ДДХ: Дастоварди донишҷӯён меафзоянд
Ғолибият дар 56 озмуну олимпиадаҳои дохиливу байналмилалӣ
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сол аз сол дастоварди донишҷӯёну магистрантон дар самти иштироку ғолибият дар озмуну олимпиадаҳо меафзояд. Махсусан, соли хониши ҷорӣ донишҷӯёну магистрантони донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи донишгоҳӣ, шаҳриву вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъол намуда, бо ишғоли ҷойҳои намоён дастоварди арзандаро соҳиб гардиданд. Тавре чанде қабл зимни ҷаласаи шӯрои олимон ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода зикр намуд, 56 нафар донишҷӯёну магистрантони муассиса дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи гуногун, аз ҷумла, байналмилалӣ ғолибият ба даст овардаанд, ки ин натиҷаи назаррас мебошад.
– Азин муваффақият хотирҷамъ нашуда, минбаъд ҷиҳати таъмини бештари донишҷӯёну магистрантон ба озмуну олимпиадаҳо чораҷӯӣ бояд намуд, – таъкид кард ректори донишгоҳ.
Ба гуфтаи сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Ромиз Абдуллоев дастоварди донишҷўён дар самти гирифтани ҷойҳои намоён дар озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” хеле назаррас будааст. Бояд тазаккур дод, ки даври аввали озмуни мазкур дар донишгоҳ дар сатҳи баланд ташкил карда шуд. Дар он бештар аз 500 нафар донишҷӯён ширкат варзиданд.
– Ғолибони давраи донишгоҳии озмунро раёсати донишгоҳ қадршиносӣ карда, ҷиҳати омода намудани онҳо ба даври минбаъдаи озмун тамоми шароиту имконотро фароҳам овард, – мегӯяд Ромиз Абдуллоев.
“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Натиҷаи таваҷҷӯҳу дастгирии роҳбарият ва омӯзгорону устодони донишгоҳ буд, ки 10 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳ ёфтанд. Натиҷаҳои даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур, ки дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе баргузор гардида, тавассути “оинаи нилгун” намоиш дода шуд, ба ҳамагон аён аст. Дар баробари дигарон иштирокчиён аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сарварозиддин Имориддинов, Ҷавоҳир Ашӯров, Хосияти Шаҳобиддин, Зебохон Муллобоева, Шодмонзода Покиза, Абдуқодирзода Фараҳноз, Исмоил Саидов, Назира Тухтарова, Малика Камолова дар номинатсияҳои гуногун баромади зебо доштанд. Аз миёни онҳо Сарварозиддин Имориддинов, магистранти курси 1-уми факултети филологияи тоҷик сазовори ҷойи 1 гардида, Ҷавоҳир Ашӯров, донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи тоҷик ва Хосияти Шаҳобиддин, докторанти курси 1-уми факултети филологияи тоҷик ҷойҳои 2 ва 3-юмро соҳиб шуданд. Чаҳор нафар иштирокчиёни дигар ҷойҳои ифтихорӣ (ҷойи чаҳорум) ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 нафар бо Ифтихорнома сарфароз гардиданд. Инчунин, раёсати донишгоҳ ҳамаи иштирокчиёну ғолибони озмуни мазкурро қадршиносӣ кард.
Хосият: Озмун роҳи илмро дубора бароям кушод
Хосияти Шаҳобиддин соли 2016 факултаи филологияи тоҷики донишгоҳро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ ба оиладорӣ ва нигоҳубини кӯдаконаш машғул буд. Тасмими дар озмун иштирок намуданро гирифт, аҳли оилааш дастгирӣ карданд, устоди донишгоҳ, адабиётшинос Нуралӣ Нуров роҳбариву раҳнамоияш намуд. Дар даври ноҳиявӣ шоҳҷоизаро соҳиб шуда, дар даври вилоятӣ мақоми аввалро касб кард. Бо дастгириву раҳнамоӣ ва сарпарастии раёсати донишгоҳ аз рӯи номинатсияи “Адабиёти муосир – хондан ва аз худ кардан” дар давраи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Хосият мегӯяд, озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!” сабаб гардид, ки роҳи илм барояш дубора боз гардад: “Баъди ғолибият дар озмуни мазкур аҳли оилаам иҷозат доданд, ки ба омӯзиши илм давом диҳам. Ба доктарантураи донишгоҳ дохил шудам ва айни замон докторанти соли аввали факултети филологияи тоҷик мебошам. Аз ҷониби дигар, ба туфайли иштирок дар озмун сатҳи дониш ва ҷаҳонбиниам васеъ гардид. 143 ғазал, 180 рубоӣ, 300 байт аз навъҳои гуногун, аз асарҳои насрӣ 30 раман, 40 повест, 5 ёддоштро хондаву азбар кардам”.
Хосияти Шаҳобиддин мегӯяд, ғолибияти вай дугонаву дӯстонашро ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур шавқу такон бахшида, алҳол ба озмуни навбатӣ омодагӣ мегиранд.
– Нусрату пирӯзӣ ва муваффақияти инсон аз худаш вобаста аст. Агар кӯшишу ғайрат кунем, ба муроди дил хоҳем расид. Сипосгузорам, ки дар ин ҷода роҳбарияти донишгоҳ ҳамеша дастгиру мададгори мост, –илова менамояд Хосият.
