ОМӮЗГОР – САРЧАШМАИ ҲАМАИ МУВАФФАҚИЯТҲОСТ
(Дар ҳошияи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»)
Агар дар ҷаҳон набвад Омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Агар дар тамоми раванди таърих назар афканем, омӯзгорон ягона табақаи боэътимоди миллату давлат ба ҳисоб мерафтанд. Зеро равшангари ҳаёту фаъолияти инсон дар ҳама давру замон омӯзгор мебошад. Маҳз омӯзгор ҳаст, ки мушкилоти инсониятро ҳал намуда, дари илму дониш ва муваффақияту пешрафтро ба рӯйи инсон мекушояд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зикр намудаанд: «Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад». Аз ин рӯ, омӯзгор ҳамчун шамъ аст, ки тамоми торикиҳои роҳу ҳаёти минбаъдаи инсониятро ба ҳамешагӣ равшан менамояд.
Инчунин, таърих худ гувоҳ аст, ки омӯзгорон дар ҷомеа на танҳо нақши интиқолдиҳандаи донишро ба наслҳои оянда иҷро намудаанд, балки метавон онҳоро ҳамчун меъморон ва офарандагону ҳаракатдиҳандагони тамаддуни инсоният номид. Маҳз омӯзгор буд, ки тафаккур ва афкори наслҳо ташаккул ёфта, шакл гирафтанду арзишҳо миллӣ ва ахлоқиро ба ҷомеа роҳнамоӣ намуданд. Инсониятро ба сӯи муттаҳидӣ ва бунёкориву ободнамоӣ роҳнамун намуд.
Дар фарҳанг ва таммадуни халқу миллати тоҷик омӯзгор ҳамчун меҳвари маърифат дар ҷомеа шинохта шудааст. Аз ин хотир, омӯзгор бунёдгузори тараққиёт, рушду пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад. Ногуфта намонад, ки дар ҷомеа ҳар як инсони оқил, мутахассиси соҳибкор, тоҷири бомуваффақият, муҳандиси бомаҳорат, роҳбари боадолат, духтури бомаҳорат ва сиёсатмадори боадолат рӯзе дар зери тарбия ва таълими омӯзгор будаанду парвариш ёфтанд. Бинобар ин, ободии ҷомеа ва давлат аз омӯзгор вабаста буда, таввассути тарбияву таълими ин қишри ҷомеа сурат мегирад. Бо шарофат, заҳмат, меҳнат ва ақлу хиради омӯзгор ҷомеа рушд меёбад, пеш меравад, ба комёбиҳо муваффақ мегардад ва инсон ба мақсадҳои худ мерасад. Дар ин маврид Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “...эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст”.
Дар низоми ҷомаи имрӯза, ки омӯзгор мақоми махсусро ишғол менамояд ва барои пешрафти давлату миллат нақши ҳалкунандаро дорад, аз ҷониби мақомоти олии кишвар, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро қабул карданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати пешгирифтаи ҳукумат мақом ва манзалати омӯзгор ҷойгоҳи махсуси худро дорад ва табақаи боэтимоди ҷомеа ҳисобида мешавад.
Қонуни мазкур барои баланд бардоштани обрӯву манзалат, ҳифзи ҳуқуқ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳимояи омӯзгорон пешбинӣ шудааст, ки барои баланд бардоштани ҷойгоҳи омӯзгор заминаи ҳуқуқӣ мебахшад. Маҳз бо қабули ин қонун, муносибати аҳли ҷомеа ба омӯзгор боз ҳам тағйир ёфта, шахсияти онро дар ҷомеа муқаддас мегардонад. Зеро нақши омӯзгор дар ҷомеа ҳамчун сутуни маърифат,равшангари миллат ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат ва сиёсати он қарор дорад.
Мутобиқи боби 3, моддаи 8-и қонуни мазкур ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгор зери ҳимояи давлат қарор доранд. Ҷалб кардани омӯзгор ба кору намудҳои фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия алоқаманд нест, манъ аст.
