ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИБНИ СИНО ҲАМЧУН ИҚДОМИ БЕСОБИҚА ДАР РУШДИ ИЛМИ ТИБ ВА ДИПЛОМАТИЯИ ИЛМӢ
Дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои илмӣ ва тавсеаи босуръати равандҳои интегратсионӣ, нақши тандурустӣ ҳамчун яке аз унсурҳои асосии амнияти миллӣ ва умумиҷаҳонӣ торафт бештар афзоиш меёбад. Дар чунин шароит, ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ, ки ба қадрдонӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди илми тиб равона шудаанд, аҳамияти бунёдӣ пайдо мекунанд.
Яке аз чунин иқдомҳои муҳим ва саривақтӣ таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин иқдомро метавон ҳамчун падидаи нав дар сиёсати илмӣ ва фарҳангии кишвар арзёбӣ кард, зеро он дар баробари эҳтиром ба мероси бузургони миллӣ, инчунин ба равандҳои муосири рушди илму технология мутобиқ мебошад. Бо дарназардошти он ки имрӯз рақобати илмӣ ва технологӣ миёни кишварҳо афзоиш ёфтааст, таъсиси чунин ҷоиза метавонад Тоҷикистонро ба ҳайси як субъекти фаъоли фазои илмии ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.
Мазмуни аслии ин иқдом на танҳо дар арҷгузорӣ ба шахсияти нобиғаи илми башарӣ – Абӯалӣ ибни Сино таҷассум меёбад, балки дар ташаккули заминаҳои нави ҳамкории илмӣ низ ифода меёбад. Зеро Ибни Сино ҳамчун рамзи умумибашарии илму маърифат, пули робита миёни тамаддунҳо ва мактабҳои гуногуни илмӣ маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, номгузории ҷоиза ба номи ӯ дорои аҳамияти амиқи рамзӣ ва фарҳангӣ буда, метавонад олимон ва муҳаққиқони ҷаҳонро гирди арзишҳои муштараки илмӣ муттаҳид созад.
Илова бар ин, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино ба рушди дипломатияи илмӣ мусоидат мекунад. Дар шароити муосир, ки илму технология ба яке аз воситаи таъсиргузори сиёсати нарм табдил ёфтааст, кишварҳо тавассути ташаббусҳои илмӣ нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким мебахшанд. Тоҷикистон низ бо чунин иқдом метавонад ҷойгоҳи худро ҳамчун кишвари дорои мероси ғании илмӣ ва иқтидори зеҳнӣ мустаҳкам намояд. Ҷоизаи мазкур метавонад ба пойгоҳе табдил ёбад, ки дар он олимон, табибон ва пажӯҳишгарон аз кишварҳои гуногун барои мубодилаи таҷриба ва ҳамкории судманд ҷамъ меоянд.
Ҳамзамон, аҳамияти ин ташаббус дар рушди худшиносии миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихӣ низ назаррас аст. Дар шароите, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ баъзан ба коҳиши ҳувияти миллӣ оварда мерасонанд, муроҷиат ба мероси шахсиятҳои бузург, аз ҷумла Ибни Сино, метавонад ҳамчун омили муттаҳидкунанда ва таҳкимбахши худогоҳии миллӣ хизмат кунад. Аз ин рӯ, таъсиси ин ҷоиза на танҳо як иқдоми илмӣ, балки як амали муҳими фарҳангӣ ва идеологӣ низ ба ҳисоб меравад.
Абӯалӣ ибни Сино ба ҳайси яке аз нобиғаҳои барҷастаи тамаддуни башарӣ на танҳо дар таърихи илми Шарқ, балки дар рушди умумии афкори илмии ҷаҳон мақоми хосса дорад. Осори ӯ, бахусус «Ал-Қонун фи-т-тиб», на танҳо ҷамъбасти донишҳои тиббии давраи худ, балки низоми мукаммали назариявӣ ва амалӣ дар соҳаи тиб ба ҳисоб меравад. Тибқи таҳқиқоти муосир, ин асар дар тӯли чандин аср дар донишгоҳҳои пешқадами Аврупо, аз ҷумла дар Салерно, Болония ва Монпелйе, ҳамчун дастури асосии таълимӣ истифода мешуд ва ба ташаккули мактабҳои тиббии аврупоӣ таъсири амиқ гузоштааст. Ба андешаи муҳаққиқони ватанӣ, аз ҷумла А. М. Бобоҷонов ва М. Д. Диноршоев, осори Ибни Сино на танҳо арзиши таърихӣ, балки аҳамияти доимии илмӣ дошта, то имрӯз низ дар таҳқиқоти тиббӣ ва фалсафӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Дар чунин заминаи устувори таърихию илмӣ, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми комилан мантиқӣ ва асоснок ба ҳисоб меравад. Дар фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки ин ҷоиза “бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон” таъсис дода шудааст. Ин нукта нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар самти илм на танҳо ба рушди муосир, балки ба эҳёи мероси пурғановати таърихӣ низ такя мекунад.
Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино ҳамчун механизми муассири ҳавасмандгардонӣ метавонад ба рушди илми тиб дар сатҳи ҷаҳонӣ такони ҷиддӣ бахшад. Мувофиқи маълумоти расмӣ, “ба ҷоизаи мазкур шахсоне мушарраф мегарданд, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд”. Ин меъёр хусусияти фаромиллии ҷоизаро таъкид намуда, онро ба як платформаи муҳими ҳамкориҳои илмӣ табдил медиҳад. Ба андешаи муҳаққиқони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, чунин ташаббусҳо дар доираи дипломатияи илмӣ воситаи муассири таҳкими эътимод ва ҳамкориҳои байни давлатҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар баробари ин, саҳми олимони тоҷик дар омӯзиш ва таҳқиқи мероси Ибни Сино низ қобили зикр аст. Масалан, академик М. Д. Диноршоев дар асарҳои худ масъалаҳои фалсафии осори Ибни Синоро таҳлил намуда, нақши ӯро дар рушди афкори рационалистӣ нишон додааст. Ҳамчунин, тадқиқоти А. Баҳоваддинов ва Ҳ. Назаров ба омӯзиши ҷанбаҳои тиббӣ ва ахлоқии таълимоти Ибни Сино бахшида шуда, аҳамияти онҳо барои тибби муосир асоснок гардидааст. Ба андешаи ин муҳаққиқон, мероси Ибни Сино метавонад ҳамчун заминаи назариявӣ барои рушди биоэтика ва тибби интегративӣ хизмат намояд.
Таъсиси фонди махсус ва таҳияи низомномаи ҷоиза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ин иқдом дорои хусусияти институционалӣ мебошад. Ин раванд ба ташаккули инфрасохтори устувори ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат намуда, имконият фароҳам меорад, ки олимон ва мутахассисон аз кишварҳои гуногун дар як платформаи муштарак ҳамкорӣ намоянд. Тибқи таърифи мутахассисони байналмилалӣ, дипломатияи илмӣ истифодаи ҳамкориҳои илмӣ барои ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад. Аз ин нуқтаи назар, ҷоизаи мазкур метавонад ба як воситаи муассири “қудрати нарм” табдил ёбад.
Илова бар аҳамияти илмӣ, ин ҷоиза дорои арзиши муҳими фарҳангӣ ва ҳувиятсозӣ низ мебошад. Ба андешаи муҳаққиқон, мероси илмии Шарқ, аз ҷумла осори Ибни Сино, қисми ҷудонашавандаи тамаддуни ҷаҳонӣ буда, омӯзиши он барои дарки равандҳои рушди илм аҳамияти калидӣ дорад. Бо таъсиси чунин ҷоиза, Тоҷикистон на танҳо мероси худро эҳё мекунад, балки онро ба унвони қисми муҳими тамаддуни ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Ҳамзамон, ин иқдом ба таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани ифтихори миллӣ мусоидат мекунад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки баъзан ба якнавохтии фарҳангҳо оварда мерасонад, чунин ташаббусҳо метавонанд нақши муҳим дар ҳифзи ҳувияти миллӣ бозанд. Ба ҳамин тариқ, Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино на танҳо як мукофоти илмӣ, балки як абзори муҳими сиёсати фарҳангӣ низ мебошад.
Дар маҷмуъ, метавон хулоса кард, ки Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино ҳамчун иқдоми бесобиқа дорои аҳамияти бисёрҷанба мебошад: он ҳамзамон ба арҷгузорӣ ба мероси илмии Ибни Сино, ҳавасмандгардонии олимон, рушди илми тиб, таҳкими дипломатияи илмӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона шудааст. Бо дарназардошти ин омилҳо, метавон интизор дошт, ки дар оянда ин ҷоиза ба яке аз мукофотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар соҳаи тиб табдил ёфта, саҳми Тоҷикистонро дар рушди илми ҷаҳонӣ боз ҳам намоён хоҳад сохт.
Заҳибуллозода Муътабар Заҳибулло,
доктори илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики
факултети забонҳои шарқи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»