ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲҚИҚИ САРНАВИШТИ ЗАБОН ЧУН УНСУРИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Забони тоҷикӣ яке аз рукнҳои аслии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин марҳилаи навини давлатдории миллии мо таваҷҷуҳ ба таъмини фасоҳати калом, ҳифзи ганҷинаҳои нодири таърихии он афзун мегардад. Аз рӯйдодҳои охири замони Шӯравӣ маълум аст, ки дар поёни солҳои ҳаштодуми асри гузашта бо василани насими бозсозӣ ва зуҳури бедории миллӣ масъалаи ба миён гузоштани мақоми давлатӣ касб намудани забони тоҷикӣ манзалат ва ҷойгоҳи махсус пайдо кард. Талошу кӯшишҳои зиёиёни тоҷик, ки бузургтарин чеҳраҳои илму адабиёти он рӯзгор, чун академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, шоирони маҳбуби миллат Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор ва дигарон барои дар маснади давлатӣ нишондани забони миллӣ азхудгузаштиҳое нишон доданд. Дар натиҷа 22-юми июли соли 1989 Қонуни ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» таҳия ва қабул гардид. Дар ин айём Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошт, ки бар асоси он сиёсати давлатии забон аз ҷониби маркази ягонаи Маскав назорат ва идора мегардид. Аммо бо ин ҳама қонуни забоне, ки дар Тоҷикистон қабул гардид, яке аз қонунҳои аввалин дар сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт. Муҳаққиқи забоншиноси тоҷик профессор Сайфиддин Назарзода дар бораи қонуни мазкур ва ҷойгоҳи он чунин менависад: «Баъд аз Ҷумҳурии Эстония дувумин Қонуни забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва албатта аз сабаби он, ки ин аввалин қонуни забон буд, дувум он ки Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат қарор дошт ва ҳама вақт он сиёсати худро вобаста ба сиёсати марказӣ пиёда мекард, ин қонун як силсила нуқсону камбудиҳо дошт. Пеш аз ҳама дар асоси ин қонун ба таври саросарӣ истифодаи се забон дар Тоҷикистон расмӣ дониста мешуд, яъне ҳам забони тоҷикӣ, ҳам забони русӣ ва ҳам забони ӯзбекӣ. Аксарияти қонунҳои Тоҷикистон, бештар он қарору қонунҳое, ки Шӯрои Олии Тоҷикистон қабул мекард, бо ҳамин се забон нашр мешуданд. Аз тарафи дигар, дар ин қонун масъалаҳои бисёр муҳими нигаҳдорӣ ва ҳифзи забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои он дар ҷомеа, яъне бисёре аз масъалаҳои муҳиму бунёдие, ки барои инкишофи забон роҳи васеъ мекушод, мутаассифона дарҷ нагардида буданд».
Бо ин ҳама метавон таъкид дошт, ки ҳарчанд ин Қонун дар чунин шароит ба миён омада, камбудиҳо дошт, аммо дар он замон қабули чунин Қонуни забон қадами муҳимме ба шумор мерафт. Бар ин асоос, мардуми Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ва арҷгузорӣ қабулин ин қонунро истиқбол карданд. Дар канори қабули Қонуни мазкур дар Тоҷикистон Бунёди забони тоҷикӣ таъсис ёфт, ки вазифа ва масъулияти аслии татбиқи Қонуни мазкурро бар дӯш дод. Ҳамзамон, масъулияти раҳнамоии ин бунёди бузуруги ҳифз ва тарғиби забони давлатӣ ба уҳдаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ гузошта шуд. Дар мавриди нақш ва мақоми зиёиёни мамлакат дар ин солҳо дар таҳким ва рушди забони давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 1998 дар яке аз суханрониҳои хеш хеле бамаврид таъкид дошта буданд: «Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир ба назари ман аз кӯшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ гирифтани он оғоз ёфт».
