдорад ва «масъулияти эҳёи андӯхтаҳои маънавии халқ, умри дубораи суннатҳои шоистаи ахлоқии ӯ беш аз ҳама ва пеш аз ҳама бар дӯши адабиёт, аз ҷумла насри муосир аст» (2, 108).

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки масъалаи инъикоси ахлоқи образҳои тазод, ахлоқи иҷтимоӣ ва пайванди наслҳо дар повести «Одина» мавқеи асосӣ дошта, ҷиҳати бозтоби моҳияти ҳастии инсон ва мақому масъулияти ӯ дар назди ҷомеа муҳим ҳастанд. Устод Айнӣ тавассути офаридани образҳои мутазод роҳу равиши тозаеро дар насри бадеии садаи ХХ ҳамвор намуд. Ӯ тавонист, ки хулқу атвори қаҳрамонони марказиро ба тафсил мавриди тасвиру баррасӣ қарор дода, марҳила ба марҳила зимни нақли воқеаҳо муҳимтарин сифатҳои ахлоқии онҳоробозгӯ намояд ва дар баробари тасвири барҷастаи ахлоқи қаҳрамонони мусбат, ба тасвири комили қаҳрамонони мафӣ низ дастёб гардад. Мавсуф ахлоқи қаҳрамонони аз ҷиҳати синну сол ба ҳам наздикро дар ҷараёни нақли воқеаҳо хеле ҳадафмандона бозгӯ карда, дар баробари ин таъсири муҳити оилавиро дар ташаккули шахсияти қаҳрамон ба зуҳур овардааст. Ӯ зимни тасвири қаҳрамонҳо бештар ба рӯзгор ва хислати инсонҳои воқеӣ-ҳамзамонони худ эътибор дода, маводи повестро аз мушоҳидаву бардоштҳои худ фароҳам овардааст. Аз як сў кирдору рафтори қисме аз образҳои мутазоди асар маҳкум ва аз сӯи дигар хислати иддае қобили тавсифу ситоиш қарор мегиранд. Ба ибораи дигар аъмоли онҳо чунон дар муқоисаву муқобила ба тасвир омадааст, ки бегумон ба руҳияи хонанда таъсир расонида, дар тарбияи инсони вораставу комил нақши муҳим мебозанд. Муҳим аз ҳама психологияи инсон ва таъсири он ба инкишофи ахлоқи ҷомеа хеле хуб ба зуҳур омадааст.


Мутриба Мавлонова

номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