ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАИ ТИБ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ ТАНДУРУСТИИ ҶАҲОНӢ
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши мушкилоти нави тандурустӣ, аз ҷумла пандемияҳо, бемориҳои сироятии нав ва буҳронҳои экологӣ, ҷомеаи байналмилалӣ беш аз ҳар вақти дигар ба таҳқиқоти илмии соҳаи тиб ва ҳамкориҳои глобалӣ ниёз дорад. Дар чунин вазъ, омӯзиш ва истифодаи мероси олимони бузурги таърихӣ, ки ба рушди илми тиб саҳми арзишманд гузоштаанд, аҳаммияти махсус касб менамояд. Дар ин замина, шахсияти нобиғаи ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун яке аз поягузорони илмҳои тиббӣ ҷойгоҳи хос дорад.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги ин донишманди барҷаста ва тақвияти рушди илмҳои тиб, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти олии кишвар Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шуд. Ин иқдом ҳамчун падидаи муҳими сиёсати илмӣ ва фарҳангии давлат ба ҳисоб рафта, метавонад барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти тандурустӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Абӯалӣ ибни Сино ва аҳаммияти мероси илмии ӯ дар тиб. Абӯалӣ ибни Сино яке аз донишмандони бузурги тамаддуни башарӣ маҳсуб гардида, осори илмии ӯ дар ташаккули илми тиб таъсири амиқ расонидааст. Асари машҳури ӯ – Ал-Қонун фи-т-тиб – тӯли чандин аср дар муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои тиббии ҷаҳон ҳамчун сарчашмаи асосии таълим истифода мешуд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими афкори илмии ибни Сино муносибати комплексӣ ба масъалаи саломатии инсон мебошад. Ӯ на танҳо табобати бемориҳоро муҳим мешуморид, балки ба пешгирии бемориҳо, беҳдошт, муҳити зист, ғизои солим, тарзи ҳаёти солим ва нигоҳдории мувозинати равонию ҷисмонӣ аҳаммияти махсус медод. Имрӯз ин дидгоҳҳо дар заминаи тибби профилактикӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ аҳаммияти бештар пайдо кардаанд.
Тадқиқотҳои муосир нишон медиҳанд, ки бисёре аз пешниҳодҳои илмии ибни Сино, бахусус вобаста ба сироятшиносӣ, карантин, гигиена ва таъсири муҳити атроф ба саломатии инсон, бо дастовардҳои нави тиббӣ мувофиқат доранд. Ин ҳолат аҳаммияти ҷаҳонии осори ӯро боз ҳам тақвият мебахшад.
Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино: заминаҳои таъсис ва аҳаммияти стратегӣ. Бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шуд, ки ин иқдоми беназир ба ҳисоб меравад. Ин иқдом на танҳо арҷгузорӣ ба мероси илмии яке аз фарзандони фарзонаи миллат мебошад, балки як механизми муҳими дипломатияи илмӣ ва муаррифии иқтидори илмии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ низ ба шумор меравад.
Аҳаммияти стратегии ин ҷоиза дар чанд самт зоҳир мегардад:
- Якум, ҳавасмандгардонии олимон ва муҳаққиқони соҳаи тиб барои анҷоми таҳқиқоти навоварона, ки ба беҳбудии сатҳи тандурустии ҷомеа мусоидат менамоянд.
- Дуюм, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва тиббӣ, ки барои мубодилаи таҷриба, технология ва дониш аҳаммияти муҳим дорад.
- Сеюм, баланд бардоштани нуфузи илми тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва тақвияти мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои анъанаҳои бойи илмӣ.
- Чорум, рушди тадқиқотҳои илмӣ дар самти мубориза бо бемориҳои сироятӣ, ки пас аз пандемияи ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими инсоният табдил ёфтааст.
Нақши ҷоиза дар ҳалли масъалаҳои глобалии тандурустӣ. Дар асри XXI мушкилоти глобалии тандурустӣ, аз ҷумла паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тағйирёбии иқлим, муқовимати антибиотикӣ ва буҳронҳои эпидемиологӣ ҷомеаи ҷаҳонро водор месозанд, ки ба рушди илм ва навовариҳои тиббӣ диққати бештар диҳанд. Дар чунин шароит, таъсиси ҷоизаҳои байналмилалӣ метавонад ҳамчун абзори муассири ҳавасмандсозии илм хизмат намояд.
Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино барои қадршиносии он шахсоне пешбинӣ шудааст, ки дар рушди илми тиб ва низоми байналмилалии тандурустӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ин раванд метавонад боиси ташаккули муҳити солими рақобати илмӣ ва рушди технологияҳои нави тиббӣ гардад.
Аз нигоҳи илмшиносӣ, чунин ҷоизаҳо ба рушди “илми кушода” (Open Science), табодули дониш ва густариши ҳамкориҳои фаромиллӣ мусоидат мекунанд. Инчунин, онҳо барои таҳкими робитаи байни илм, ҷомеа ва сиёсат дар ҳалли масъалаҳои тандурустӣ аҳаммияти калон доранд.
Мероси Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун ҷузъи ҳувияти миллӣ ва илмии Тоҷикистон. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром ба шахсияти Абӯалӣ ибни Сино дар сатҳи давлатӣ таҷассум ёфтааст. Аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба номи ӯ гузошта шуда, инчунин яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе номи ин нобиғаи ҷаҳониро дорад. Ҳамасола 18 август ҳамчун рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб таҷлил мегардад, ки ин низ аз эҳтироми амиқи давлат ва ҷомеа ба мероси илмии ӯ шаҳодат медиҳад.
Ҳамин тариқ, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб падидаи муҳимми сиёсати илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин иқдом на танҳо барои арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои Абӯалӣ ибни Сино хизмат мекунад, балки барои рушди илмҳои тиббӣ, ҳавасмандгардонии олимон, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳалли мушкилоти глобалии тандурустӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҷоизаи мазкур метавонад Тоҷикистонро ҳамчун маркази муҳими муколамаи байналмилалӣ дар самти илми тиб муаррифӣ намуда, саҳми давлатро дар рушди тандурустии ҷаҳонӣ тақвият бахшад.
Назарӣ Бӯстон Маҳмадназарзода,
дотсент, мудири кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинови
факултети математикаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»