​ЗЕҲНИ СУНЪӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАҲКИМИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР ЖУРНАЛИСТИКАИ РАҚАМӢ

Таҳаввулоти фарогири фазои иттилоотӣ дар заминаи рақамигардонӣ ва рушди босуръати технологияҳои зеҳнии ҳисоббарорӣ ба он оварда расонидааст, ки масъалаи татбиқи зеҳни сунъӣ дар низоми таълими журналистика ба яке аз самтҳои мустақили таҳқиқоти илмӣ табдил ёбад. Дар чунин шароит, истифодаи зеҳни сунъӣ дар омодасозии мутахассисони соҳаи журналистика ҳамчун воситаи техникӣ, унсури муҳими такмили муҳтавои таълим, усулҳои омӯзиш ва шаклгирии малакаҳои касбӣ баррасӣ мегардад. Ин раванд бознигарии методҳои анъанавии таълим ва мутобиқсозии ҷараёни таълимро ба талаботи муҳити рақамии муосир тақозо менамояд.

Дар доираи ихтисоси веб-рӯзноманигорӣ, ки дар кафедраи “Иттилоот ва технологияҳои робитавӣ” тадрис мегардад, воридсозии зеҳни сунъӣ ба раванди таълим аҳамияти стратегӣ касб намуда, ба баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён, рушди қобилиятҳои таҳлилӣ ва мутобиқшавии онҳо ба муҳити рақамии тағйирёбанда мусоидат мекунад. Муҳаққиқи соҳаи журналистика, Бобоҷонова М.С. дар баррасии меъёрҳои касбии журналистика қайд мекунад, ки «технология метавонад восита бошад, аммо масъулияти ахлоқӣ ҳамеша бар дӯши журналист мемонад» Ин андеша нишон медиҳад, ки истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди таълим бояд бо назорати методӣ ва ҳадафманд сурат гирад. Ҳамчунин, Муқимов М. дар таҳқиқоти худ оид ба рушди журналистикаи интернетӣ зикр мекунад, ки «тағйирёбии муҳити иттилоотӣ аз журналист малакаҳои нави рақамӣ ва қобилияти кор бо додаҳои калонҳаҷмро тақозо мекунад». Истифодаи зеҳни сунъӣ маҳз дар ҳамин замина ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки бо ҳаҷми зиёди иттилоот кор карда, натиҷаҳои таҳлилӣ ба даст оранд. Дар масъалаи мултимедиасозӣ ва табдили матн ба навор, ё офаридани тасвир бо истифода аз абзорҳои рақамӣ, таҷриба нишон медиҳад, ки донишҷӯён ба таври амалӣ меомӯзанд, ки кадом формати муҳтаво дар байни аудиторияи корбарон бештар пазируфта мешавад. Муродов М. оид ба рушди ВАО-и миллӣ таъкид менамояд, ки «рақобат дар фазои рақамӣ на бар сари иттилоот, балки бар сари шакли пешниҳоди он ҷараён дорад». Аз ин рӯ, таҳлили вокуниши аудитория ба форматҳои гуногуни мултимедиявӣ як унсури муҳими омодасозии мутахассиси муосир мебошад.

Масъалаи ахлоқ ва масъулияти касбӣ дар шароити густариши технологияҳои рақамӣ мақоми марказӣ касб мекунад. Татбиқи зеҳни сунъӣ ба фаъолияти журналистӣ ва раванди таълим тақозо менамояд, ки муносибат ба он бо дарназардошти меъёрҳои касбӣ ва масъулияти иҷтимоӣ сурат гирад. Ба андешаи Ҳамидов И. “рӯзноманигори асри рақамӣ бояд дар баробари истифода аз технология, қобилияти таҳлил ва танзими оқилонаи онро низ доро бошад”. Ин дидгоҳ ба зарурати ташаккули мавқеи интиқодӣ нисбат ба воситаҳои рақамӣ ишора мекунад.

Аз ҳамин нуқтаи назар, зеҳни сунъӣ бояд ҳамчун воситаи ёрирасон дар раванди эҷодӣ истифода гардад, на ҳамчун ивазкунандаи қобилияти таҳлилӣ ва ҷаҳонбинии инсон. Нақши сармуҳаррирон ва сиёсати таҳририя дар муайян намудани меъёрҳои истифодаи чунин технологияҳо аҳамияти ҳалкунанда дорад, зеро эътимоди аудитория ба масъулият ва ҳузури маънавии журналист вобаста мебошад. Илҳоми Ҳамидиён низ таъкид менамояд, ки “рақамисозӣ раванди бозгаштнопазир аст ва масъала дар қабули идорашавандаи он қарор дорад”.

Бо дарназардошти ин асосҳои назариявӣ, дар доираи татбиқи усулҳои таҳлили амалӣ дар фанни «Технологияҳои муосири расонаҳои интернетӣ» фаъолияти блогерони фаъоли фазои рақамии тоҷикӣ ҳамчун объекти омӯзиш интихоб гардид. Аз ҷумла, фаъолияти Наргис Қосимова. ва Нигорахон Алимова (бренди “Jiz-biz”) бо назардошти фарқияти форматҳои пешниҳод — муҳтавои иҷтимоӣ-ҳикоявӣ ва муҳтавои визуалӣ-амалӣ — мавриди таҳқиқ қарор дода шуд. Ин интихоб имконият фароҳам овард, ки ҷанбаҳои гуногуни таъсири муҳтаво, шакли пешниҳод ва сатҳи ҷалби аудитория дар заминаи таҳлили далелнок баррасӣ гарданд.Дар доираи таҳқиқ 2–3 воҳиди мушаххаси муҳтаво аз ҳар саҳифа ролики кӯтоҳ, видеонавори марҳилавӣ ва пости тавсифӣ интихоб гардида, аз рӯйи меъёрҳои зерин таҳлил карда шуданд:

  • ғоя ва ҳадафи иртиботӣ;
  • сохтори пешниҳод: оғоз, инкишоф, ҷамъбаст;
  • шеваи муроҷиат ба аудитория ва сатҳи фардисозӣ;
  • унсурҳои визуалӣ ва сифати иҷрои техникӣ;
  • нишондиҳандаҳои интерактивӣ: бозбинӣ, лайк, шарҳ, бознашр;
  • хусусияти вокуниши аудитория.

Коркарди додаҳои оморӣ ва таҳлили миқдорӣ бо истифода аз абзорҳои зеҳни сунъӣ анҷом дода шуд. Донишҷӯён тавассути воситаҳои таҳлилӣ сатҳи ҷалби аудиторияро ҳисоб намуда, таносуби вокунишҳоро муайян карданд, мазмуни шарҳҳоро гурӯҳбандӣ намуданд ва тамоюлҳои рафтори корбаронро ошкор сохтанд. Истифодаи зеҳни сунъӣ имконият фароҳам овард, ки таҳлил аз сатҳи тавсифӣ ба арзёбии далелнок ва низомманд гузарад.

Натиҷаҳои таҳлили муқоисавӣ нишон доданд, ки хусусиятҳои шакл ва шеваи пешниҳоди муҳтаво ба сатҳи ҷалби аудитория таъсири мустақим мерасонанд. Аз ҷумла, дар муҳтавои Наргис Қосимова унсурҳои муроҷиати мустақим ба аудитория, нақли таҷрибаи шахсӣ ва услуби муоширатӣ боиси афзоиши шарҳҳо ва иштироки фаъолонаи корбарон мегарданд. Дар навбати худ, дар саҳифаи Нигорахон Алимова (Jiz-biz) сохтори пайдарпайи намоиши раванди пухтупаз, равшании визуалӣ ва дақиқии тасвир ба баланд гардидани нишондиҳандаҳои бозбинӣ ва нигоҳдории таваҷҷуҳи аудитория мусоидат менамоянд. Бо такя ба таҳлили додаҳои рақамӣ ва истифодаи абзорҳои зеҳни сунъӣ, донишҷӯён имконият пайдо намуданд, ки робитаи миёни формати муҳтаво ва вокуниши аудиторияро ба таври далелнок арзёбӣ кунанд. Ин раванд ба рушди тафаккури таҳлилӣ, саводи рақамӣ ва малакаҳои касбии арзёбии муҳтавои онлайн мусоидат намуд. Дар ин замина, маҳдуд намудани истифодаи зеҳни сунъӣ дар таълим ва фаъолияти расонаӣ бо талаботи рушди муҳити рақамӣ ҳамоҳанг нест. Самти мақсаднок ташаккули фарҳанги истифодаи масъулиятнок ва методии он мебошад. Таҷрибаи таълимӣ нишон медиҳад, ки “вогузории корҳои техникӣ ва ҳисоббарорӣ ба низомҳои зеҳни сунъӣ ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки вақти бештарро ба таҳлил, эҷодкорӣ ва такмили маҳорати касбӣ равона созанд, ки ин ба болоравии сифати омодасозии кадрҳо мусоидат мекунад”.

Дар маҷмӯъ, ҳамгироии зеҳни сунъӣ ба соҳаи журналистика ва низоми таълим ҳамчун марҳилаи нави таҳаввули муҳити рақамӣ арзёбӣ мегардад. Ин раванд бо тағйироти сохторӣ дар тавлид, коркард ва паҳнсозии иттилоот иртибот дошта, аз мутахассисон сатҳи баланди саводи рақамӣ ва қобилияти таҳлили додаҳоро тақозо мекунад.

Самаранокии истифодаи зеҳни сунъӣ ба омодагии касбии омӯзгорон ва журналистон, асоснокии методӣ, инчунин риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва масъулияти иҷтимоӣ вобаста мебошад. Дар сурати татбиқи низомманд ва таҳти назорати касбӣ, зеҳни сунъӣ метавонад ба такмили равандҳои омӯзишӣ, болоравии сифати таҳлил, рушди тафаккури интиқодӣ ва ташаккули малакаҳои эҷодии мутахассисони рақамӣ мусоидат намояд.

Шаҳноза ЗАРИПОВА,

дотсенти кафедраи иттилоот

ва технологияҳои робитавӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