​Тарғиби худшиносӣ ва ахлоқи ҳамида дар осори классикон

Ҳамеша дар ҳар давру замон ниёкони мо ҳастии худро бо омўхтану тарбият намудан бахшида, донишҳои мухталифро меомўхтанд ва чунонки устод Рўдакӣ фармуда: “Гирд карданду гиромӣ доштанд. То ба санг андар ҳаме бингоштанд”. Дар ҳар давру замон баргу сози зиндагии худро китобу ҳикмат қарор дода, дорои ахлоқу одоби намунавӣ буданд. Ин ҳама таваҷҷўҳу пайвастагӣ ба илму дониш буд, ки дар тули қарнҳо бо забони шевою фасеҳи тоҷикӣ дар донишҳои мухталиф садҳо осори арзишманд таълиф гардид. Қисмати бештари осори классикони мо ба мавзўҳои тавсифи илму дониш ва ахлоқи ҳамида, тарбияи солим ва ѓайра нигаронида шудааст. Мавзўи тарғиби илму дониш ва аҳамияти ахлоқи ҳамида дар осори манзуму мансури шоирони мо зиёд ба чашм мерасанд, ки ҳадафи таълифи ин мақола ба ҳамин мавзўъ нигаронида шудааст.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳастӣ ва бақои ин оламро илму ҳикмат дониста, таъкид мекунад, ки илм арзишмандтарин гавҳаре дар ин олам аст, ки дигар тамоми мавҷудоти ин олам сурат асту ҷони ҳамаи он илм аст:

Хотами мулки Сулаймон аст, илм

Ҷумла олам сурату ҷон аст илм (1,42).

Инчунин, дар «Маснавии маънавӣ» Мавлоно Балхӣ абёти зиёдеро оварда, ба шарҳу тавзеҳи масъалаҳои ахлоқӣ пардохтааст. Мавлоно Балхӣ инсонҳоро дар баробари доштани илму дониш ва ҳунару касбҳои гуногун ба доштани ахлоқи ҳамида таблиғ намуда, ахлоқи некуро ситоиш ва ахлоқи бадро мазаммат намудааст:

Аз Худо ҷӯем тавфиқи адаб,

Беадаб маҳрум гашт аз лутфи раб.

Беадаб танҳо на худро дошт бад,

Балки оташ бар ҳама офоқ зад (1,18).

Дар осори мансури шоир ҳам мо зиёд ба мавзӯи ахлоқи ҳамида ва аҳамияти илму дониш барои инсон рӯ ба рӯ мегардем. Дар фасле аз китоби «Фиҳи мо фиҳи» роҷеъ ба айби худ нодидан ва нуқсону хатои дигаронро ҷустану ғайбат кардани ҳамдигар мазаммат намуда, инсонҳоро бештар ба кору пайкори худ нигаристан даъват мекунад, на айбу нуқсони дигаронро ҷустуҷӯ кардан. Чунин мегўяд: «Агар дар бародари худ айбе мебинӣ, он айб дар туст, ки дар ў мебинӣ. Олам ҳамчун оина аст, нақши худро дар вай бинӣ, ки: Ал-мўъмину миротул мўъмини. Он айбро аз худ ҷудо кун, зеро он чи аз вай меранҷӣ, аз худ меранҷӣ…(2,21).

Мавлоно дар «Фиҳи мо фиҳи» инсонҳоро ба хештаншиносию худогоҳӣ даъват намуда, ҳамеша таъкид медорад, ки инсон аз беҳтарин офаридаҳои Худованд аст. Аммо гурўҳе аз инсонҳо ин гавҳари одамиро дарк намекунанду ба ҳар роҳҳои бад мераванд ва аз аслу қиммати худ бехабаранд: «Ҳақ таоло туро қимат азим кардааст…

Ту ба қимат варои ду ҷаҳонӣ,

Чи кунам қадри худ намедонӣ.

***

Мафрўш хеш арзон, ки ту бас гаронбаҳоӣ (2,14).

Мавлоно ҳамеша чӣ дар ашъораш ва чӣ дар «Фиҳи мо фиҳи»инсонҳоро ҳўшдор медиҳад, ки набояд аз гавҳару асли вуҷуди хеш бехабар бошанд. Зеро аз назари Мавлоно инсон аз кули махлуқоти Худованд комилтар аст ва дар вуҷуди ў ҳамаи илмҳо нуҳуфтааст. Назари Мавлоно ин аст, ки бояд инсон ҳамеша аз пайи омўзишу тарбияти хеш бошад. Аз ин рў, Мавлоно инсонро ба дарё ташбеҳ намуда, мегўяд, ки вуҷуди одамӣ ба монанди дарё аст, ки дар он аз ҳамагуна хубиҳою некиҳо ва нооромиҳою бадиҳо ҷой карда шудааст ва инсон бояд кўшиш кунад, аз вуҷудаш хубиҳоро берун орад. Инчунин, дар ҷойи дигар инсонро ба замин монанд мекунад, ки чигуна ки аз замин бо меҳнату заҳмат ҳосил рўёнида мешавад, вуҷуди инсон низ ҳамингуна аст, бояд дар ҳама маврид аз тарбияти хеш бехабар набошад: «Одамӣ азим чизест. Дар вай ҳама мактуб аст. Ҳуҷубу зуламот намегузорад, ки ў он илмро дар худ бихонад…(2,46).

Дар осори шоирон панду андарз мавқеи шоиста дорад. Дар ин гуна абёт суханварон ахлоқи ҳамида, ҷавонмардӣ, саховат, шуҷоат, ҳилм ва тамоми сифатҳои хуби инсониро тарѓиб мекунад, хусусан, тарѓиби илму дониш дар ашъори Носири Хусрав хеле зиёд ба назар мерасад:

Илм аст кимёи ҳама шодӣ,

Эдун ҳаме кунад хирадам талқин.

Бо нури маҳ шаб набувад торик,

Бо илми ҳақ набувад дил ғамгин (4,102).

Дар назари шоир илм ҷавҳари биниш буда, бар иловаи ин, чунонки колбад бо ҷон зиндааст, ҷон ҳам бо илм зинда аст:

Тан ба ҷон зиндаасту ҷон зинда бо илм,

Дониш андар кону ҷонат гавҳарат аст (3,58).

Илм ҷони туст эй ҳушёр,

Гар биҷуй ҷони ҷонро дархур аст.

Суйи доно, эй бародар, ҳамчунон-к

Ҷон танатро, илм ҷонро модар аст (3,97).

Дар абёти зерин низ шоир бар он хитоб менамояд, ки аз сухани хуб ва илми манфиатовар ҳаргиз рӯй матоб, зеро ин ду барои ҳам ин ҷаҳон ва ҳам охирати ту ба кор мераванд. Бо хирадмандон нишасту хест намудан ва аз дониши онон истифода карданро низ шоир талқин намудааст. Шоир таъкид менамояд, ки агар ягон авбош ба давлат расид ту ғам махӯр, зеро давлати ӯ зуд тамом мешавад чунки илму дониш ва ахлоқи неку надорад, вале дониш ганҷе пойдор аст:

Руй матоб аз сухани хубу илм,

К-ин ду ба ду сарой туро бояд-т аст.

Парвариши ҷон ба суханҳои хуб,

Сӯйи хирадманд меҳин ҳасбат аст.

Кавкаби илм охир сар бар кунад,

Гарчи кунун тираву дар раҷъат аст.

Ҳеҷ машав ғарра, гар авбошро,

Чанд гаҳак неъмат, ё давлат аст.

Қимати дониш нашавад кам бад-он-к

Халқ кунун ҷоҳилу дунҳиммат аст…(3,23)

Бояд тазаккур дод, ки ахлоқ яке аз муҳимтарин ва бузургтарин аркони ирфонӣ маҳсуб мешавад. Худ ирфонро на танҳо маслаки фалсафӣ, балки маслаки ахлоқӣ низ метавон номид, зеро покизагии қалб, нафрат ба моли дунё, сабру тоқат, қаноат, эҳтироми инсон, ки аз муҳимтарин аркони ирфонианд, аз беҳтарин падидаҳои ахлоқии ҳар гуна ҷомеа маҳсуб шуда метавонанд. Барои ҳамин метавон гуфт, ки ирфону ахлоқ анқариб дар тамоми масоил «тавъамони як баму зеранд» ва ҳар ду низ як чизро мехоҳанд- камолоти инсонӣ. Сафои қалб, покизагии вуҷуд ва буридан аз дунёву нафрат ба молу ҷоҳ, дар худ куштани хашм, шаҳват, ғазаб барин нерӯҳои шайтонӣ аз асоситарин рукнҳои ахлоқӣ ба шумор меравад, ки инсони асилро ба пояи камолот мебаранд. Пас ирфон низ ахлоқ асту ахлоқи ҳамида низ ирфон.