Дар баробари мусоидат ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» силсилаи китобу мақолаҳои олимону донишмандони тоҷик ба нашр расиданд, ки дар роҳи тарғиби асолати забони миллии мо нақши муҳим гузоштанд. Китоби мақолоти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ бо номи «Забони мо -ҳастии мо», ки соли 1991 ба нашр расид, дар ин ҷода нақши муҳим гузошт. Бо гузашти ду сол аз қабул Қонуни зикршуда аллакай ин донишманди соҳибноми тоҷик дар бораи камбудиҳои он изҳори назар намуда, аз ҷумла қайд карданд: «Мубориза дар роҳи тозагии забон ҳоло пас аз қабул шудани Қонуни забон аҳаммияти махсус пайдо кардааст. Қонуни забони РСС Тоҷикистон (бо вуҷуди бисёр нуқсонҳояш) бояд марҳилаи муҳимме дар инкишофи маданияту маънавияти мардуми тоҷик оғоз намояд». Ин ҷо равшан мешавад, ки дар баробари он ки дар матни қонуни забон камбудиву норасоиҳое ҷой дошт, аммо аз ҷониби ин донишманди мумтоз марҳилаи муҳимме эътироф гардид. Шоир ва адабиётшинос Рустам Ваҳҳобзода дар як мақолаи хеш, ки дар нашрияи «Адабиёт ва санъат» нашр шуда буд, чунин таъкид кардааст: «Дар маданияти тоҷикон оид ба забон давраи нав cap шуда истодааст. Хосияти ин давра ҳамин аст, ки унсури асосии маданияту маърифат худи забони модарӣ қарор мегирад».
Ҳарчанд қонуни мазкур дар соли 1989 қабул гардид, аммо марҳилаи асосии татбиқи он ба замони Истиқлоли миллӣ рост омад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари масъулияти бузурги роҳбарии давлатро баъди баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таҳкими забони давлатӣ ва дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор додани сиёсати давлатии забон ба миён гузошта шуд. Баъд аз истиқлоли давлатӣ дар шароити бисёр душвор ва ҳассоси давом ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бори аввал Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани ҷашни забони давлатӣ» дар соли 1994 ба имзо расид.
Дар даҳсолаи аввали истиқлоли миллӣ ҷиҳати дар сатҳи матлуб татбиқ намудан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» тадбирҳои мухашшас андешида шуд. Дар навбати аввал қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми ноябри соли 1995, таҳти рақами №142 қабул гардид, ки мутобиқи он муддати давраи гузаришро дар татбиқи қонуни забон, ки мувофиқи Қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (№142 аз 11 январи соли 1989) якуми январи соли 1996 муқаррар гардида буд, то ба моҳи декабри соли 1999 дароз гардид. Дар натиҷа мутобиқи Қарори Шурои Олии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми феврали соли 1996 ба қарори қаблан қабулшудаи Шурои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 11-уми августи соли 1989 № 142 тағйиру иловаҳо ворид кард. Масъалаи ривоҷ ва густариши забони давлатӣ ва татбиқи муваффақонаи Қонуни забон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври махсус баррасӣ гардида, дар асоси он 2 июни соли 1997 №256 қарори махсуси дигаре қабул шуд, ки марҳилаи наве дар ин раванд қабул шуд. Дар натиҷа, ҳуҷҷати нави марбут ба раванди татбиқи Қонуни ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» «Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсия ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламравӣ Ҷумҳури Тоҷикистон» тибқи қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 № 459 қабул гардид. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998 № 355 имлои нави забони тоҷикӣ ба тасвиб расид.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ пуштибонии давлат аз мақом ва ҷойгоҳи забони давлатӣ омил бар он гардид, ки забони тоҷикӣ дубораа ба маснади таърихии хеш нишаста, мақоми таърихии хешро соҳиб гашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, роҷеъ ба ин ҷойгоҳи таърихии забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли миллӣ чунин таъкид доштаанд: ««Дар замони Истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини кишварро ба дӯш мегирад. Аз ин рӯ, истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад». Дар ин гуфтаҳои Президенти кишвар ду нуктаи бисёр муҳим нуҳуфта аст. Аввалан, Истиқлолияти Тоҷикистон барои рушди забони давлатӣ тамоми шароитро фароҳам овардааст. Сониян, ин шароит имкон додааст, ки забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба забони муоширати байни халқҳои сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал шавад.
