​КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН ҚОНУНИ РАҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

Дар баробари соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Мардуми Тоҷикистон марҳилаи давлатдории ҳуқуқбунёди демократӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкории хусусӣ шуруъ намуд. Давраи мустақили рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар робита бо эҳёи суннатҳои давлатдории ниёгон, истифодаи васеи анъанаҳои миллӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва дар заминаи густариши равобити дутарафаву бисёртарафа бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ оғоз шуд. Дар ҷомеа зарурати таърихии интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои дар воқеъ, олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ эҳсос мегардид.

Таърих гувоҳ аст, ки Конститутсияи имрӯзаи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар вазъияти муташанниҷи сиёсӣ қабул шудааст. Агар ба таърихи Конститутсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, ба мо маълум мегардад, ки дар Тоҷикистон то ба имрӯз 5 маротиба Конститутсия қабул карда шудааст. Аммо дар таърихи тоҷикон Конститутсияи имрӯз амалкунанда Конститутсияе мебошад, ки Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон карда, бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидааст.

Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем.

Конститутсия аз калимаи лотинӣ «constitutio» гирифта шуда, маънояш «муқарраркунӣ», «сохтор» мебошад. Вожаи «Конститутсия» дар Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тобишҳои мухталифи худ зиёда аз 35 маротиба мавриди истифода қарор гирифтааст. Таҳлили вожаи мазкур имкон медиҳад, ки паҳлуҳои гуногуни ин падидаи ҳуқуқӣ муайян гарданд ва ҳангоми истифодаи амалии Конститутсия ва меъёрҳои он ба эътибор гирифта шаванд.

Конститутсия ин низоми меъёрҳои ҳуқуқиест, ки ҳамчун қоида қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, муносибатҳои асосии ҷамъиятии байни шахс ва ҷамъият аз як тараф ва аз тарафи дигар асоси ташкили худи давлатро муайян мекунад.

Хусусияти муҳимми Конститутсия дар он ифода меёбад, ки он аз як тараф Қонуни асосии давлат мебошад, ки он ба мақоми халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва барандаи моҳияти иҷтимоии ҷомеа такя менамояд. Солҳои 1999, 2003 ва 2016 бинобар зарурати таърихӣ, ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рушди низоми ҳуқуқи миллӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридгардида меъёрҳои ин ҳуҷҷати ҳуқуқиро такмил дода, барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони озоду демократӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, таъмини амнияти давлат, тақвияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегӣ, пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ ва амалишавии дигар тадбирҳои созанда барои таҳкими ҷомеаи навини кишвар имконияти мусоид фароҳам овардаанд.

Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ин «Истиқлолият буд, ки давлати ҷавони мо дар муддати хеле кутоҳ баҳри бунёди давлатдории навин, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ мебошанд, ба комёбиҳои назаррас ноил гардид».

Конститутсия давлати Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад. Бояд гуфт, ки андеша ва назарияи давлати иҷтимоӣ ҷузъи таҷрибаи давлатдории ҷаҳони мутамаддин буда, дар конститутсияҳои давлатҳои Аврупо ва кишварҳои дигар барои таъмини шароити зиндагии арзандаи ҳар фарди ҷомеа нигаронида шудааст. Ифодаи меъёри мазкур дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини доираи васеи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди сокини кишвар, аз ҷумла таъминоти моддиву иҷтимоии нафақахӯрон, ятимон, маъюбон, гирифтани пеши роҳи нобаробарии иқтисодии байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, таъмини инкишофи озодонаи ҳар шахс хизмат мекунад. Дар заминаи ин меъёри конститутсионӣ ҳадафҳо, мазмун ва самтҳои сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон муайян шудаанд, миқдори зарурии қонунҳо, барномаҳо ва дигар чорабиниҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар заминаи он гузариши ҷомеа аз низоми сиёсии якҳизбӣ ба низоми сиёсии нави бисёрҳизбӣ таъмин гардид. Конститутсия имкон доштани инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон намуд. Дар асоси ин меъёри конститутсионӣ дар кишвар таъсис ва фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсӣ оғоз гардид. Ҳоло ҳизбҳои сиёсии гуногун намояндагони худро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доранд. Бо такмили фаъолияти ҳизбӣ ва ғанӣ гаштани таҷрибаи сиёсии онҳо солҳои минбаъда сатҳи фаъолияти ҳизбӣ, бешубҳа, баланд мешавад.

Аз ин нуқтаи назар, ман тамоми дастовардҳоеро, ки тули 32 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидаанд, натиҷаи заҳмату талош ва заковати азими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарафманди тоҷик меҳисобам, чунки маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд имрӯз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи Тоҷикистонро ҳангоми ҳаллу фасли масоили байналмилалӣ ба инобат мегиранд.

М.Садиров, муаллими кафедраи психологияи иҷтимоӣ

ва касбии факултети психология ва таҳсилоти

томактабии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи

давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