ОМӮЗГОР ВА МАҚОМИ ОН ДАР ҶОМЕА
Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод - омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад.
Эмомалӣ Раҳмон
Пешаи омӯзгорӣ чун қуллаи нурафканест, ки тамоми касбу вазифаҳои олам аз он сарчашма мегиранд. Аз ин лиҳоз саромади педагогика Ян Амос Каменский (1592-1670) ба касби ифтихорманди омӯзгорӣ баҳои арзанда дода, чунин гуфтааст: «…ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад».
Дар вокеъ, касби омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст, зеро агар инсоният бо ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро тағйир диҳад, муаллим бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул медиҳад. Зеро, пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа, аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобаста мебошад. Маҳз наслҳои солимфикр, соҳибмаълумоту дорои ҷаҳонбинии комил, метавонанд суръати киштии миллатро бидуни каҷу килебиҳо рост сӯи соҳили матлаб биронанд. Сиришти чунин наслҳои олимақом аз бисёр ҷиҳат ба заҳмати фидокоронаи муаллимони олиқадр вобаста аст. Омӯзгор дар рушду нумуъ ва иқтидору устувории кишвар нақши бузург дорад!
Халқи тамаддунофари мо ҳамеша захираи бузурги илмомӯзӣ ва фарҳангдӯстӣ доштааст ва бешак, дар тамаддуни ҷаҳонӣ нақши нобиғагони ин миллат хеле барҷаста аст.
Аз ин лиҳоз, саҳми устоду омӯзгор, ки дар ҳар давру замон интиқолдиҳандаи илму дониш маҳсуб меёбад, барои рушди ҷомеа хеле муҳим аст.
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
- фармудаст, сардафтари адабиёти классискии тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ. Вожаи муаллим аслан вожаи арабӣ буда, аз решаи “илм” баромадааст ва маънияш ҳам шахсест, ки илму донишро ба дигарон мерасонад ва меросдори асосии илму маърифат аст. Муаллим, устод, омӯзгор, мураббӣ - ҳама калимаҳои ҳамсангу ҳаммаъно ҳастанд ва омӯзгор, ки калимаи аслан тоҷикӣ аст, он шахси бохирад, аст, ки донишро ба дигарон меомӯзонад, яъне машъалбардори илму маърифат аст.
Имрӯзҳо, ки халқи тоҷик соҳиби истиқлол шудаасту сарбаландона бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи худро месозад, нақши устодону омӯзгорон боз ҳам баландтар мешавад ва талабот низ ба ин пеша дучанд афзудааст.
Дар яке аз Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.
Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем”.
Аз ин рӯ, омӯзгорону устодони имрӯзаи моро зарур аст, ки ҳамеша меҳнат намоянд ва шогирдони худро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва ҳалолкорӣ тарбия намоянд то ба ин мақоми баланд сазовор бошанд.
Ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ, вобаста ба соҳаи маориф як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумат, консепсияву низомнома, стандартҳои давлатӣ, стратегияҳои миллӣ ва дастурамалҳо ба тасвиб расидаанд, ки метавонанд барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди соҳа мусоидат намоянд.
Гулсара Ҷӯлиева,
дотсенти кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими они
факултети биология ва химияи Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»