Дар мисраҳои зерин шоир талқин менамояд, ки илму ҳикматро талаб кун агар хоҳӣ, ки хушҳолу ботараб зиндагӣ намоӣ, зеро ҳамаи муваффақиятҳо дар омӯзиши илм аст:

Илму ҳикматро талаб кун гар тараб ҷӯӣ ҳаме,

То ба шохи илму ҳикмат пур тараб ёбӣ рутаб.

Он ки гӯяд ҳоюҳую пой кӯбад ҳар замон,

Он ба ҳақ девонагӣ бошад, махон онро тараб…(3,58)

Дар абёти зерин шоир дар мавриди он ки одамӣ ба сухан гуфтан қадру манзалат ёбад, на бо баланд шудан тамсиле оварда, ки матлаб ба хонанда бисёр фаҳмо шудааст. Чунон ки мегўяд, дарахти бодом беҳ аз сафедору бед, ки агарчи ба дарозӣ аз бодом баланд ҳастанд, аммо бор надиҳанд:

Он беҳ, ки нагўӣ, чу надонӣ сухан эро-к,

Ногуфта сухан беҳ бувад аз гуфтаи расво.

Чун тир сухан рост кун он гоҳ бигўяш,

Беҳуда магў, чўб мапарто зи паҳно.

Некў ба сухан шав, на бад-ин сурат азеро-к,

Воло ба сухан гардад мардум, на ба боло.

Бодом беҳ аз беду сапедори ба бор аст,

Ҳарчанд фузун кард сапедор дарозо… (3,28)

Аз баёни андешаҳои ахлоқии гузаштагони мо пайдост, ки аз муҳимтарин аркони ахлоқи ҳамида – сабру қаноат, адлу дод, сахову карам, эҳтироми гузаштагон ва ба ҷо овардани суннати ниёгон, хоксорӣ, ба молу мансаби дунявӣ фирефта нагардидан, барои беҳбудии ҷомеаву камолоти он кӯшиш намудан, роҳҳои нав ба наву беҳтари ҳаёти осоиштаву гувороро ҷустан аст.

Меҳвари андешаҳои тарбиявию ахлоқии шоирони моро, асосан масъалаҳои омӯзиши илм, худшиносӣ, худогоҳӣ, инсонгароӣ, доштани илму дониш, дар ҳаққи дигарон сухани нек гуфтану гумони нек доштан, тобеи ақл будану раҳо кардани ҳавову ҳавас ва дар ҳама маврид вуҷуди хешро тарбияту инкишоф додан, ташкил кардааст. Аз ин рў, ҷавонони моро зарур аст, ки бештар осори шуарои классик, хосса осори Мавлоно Балхию Носири Хусравро мутола кунанд ва ҷаҳонбинию дониши худро васеъ гардонанд.

Мавзуъ ва мундариҷаи ашъори шоирони классики мо вобаста ба равишҳои асосии мавзуии адабиёти классикӣ инкишоф ёфта, мавзуи ахлоқӣ ва омӯхтани илм аз зумраи мухимтарин бахшхои осори онон ба хисоб меравад, ки барои тарбияи инсони комил сахмгузор аст. Шоирони бузурги мо ҳамчун муаллими ахлоқ ва тарбиятгари ҷавонони огоҳ нишон медиҳанд, ки ҳатто дар муомилаву муносибат ва рафиқиву ошноӣ ҳам хусусияти замона таъсир мерасонад ва дуруягиву ғайбату туҳмат, нобоварию бадгумонӣ аҳли донишро маҷбур месозад, ки эҳтиёткору камсухан бошанд ва аз ин гуна чамъиятҳо дурӣ ҷуянд. Ба ҳамин васила хонандаропанд медиҳанд, ки «забони сурх барбоддиҳандаи сари сабз» аст ва ё ба қавли мардумони доно «даҳони пушида сад тилло».

Дар ниҳоят бояд қайд намуд, ки мо ҷавонон дар омўхтани илму дониш ва пажуҳиши мероси гаронбаҳои хеш камари ҳиммат бандем ва қадамҳои устувору мустаҳкам дар ҷодаи илму ахлоқи ҳамида гузорем ва Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо гардонем.

Азизов Сорбон

н.и.ф. дотсенти ДДХ ба

номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