Ҳамин тавр ҳам шуд, дар даврони Истиқлоли миллӣ дар ҳудуди 20 соли амалкарди Қонуни мазкур хеле аз нуктаҳои муҳимми он мавриди амал қарор гирифта, дар натиҷа зарурияти қабули Қонуни нав ва ҳамзамон андешидани раванди нави ташаббусҳои навин ва таҷдиди назар ба татбиқи қонун пеш омад. Соли 2008 дар Тоҷикистон баробари таҷлили аз 1150 солагии устод Рӯдакӣ дар мо Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон шуд. Натиҷагирӣ аз самараҳои соли забони тоҷикӣ яке аз омилҳои муҳим дар самти қабули Қонуни нави забони тоҷикӣ таҳти унвони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид. Яке аз аввалин тадбирҳое, ки барои идомаи татбиқи муваффақонаи қонун андешида шуд, таъсис ёфтани Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки масъулияти бунёди забони тоҷикӣ ба дӯши он вогузор гардид. Ба таъбири дигар, забон бо таъсиси ин ниҳоди расмии давлатӣ ва қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман дар паноҳи давлат қарор гирифт. Истиқлоли миллӣ, пуштибони давлат аз забон, бавежа ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирӣ ва мусоид ба рушди забони давлатӣ воқеан омил бар он гардид, ки он ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ, саодати маънавии халқи тоҷик ва шиносномаи миллат мақом ва ҷойгоҳи хосае касб намояд. Дар мавриди рушди забони давлатӣ дар замони истиқлоли миллӣ Пешвои муаззами миллат чунин таъкид доштаанд: «Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷик саъю талош намуда, ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Дар барбари ин, як қатор санадҳо қабул гардида, барои пешрафти он барномаҳои давлатиро роҳандозӣ намудем ва ба ба хотири бузургдошти ин рукни муҳими давлатдориамон дар қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, ҳамасола рӯзи забонро бо шукуҳа шаҳомати хоса таҷлил менамоем ва чорабиниҳои зиёди илмию оммавиро дар ин айём баргузор мекунем». Тадбирҳои муҳими давлатӣ боис шуданд, ки баробари таъсиси ниҳоди махсуси давлатии татбиқкунандаи Қонуни мазкур барномаи нави давлатӣ ҷиҳати тавсеа ву рушди забони тоҷикӣ дар кишвар қабул гардида, масъалаҳои омӯзиши он дар кишвар ва берун аз он, тарҷумаи осори адабиву илмӣ ба забони тоҷикӣ, тасҳеҳу нашри осори адабиёти классикӣ ва аз ин роҳ таъмини ғаномандии забон, ба забони давлатӣ навиштани китобҳои дарсӣ барои ихтисосҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ вусъат гирифт. Таҳияи фарҳангҳои дузабонаи тахассусӣ, фарҳангномаоҳи тафсирӣ ва муаллифӣ ривоҷ ёфт. Муҳимтар аз ҳама таҳқиқи сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ ва нақши муҳими он дар худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ чун як раванди комили таҳқиқи вусъат ёфт, ки агарчӣ аз солҳои аввали соҳибистиқлоли марҳила ба марҳила дар ҳоли рушд буд, вале баъди қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» раванди таҳаввули тозаеро касб намуд, ки дар саргаҳи он худи Пешвои миллат бо таъкиди асари арзишманди дуҷилдаи «Забони миллат- ҳастии миллат» қарор гирифтанд. Ҷилди аввали ин китоб соли 2016 аз чоп баромад, ки зерунвони он «Ба сӯи пояндагӣ» ном дорад. Ин китоб аз шаш бобу бисту шаш фасл таркиб ёфта, тамоми паҳлӯҳои омӯзиши забони тоҷикиро фаро мегирад. Дар баробари ин давраҳои таърихиву даврабандии ташаккули забони тоҷикӣ ба таври мушаххас дар масири таърих мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Гуфтан мумкин аст, ки чанд фазилат ва моҳияти муҳими забони тоҷикӣ, аз ҷумла ваҳдатофарӣ, тавомандӣ дар муқовиматҳои таърихӣ ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ ёфтааст. Соли 2020 бошад муҷаллади дувуми ин китоб рӯи чоп омад, ки унвони куллии «Забон ва замон»-ро бо худ гирифта, таҳқиқи мароҳили таърихии ташакули забони тоҷикӣ аз ибтидои асри ХIII то оғози қарни бистум фаро мегирад.
