ТАРБИЯИ ҲАМАТАРАФАИ НАСЛИ НАВРАС
Тарбияи ҳаматарафаи насли наврас ҷузъи муҳимтарини Консепсияи миллии тарбия буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он эътибори ҷиддӣ медиҳад. Доир ба ин масъала қабул гардидани Консепсияи миллии тарбия на фақат аҳаммияти умумимиллӣ, инчунин аҳаммияти сиёсӣ – байналхалқӣ низ дорад. Консепсияи миллии тарбия моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад. Тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар руҳияи арзишҳои миллию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳимми имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа мебошад. Тарбия барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани инсон ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона карда мешавад.
Тарбияи миллӣ дар шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад. Чунин шаҳрванд қодир аст, ки дар пояи манфиатҳои миллӣ фаъолият намояд, нисбати зуҳуроти манфии ҷомеа аз лиҳози танқид назар кунад, Ватани хешро дӯст дорад ва манфиатҳои онро ҳимоя намояд, ҳамчун соҳиби тафаккури миллӣ ва посдори тамаддуни миллӣ дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошад.
Тавассути тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ шаҳрванд бояд мансуб будан ба миллат, давлати соҳибистиқлол, соҳиби Ватан ва ҳуқуқу озодиҳо худро дарк кунад ва онҳоро эҳтиром намояд. Донад, ки вазифаҳои ӯ дар назди давлат, ҷамъият ва оила аз чӣ иборат аст. Баҳри иҷрои онҳо ҷидду ҷаҳд намояд. Манфиатҳои худро бо манфиати давлат, ҷомеа ва оила пайваста тавонад. Шаҳрванд бояд қадру қимати худро донад ва онро ҳимоя намояд, аз миллат, таърих ва фарҳанги он бохабар бошад ва онҳоро гиромӣ донад. Худогоҳӣ аз бедории миллии шаҳрванд ба миён меояд ва ӯро ба сӯи ифтихори миллӣ ҳидоят менамояд. Шаҳрванди хештаншинос ва худогоҳ истиқлолияти давлатии кишвари хешро чун гавҳараки чашм ҳимоя мекунад ва дар ҷодаи ғанӣ гардидани бойгарии моддию маънавӣ ва фарҳангии миллат саҳм гузошта, ифодагари манфиятҳои миллат мебошад.
Дар шароити равандҳои пуртуғёни ҷаҳонишавӣ халқу миллатҳои соҳибистиқлол бояд арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонанд. Бинобар ин миллати тоҷик бахусус, ҷавонону наврасони мо низ бояд аз решаҳои тамаддуни қадима, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории халқи худ огаҳ бошанд ва барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллии тоҷикон саъю талош намоянд. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи ҳар як шахси худогоҳу соҳибфарҳанг мебошад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гашт. Моҳияти асосии ин дар он аст, ки ба ҳамаи шаҳрвандон имкон дода шудааст, то ки соҳиб, нигаҳбон ва пешбарандаи сиёсати давлати хеш бошанд. Рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ ва маънавӣ, фикрану ҷисман солим, ватандӯсту худогоҳ вобастагӣ дорад.
Бинобар ин, дар марҳилаи имрӯза тарбияи хештаншиносӣ ва фарогриии донишҳои сиёсиву ҳуқуқии наврасону ҷавонон бояд дар мадди аввал қарор дода шуда, мазмуни мавзуъҳои фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоиро ба ин масъалаҳо равона кардан зарур аст. Ба ғайр аз ин, донишҷӯён дар иҷрои кори мустақилона аз фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ дар мавзуъҳои вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, ватандӯстӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ корҳои хаттӣ иҷро намоянд ва барои баҳодиҳӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯён ба ин корҳо озмунҳои дохили донишгоҳӣ, шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида шавад.
Бегматова Муътабар, омӯзгори кафедраи
умумидонишгоҳии фалсафаи Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»