Гулбаҳор ҳамаро тасхир кард
Гулабҳор Умарова, донишҷӯи соли 4-уми факултети физикаю техника яке аз ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни донишгоҳҳои олии касбии кишвар барои дарёфти Ҷоми Академия Милли илмҳои Тоҷикистон мебошад. Вай дар ин озмун аз фанни астрономия иштирок карда, Ҷоми Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистонро соҳиб гардид. Дар олимпиадаи мазкур, ки санаҳои 12-13 марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз 39 донишгоҳи кишвар донишҷӯёну магистрантон иштирок карданд. Аз ҷумла, дар бахши астрономия 30 нафар рақобат карданд.
Гулбаҳор мегӯяд, ғолибияти вай дар олимпиадаи мазкур бозгӯи он аст, ки дар донишгоҳ ба омӯзиши фанҳои дақиқ эътибори зиёд дода мешавад. Дар донишгоҳ ихтисоси астрономия вуҷуд надошта, алҳол барои таъсиси он талошу кӯшишҳо ба харҷ рафта истодааст. Дастоварди беназири Гулбаҳор Умарова дар ҳолест, ки астрономияро дар донишгоҳ ҳамчун фанни интихобӣ таълим медиҳанд. Барандаи Ҷоми Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон Гулбаҳор Умарова мегӯяд, натиҷаи таваҷҷӯҳ ба омӯзиши амиқи фанни мазкур дар донишгоҳ аст, ки ба чунин дастовард шарафёб гардид. Вай барои дастгирии моддиву маънавӣ ҷиҳати таъмини иштирокаш дар озмун ба ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода миннатдорӣ изҳор карда, афзуд, ки дастгирии донишҷӯёни лаёқатманд дар мадди назари ҳамешагии роҳбарияти донишгоҳ қарор дорад.
Номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти донишгоҳ Шавкатҷон Шарофов ҳамчун роҳбар дар омода кардани Гулбаҳор ба олимпиадаи мазкур нақши муҳим дорад. Чунончӣ Гулбаҳор мегӯяд: “Ҳатто дар беморхона қарор доштанду аз аҳволам ҳамеша хабардор шуда меистоданд. Адабиёти лозимаро аз шаҳри Душанбе бароям дастрас карданд. Хушҳолам, ки донишгоҳи мо чунин устодони ғамхору мушфиқ дорад. Аз ҷониби дигар, модарам ҳамеша дастгиру мададгорам буда, аз омӯзгори мактабиам Мирмаҳмад Шарофов низ сипосгузорам”.
Гулбаҳор Умарова ғолиби секаратаи Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни донишгоҳҳои олии касбии кишвар барои дарёфти Ҷоми Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон аз фанни астрономия мебошад. Қаблан вай ду маротиба ҷойи дуюмро соҳиб гардида буд. Бо квотаи президентӣ ба донишгоҳ дохил шуда, солҳои хониши 2019-2020 гирандаи Стипендияи Президентӣ, Раиси вилояти Суғд ва раёсати донишгоҳ мебошад.
Ғолиби озмунҳои зиёд аст. Соли сипаришуда аз рӯйи равияи фанҳои дақиқ донишҷӯи сол эътироф гардида буд.
Тамоми имконоту шароит фароҳам аст
Дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи Миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҷмуан 7 нафар ҷойҳои намоёнро ба даст оварданд. Бо ин натиҷа байни муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сазовори ҷои дуюм гардидааст.
Новобаста аз оне ки соли ҷорӣ паҳншавии бемории вогири коронавирус ба баргузории озмуну чорабиниҳо то андозае халал ворид кард, бо даст додани фурсати муносиб донишҷӯёну магистрантон дар озмунҳои сатҳи байналхалқӣ иштироки фаъол доштанд. Аз ҷумла, дар озмуни байналхалқии “Беҳтарин олими ҷавон – 2020”, ки дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, аз донишгоҳ 2 нафар – Шодмон Нурматов, докторанти факултети геоэкология ва Анисахон Ёқубова, омӯзгори факуотети филологияи рус бо медал ва дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардиданд.
Дар даври ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин таҳти унвони «Тоҷикистон – минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» як нафар ҷои дуюмро ба даст оварда, дар даври вилоятии озмуни «Тоҷикистон – минтақаи ҷолиби сайёҳӣ», як нафар шоҳҷоза, як нафар ҷои аввал ва як нафар ҷои сеюмро соҳиб гардиданд. Ҳамчунин, дар озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол – 2020” 1 ҷои аввал ва 2 ҷои 3-юм ба даст омадааст.
Чунончӣ сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Ромиз Абдуллоев зикр кард, раёсати донишгоҳ барои иштироки фаъоли донишҷӯёну магистрантон дар озмуну олимпиадаҳо тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонад. Маблағгузорӣ ба ин самт, ки баҳри таъмини хароҷоти будубошу сафар равона мешавад, сол аз сол аз ҷониби раёсати донишгоҳ меафзояд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши илм ҳамасола беш аз 5 (панҷ) миллион сомонӣ барои таъмини иштироки онҳо ба олимпиадаҳо, конференсияҳо, мусобиқоти варзишӣ ва стипендияи донишгоҳӣ равона карда мешавад.
Бобоҷон ҚУРБОНОВ,
“Нури маърифат”