Нуктаҳои муҳим, ки дар қонун мазкур дарҷ гардидааст, аз ҷумла, эҳтироми шаъну шарафи омӯзгор дар ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу уҳдадориҳои омӯзгор, кафолатҳо барои фаъолияти омӯзгор, дахлнопазирии касбии фаъолияти омӯзгор мебошад. Ин нуктаҳо барои бештар нуфуз пайдо кардани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мусоидат менамояд. Зеро имрӯз омӯзгор на танҳо шахси илмдӯст, балки намунаи ахлоқ дар ҷомеа, офарандаи фарҳанг, бунёдкунандаи тамаддун ва шахсияти ватансозу инсондӯст мебошад.
Нуктаи дигари муҳимме, ки дар қонун зикр гардидааст механизми ҳавасмандгардонии омӯзгорон мебошад, ки аз дидгоҳи сиёсати иҷтимоӣ аҳаммияти назаррас дорад. Ин хусусияти бештар ба он водор менамояд, ки омӯзгор нисбати худ ва кору фаъолияташ серталаб бошад. Ҳавасманднамоӣ барои пешбурд ва сатҳи иҷтимоии омӯзгор таъсири мусбат мерасонад. Дар ин маврид омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои самаранокии касбияти педагогӣ яке аз заминаҳои калидӣ ба шумор меравад. Бо таъмин намудани сатҳи зиндагии омӯзгор самаранокии таълиму тарбия дар кишвар таъмин мегардад.
Яке аз нуктаҳои дигари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», ин масъалаи дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгорон мебошад. Омӯзгор вақте ки аз ҳар гуна фишору таҳдидҳо, таҳқиру зӯровариҳо худро эмин эҳсос менамояд, имкони татбиқи пурраи салоҳиятҳои касбии ӯ меафзояд. Инчунин, масъул ва вазифадор гардидани мақомоти давлатӣ барои ҷорӣ намудани сиёсати эҳтиром ва баланд бардоштани мақому мартабаи омӯзгор дар ҷомеа муайян гардид. Ҳамзамон бо амалӣ намудани қонуни мазкур ба ин раванд ҳаматарафа нерӯи ҳуқуқӣ мебахшад. Ҳамзамон маҳдуд намудани дахолати мақомоти ғайрисоҳавӣ, аз ҷумла дахолати дигар субъектон мисоли падару модарон ба фаъолияти таълимӣ ва касбии педагогӣ яке аз шартҳои муҳим дар таъмини самаранокии таълим ва мақоми омӯзгор мебошад. Ҳамаи ин гуфтаҳо исботи худро дар боби 2-юм, банди 1 ва 2-и қонуни мазкур ёфтаанд:
1. шаъну шарафи омӯзгор дахлнопазир аст;
2. эҳтироми шаъну шарафи омӯзгор аз ҷониби давлат ва ҷомеа таъмин карда мешавад.
Зарурият ва мубрамияти дигари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” дар он аст, ки омӯзгорон танҳои қобилияти худро ба дарс ва таълими хонандагон ҷалб месозанд.
Ҳар нафаре, ки имрӯз дар кадом соҳае, ки набошад муваффақу сарватманд аст, аввалин қадами худ, аввалин маслиҳат, аввалин роҳ ва аввалин мақсади худро дар синфи омӯзгор бо омӯзгор гирифтааст. Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад”.
Баланд бардоштани мақоми манзалати омӯзгор барои пешрафти ҷомеа ва самтҳои мухталифи он заминаи асосӣ ба шумор меравад. Зеро дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзудаанд: “Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд”.
Хулоса қонуни мазкур, маҷмуан бозгӯйи сиёсати иҷтимоии ҳукумату давлат нисбат ба омӯзгор мебошад. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон шахсияти омӯзгор танҳо як корманди маориф набуда, балки бунёдгузори тамаддуну фарҳанг, пешбаранда илму маърифат,миҳимтарин сутуни рушди инсон ва давлат мебошад. Ҳамзамон, татбиқи самараноки ин қонун дар ҷомеа метавонад ба густариши фазои эҳтиром пеш аз ҳама, ба илму таълим, баланд бардоштани сифати таҳсилот, нерӯ бахшидан ба таҳкими мақоми омӯзгор ҳамчун «меъмори рӯҳи инсон» дар ҷомеаи тамаддунофари тоҷик мусоидат намояд.
Аюбов Ҳаётулло,
омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»