Ҳар ду китоби мазкур яке аз манобеи муҳим ва барои пажӯҳишгарон ва тадқиқотчиён баҳри омӯзиши асолат ва рисолати забони тоҷикӣ ба шумор мераванд, ки дар умум вазифаҳои муҳими таърихии забони тоҷикиро чун забони илм ва адабиёт шарҳу тафсир намудаанд. Ба ибораи дигар, китоби дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон асари комил ва бунёдӣ роҷеъ ба таърих ва сарнавишти забоеи тоҷикӣ ба шумор рафта, хонанда метавонад ба ҳамаи саволҳои худ тариқи мутолеаи он дар бораи тақдири таърихии забони тоҷикӣ посух ёбад Ин китоб на танҳо натиҷаи баррасии илми таърихи забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) аз давраи бостон то аввали асри ХХ мебошад, балки таҳқиқи таърихии мақоми забони тоҷикӣ чун забони расмӣ аз давраҳои қадим то ба имрӯзро низ фаро гирифтааст. Фузунтар аз ин ҳосили муҳаббати Пешвои миллат чун пуштибони забони тоҷикӣ ба шумор меравад, онгуни худи муаллиф дар пешгуфтори муҷаллади дувуми он чунин навиштаанд: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям».
Ҳамин тавр, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷиҳати рушду такомули забони тоҷикӣ як зумра корҳои арзишманд ба анҷом расид, ки аз ҷумлаи онҳо таҳияи «Фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд соли 2008 чоп шуд), таҳияи «Донишномаи Рӯдакӣ» ки ду китоби он соли 2008 нашр шуд, «Донишмномаи Сомониён» (дар се ҷилд, ки ду ҷилди он солҳои 2008-2009) ва як ҷилди он дар соли 2017 ба чоп расид. Масъалаи таҳия ва нашри нави «Энсклопедияи миллии Тоҷикистон» ба миён гузошта шуд, ки муҷаллади аввали он соли 2011 ба чоп расида, ҳамакнун дар давоми то соли 2025 11 ҷилди он рӯии чоп омадааст. Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ дар соли 2011 қабул ва ба мавқеи иҷро гузошта шуд.
Дар канори ин, таъсис ёфтани Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми риштаҳо ба қалам омадани рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ ҷиҳати рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забоони илмӣ нақши муассир гузошт. Ҳоло бештар аз 10 сол аст, ки ин раванд бомувваффақият идома дорад, ки бар пояи он мақоми таърихии забони илм будани забони тоҷикӣ ба субут мерасад.
Дар умум, дар даврони истиқлоли миллӣ гурӯҳи калони олимон ба таҳқиқи сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ, масъалаҳои истиқлол ва забони давлатӣ, нақши Пешвои миллат дар рушду таҳаввули забони тоҷикӣ машғул шуданд, ки ин ҷо метавон аз донишмандоне чун Муҳаммадҷон Шакурӣ, Додихудо Саймиддинов, Сайфиддин Назарзода, Абдуҷамол Ҳасанзода, Мирзо Ҳасани Султон, Толиб Ваҳҳобов, Туғрал Шокиров, Сахидод Раҳматуллозода, Абдусаттор Абдуқодиров, Нуруллохон Ғиёсов, Воҳид Ғаффорӣ, Зафар Сайидзода, Гавҳар Шарофзода, Азиз Мирбобоев, Пирмуҳаммад Нуров, Мӯсо Олимҷонов, Зоҳид Қурғонов ва дигаронро метавон ном бурд. Дар канори ин, ҳамасола вобаста ба таҷлили рӯзи забони давлатӣ бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИ Тоҷикистон ҳамкории устодони донишгоҳҳоии олии кишвар конфронсу ҳамоишҳои илмӣ баргузор ва маводу мақолаҳои он ба нашр расиданд. Ин дастовардҳо гувоҳи он ҳастанд, ки дар даврони Истиқлоли миллӣ баробари шинохти забони тоҷикӣ чун шиносномаи миллат, унсури муҳимми худшиносии миллӣ таҳқиқи сарнавишти таърихии он ба як раванди қобили таваҷҷуҳи таҳқиқӣ бадал шуда, дар ин замина корномаҳои бузурги таҳқиқӣ рӯйи кор омаданд. Омили ифтихорофарин дар ин асра барои мо аҳли таҳқиқ он аст, ки дар саргаҳи ин раванди бонуфузи илмӣ худи Пешвои миллат бо таълифи ду ҷилд китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» қарор доранд, ки ба иншои китоби ёдшуда бунёди як мактаби неруманди илмиро дар шинохти асолат ва рисолаи таърихии забони тоҷикӣ гузоштанд.
Ӯғулой Умарзода,
устоди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»