Таълиму тарбияи шаҳрвандӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърифати ҳуқуқии шаҳрвандӣ ва беҳдошти хизматрасонии ҳуқуқиро таъкид намуда, баҳри беҳбудии рӯзгори мардум, боло рафтани сатҳи зиндагӣ, амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегии мамлакат, волоияти қонун ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандонро хеле муҳим арзёбӣ намуданд.
Зиндагӣ намудан дар давлати ҳуқуқбунёд орзую ормони аҷдодони мо ба шумор рафта, ин неъмат имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолӣ насиби мо гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар як шахс вазифадор аст, ки ба қадру манзалати он бирасад, дар мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ саҳмгузор бошад. Фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад.
Ҳар як инсон вазифадор аст, ки санадҳои ҳуқуқие, ки аз ҷониби давлату ҳукумат ба тасвиб расидаро риоя намояд, зеро ҳама гуна иқдоми некбинонаи давлат ба хотири беҳбудии рӯзгори осоиштаи мардум равона гардидааст. Яке аз ҳадафҳои асосии тарбияи шаҳрвандон дар тафаккури онҳо ҷой намудани фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад. Зикр намудан ҷоиз аст, ки таълиму тарбия ҷузъи таркибии соҳаи маориф ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, дар ин раванди зарурӣ оила ва ҷомеа низ масъулиятро бояд эҳсос намоянд.
Мусаллам аст, ки ҷомеаи навини мо бомаром ба ояндаи умедбахш равон аст. Муҳим он аст, ки падидаҳои демократӣ ҳамовози ҷидду ҷаҳди халқи меҳнатдӯсти тоҷик буда, азму ғайрати беканори шаҳрвандон аз кӯшишҳо ва талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваю илҳом гирифта, рушди кишвар торафт суръати тоза мегирад. Дар ин раванд, албатта, насли оянда бояд мақоми худро дошта бошад. Насли нав набояд аз омӯхтани мероси бойи аҷдодӣ, тамаддуни ориёӣ, тарбияи хештаншиносию ватанпарастӣ дар канор монад. Дар иҷрои ин нақшаю ниятҳои нек ҳамагон бояд ҷидду ҷаҳд кунем, ба тарбияи наврасон сахтгирона ва дилсӯзона рафтор намоем.
Муассисаҳои таълимии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои тарбиявиеро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки ба фаъолияти хонандагон таъсири мусбӣ мерасонанд. Корҳои зиёде амалӣ карда мешаванд, ки ба натиҷа ва татбиқи сифатҳои маънавӣ фаъолияти тамоюлноки хонандагон, новобаста аз синну сол ва ҷинсияти онҳо, нигаронида шудаанд.
Рушди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, ки ба такмили фарҳанги шаҳрвандӣ-ватандӯстии насли наврас нигаронида шудааст. Ҷанбаи мазкур бо мубрамияти хоса тавсиф мегардад, чунки бо шуурнокии пасти шаҳрвандӣ-ватандӯстии шаҳрвандон, дар мавриди надоштани саъю кӯшиши муносиб барои воридшавии ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва иҷрои одилонаи қарзи ватандӯстии худ дар назди Ватан, тамоми дигаргуниҳои мусбии пешбинишуда метавонанд дар марҳилаи шиору афкори декларативӣ боқӣ монанд. Ватандӯстӣ ба унвони волотарин эҳсоси маънавӣ-ахлоқӣ шарти пешбаранда таҳкимбахши давлатдории тоҷикон дар асоси ҳувияти миллӣ мебошад. Бинобар ин, ватандӯстӣ асоси маънавӣ-ахлоқии фаъолияти ҳаётӣ ва амалкарди самараноки тамоми низомҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ маҳсуб меёбад. Омӯзиши масоили тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ, инчунин бо равандҳое, ки дар муҳити ҷавонон ба миён меоянд, асоснок карда мешавад.
Таҷрибаи ғаниеро, ки дар марҳилаҳои гуногуни таърихии рушди ҷомеаи мо дар самти тарбияи сазовори насли наврас андухта шудааст, наметавон ба таври пурра дар шароити кунунии таърихӣ мавриди истифода қарор дод, ки ин амр таҷдиди назар ва бознигарии мероси маънавӣ оид ба масоили афзалиятҳои арзишии тарбияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ, коркарди асосҳои назариявии муосири онро тақозо мекунад.
Дар Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва Консепсияи миллии тарбия, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд, тарбияи ватандӯстӣ ва маънавӣ-ахлоқии насли наврас ҳамчун омили муҳимми рушд, ваҳдат ва муттаҳидсозии ҷомеаи муосири тоҷик зикр шудааст. Ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва ваҳдати маънавӣ дар асоси сарнавишти муштараки миллатҳое, ки дар мамлакати мо ҳаёт ба сар мебаранд, ба номгӯйи самтҳои афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зарурати тақвияти вазифаи тарбиявии маориф таъкид шудааст, ки ба ташаккули шаҳрвандият, меҳнатдӯстӣ, маънавиёт, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, муҳаббат ба Ватан, оила, муҳити зист ва табиат аҳамияти аввалиндараҷа бояд дода шавад.
Масоили тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстии насли наврас мавзуи нав нест ва дорои решаҳои амиқ мебошад. Таҳлили адабиёти фалсафӣ, психологӣ-педагогӣ нишон медиҳад, ки дар давраҳои мухталиф ба тарбияи насли наврас дар руҳияи муҳаббат ба Ватан ва муносибати боэҳтиромона нисбати арзишҳои фарҳанги миллӣ диққати хосса зоҳир мегардид. Аммо ҷаҳони иҷтимоии босуръат тағйирёбанда ҷанбаҳои печидатари масоили мазкурро ба миён меоранд. Мутафаккирони пешқадами даврони гузашта (Арасту, Суқрот, Ибни Сино ва дигарон) осори пурарзишеро оиди тарбияи ҳисси ватандӯстии насли наврас ба мерос гузоштаанд. Тарбияи шаҳрвандӣ ҳамчун ҷузъи асосии Консепсияи миллии тарбия дорои қонуниятҳо ва принсипҳои ба худ хос мебошад. Тарбия ба шарте бомуваффақият хоҳад буд, ки қонуниятҳо ва вижагиҳои он дар раванди таълими умумӣ ба назар гирифта шаванд. Қонуниятҳо инъикосгари моҳияти робитаи дохилӣ ва беруна байни ҷузъҳои низоми тарбия ва таълим мебошанд. Воқеият ин аст, ки коре, ки ба он субъекти тарбияи мактабӣ ворид мегардад, бояд бунёдгузори ин фаъолияти аз рӯйи сифат мураккаб ва арзишманди фаъолияти рафторӣ гардад. Бояд ба ҳисоб гирифт, ки кадом робитаю муносибатҳо асос гирифта шаванд, алоқаҳои бонизом дар сатҳи ташаккули сифатҳо ва одатҳои арзишманди маънавӣ зоҳир мегарданд.
Аввалин маротиба калимаи «ватандӯст» (патриот) дар замони Инқилоби Фаронса (солҳои 1789-1793) ба миён омадааст. Ватандӯстон худро дар тафовут аз хиёнаткорон ва хоинони ватан муборизони роҳи озодӣ, ҳимоятгарони ҷумҳурӣ (республика) меномиданд.
Ғайр аз ин, боз ҳам маънии муосири калимаи «ватандӯст» бо ҳиссиёти шуури инсонӣ нисбати зоҳиршавии таъсиррасонии муҳити атроф дар макони таваллуди инсон, таҳсилот, даврони кӯдакӣ, синну соли наврасӣ, ташаккули шахсияти ӯ алоқаманд мебошад. Ватандӯстӣ ба такомули маънавии хонандагон ва ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудааст.
Ватандӯстӣ – ин муҳаббат ба Ватани худ, хоҳиши хизмат кардан баҳри ба манфиатҳои он ва омода будан барои фидо кардани ҷони худ дар роҳи ҳифзи он мебошад. Маърифатнокии шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ яке аз тавсифоти шахсият мебошад, ки дар ҷаҳонбинии ӯ, идеалҳои маънавӣ ва меъёрҳои рафтор ифода меёбад. Аксаран, шуури ҷамъиятӣ дар ҳисси коллективизм, тарзи зиндагӣ, таърих, фарҳанг, арзишҳои бунёдии низоми маориф зоҳир мегардад.
Тарбияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ асосҳои маънавии пойдории давлат ба шумор рафта, дар марҳилаи муосир ба сифати манбаи муҳимми дохилии сафарбаркунандаи ҷомеаи башарӣ баромад менамоянд, ки дар он мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, омодагӣ барои хизмат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми он ташаккул меёбанд. Таҷриба ва таҳқиқоти сершумор нишон медиҳанд, ки тарбияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ метавонанд фардӣ, гурӯҳӣ ва оммавӣ бошанд.
Аз вижагиҳои хосси тарбияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстии тоҷик гароиши инсондӯстона, таҳаммулпазирии динӣ, қонунмадорӣ, раванди устувор ва ниёз ба зиндагии дастаҷамъона ва муҳаббати хосса ба ватан, табиати диёр, оила, хешу табор ва ғайра мебошанд.
Тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ ба таври маҷмуӣ ба нақша гирифта шуда, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таълиму тарбияи насли наврас ба ҳисоб меравад.
Ҳадафҳои асосии тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, маънавиёт, ташаккули шахсияти дорои сифатҳои мусбӣ мебошанд, ки метавонанд дар ҳифзи манофеи Ватан, таҳкими давлатдорӣ, таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди босуботи сарзамини аҷдодӣ зоҳир ёбанд.
Шаҳрвандият ва ватандӯстӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ба насли наврас бо нуфузи худ, нишондодҳои технологӣ, муаллифаҳои иттилоотию иртиботии худ таъсир мерасонад, ки натоиҷи назарсанҷии сотсиологӣ бар ин гуфтаҳо далолат мекунанд.
Бахши ҷудонопазири тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстиро тарбияе ташкил медиҳад, ки ба ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, омода будан ба хизмати ҳарбӣ, ҳисси муҳаббати бепоён ба Ватан нигаронида шудааст.
Ба раванди татбиқи низоми тарбияи шаҳрвандӣ дар муассисаҳои таълимии умумӣ ниҳодҳои давлатии марбута, созмонҳои ғайридавлатӣ шомил мешаванд, ки бо истифода аз иқтидори омӯзгорон корҳои фаҳмондадиҳии асосҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии фаъолияти тарбиявӣ ва таълимӣ ба роҳ монда мешаванд. Ин фаъолият ба воситаи ҷалби васоити ахбори омма, барномаҳои радио, омода намудани рӯзномаҳои деворӣ, намоиши ангораҳо ва аксҳо ва ғайра амалӣ карда мешавад.
Муродзода Нодира, дотсенти
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров