ОМӮЗГОР – СОЗАНДАИ ФАРДО
Мақоми омӯзгор ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва давлатдории ҷомеа маҳсуб меёбад. Омӯзгор дорои рисолати истисноӣ буда, на танҳо интиқоли донишро таъмин менамояд, балки дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, арзишҳои маънавӣ ва меъёрҳои ахлоқии насли наврас нақши калидӣ мебозад. Маҳз тавассути фаъолияти касбии омӯзгор тарбияи шаҳрвандони бошуур, масъул ва барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва рушди устувори давлат омода амалӣ мегардад. Бидуни мавҷудияти омӯзгори касбӣ, соҳибтаҷриба ва дорои эътибори иҷтимоӣ, омода намудани насли босавод, эҷодкор ва масъулиятшинос ғайриимкон буда, рушди давлат ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии комил номумкин мегардад.
Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақш ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «омӯзгор такягоҳи асосии рушд ва пешрафти ҷомеа мебошад». Ин нукта на танҳо аҳаммияти иҷтимоии фаъолияти омӯзгоронро инъикос менамояд, балки самти сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифз, дастгирӣ ва таҳкими мақоми ҳуқуқии онҳо муайян мекунад.
Яке аз ташаббусҳои муҳимми давлатӣ дар ин самт қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мебошад. Қонуни мазкур ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ барои мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқии фаъолият, ҳифзи шаъну шараф ва эътирофи иҷтимоии омӯзгор заминаи устувор фароҳам меорад. Омӯзгор бо фаъолияти худ ба рушди маърифатнокии ҷомеа мусоидат намуда, сатҳи илм, дониш ва фарҳангро боло мебардорад, зуҳуроти хурофот ва ҷаҳолатро коҳиш медиҳад ва барои ташаккули мутахассисон ва созандагони ояндаи давлат замина мегузорад.
Арзишманд донистани заҳмат ва фидокории омӯзгор, таҳкими эҳтиром ба шаъну шараф ва мақоми касбии ӯ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Қабули қонунҳои соҳавӣ, аз ҷумла, «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф, таҳияи стандартҳои таҳсилот, таваҷҷуҳ ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон ва қадрдонии онҳо бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ маҷмӯи тадбирҳое мебошанд, ки ба беҳтар гардидани шароити фаъолияти меҳнатии омӯзгорон равона шудаанд.
Сарвари давлат ҳамчунин таъкид менамоянд, ки омӯзгор бояд дар раванди тарбияи ҷавонон ва донишҷӯён нақши фаъолу созанда дошта, барои пешгирии таъсири ақидаҳои ифротгароёна ва ҷалби ҷавонон ба созмонҳои хатарнок чораҳои маърифатӣ андешад. Ин таъкид масъулияти иҷтимоӣ ва тарбиявии омӯзгоронро дар самти роҳнамоии шогирдон ба арзишҳои ахлоқӣ, шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ бештар менамояд.
Мақоми омӯзгор дар моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст, ки ҳуқуқи ҳар як шаҳрвандро ба таҳсил кафолат медиҳад. Татбиқи амалии ин ҳуқуқ бидуни фаъолияти омӯзгор имконнопазир мебошад, зеро маҳз омӯзгор субъекти асосии амалӣ гардонидани меъёрҳои конститутсионӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.
Таҷассуми муҳаббати хонандагон нисбат ба омӯзгор, қадрдонӣ аз заҳмат ва фидокории ӯ, инчунин, эҳтиром ба мақом ва шаъну шарафи омӯзгор аз афзалиятҳои Пешвои миллат ба шумор мераванд. Қабули қонунҳои «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакон», татбиқи барномаҳои давлатӣ, таҳияи стандартҳои таҳсилот, таваҷҷуҳ ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҷорӣ намудани усулҳои беҳтарини таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ, ҳамасола зиёд намудани музди меҳнати омӯзгорон, қадрдонии онҳо бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ — ҳамаи ин тадбирҳо дастгирии воқеии омӯзгорон ва беҳтар гардидани шароити меҳнати онҳоро таъмин менамояд.
Омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки ҳомии фарҳанг, ахлоқ ва маънавияти ҷомеа мебошад. Файласуфи бузург Арасту навиштааст: «Омӯзгор аз падару модар ҳам бештар ба эҳтиром сазовор аст, зеро падару модар ҳаёт мебахшанд, вале омӯзгор зиндагӣ карданро меомӯзонад». Хиради Рӯдакӣ низ таъкид мекунад, ки таҷрибаи зиндагӣ ва насиҳати омӯзгор шахсияти инсонро ташаккул медиҳад. Омӯзгори ҳақиқӣ бо меҳнатдӯстӣ ва ташаббуси эҷодӣ қобилиятҳои шогирдонро бедор карда, хислат ва зеҳни онҳоро инкишоф медиҳад ва созандагони ояндаро тарбия менамояд.
Хушбахт аст он касест, ки сазовори номи пуршарафи омӯзгор мебошад. Омӯзгорӣ на танҳо касби пурифтихор, балки заҳмати сангинест, ки сабр, дониш ва хирадро талаб мекунад. На ҳар касе, ки таҳсил мегирад, метавонад омӯзгори ҳақиқӣ гардад, зеро ташаккули шахсият маҳорат, таҷрибаи зиндагӣ ва сатҳи баланди ахлоқиро тақозо менамояд.
Ҳамин тариқ, омӯзгор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо тарбиятгари насли нав, балки шарики давлат дар татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионӣ, кафили пешрафти миллат ва ҳомии арзишҳои маънавии ҷомеа мебошад. Қонуни «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат барои эътирофи хизматҳои омӯзгорон заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ фароҳам меоранд. Рӯзи омӯзгор рамзи эҳтиром ва қадрдонӣ нисбат ба касби шарифест, ки моҳияти инсонӣ, дониш ва шуури ахлоқиро ташаккул медиҳад. Эҳтиром ва дастгирии омӯзгор эҳтиром ба миллат ва кафолати рушди оянда ва пешрафти Тоҷикистон мебошад.
Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» нақши омӯзгорро дар татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсил мушаххас намуда, кафолатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқии фаъолияти ӯро тақвият мебахшад. Бо қабули қонун мақоми омӯзгор аз сатҳи эътирофи иҷтимоӣ ба сатҳи ҳимояи мустақими ҳуқуқӣ бардошта мешавад. Омӯзгор ҳамчун шарики давлат дар амалисозии сиёсати маориф ва татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионӣ эътироф гардида, дар таҳкими тарбияи миллӣ ва ташаккули арзишҳои шаҳрвандӣ, ахлоқӣ ва зеҳнии хонандагон саҳми муҳим мегузорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз 6 бобу 16 модда иборат буда, масъалаҳои принсипҳои асосии мақоми омӯзгор, ҳуқуқу уҳдадориҳо, тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, аттестатсия ва дараҷаи тахассусии омӯзгор, маҳдудият ва дахлнопазирӣ дар фаъолияти омӯзгорӣ, кафолату ҳавасмандгардонӣ барои омӯзгор ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи ин қонунро дар бар мегирад.
Қонуни мазкур бори аввал ба таври расмӣ муайян менамояд, ки ба мафҳуми омӯзгор шахсони зерин дохил мешаванд: муаллим, тарбиятгар, омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, методист, омӯзгори иҷтимоӣ ва дигар кормандони педагогӣ. Фаъолияти онҳо ҳамчун навъи махсуси хизмати давлатӣ эътироф шуда, бо кафолатҳо ва уҳдадориҳои махсуси ҳуқуқӣ таъмин мегардад.
Мутобиқи қонун, омӯзгор аз дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти касбӣ, фишор, талаботи беасос ва паст задани шаъну шараф ҳимояи ҳуқуқӣ мегирад. Қонун ба таври қатъӣ манъ менамояд: таҳқири шаъну эътибори омӯзгор аз ҷониби хонандагон, волидайн, маъмурият ё шахсони сеюм; ҷалб намудани омӯзгор ба иҷрои вазифаҳое, ки ба уҳдадориҳои касбии ӯ марбут нестанд; инчунин, дахолати шахсони бегона ба раванди таълим.
Моддаи 1 (Мафҳумҳо) омӯзгорро ҳамчун шахсе муайян менамояд, ки дорои таҳсилоти миёна ё олии касбӣ буда, фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва роҳнамоиро дар зинаҳои гуногуни таҳсилот амалӣ мекунад.
Банди 9, моддаи 6 Қонуни мазкур ситонидани маблағ аз хонандагонро барои таъмир, обуна ба нашрияҳои ғайритаълимӣ ва маблағгузории чорабиниҳои маҷбурӣ манъ менамояд. Ин меъёр барои рафъи мушкилоти иҷтимоии мавҷуда аҳаммияти калон дошта,метавонад ба ҳалли амалии он мусоидат намояд.
Моддаи 8 (Кафолатҳо барои омӯзгорон) манъи нигоҳдории маблағ аз музди меҳнати омӯзгоронро барои хароҷоте, ки ба фаъолияти таълимӣ алоқаманд нестанд, пешбинӣ менамояд. Ин кафолат ба таҳкими ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон равона шудааст.
Барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор, бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дар вақти фаъолият ҷалб накардани омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ дар сархати 12, моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» чунин меъёр пешбинӣ карда шуд: яъне, «дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ хизмати ҳатмии ҳарбии омӯзгор ба таъхир гузошта мешавад».
Дар боби 4, моддаи 11-и қонун дарҷ гардидааст, ки омӯзгорро ба фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия вобаста намебошад, ҷалб накунанд.
Тибқи қонун, барои омӯзгор уҳдадориҳо низ пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла, дар боби 2, моддаи 6 муқаррар карда шудааст, ки “омӯзгор бояд, таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, атрофиён, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия намояд. Бо таълимгирандагон, новобаста аз миллат, нажод, дин ва вазъи иҷтимоӣ, муносибати беғаразона намояд”.
Дар давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани мавқеи омўзгор дар ҷомеа ба масъалаи меҳварӣ табдил ёфтааст ва тамоми кўшишу талошҳои давлату Ҳукумат баҳри баланд бардоштани мавқеи ин қишри ояндасоз равона шудаанд. Ин қонун бояд на танҳо таъмини ҳуқуқҳои омўзгоронро кафолат диҳад, балки шароити беҳтарини фаъолияти корӣ ва зиндагиро низ фароҳам орад.
Саломат БОБОҶОНОВА,
номзади илмҳои педагогӣ, муаллимаи калони кафедраи
ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